Ҷавонони Тоҷикистонро «облава» карда, кадом «саркор» артишро ҷойи даҳшатнок нишон медиҳад ва чӣ манфиат мебинад?

Пас аз як ҳафтаи муроҷиатномаи гурӯҳи таъсиргузори фейсбукии “Ахбор барои афкор”, ки зери роҳбарии журналист ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ Раҷаб Мирзо фаъолият дорад, Фирдавс Ҳаётзода, муовини якуми роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент, ба вазири мудофиа Шералӣ Мирзо, вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ва прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дастур додааст, ки шикояти мардумро аз “облава”, ё худ сарбозшикории ғайриқонунӣ, баррасӣ кунанд ва ба Дастгоҳи иҷроияву муаллифони ин мактуб ба таври хаттӣ посух диҳанд.

Муроҷиатномаи ба Президенти Тоҷикистон навиштаи гурӯҳи “Ахбор барои афкор”, ки танҳо дар се соати аввали нашр шуданаш ба он 500 нафар имзо гузошт, пас аз зиёдшавии хабару аксу наворҳо аз ҷараёни зӯран ба хизмати ҳарбӣ водор кардани ҷавонон пайдо шуд.

Муаллифони муроҷиатнома, ки дар сархаташ Раҷаб Мирзо меистад, навишта буданд, «ҳолате, ки ҳоло ҳаст ва, мутаассифона, авҷ мегирад, ҳуқуқшиносон ба банди вобаста ба “одамрабоӣ”-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон баробар медонанд ва илова кардаанд, ки бо ин шевае, ки ҳоло ҷавононро ба артиш “ҷалб” мекунанд, на танҳо қонунмандӣ зери суол мераваду ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон поймол мешавад, балки давлат беобрӯ мегардад, ноумедиҳо сар мезананд, ҳолати равонии мардум вайрон мешавад, имиҷи давлату артиши он коҳиш меёбад».

Дар ҳамин ҳол, муроҷиаткунандагон гуфтаанд, ки роҳҳои қонунӣ, мантиқиву касбии даъвати ҷавонон вуҷуд дорад ва омодаанд дар ин кор саҳм гузоранд. Онҳо дар ҳоли ҳозир аз роҳбарияти олии ҷумҳурӣ хостаанд, бо як дастури худ ба мақомот ҳушдор диҳанд, то пеши роҳи ин шармандагӣ ва қонуншиканӣ  ҳарчӣ зудтар гирифта шавад.

Воқеан, ҳамасола ду маротиба – вақти даъвати баҳорӣ ва тирамоҳии даъвати ҷавонон ба хизмати аскарӣ, ин масъала рӯ мезанад. Ҳар дафъа одамон шикоят мекунанд, аммо ба додашон касе намерасад. Коршиносон мегӯянд, ки соли 2013 вақте Пешвои миллат мавзӯи аз байн бурдани “облава”-ро ба миён гузошту аз мақомот талаб кард, ки ин амали ғайриқонунӣ барҳам дода шавад, то соли 2017 вазъ беҳбуд ёфт, аммо пас аз ин боз ҳар баҳору тирамоҳ “гурезогурез” авҷ мегирад.

Саволи якум ин аст, ки чаро ҷавонон ба хизмат рафтан намехоҳанд?

Имрӯз мо дар давлати соҳибистиқлол зиндагӣ  дорем ва артиш яке аз рукнҳои муҳими он аст. Решаи “облава” аз давраи пас аз ҷанги шаҳрвандӣ  оғоз шуд. Он замон командирҳои қисмҳои низомӣ, ки одамони тасодуфӣ буданд, бачаҳои ҷавонро аз кӯчаву бозор дошта, маҷбурӣ ба “хизмат” мебурданд, аммо “хизмат”-и онҳо иборат аз кор кардан дар хонаи ин командир. ё дар саҳрои замини онҳо буд.

Ҳоло чунин командирҳои тасодуфӣ ва одамкуш надорем, пас чаро ҷавонон ба хизмат намераванд?

Таҳлилгарон чанд масъаларо пеш меоранд. Якум, набудани шароти хуб дар қисмҳои низомӣ ва “дедовшина”. Ин солҳои пеш буд, ки дар қисмҳои ҳарбӣ  шароити хуби ғизонабуд. Ҳоло ҷавонон нақл мекунанд, ки аз ин ҷиҳат умуман мушкил нест, аммо “дедовшина” дар ҳақиқат ҷо дорад ва ҳар сол чандин ҷавон маъюбу маслуқ ба хона бармегарданд. Як қазияи Шаҳбол Мирзоев, ки пас аз чандин соли маъюбӣ чанде пеш даргузашт, сару садои зиёд ба думбол дошт. Ин масъаларо масъулин бояд ҷиддӣ баррасӣ  кунанд ва гунаҳкоронро ҷазои сахте диҳанд, то волидон фарзандони худро бе ташвиш ба хизмати Ватан фиристанд.

Дуюм, коршиносон мегӯянд, то замоне, ки ба масъалаи даъвати ҷавонон  бархӯрди ҳуқуқӣ сурат нагирад, масъулиятнокӣ зиёд намешавад. Ҳуқуқшиносон мисол меоранд, ки саркашӣ аз хизмати аскарӣ кирдори ҷиноист ва қонунгузорӣ барои он ҷазо муқаррар кардааст. Имкон дорад гунаҳкоронро бо моддаи 343, қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҷозот намоянд, ки тибқи он ба вайронкунандаи қонун ҷарима ба андозаи аз 500 то 1000 нишондиҳанда  ва ё ба муддати 2 сол аз озодӣ  маҳрум кардан ҷазо пешбинӣ шудааст.

Дар замони шӯравӣ, ҳатто баъзе шахсони шинохтаро бо ин банди қонун муҷозот кардаанд. Масалан, аз рӯи овозаҳое, ки рӯзҳои охир дар интернет пайдо шуд, ҳунарманд Зафар Аюбӣ  (маъруф ба Зафарча) бо ҳамин ҷурм зиндонӣ  шудааст. Яъне, таҳлилгарон ба ин назаранд, ки агар мақомот чанд нафарро бо ҳамин банди қонун ҷазо диҳанд, масъулияти ҷавонон ва падару модари онҳо барои рафтан ба хизмат бештар мешавад.

Ин садҳо бор беҳтар аз он аст, ки ҳар рӯз навору аксҳои ба таври ваҳшиёна боздошт шудани ҷавонон дар шабакаи интернетиву расонаҳои хабарӣ  чарх занад ва нафрати мардумро зиёд кунад. Баъзеҳо мегӯянд, ки дар он сурат маҳбасҳо аз ҷавонони саркаш зиёд мешавад. Ба фикри мо, агар ҳар сол чанд нафар аз рӯи талаботи ин қонун ҷазо гиранд, вазъ сол аз сол тағйир мекунад.

Масъалаи сеюме ки мавриди баҳсҳост, ин риоя нашудани адолати иҷтимоӣ ҳангоми даъват ба хизмат аст. Бисёриҳо ба ин ақидаанд, ки фарзандони мансабдорону сарватмандон ба артиш намераванд ва аскарӣ  ҷои “одамони камбағал” шудааст. Дар ҳар мавсим, албатта мехонему мебинем, ки чанд мансабдор фарзанди худро ба хизмат равон мекунанд, аммо он хислати оммавӣ  нагирифтааст.

Чанде пеш тағйиру иловаҳо ба қонун ворид шуд, ки мувофиқи он ҳар касе имкон бо пул метавонад аз хизмат озод бошад. Баъзеҳо мегӯянд, ки ҳаҷми ин маблағ 28 000 сомонист. Масъулин гуфтанд, ки ҳаҷми маблағро ҳукумат муқаррар хоҳад карду ҳоло маълум нест. Коршиносон гуфтанд, ки дар сурати ҷорӣ гардидани ин тартиб имкон дорад вазъ беҳтар шавад. Албатта, агар бо роҳандозӣ  шудани ин усули даъват шароити иҷтимоии аскарон боз беҳтар ва ба онҳо пули хуб барои хизмат диҳанд. Дар ҳоле ки дар Тоҷикистон ҷои кор маҳдуд аст, ду сол ҷавонон агар бо маблағи хуб ба хизмат фаро гирифта шаванд, шояд падару модарон ҳам мухолифат накунанд.

Дар маҷмуъ, роҳҳои ҷалби ҷавонон хеле зиёд аст, аммо чаро масъулин усули “облава”-ро бештар медонанду мардумро тарсзо ва худро шарманда мекунанд. Баъзеҳо ба он назаранд, ки ин ҷо сирф манфиатҳои моливу пулӣ ҷо дорад, зеро намояндагони бархе аз мақомот дар мавсими “облава” пули зиёд кор мекунанд.

Саволу масъалаҳо бисёр, аммо масъулин, хоса аз Вазорати мудофиа, хомӯширо беҳтар медонанд.

Як масъалаи дигаре ҳам ҳаст, ки ба назар аҷиб мерасад. Чаро тамоми мақомоти давлатӣ ҳар сол ду бор барои хабарнигорон нишасти матбуотӣ баргузор мекунанду Вазорати мудофиа ин коро намекунад?

Сари ин ҳам фикр бояд кард, вагарна бо хомӯшиву рад кардани ҳодисаҳое, ки мардум бо чашм мебинанду дар интернет паҳн мекунанд, чизе тағйир намеёбад. Баракс, ҳамон тавре дар муроҷиатномаи мардум омадааст, обрӯи давлат ва артиши он коҳиш меёбад.

Ҷамила Мирбозхонова

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь