Айёме, ки дар оғӯши гарму нарми падару модар бошӣ, онҷо каламоте ба мисли қаҳр, ғазаб, кина, буғзу ҳасад, нафрат, танҳоӣ ва амсоли инҳо, ки зина ба зина инсонро ба гӯшаи нестӣ мебаранд, ҳузур надорад. Оғӯши волидайн мисли девори мустаҳкамест, ки инсонро аз тамоми дарду ранҷ ва балову мусибати дунё эмин нигоҳ медорад. Зеботарин дунёст, дунёи тифлӣ… Кӯдакон ҳарчанд гоҳе даст ба гиребони ҳамдигар мешаванд, пас аз лаҳзае онро ба гӯшаи фаромушӣ бурда, боз ба бозӣ шурӯъ мекунанд. Ба назар суҳбати кӯдакон самимист, чун дар дилашон ғайр аз меҳрубониву дар лабашон ханда чизи дигаре эҳсос намегардад… Қалбашон пур аз орзӯву, умеду, армонҳои кӯдакист. Кӯдакон дар кадом гӯшаи дунё, ки набошанд, вуҷуду мақсадашон якест. Вале дар як манотиқе аз гӯшаи дунё, ки ҳазорҳо тифлакони маъсум зиндагӣ мекунанд, қувваи аҳримание ҳувайдо мегардаду хушбахтиву орзӯҳои онҳоро ба боди фано мебарад!

Таърих

Таърих гувоҳ аст, ки ҷанг ҷони чандин миллион тифлакони маъсуму бегуноҳро рабудааст. Чандин миллиони дигарашонро бе сарпаноҳ намудааст. Ин тифлакони бегуноҳ солҳост бо умеди бунёди дунёи ҷадид зистанду мезианд… вале афсӯс ин ҳануз ҳам барояшон ормоне беш нест.

Имрӯзҳо

Имрӯзҳо ҳам қувваҳои бузург баҳри ҳадафҳои ноҷои худ, онҳоро ба нишон мегиранд… Чи тақдири баде доранд ин чашмони маъсум… ин дастони ларзон… ин ҷони дар хатар… ин дили дардманд… ин тифлакони бесарпаноҳ…

Маълумдор аст, ки онҳо ҷисману руҳан хеле пурқувватанд… аммо хеле зишт аст, ки ин ҳама тавоноии эшонро имрӯз қувваҳои бад барои манфиати хеш истифода мебаранд. Имрӯз вақте ба сомонаҳои иҷтимоиву расмӣ назар мекунем, мавзӯи рӯз “Толибон” ва Афғонистон мебошад… Навореро дидам, ки падар бо чашмони гирёну садои ларзон ба рӯзноманигор хабар медиҳад, ки аз коҳиши фақру бедодгариҳо ва зулми “Толибон” чанд духтарашро ки тақрибан ҳашт сола ва ёздаҳсола буданд, бо чанд танга афғонӣ фурухтааст… Боз ҳам ин тифлакон бо ормонҳои чандсолаҳои хеш зери хок рафта истодаанд.

Силоҳ

Яке аз ҳадафҳои аввалиндараҷаи абарқудратмандон фурӯши силоҳ аст. Онҳо бо нақшаҳои таҳрезӣ шуда, мекӯшанд давлатеро нотинҷ ва таҷҳизотҳои ҳарбии худро аз тарафе баҳри озмоиш аз дигар тараф баҳри фурӯш ба кор баранд.

Таҳдид

Миёни ду гуруҳи силоҳбадаст, танҳо дар миён зери таҳдиди нобудшавӣ қарор мегирад, ин ҳам бошад кӯдаке, ки боре рӯи ҷангро надида ва лаззати ҳаётро начашида… Зиндагӣ барояшон душвор мешавад, дар ҳолате, ки аз бенавоиву ночорӣ намедонанд ба куҷо паноҳ барад. Аз хунрезиҳои бардавому азобу шиканҷаҳо тифлакони бегуноҳ доду фарёдашон бар фалак мепечад. Онҳо ҳамеша бо як андеша зиндагӣ мекунанд ва он ҳам бошад осоиштагӣ.

Замине оғӯштаи аз хуни тифлон

Садои тиру туфанг… Аз ҷисми беҷони чандин ҳазор тифлакони бегуноҳ хун ҷорӣ шуда… Оби сафо ба ранги сурх мубадал гашта…

Дар интизори нону об

Оё марги тифлон оташи ҷангро хомӯш мекунад? Муҳорибаи байни ду тарафи мутақобил кӯдаконро натанҳо бесарпаноҳ, балки дучори фақириву ночорӣ мекунад. Яке нону дигаре об металабад. Дар ин аём яке ҷон ба Ҳақ медиҳаду дигаре боз зери шиканҷаи душман қарор мегирад.

Шояд шикояту фарёди онҳо аллакай ба гӯш расида бошад… Шояд Ӯро ҳоло ҳам сабре ҳукмфармост…

Аз дуриҳо садо мерасад… Садои бефарёдрас!

Ғолиби МАРАМАТШО

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь