Асри 21 асри техника ва технологияҳои навин аст. Ҷомеа босуръати кайҳонӣ ба пеш ба сӯи дастовардҳои навин қадам мегузорад. Мо ҳама, аз хурд то бузург, бо технологияҳои навин пайвастагӣ ва алоқамандӣ дорем. Оё ҳама аз воситаҳои навини технологӣ дурусту самаранок истифода мебаранд?! Наврасону ҷавонон чиро бояд донанд? Дар матолиби зер кӯшиш мекунем, доир ба ин масъалаҳо баъзе андешаҳоямонро баён намоем.

Албатта, ҳамаи мо аз фоидаи интернет бохабарем, вале вақти он расидааст, ки мо бояд ҷиҳати таъсири манфии он нисбат ба ҷавонону наврасон ҳарф занем. Аз ҳад зиёд истифодаи он ба чӣ оварда мерасонад?

Дар замони муосир шабакаҳои иҷтимоӣ бештар ба ҷавонону наврасон таъсир гузошта истодаанд. Албатта, ҳаёт бо маром тағйир ёфта истодааст. Аксарияти ҷавонону наврасон дар дастҳои худ телефонҳои ҳушманд, планшет ва ё дигар техналогияи муосирро доранд, ки ба воситаи он метавонанд ба саҳифаҳои «фейсбук», «инстаграм», «телеграм» ва даҳҳо намуди дигар шабакаҳои иҷтимоӣ даромада, бо дӯстони маҷозии худ суҳбат намоянд, филм тамошо намоянд, ашёҳои лозима харидорӣ намоянд ва ё дигар корҳоро анҷом диҳанд. Ин хуб аст ё бад? Шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷавонон чӣ таъсир доранд? Ҳар як падида ҷиҳатҳои мусбату манфӣ дорад. Ин табиист, ки аз пешравии техника мо ҳеҷ куҷо гурехта наметавонем. Ҳаёт бо як суръати тез ба самти технологияи инноватсионӣ тағйир ёфтаистода аст ва ҳамаи мо кӯшиш намуда  истодаем, ки аз он қафо намонем. Бо вуҷуди он, ки ин падида низ дорои ҷиҳатҳоии манфии зиёд аст, вале ҳаётро бе он тасаввур кардан душвор аст. Пеш аз ҳама мулоқот тавасути шабакаҳои иҷтимоӣ сарҳад надорад, маҳдудият барои наврасоне, ки аз 12 то 16- солаанду ақлашон онқадар мустаҳкам нест, пешбинӣ нашудааст. Кунҷковӣ, ё ин ки пахши як тугмача метавонад ҷавонро ба ягон гурӯҳ, ҷамъият ворид созад, ки хусусияти манфӣ, зуроварӣ, экстремистӣ ва террористӣ дорад. Ҷавони дар назди экран қарор дошта, аксаран қобиляти дарки мақсади аниқи онро надошта, метавонад ба осонӣ ба ақидаи носанҷида, носаҳеҳ ва бемантиқу пуч бовар намояд ва ё ба он ҷарраён пайравӣ намояд. Аз ин ҷо таъсири манфии шабакаҳои иҷтимоӣ дар ташаккули шахсияти ҷавонон сарчашма мегирад.

Нозукии манфии дигари шабакаҳои иҷтимоӣ дар он аст, ки бештари ҷавонон тавасути маҷозӣ ва паёмакҳо бештар ошнои нав ба худ пайдо менамоянд. Дар шабака имконияти худро тамоман каси дигар, сарвари ягон лоиҳаи бузург, маъшуқа ва ғайра метавон муаррифӣ намуд, ки ҳамсуҳбати маҷозӣ инро бо тахаюлоти худ мувофиқ намуда, бовар менамояд. Ин дурӣ аз ҳақиқат дар соҳаи муоширати маҷозӣ метавонад боз як омили манфии таъсирбахши шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷавонон бошад.

Аз ҳама таъсири бади шабакаҳои иҷтимоӣ, ба ақидаи коршиносон дар он аст, ки бештари ҷавонони имрӯза дар саросари дунё, кор бо шабакаҳои иҷтимоиро афзалтар аз ҳаёти воқеӣ барои худ медонанд. Имрӯзҳо ин амалро метавон дар саросари дунё мушоҳида намуд.

Чунин ба чашм мерасад, ки ҷавонону наврасон ҳангоми роҳро убур намудан дар гӯшҳояшон гӯшӣ ва худро дар экрани телефон нигоҳ карда қарор дорад, дар истгоҳҳо ва дохили нақлиёти ҷамъиятӣ ҳама бо чӣ коре дар телефони худ банданд, саҳифаҳоро варақ зада расмҳо аз ҳаёти шахси дигарро тамошо доранд ва бо ин кор қобиляти зеҳнии худро банд намуда истодаанд. Ба ҷавонону наврасон дар чунин маврид аҳамият надорад, ки паси он саҳифаи иҷтимоӣ чист, барои онҳо табодули ба қавле «лайк» бо дустони маҷозӣ афзалтар аст.

Таъсири бади шабакаҳои иҷтимоӣ борҳо аз тарафи олимони гуногун исбот шудааст, вале ҳоло ҳам истифодаи он бо суръати баланд идома дорад. Ҳамарӯза шахсони нав худро сабти шабакаҳои гуногуни нави иҷтимоӣ намуда, ба худ дӯстони нав мекобанду бо онҳо табодули фикру ақида ва ҳаргӯна расму наворҳо менамоянд. Ба ақидаи олимон ин раванд ба руҳи ҷавонону наврасон таъсир гузошта, хотираи онҳоро заиф сохта, ба бепарвоию депрессия оварда мерасонад.

Барои пешгирии ин раванд ва дар руҳияи солим тарбия ёфтани наврасону ҷавонон, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор чораҳо андешида шудаанд. Дар шаҳри Душанбе ва дигар манотиқи Тоҷикистон бо супориши бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, майдончаҳои варзишӣ, марказҳои фарҳангӣ, боғҳои истироҳатию фароғатӣ, китобхонаҳо ва дигар иншоотҳо бунёд шудаанд, дар саросари мамлакат, дар ҳама соҳаҳо озмунҳои гуногун – «Фурӯғи субҳи дононӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва ғайраҳо роҳандозӣ шудаанд, ки наврасону ҷавонон ва ҳатто пиронсолон метавонанд дар онҳо ширкат намуда, сазовори мукофотҳои хотиравӣ  гашта, даҳҳо имтиёзи дигарро дар кору фаъолияташон ба даст оранд.

Падару модарон ва мо устодонро зарур аст, ки пайваста ба насли ҷавон талқин намоем, ки ҳамаи ин ободиҳо, пешравиҳо ва сулҳу субот бо хуни дил ба даст омадааст. Моро лозим аст, ки ҷавононро дар партави инсондӯстӣ, садоқат ба Ватан, донишмандӣ, ҷисману руҳан солим будан ва хушахлоқу накӯхоҳӣ тарбия намоем. Ваҳдату суботи Тоҷикистони азизро чун гавҳараки чашм нигоҳ дошта, пайи боз ҳам ободу зебо намудани ҳар ваҷаб хоки Ватани худ бошем.

Наҷмиддинов Акбаршоҳ Файзуллоевич,

дотсенти ДМТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь