Ё назаре ба паёмадҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии “қиёмҳои мардумӣ” ва “инқилобҳои ранга” дар ҷомеаҳои пасошӯравӣ

Моҳи гузашта бахше аз рисолаи “Инқилоби ранга” дар тангнои геополитикӣ”-ро гузошта будам, ки дар он манзараи осебпазирии амниятӣ ва нокомию шикасти давлатҳои инқилобдидаи пасошӯравӣ дар тангнои воқеиятҳои геополитикӣ баррасӣ мешуд. Ва мутаассифона, оғози марҳилаи низомии буҳрони Украина аксари он пешбиниҳоро бори дигар собит намуд.

Чун ин мавзӯъ ҳамоно муҳим боқӣ мемонад, ҳоло фишурдае аз фасли дигари рисола пешниҳод мешавад, ки дар он пайомадҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии “қиём”-у “инқилобҳои ранга” дар давлатҳои ин ҳавза баррасӣ мегардад. Бо зикри ин, ки чун мавод то оғози даргириҳои нав таҳия шуда буд, дар он бахше аз омору таҳлилҳои марбут ба Украина ҳолати то оғози ҷангро дар бар мегиранд… Аммо ин тағйири рақамҳо моҳияти масъаларо тағйир намедиҳад.

Албатта, коршиносон бо ин масъала мушкили ҷиддӣ нахоҳанд дошт, аммо аз дӯстоне, ки сиёсию инқилобӣ меандешанд, хоҳиш доштам, ки дар мутолиаи ин навишта дар пайи он набошанд, ки муаллиф то куҷо “ҷонибдор” ё “мухолиф”-и касеву чизест, балки бар он биандешанд, ки чунин манзара то куҷо воқеӣ аст ва чунин гузориши мавзӯъ то куҷо воқеъбинона аст ва чунин роҳ то куҷо роҳи ҳал аст? Он гоҳ дарки дурусту ақлонии масъала муяссар мегардад.

***

НИГОҲЕ БА НАВЪИ ТАЪСИРИ “ҚИЁМ”-У “ИНҚИЛОБҲОИ РАНГА” БАР ФАЗОИ СИЁСӢ ВА ДОХИЛИИ КИШВАРҲОИ ПАСОШӮРАВӢ

Омӯзиши раванди ташаккули давлатҳои миллии мустақил дар фазои пасошӯравӣ дақиқан нишон медиҳад, ки ин раванди таърихӣ ҳануз пурра ба охир нарасида, дар ин ҷомеаҳо ҳануз меъёрҳои умумимиллии сиёсӣ, иҷтимоӣ, арзишӣ ва равонӣ шакли анъанаи устувор ва мақоми муайянкунанда нагирифтаанд. Аз ин рӯ, дар ин ҷомеаҳо ҳувиятҳои минтақавӣ, ё маҳаллӣ, ё қавмӣ, ё мазҳабӣ, ё идеологӣ, ё ҳатто синну солию соҳавӣ ҳануз қавитар ва фаъолтар аз меъёрҳои фарогири умумӣ буда, муттаҳидии огоҳона ва сафарбаршавии устувори аксарияти мутлақи мардум дар атрофи арзишу ҳадафҳои умумимиллӣ хеле мушкил мебошад. Ин аст, ки тибқи қонунмандии ҷомеашиносӣ, чунин ҷомеаҳо барои комёбӣ дар масири миллати сиёсӣ шудан ва давлати миллӣ сохтан, пеш аз ҳама ба низоми сиёсии усувор ва суботи умумии пойдор ниёз доранд, то ин барномаҳои сарнавиштсозро амалӣ намоянд.

Аз ин рӯ, ҳар гуна ихтилофу такону бесуботӣ дар ин марҳилаи рушду гузор, новобаста аз ному омилу ҳадафаш, метавонад боиси шикасти раванди давлатсозию давлатшавӣ ва ё шикасти худи ин давлатҳо гардад. Аз ин нигоҳ, воқеияти якояки ин кишвраҳо нишон медиҳад, ки падидаҳое чун “қиём”-у “инқилобҳои ранга” низ ҳамчун навъе аз такону бесубоотӣ, боиси эҷоди буҳронҳои бузургу тӯлонии сиёсию амниятӣ гашта, пеш аз ҳама ба раванди миллатсозию давлатшавӣ зарбаи асосӣ задаанд.

Сабаби нахустини дар фазои дохилии ин кишварҳо бо чунин пайомад анҷомидани ин “инқилобҳо” дар он аст, ки дар ҷомеаҳои тақисмшудаи дар ҳоли ташаккул, онҳо на ҳолати умумимиллӣ, балки асосан хусусияти минтақавӣ, маҳаллӣ, қавмӣ, мазҳабӣ, арзишӣ, идеологӣ ё ҳатто синну солию соҳавӣ касб мекунанд. Табиист, ки дар ин ҳолатҳо аксарияти аҳолӣ, ки бештар ба ҳувиятҳои аввалу маҳдудтари худ тааллуқ доранд, аз чунин равандҳо берун қарор мегиранд. Ин ҳолат на танҳо тақсими физикӣ, балки тақсими арзишию равонии ҷомеаҳои дар ҳоли ташаккул ва гузор мебошад.

Дар чунин ҷомеаҳо ҳатто доираҳои ҳоким аз назари равонӣ ба ин ё он минтақа, қавм ё арзиш нисбат дода шуда, дар ҳамаи ҳолатҳо аз тарафи аҳли ҳамон арзиш ҳимоят мешаванд. Масалан, инқилобҳои қирғизистон бештар дар масъалаи баҳси шимолу ҷануби ин кишвар ё ихтилофи Украина бештар ба баҳси ҳамдигарнопазирии минтақаҳои ин кишвар гиреҳ хурдаанд. Инқилоби махмалини Гурҷистон ҳам дар баъзе аз минтақаҳои ин кишвар, аз ҷумла Абхазия, Адҷария ва Асетияи ҷанубӣ пазируфта нашуд ва оғози фурӯпошии ҳудудии давлат гашт.

Воқеияти талхи Тоҷикистон низ ҳамин буд, ки дар шаклгирии буҳрони дохилӣ омили маҳал ва минтақа таъсири хеле ҷиддитар аз омилҳои арзишию сиёсӣ дошт. ҳатто доираҳои роҳбарии имрӯзи Озарбойҷон низ ба таври хеле пӯшида ба омили минтақавӣ ва авлодӣ пайванди ҷиддӣ доранд, ки он дар лаҳзаҳои буҳронӣ ҳатман фаъол мегардад.

Бо таваҷҷуҳ ба ин воқеияти чунин ҷомеаҳо, таҳлил ва осебшиносии маҷмуаи “қиёмҳо” ва “инқилобҳо”-е, ки дар ду даҳсолаи охир дар кишварҳое чун Гурҷистон, Украина, Молдова, Арманистон, Русия, Белорусия, қирғизистон, қазоқистон ва ғ. воқеъ шудааст, нишон медиҳад, ки дар тамоми ин ҳашт ё нӯҳ мавриди зикршуда, ҳаргиз “қиёми миллӣ” ё “хезиши умумии миллат” ба маънои комили ин истилоҳ рух надодааст. Ин қиёмҳо ҳаргиз ифодагари мавқеъ ва иродаи умумии аҳолии ин мамалакатҳо набуда, тибқи омору таҷрибаи дақиқи фазои пасошӯравӣ, дар болотарин ҳолатҳо онҳо танҳо то 1-2% аз шумораи умумии аҳолӣ ва ё 3-4% аз шумораи аҳолии фаъолро фаро гирифтаанд. Ин ҳолат то ҷое расидааст, ки тибқи назари эътирофшудаи коршиносони қирғизистон, дар “инқилоб”-и ахири ин кишвар дар соли 2020 дар лаҳзаи авҷ ҳамагӣ ҳудуди 15 ҳазор нафар иштирок намудаанд, ки қувваи марказӣ ва зарбазани онро ҳамагӣ ҳудуди ҳазор нафар ҷавонони муташакили ҷонибдори роҳбарияти имрӯза ташкил кардаанд. Ин рақам ҳатто ба 0,25% аз аҳолии қирғизистон баробар нест.

Пас “инқилоби ранга” дар ин мавридҳо ҳаргиз инқилоби умумимардумӣ набуда, аз назари механизм дар асл ба шӯриш хезондани 1-2% аз аҳолии норозӣ ба иловаи фазосозии муассиру мақсадноки иттилоотӣ дар бораи “қиёми умумии мардум” ва ба ин восита ба дасти гурӯҳи дигар гузаштани ҳокимияти сиёсӣ мебошад. Маҳз ҳамин воқеият муҳимтарин омили машруияти умумимардумӣ ва пойгоҳи умумимиллӣ надоштан ва наёфтани ин “қиём”-у “инқилоб”-ҳо ва дар кӯтоҳмуддат аз тарафи бахши дигари аҳолии ҳамин кишварҳо инкор шудани пирӯзӣ, арзишҳо ва қаҳрамонҳои онҳо мебошад. Ин воқеият аввалин мушкилаи чунин роҳ ва чунин таҳаввул дар фазои пасошӯравист.

Ин аст, ки дар ҷомеаҳои дар ҳоли гузор, чунин “қиём”-у “инқилобҳо”-и ақаллият, новобаста аз омилу ҳадафи он, аксаран боиси шакл гирифтани буҳрони сиёсӣ, ихтилофҳои калони сатҳи миллӣ, ҷангҳои дохилӣ ё таҷзияи кишвраҳо мегарданд. Намунаҳои хунини Тоҷикистон, Молдова, Украина дар фазои пасошӯравӣ ва Либия, Сурия ва Яман дар ҷаҳони араб инро бисёр рӯшан нишон медиҳанд. Воқеияте, ки инкори он хушбоварӣ ва худфиребии маҳз ва ё бемасъулиятии сиёсӣ ва миллӣ хоҳад буд.

Нуктаи дуввуме, ки дар шинохти пайомадҳои “қиём”-у “инқилобҳои ранга” бар фазои дохилии кишварҳои пасошӯравӣ муҳим аст, таъсири амиқи онҳо бар моҳияти раванди сиёсӣ ва фазои фикрию иттилоотии ин ҷомеаҳо мебошад. Дар ҳолатҳое, ки чунин “инқилобҳо” бо пирӯзии эътирозгарон ва суқути низоми сиёсии мавҷуда анҷом шуда бошанд, фазои сиёсии ин кишварҳо якбора таҳаввул ёфта, раванди сиёсӣ ва тағйири нухбагон суръату эҳсоси баланд мегирад. Фазои иттилоотии онҳо низ бисёр пуршӯр шуда, баҳсҳое чун ҳуқуқу озодиҳо, муҳокимаю ифшогарии фаъолияти низоми пешин, муқоисаи “марҳилаи куҳна” ва “марҳилаи нав”, нақшу ҷойгоҳу имтиёзҳои “қаҳрамонҳои инқилоб”, самтгирии нави сиёсати хориҷӣ ва ғайра ба авҷи худ мерасанд.

Ин ҳолатҳои хеле гарму ҷалбкунанда дар фазои тантанаи пирӯзии “инқилоб” навъе ҳисси қаноат ва рӯҳияи баландеро дар ҷонибдорони “инқилоб” ташаккул медиҳнад, ки гоҳо моҳҳо ва гоҳо солҳо идома меёбад. Роҳбарон ва ҷонибдорони ин таҳаввулот низ талош мекунанд, ки чунин рӯҳияро идома дода, эҳсоси оғози “замони нав”-ро тӯлонӣ нигоҳ доранд. Идеологҳо, расонаҳо ва судбурдагони моддию маънавии ин таҳаввулот низ асосан ҳамин ҷанбаи “инқилоб”-ро ташвиқу таъкид намуда, аз пайомадҳои амиқтари он камтар ёдовар мешаванд.

АММО боз ҳам омӯзиши пайомадҳои ҳамаи инқилобҳои пирӯзшудаи фазои пасошӯравӣ, аз ҷумла дар Украина, Гурҷистон, қирғизистон ва Арманистон нишон медиҳанд, ки ин ҳисси пирӯзиву қаноати баъдиинқилобӣ дар онҳо пас аз муддате фурӯкаш кардааст. Зеро дар идомаи раванд воқеиятҳои нави сиёсӣ ва иҷтимоие пеш омадаанд, ки ба истилоҳи инқилобшиносон, “шаҳди моҳи асали инқилобҳоро талх менамоянд.”

Дар ин марҳила яке аз мушкилоти ҷиддии ҷомеаҳои инқилобдида, ки дар ҳамаи намунаҳо дида мешавад, амиқ шудани ихтилофи байни нухбагон ва гурӯҳҳои сиёсии аст, ки ҳам миёни элитаи наву кӯҳна ва ҳам дар даруни доираҳои сиёсии навомадаи инқилобӣ сурат мегирад. Дар ин муборизаи шадид ҳолатҳои таҳқиру интиқому ҳазфи намояндагони низоми пешин ва баҳс бар сари тақсими дастовардҳои инқилоб байни намояндагони элитаи нав вазъияти сиёсиро муташанниҷтар месозад.

Раванде, ки дар ҳар марҳилаи он бахши дигаре аз нухбагони сиёсӣ, аз ҷумла худи роҳбарони инқилоб низ аз саҳна берун карда мешавад.

Агар ин ҳолатро дар мисоли Украина ёдовар шавем, дида мешавад, ки дар солҳои пас аз инқилоб аксари роҳбарони инқилобҳои солҳои 2004 ва 2014 дар Украина, аз ҷумла Юшенко, Тимошенко, Яценюк, Турчинов, Луценко, Парашенко ва ғ. пас аз чанд сол ноком шуда, мавриди таъқиби сиёсӣ қарор гирифта, ҳоло баъзе дар зиндон, баъзе дар ҳошия ва баъзеи дигар дар муҳоҷират ба сар мебаранд. Виктор Ющенко, ки ҳамчун “устураи инқилоби норинҷӣ” соли 2004 соҳиби “пирӯзии таърихӣ” гашта, “аввалин президенти демократии Украина” шуда буд, дар интихоботи соли 2010, ки худи ҳукумати инқилобиён ҳамчун “шаффофтарин интихоботи таърихи Украина” баргузор кард, ҳамагӣ 5% овоз гирифта, бо “шикасти таърихӣ” аз саҳна рафт. “Маликаи инқилоб” Ю.Тимошенко аз сӯи худи ҳукумати инқилобӣ ҳамчун “хоин ба манфиатҳои Украина” ба 7 сол зиндон маҳкум шуд. “қумандони майдон” ва “бозуи қудратии инқилоб” Юрий Луценко пас аз чанд соли вазирии корҳои дохилӣ ҳамчун “ғоратгари буҷаи давлатӣ дар ҳаҷми махсусан калон” 4 сол ба зиндон равона гашт. “Хазинадори инқилоб” Петр Порошенко, ки инқилобро маблағгузорӣ мекард, аввал шарики инқилобии худ – “маликаи инқилоб”-ро шикаст дода, чун шахси нисбатан муътадил ба симати президентии Украина расид, аммо сипас ба хориҷа гурехт ва ҳоло, пас аз бозгашт дар доираи чор парвандаи ҷиноӣ зери муҳокимаи судӣ қарор дорад. (То рӯзи 24.02.2022 вазъияти ин нухбагони инқилобӣ маҳз чунин буд.)

Роҳбари пуровозаи инқилоби Гурҷистон, президенти ин кишвар Михаил Саакашвили пас аз солҳо роҳбарии кишвар аз ватан фирор карда, барои ба Гурҷистон бозгашт нашуданаш ҳатто шаҳрвандии Украинаро гирифт. ҳоло пас аз бозгашт дар ҳабс буда, шояд ҳукмҳои тӯлонии зиндон гирад. Сарнавишти ёрони инқилобии ӯ низ ҳамин аст.

Роҳбарони инқилобҳои қирғизистон, аз ҷумла президентҳои инқилобии ин кишвар чун қ.Боқиев, А.Атамбаев ва С.ҷеенбеков низ ё дар фирору зиндон буда ва ё бо дасти инқилобиёни нав аз қудрат сарнагун шудаанд. Онҳое, ки феълан аз таъқибот эмин мондаанд, эътибори худро аз даст дода, ба шахсиятҳои бенуфӯз ва ҳошиявӣ табдил гаштаанд. ҷолибтар аз ин, аксари ин роҳбарон на аз тарафи элитаҳои куҳна ё нерӯҳои зиддиинқилобӣ, балки аксаран аз тарафи ҳамсафон ва ҷонибдорони инқилобии худ раду ҳазф шудаанд.

Барои қиёс, аксари роҳбарону қаҳрамонони зиндамондаи инқилобҳои “баҳори араб”-и солҳои 2010-2012 низ ҳоло дар ҳошия, муҳоҷират ё дар зиндонанд.

Мушкили сиёсии дигаре, ки пас аз “инқилоби ранга” дар ин ҷомеаҳои пасазинқилобӣ мушоҳида мешавад, ихтилофи амиқи нухбагон бар сари фаҳмиши мафҳуми демократия ва ҳуқуқу озодиҳост. Роҳбарони инқилобӣ дар муддати кӯтоҳе дарк менамоянд, ки агарчӣ бо шиорҳои демокраияву озодӣ ба қудрат расидаанд, аммо дар ин кишварҳо бо равишҳои демократӣ ва озод қудраташонро идома дода наметавонанд ва “демократия” метавонад сабаби сарнагунии худи онҳо шавад. Аз ин ҷост, ки онҳо ба агару аммоҳо дар тафсири демократия ва озодӣ оғоз мекунанд. Роҳбарони инқилоби Украина нисбат ба фаъолияту андешаву арзишҳои мухолифони худ, ки чун “русгароҳо” таъриф мешаванд, шадидтарин маҳдудиятҳоеро ҷорӣ кардаанд, ки худашон дар қиём бар зидди ин маҳдудиятҳо инқилоб карда буданд. То ҷое, ки ҳоло дар радабандиҳои арзишӣ Украинаи демократӣ яке аз кишварҳои миллигариои мутаассиб ҳисоб мешавад, ки дар он таҳдиду юришҳои физикии “отрядҳои инқилобӣ” ва миллигаро ба мухолифандешон як падидаи оддист. (То рӯзи 24.02.2022 маҳз чунин буд.)

Роҳбари инқилоби демократии қирғизистон, президенти собиқи он қ.Боқиев дар ниҳоят ба мавқее расид, ки интихоботу раъйдиҳии озодро таҳдиди ба суботи ҷома дониста, пешниҳод намуд, ки кишвараш аз “демократияи интихоботӣ” ба “демократияи машваратӣ” гузарад ва дар он нухбагон байни худ машаварат карда, бе гирифтани овози “мардуми ҷанҷолӣ” ҳукумат кунанд. Ин роҳбари инқилобӣ ҳамчунин, бар хилофи шиорҳо, ваъдаҳо арзишҳои инқилоби худ, фишангҳои асосии қудратро боз байни бародар, писар, хешу табор ва дигар ҳамшаҳрию наздикони худ тақсим карда, дар ниҳоят ба воситаи “инқилоб”-и нав сарнагун шуда, ба Белорусия фирор кард. Ин ҳолат дақиқан нишон медиҳад, ки роҳбари як “инқилоби демократӣ” будан дигар ба маънои шахси демократиандеш будан нест…

Роҳбари қиёму инқилоби Арманистон С.Пашанян ҳамагӣ ду сол пас аз пирӯзии худ бо роҳи гирдиҳамоиҳои мардумӣ, акнун бо саркубии шадиди гирдиҳамоиҳои мардумии зидди худ ҳамчун “диктатори кучак” шинохта мешавад.

Парвандаи ҷиноии “уқоби демократия” ва “душмани оштинопазири фасод” М.Саакашвиллӣ, ки ҳоло дар зиндон аст, аз бандҳои ҷиддие чун ”саркуби шадиди гирдиҳамоиҳои соли 2007”, “ғасби зӯроваронаи шабакаи телевизонии Имеди” дар соли 2007 барои танқиди ӯ, “гумонбарӣ дар ҳамдастӣ марги фоҷеавии сарвазир Зуроб Жвания”, ки эҳтимолан рақиби қавии ӯ мешуд, “латукӯби вакили парлумон В.Гелашвили”, ки ӯро танқид карда буд, “фасоди молиявӣ”, аз ҷумла барои ороишу либосу истироҳати шахсии худ истифода бурдани беш аз 5 млн доллари буҷавӣ ва ғайраҳо иборат аст, ки ҳамагӣ бар хилофи шиору эълонҳои худи ӯ ва инқилобаш мебошанд. ҳукуми ниҳоӣ дар ин мавридҳо кори додгоҳ аст, аммо худи таркиби ин парванда барои пешвои як “инқилоби демократӣ” саволҳои зиёдеро ба зеҳн меорад.

Ҳамин тавр, роҳбарони инқилобҳои рангии пасошӯравӣ на танҳо дар татбиқи амалии демократия ноком буданд, балки худ пас аз муҳлате ба помолкунандагони арзишҳои демократӣ табдил шуданд. Дар ин раванд, онҳо ҳамдигарро аксаран ба “фасод” ва “хиёнат ба ормонҳои инқилоб” маҳкум карда, ҳамдигарро бераҳмона зиндону бартараф намуданд. ҳамаи ин боис гашт, ки дар ин кишвраҳо худи лоиҳаи инқилобӣ ва демократӣ шикаст хурда, дар сатҳи оммаи мардум дигар ҳамчун ормони муқаддас ва роҳи наҷот пазируфта нашавад.

Чунин ҷомеаҳо ҳоло фиребхӯрдагии бузургеро эҳсос мекунанд, ки натиҷаи назарсанҷиҳои ҷамъиятӣ дар ин бора пурра дастрас мебошанд.

Дар маҷмуъ, дар натиҷаи “инқилобҳои ранга” кишварҳои зикршуда бо падидаҳое чун рӯйи кор омадани элитаи бетаҷриба, авҷи ихтилофи сиёсӣ, буҳрони арзишҳои сиёсию маънавӣ, заифшавӣ ҳукумат, аз даст додани мавқеи байналмилалӣ ва ғ. амалан ба буҳрони шадиди низоми сиёсӣ дучор шуда, ба давлатҳои осебпазир табдил гаштанд. Ин аст, ки агар бюрократҳои “авторитарӣ”-и Арманистон Қарабоғи Кӯҳиро ба даст оварда буданд, инқилобиёни “либералу рӯшанфикр” онро аз даст доданд. қриму Донбасу Абхазияву Осетияи ҷанубӣ низ дар давраи “диктатроҳо” ҳифз шуду дар давраи инқилобиёну либералҳо аз даст рафт.

Албатта, намунаҳои боло ба ҳолатҳои “ғалабаи инқилоб” дахл доштанд, аммо дар ҳолати ба пирӯзӣ нарасидани ин қиёму инқилобҳо низ ҷомеаҳо осеби ҷуброннопазир мебинанд. Таҷрибаи Белорус, Русия, қазоқистон ва ғ., ки дар онҳо қиёмҳои ноком рух додаанд, нишон медиҳад, ки дар ҳоле, ки чунин талошҳо чизеро ба даст наовардаанд, аммо дар натиҷаи онҳо ин ҷомеаҳо боз ҳам бештар баста шуда, ҳуқуқу озодиҳои мавҷуда боз ҳам бештар маҳдуд мегарданд. Масалан, дар натиҷаи буҳрони ахир вазъияти сиёсии қазоқистон ба таври эҳсосшаванда тағйир ёфта, пеш аз ҳама, сатҳи озодиҳои умумӣ, аз ҷумла озодиҳои сиёсӣ, динию эътиқодӣ, шаҳрвандӣ, озодии андеша, баён, ҳамоиш, расонаҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ғайра дар ин кишвар нисбат ба ҳолати тобуҳронӣ поинтар шудаанд. Акнун ин кишвар ногузир вориди як давраи пасобуҳронии боздоштҳо, муҳокимаҳо, ҳукмҳо, поккориҳо, бастанҳо, мамнуъиятҳо, маҳдудиятҳо, тафтишҳо, таблиғотҳо ва ташвиқотҳои шадиде хоҳад шуд, ки дар маҷмуъ муддатҳо тӯл мекашад. Гузоришҳои расмӣ дар бораи кушта шудани садҳо кас, боздошти беш аз 10 000 нафар, кушодани ҳудуди 500 парвандаи ҷиноӣ ва бозпурсиҳои шадид дар рӯзҳои охир оғози чунин марҳиларо дар қазоқистони пештар орому осуда рақам мезанад…

Вазъияти Белурусияи баъд аз эътирозҳои соли 2020 низ тақрибан чунин аст…

Дар бораи таъсири сиёсии манфии майдону инқилобу ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон зикри ҳамин нукта кофист, ки он тамоми сарнавишт ва сифати давлатдории моро дигар карда, уфти ҷуброннопазири сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро ба ҷой гузошт, ки осори он имрӯз низ пурра эҳсос мешавад. Ва албатта, бузургтарин зарбаи ин “қиём”-у “инқилоб” фоҷеаи бародаркушӣ ва аз даст додани наздики 200 ҳазор нафар ҳамватанон буд, ки ба ҳисоби он рӯз ҳудуди 4% аз аҳолии кишвар аст.

Ин аст, ки аз назари пайомадҳои сиёсӣ, қиёму инқилобҳои ранга дар ҳеҷ кишвари пасошӯравӣ боиси ташаккули низоми сиёсии коромад, таъмини суботи сиёсӣ, таъмини амнияти кишвар, барқарории комили демократия ва таъмини озодиҳои ваъдашуда нагаштааст. Ба ҳар ҳол, то имрӯз чунин намунае вуҷуд надорад. Баръакси ин, бо чунин ҳодисаҳо буҳрони сиёсӣ ва буҳрони низоми сиёсӣ дар ин кишвраҳо боз ҳам амиқтар гаштааст, ки масъалаҳои бунёдии рушди давлатдории онҳоро ба таҳдиди ҷиддӣ рӯбарӯ мекунад.

Ихтилофи бузургу беинтиҳои элитаҳои сиёсии ин кишварҳо акунун метавонад аз “инқилоб” то “инқилоб” идома ёбад.

НИГОҲЕ БАР ПАЙОМАДҲОИ ИҚТИСОДӢ ВА ИҶТИМОИИ “ҚИЁМҲО” ВА “ИНҚИЛОБҲОИ РАНГА” ДАР ҶОМЕАҲОИ ПАСОШӮРАВӢ

Баррасиҳо нишон медиҳанд, ки бо вуҷуди пуршӯр шудани фазои сиёсию иттилоотӣ, пайомадҳои иқтисодию иҷтимоии “қиёмҳои мардумӣ” ва “инқилобҳои ранга” барои зиндагии худи мардуми ин кишварҳо низ бисёр баҳсбарангез ва гоҳо фоҷеавӣ будааст. Албатта, шарҳи таъсири ин ҳодисаҳо ба вазъияти иҷтимоии тамоми 9 кишвари қиёмдидаву инқилобрасида дар ин ҷо намегунҷад, аммо гузоришҳо дар бораи фурӯпошии иқтисод, фалаҷшавии коргоҳу корхонаҳо, бадтар шудани вазъияти иҷтимоии мардум, ба авҷ расидани фасод, суқути қурби пули миллӣ, рушди фақру бекорӣ, авҷи муҳоҷирати меҳнатии аҳолӣ, фирори мағзҳо ва сармояҳо ва ғайра дар тавсифи ин ҷомеаҳо акнун оддӣ шудаанд, ки шояд даҳсолаҳои дигар низ идома хоҳанд дошт. Дар пайи инқилобҳо сари кор омадани доираҳои бетаҷриба ва мудирони заифи идорӣ на танҳо боиси суқути иқтисодӣ, балки боиси зиёни ҷиддӣ дидан ва фалаҷ гаштани соҳаҳои илм, маорфи, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва ғайра гаштаанд, ки он ба зиндагии мардуми оддӣ таъсири ҷиддӣ мегузорад.

Ба маълумоти манбаъҳои расмию ҷамъиятии худи қирғизистон, дар ин кишвар фасоди молию идорӣ пас аз ҳар “инқилоб” ба авҷи нави худ расида, “инқилобҳо” акнун асосан ҳамчун кӯшиши аз нав тақсим намудани сарватҳои миллӣ ва соҳаҳои судмани иқтисоди кишвар байни гурӯҳҳои манфиатдор тафсир мешаванд. Даҳҳо соҳибкори калони қирғиз эълон кардаанд, ки мақомотии “инқилоби нав” нисбат ба онҳо тамаъҷӯии молиявӣ намудаанд. Дар шароити набудани устувории сиёсӣ ва вуқуъи “инқилоб”-ҳои пайдарпай, сармоягузорони ҷиддии хориҷӣ ин кишварро тарк намуда, ҳоло он асосан аз ҳисоби сармоягузориҳои давлатию сиёсӣ рушд мекунад.

Албатта, оқибатҳои харобиовари иқтисодӣ ва иҷтимоии чунин “инқилоб” бештар аз ҳама дар Украина мушоҳида мешаванд. Дар солҳои аввали пас аз “инқилоб” Маҷмуаи маҳсулоти дохилии ин кишвар якбора 2,5 баробар поин омада, танҳо дар ду-се соли охир барқарор шуда истодааст. қарзи хориҷии Украина ҳоло ба 85 млрд доллар раисдааст, ки он ҳудуди 50% аз ММД-ашро ташкил мекунад. Ба таври мушаххас, дар ин солҳо Украина саноати пешрафтаи авиатсионӣ, саноати мошинасозӣ, саноати ангишт ва металҳо ва ғайраро амалан аз даст дод, ки боиси аз байн рафтани манбаъҳои асосии ташаккули буҷаи давлатӣ ва миллионҳо ҷойи корӣ шуд.

Хусусан, аз даст додани бозори Русия барои саноат ва кишоварзии Украина фоҷеаи бузург ба ҳисоб меравад, зеро маҳсулоти онҳо дар Аврупо бозоргиру рақобатпазир нестанд.

Дар ҳоле, ки Украина яке аз кишварҳои пешрафтаи саноатию иқтисодӣ ба ҳисоб мерафт, акнун тибқи гузориши Хазинаи ҷаҳонии асъор, барои ба Полша баробар шудани рушди он ҳудуди 50 сол лозим аст. Вазири собиқи рушди иқтисодии Украина Т.Миланов ин ҳолатро шарҳ дода, илова кардааст, ки ҳатто барои ба сатҳи ҳозираи Белорус раисдан Украина акнун 50 сол вақт ва 100 млрд доллар сармоя зарур аст!

Буҳрони иқтисодӣ ва то 350% коҳиш ёфтани қурби пули миллӣ рӯйи вазъияти иҷтимоии ҷомеа низ таъсири амиқ гузоштааст. Дар натиҷа андозаи маошу нафақаҳо бисёр поинтар омада, нархи хидматрасониҳои комуналӣ барои аҳолӣ то 11 маротиба боло рафтааст. Тибқи хулосаи Институти демографияи ба номи Птухин, дар охири соли 2020 сатҳи камбизатӣ дар Украина ба 47-48% расида, ин кишвар аз назари даромади миёна ба сари аҳолӣ дар ҷаҳон ба ҷойи 90-ум фаромадааст. Дар сатҳи Аврупо бошад, аз соли 2021 акнун Украина аз Молдова низ қафотар шуда, мақоми “фақиртарин кишвари Аврупо”-ро дарёфт кард. Ин аст, ки ҳудуди 60% аз аҳолии ин кишвар дар назарпурсиҳо тасдиқ кардаанд, ки дар пайи ин тағйирот вазъияти иҷтимоии заиндагии онҳо бадтар шудааст. Моҳи августи соли 2021 ниҳоди омори давлатии Украина низ расман эълон кард, ки 67,1% аз аҳолӣ худро дар пурсишҳо ҳамчун фақир муаррифӣ намудаанд. Дар натиҷаи чунин вазъият Украина бо муҳоҷирати бузурги аҳолӣ, хусусан аҳолии коршоям ва таҳсилкарда ба Аврупо рӯбарӯ буда, ҳар сол то 1 млн нафар онро тарк мекунанд.

(Албатта, ин манзара ҳолати мураккаби то моҳи феврали соли 2022-ро нишон медиҳад, зеро бо оғози ҷанг вазъи иқтисодию иҷтимоии ин кишвар садҳо баробар вахимтару сангинтар шудааст ва мешавад.)

Пайомадҳои иқтисодию иҷтимоии майдону ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ки камбизоатӣ ва гуруснагии оммавиро ҳамроҳ дошт, то имрӯз таъсири худро рӯи рушди кишвар гузоштаанд. Рақами 10 миллиард доллар, ки расман ҳамчун зарари иқтисодии ин ҷанг гуфта мешавад, имрӯз шояд бузург нанамояд, аммо дар солҳои 90-ум он ба буҷаи 100 солаи ҷумҳурии Тоҷикистон баробар мебуд. Дар аксари бахшҳои саноату истеҳсолот то имрӯз “расидан то сатҳи соли 1990” барномаи дурнамо ба ҳисоб меравад.

ҳатто дар кишварҳое, ки ин “қиёму инқилоб”-ҳо шикаст хӯрдаанд, худи ташаннуҷи баъдинизоӣ боиси бисёр бадтар шудани вазъияти иҷтимоии мардум гаштааст, ки намунаи рӯшани он вазъияти навини Белорусия ва қазоқистон аст. Пас аз ҳодисаҳои январии қазоқистон ва коҳиши эътимоди умумии минтақавӣ ва байналмилалӣ ба дурнамои рушду суботи ин кишвар, он бо равандҳои манфие чун коҳиши ҷиддии сармоягузории хориҷӣ, фирори тадриҷии сармояҳо, хусусан, сармояҳои ғарбӣ, фирори истеъдоду мағзҳо дар аксари соҳаҳо рӯбарӯ гаштааст, ки ин ҳолатҳо дар умум, боиси таназзули ин соҳаҳо мешаванд. Ин дар ҳолест, ки то ин рӯйдодҳо қазоқистон дар ин масъалаҳо дар фазои ИДМ дорои нишондиҳандаҳои беҳтарин буд.

Барои муқоиса, метавон ёдовар шуд, ки инқилобҳои “баҳори араб” низ дар кишварҳои худ асосан боиси буҳронҳои шадиди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ гашта, вазъияти зиндагии мардумро бисёр душвортар намудаанд. ҳатто муваффақтарини ин инқилобҳо дар Тунис боиси шикасти “муъҷизаи иқтисодии тунисӣ” шуда, фасоди молию идорӣ ва қарзи давлатиро афзудааст. Яке аз марказҳои ташвиқгари инқилобҳои ранга, бунёди амрикоии ба номи Д.Корнегӣ таҳлили иқтисодиёти пасазинқилобии Тунисро чунин ҷамъбандӣ кардааст, ки дар ин кишвар “вазъияти иқтисодӣ мураккабтар гашта, тавозуни тиҷорати хориҷӣ сол аз сол бадтар мешавад; таварруми шадид қудрати харидории тунисиёнро заиф намуда, бекорӣ миёни ҷавонон аз 30% гузаштааст; набуди амният ва таҳдидҳои террористӣ сармоягузорони хориҷиро аз ин кившар гурезонида, соҳаи туризми он дигар дар сатҳи то инқилоб эҳё нашудааст”. Кишварҳои Либия ва Миср низ пас аз “инқилобҳо” бо буҳронҳои амиқи иқтисодӣ рӯбарӯ мебошанд. Хусусан, зиндагии шаҳрвандони Либия, ки то “инқилоб” аз амнияти комил ва бастаҳои васеи иҷтимоӣ аз тарафи давлат баҳраманд буданд, дар ин таҳаввулот якбора бисёр вазнин шудааст. Умуман, акнун ин кишварҳо низ бо фирори сармоя рӯбарӯ буда, иқтисодиёт ва низоми молиявии онҳо ба сармоягузории хориҷӣ ва кумаку лоиҳаҳои машрути институтҳои молиявии ғарбӣ боз ҳам бештар вобаста шудааст, ки он ба маънои то ҷое маҳдуд гаштани истиқлолияти онҳо низ мебошад.

ХУЛОСА, агар берун аз масъалаҳои сиёсию амниятию геополитикӣ, пайомадҳои сирфан иқтисодию иҷтимоии чунин “қиёму инқилоб”-ҳоро барои зиндагии шаҳрванди оддӣ арзёбӣ намоем, дар ягон кишвари пасошӯравӣ таҳаввулоти мазкур вазъияти зиндагии иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳрванди оддиро беҳтар накарда, барои ӯ рифоҳи иҷтимоӣ ва амнияту оромишу хушбахтии шахсӣ наовардаанд.

Аз назари иҷтимоӣ, ин инқилобҳо на теъдоди муҳоҷирини меҳнатии Украину Молдова ба Аврупоро коҳиш додаанд ва на мавҷи муҳоҷирини арману қирғиз ба Русияро кам кардаанд…

Албатта, ба хотири инсоф, аз ин “инқилобҳо” нуктаҳои мусбате чун як муддат коҳиш ёфтани фасоди молӣ дар бахши боқимондаи Гурҷистон, ҷорӣ шудани интихоботҳои озод дар бахши боқимондаи Украина, содатар шудани мушорикати сиёсӣ дар Арманистони шикастхӯрда, беҳбуди шаффофияти сиёсӣ ва рушди робитаҳои бо ғарб дар Молдови тақсимшуда ва ғайраро низ бояд зикру эътироф намуд, аммо аҳаммияти ин дастовардҳо дар муқоиса бо фурӯпошии худи кишвар, давлат, миллат ва фурӯрезии иқтисоду иҷтимоъ ва амнияти миллию ҷойгоҳи байналмилалии ин кишварҳо бисёр ночизу баҳсбарангезанд.

Ин ҳолатро ҳатто шиори машҳури инқилобии “инқилоб бе қурбонӣ намешавад” низ тавҷеҳ карда наметавонад, зеро “қурбонӣ” набояд бузургтар аз худи асл ва худи арзиш бошад. Ё талоши таъмири хона набояд худи хонаро нобуд созад.

Абдуллоҳи Раҳнамо, сиёсатшинос

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь