Сухане чанд аз фаъолияти ватандории собиқ Вазири корҳои дохилии РСС Тоҷикистон, генералмайори милитсия Исмоил Қурбонов

Номи неки пурифтихори ин родмарди Ватан дар қалбҳои поки садҳо фарзандони ватанхоҳу номбардори миллат ба абадият сабт гардида, корномаи ватандориаш ифтихори ҳазорон мову манҳое мебошад, ки дӯст доштани Ватанро гӯшае аз имондории хеш медонем. Ӯ, пеш аз ҳама, шахсияти соҳибфарҳанг ва соҳибэътиборе буд, ки аз рӯзҳои нахустини фаъолияти меҳнатиаш, аз соли 1957, ки ҳамагӣ 22-сол дошт, миёни ҳамсолони хеш пешгомтару соҳибэътибор ва дар ҷомеа соҳиби мавқеъ ва мақоми пурарзиши ҷамъиятӣ гардида, дар Кумитаи комсомоли Ленинӣ дар шуъбаи кор бо ҷавонон фаъолияти меҳнатиашро оғоз бахшида, номашро бо ифтихори зиёд ба забон меоварданд. Ҳамин донишмандиву соҳибфарҳангӣ ва ифтихори баланди ватандорӣ ӯро то ба мақоми котиби аввали Кумитаи комсомоли Ленинии шаҳри Кӯлоб овард. Дар ин мақоми пурифтихори роҳбарии ҷавонони шаҳри Кӯлоб фаъолият намуданаш бо дониш ва фаҳму фаросати баланди кориаш миёни роҳбарияти ҳокимияти давлатӣ ва роҳбарияти Ҳизби Коммунисти вақт соҳиби обрӯву эътибори хеле баланд гардида, номи некаш вирди забони ҳама ҷавонони ватансозу ватанхоҳи шаҳри Кӯлоб гардид. Кумитаи Комсомоли Ленинии он замон, ногуфта намонад, ки то по барҷоии Иттиҳоди собиқи фарҳангсолору раъиятпарвари Шӯравӣ, зинаи пурифтихори тайёр намудани роҳбарияти олии ҳизби ҳокими вақт буд ва садҳо роҳбарияти воломақоми Тоҷикистони собиқи Шуравӣ аз ин мактаби бузурги кишварсозиву ватанхоҳӣ гузашта буданд. Исмоили он замон ҷавон нахустгомҳои устувори роҳбариро маҳз аз ҳамин мактаби пурэътибори мардонагӣ дар остонаи роҳбарӣ гузошта буд. Яке аз роҳбарони пурэътибори мактабу маорифи минтақаи Кӯлоб, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Аълочии маорифи Иттиҳоди Шӯравӣ ва РСС Тоҷикистон, собиқ мудири маорифи ноҳияи Фархор, устоди зиндаёд Гадоӣ Одинаев, ки дар қаламрави собиқ вилояти Кӯлоб ва саросари ҷумҳурӣ хеле эътибори баланди маърифати педагогӣ дошт, дар мавриди Исмоил Қурбонов чунин гуфта буд: “Обрӯву эътиборе, ки Исмоилҷон миёни ҷавонони он замон ҳамчун роҳбари Кумитаи комсомоли Ленинии шаҳри Кӯлоб дошт, ҳеҷ касе аз ҳамсолонаш дар он поя набуд. Ҳам роҳбарияти ҳукумати иҷроия ва ҳам роҳбарияти аввали Ҳизби Коммунисти вақт, ки зимоми роҳбарӣ дар дасташон буд, номи неки ӯро ҳамеша дар машварату чорабиниҳои муҳими ҳизбиву давалатӣ ба забон оварда, аз корҳои ватанхоҳиву ватансозиаш ифтихор мекарданд. Ҳамин хушахлоқӣ, донишмандӣ ва кордониву корсозиаш буд, ки ӯро аз роҳбарии Иттифоқи комсомоли Ленинии шаҳри Кӯлоб ба мақоми муншии Кумитаи Ҳизби Коммунисти калонтарин ноҳияи вилояти собиқи Кӯлоб – ноҳияи Фархор оварданд. Ӯ дар андак муддат миёни мардум ва ҳокимияти иҷроияву давлатӣ ва ҳизби ҳокими вақт соҳиби обрӯву эътибори баланд гардида, дар ҳама чорабаниҳои муҳими давлативу ҳизбӣ номаш  шерозаи ифтихори саросарии мардум буд. Даҳҳо шахсони пурэътибори арсаи кору пайкори Шӯравии фарҳангсолори раъиятпарвар номи некашро бо эҳтирому самимияти бе поён ба фарзандонашон мегузоштанд, бо умеде, ки фарзанди онҳо дар оянда чун ӯ соҳиби иззату икром гардида, номи падару модарашро зиннати эътибори даврон намоянд. Банда, ки он замон директори яке аз мактабҳои пуровозаи ноҳияи Фархор будам, дар чандин чорабиниҳои муҳими маорифчиёни ноҳия ӯро ба онҷо даъват намудам. Ӯ рӯи минбари пурифтихори мактаб суханронӣ намуда, муҳаббат ва самимияти хонандагонро ба фардои неку дурахшони мактаб зиёд намуд. Ҳамин мулоқоту машваратҳои ватанхоҳонаш эътибори кории ӯро миёни мардум хеле зиёд намуда, таваҷҷуҳи роҳбарияти олии ҳизбиву давлатӣ ба ӯ бештар гардид. Ва ҳамин тавр, уфуқҳои нави эътибор дар фаъолияти меҳнатиаш боз гардида, номи неки пурифтихораш вирди тамомии аҳли заҳмат гардид.” -Оре, ин гуфтаҳои як хирадманди соҳбиэҳтиром, гувоҳи барҳақи хидматҳои ватанхоҳиву ватансозии Исмоил Қурбонов буда, меҳнати ҳалол ва садоқати ватандорӣ ӯро ду маротиби дигар ба мақомҳои раиси Кумитаи иҷроия ва муншии аввали Ҳизби Коммунистии ноҳияи Фархор овард. Дар ин мақомҳои олии роҳбарии он замон ӯ ба дасту дили пок ба Ватан хидмат намуда, ҳамчун роҳбари ҷавон дар мақоми олии ҳизбии ноҳия соҳиби эътибори баланд на танҳо дар собиқ вилояти Кӯлоб, балки дар саросари кишвар гардид. Дар мулоқотҳояш бо аҳли заҳмат ва маорифчиён ба такрор аз муҳаббат ва садоқати ватандориву ватанхоҳӣ ибрози назар намуда мегуфт:

Забон бикшодаам баҳри Ватан гуфтан,

Чӣ ҳоҷат ғайр аз ин дигар сухан гуфтан.

Ҳамин кордониву корсозӣ ва ахлоқи баланди роҳбариаш буд, ки хонаводаи покмаҳзараш намунаи беҳтарини оилаҳои кишвар шинохта шуда, номи неки он хонадон эътибори ҳама роҳбарони давр будаву ҳаст. Ногуфта намонад, ки давомдиҳандаи роҳи пурифтихору пурэътибори Исмоил Қурбонов духтари ягонаи ӯ Ширин Қурбонова мебошад, ки бо дониш ва фаҳму фаросату ахлоқи ҳамидааш миёни аҳли илм ва маърифати кишвар хеле соҳибэътибор мебошад. Ӯ аз соли 2015 то имрӯз роҳбарии ташкилоти ибтидоии ҲХДТ “Илмпешагон”-ро дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бар уҳда дошта, доктори илмҳои таърих мебошад.  Яке аз роҳбарони пурэътибори сохти колхозии вилояти Кӯлоб, Қаҳрамони меҳнати Сотсиалистӣ, дорандаи орденҳои Ленин ва Байрақи Сурхи меҳнат шодравон Миралӣ Маҳмадалиев дар як суҳбати хосааш бо устоди зиндаёд, шоири халқии Тоҷикистон Ашӯр Сафаров дар мавриди Исмоил Қурбонов гуфта буд: “Бо бисёре аз роҳбарони давлативу сиёсии минтақаҳои вилояти собиқ Кӯлоб бо мурури замон сару кор доштам. Миёни он ҳама як бачаҳаки ҷавонеро, ки аз Кумитаи комсомоли шаҳри Кӯлоб ба Фархор оварданд, ростӣ ҳамаро қоил кард. Ҳолдонҳо мегӯянд, ки аз ҳамин авлодҳои Шумо мебошад”. Устод Ашӯр Сафар, ки хеле лутфро дӯст медошт ва бо бобои Миралӣ ҳамнишини наздик буд, бо лутф мегӯяд, ки “бо чӣ гап шудааст, ҳама одамони ноуҳдабаро ва нотавонро ба авлоди ман нисбат дода” ҳама одамони кордону чорасоз ва боэътиборро хеши худат мехонӣ”. Бобои Миралӣ каме таваққуф намуда, гуфт: “Ана ин бор дигар хел мегӯяму гӯш кун. Ҳамин раиси нави Фархор ҳамин қадар одами хуб ва коргар мебошад, ки мегуӣ, ки аз авлоди мо бошад. Пурсуҷӯ кардам, гуфтанд ки аз авлодҳои Одина Гадоӣ ва Сафар Гадоӣ мебошад. Охир, онҳо ҳама авлодони Шумо мебошад ку”. Устод Ашӯр нафаси чуқур кашида дасташро пушти бобои Миралӣ гузошта, мегӯяд: “Э хайрият, ки як одами хубро тарафи мо ном гирифтӣ. Одами донишманду хубро ҳама мехоҳад, ки аз авлоди онҳо бошад. Ман ӯро аз замони донишҷӯияш дар Донишкадаи шаҳри Кӯлоб мешиносам. Хеле босаводу ботамкин, фарзанди ҳукумат, бисёр сода, ҷониссор ва ҷонфидои ҳукумат ва халқи Шуравӣ. Ҳангоми дар Кумитаи комсомоли шаҳри Кӯлоб кор карданаш бо бародарони ман бисёр рафтуомади наздик дошт. Ҳамин наздикиаш бо бародарони ман ӯро ба хонадони мо наздик карда буд. Ҳатман як рӯз дар Фархор меҳмонаш мешавем, баъд мефаҳмем, ки хеши ман аст ё аз Шумо”. Ва устод Ашӯр Сафар бо ҳамроҳии бобои Миралӣ ба Фархор мераванд. Раис онҳоро он қадар бо самимияту меҳрубонӣ истиқбол намуда, меҳмондорӣ менамояд, ки бобои Миралӣ баъди он мегӯяд, “Ашӯр, дар ҳақиқат ӯ хеши ман мебошад, на аз Шумо”. Устод Ашур қоҳ-қоҳ механдаду мегӯяд: Бобои раис фаромӯш накун, ки ҳама мардум маро хеши ту мегӯянд. “Пас бо василаи Шумо хеши ман ҳам мебошад”. Аз ин лутфу меҳрубонӣ бармеояд, ки Исмоил Қурбонов воқеан шахсият буд. Шахсияти мардумӣ, шахсияте ки ҳама мақомҳоро бо ахлоқ ва хулқу атвори баланди инсониаш соҳиби эътибор намуда, бо ҳамин эътибори баланд ва ифтихори зиёди ватандорӣ, роҳбарияти олии кишвар аз мақоми муншии аввали Ҳизби Коммунисти ноҳияи Фархор ӯро барои таҳсил ба мактаби олии ҳизбӣ, барои кадрҳои роҳбарикунанда ба шаҳри Маскав мефиристанд. Баъди анҷоми бомуваффақияти таҳсил ба Ватан баргашта, роҳбарияти олии кишвар ӯро ба мақоми муншии аввали Ҳизби Коммунисти ноҳияи Қумсангир мефиристанд. Ӯ дар ин мақоми роҳбарӣ се сол фаъолият намуда, эътибори ноҳияро дар қаламрави вилоят хеле баланд бардошта, ноҳия парчамбардори арсаи кору пайкори сабқатҳои минтақавӣ мегардад. Обруву эътибор ва эҳтироми ӯ миёни роҳбарияти вилоят ва ҷумҳурӣ зиёд гардида, роҳбарияти Олии кишвар соли 1978 ӯро аз мақоми муншии аввали Ҳизби Коммунистии ноҳияи Қумсангир ба мақоми муовини Вазири корҳои дохилии РСС Тоҷикистон ба кор мефиристанд. Дар тавсифномае, ки Роҳбари аввали ҷумҳурӣ, муншии аввали ҳизби Коммунисти РСС Тоҷикистон Ҷ. Расулов ба Исмоил Қурбонов барои ба кор омадан ба мақоми муовини Вазири корҳои дохилии РСС Тоҷикистон додааст, чунин омада: “Дар тамоми давраи дар кори партиявӣ буданаш худро роҳбари қобилиятнок, бағайрат, хоксор, меҳрубон ва дорои қобилияти баланди ташкилотчигию соҳиби обрӯи баланд дар байни меҳнаткашон нишон дода, Роҳбарияти Олии Кумитаи Маркази бо боварӣ ӯро ба вазири корҳои дохилии РСС Тоҷикистон тавсия медиҳад”. Бо ҳамин тавсияи роҳбарияти олии вақти кишвар ӯ ҳаёти сиёсии хешро бо мақомоти қудратии кишвар мепайвандад. Вазири вақти корҳои дохилии кишвар, ки арбоби сиёсиву давлатӣ ва мақомдори Ҳизби Коммунисти вақт генерал-майор Нусратулло Абдулҳақов буд, ӯро хеле хуб қабул намуда, ӯро ба ҳайати шахсии вазорат шинос менамояд. Омадани ӯ ба ин мақоми қудратии босалоҳият ӯро водор намуд, ки муносибаташро бо зердастон ҷиддитар намояду дар интихоби кадрҳо ба мақомҳои роҳбарии минтақаҳои кишвар ва раёсату шуъбаҳои зертобеи вазорат масъулиятшинос бошад. Вазири корҳои дохилии РСС Тоҷикистон генерал-майор Н. Абдулҳақов, ки ба ин вазифа аз мақоми роҳбарии ҳизбӣ ва Раиси Кумитаи назорати халқии ҷумҳурӣ омада буд хеле таҷрибаи бой ва эҳтироми зиёд миёни мақомот дошт. Вазири корҳои дохилии кишвар, ки пештар аз Исмоил Қурбонов аз пайроҳаи мақомоти роҳбарии Ҳизби Коммунист ба ин мақомот омада буд, ӯро нағз мешинохт ва арҷу эҳтиромаш менамуд ва ҳама шароитҳои кориро барои ӯ дар мақоми муовини Вазир таъмин намуда буд. Маҷлису машваратҳои вазорат бо омадани Исмоил Қурбонов ранги дигар гирифт. Ӯ ки таҷрибаи хеле хуби бо мардум кор карданро дошт дар интихоб ва ҷобаҷогузории мутахассисон саҳми арзандаашро дар ин мақомот гузошт. Як идда ҷавонони боистеъдоду болаёқат ва ватанхоҳу ватансозро рӯи кор овард, ки баъдтар онҳо дар мақомҳои олии роҳбарии сохторҳои қудратии кишвар соҳиби эътибори баланд гардиданд. Мардум дар милитсияи тоҷик ҳомии қонун ва пуштибони халқро медид. Захираи кадрҳои болаёқат ва содиқ ба Ватанро аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ пурра намуда, эътибори милитсияи тоҷикро хеле баланд бардошт. Эътибори баланди роҳбарӣ ва ташкилотчигиашро роҳбарияти кишвар ба инобат гирифта, соли 1980 ӯро ба мақоми Вазири корҳои дохилии РСС Тоҷикистон пешбарӣ намуданд. Бо ҳамин, ӯ фаъолияти худро пурра ба милитсия бахшида, бо садоқат ва муҳаббати зиёд ба халқу Ватан хидматро дар ин ниҳоди қудратии кишвар идома бахшид. Тарбияи кадрҳои ватанӣ ва аз шумори содиқон ба халқу Ватан ва донишманду пурэътибор сафи милитсияи кишварро пурра намудани онро  қарзи муқаддаси хеш медонист. Он гуна, ки олим ва муҳаққиқи таърихи милитсияи тоҷик, доктори илми таърих Розиқзода А.Ш. дар асари тадқиқотии хеш “Вазирони корҳои дохилии Тоҷикистон” овардааст:

“Исмоил Қурбонов фаъолияти меҳнатиашро дар кор бо ҷавонон аз Кумитаи ҷавонони шаҳри Кӯлоб оғоз намуда буд. Аз ин ҷост, ки ӯ бо ҷавонон ҳамчун неруи тоза эътимод дошт. Баробари вазири корҳои дохилӣ таъин шуданаш, ӯ маҳз ба ҳамин қувва-ҷавонони мақомоти корҳои дохилӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуд. Исмоил Қурбонов хуб дарк мекард ва боварӣ дошт, ки такя ба ҷавонон метавонад мақомоти корҳои дохилиро ба пешравию дастовардҳои нав ба нав расонад. Аз тарафи дигар, худи Исмоил Қурбонов чанд сол ба ҳайси ҷонишини вазир ва ҳамзамон, сардори шуъбаи кадрҳо кор карда, бо потенсиали захираҳои кадрии вазорат хеле хуб ошноӣ дошт.

Исмоил Қурбонов аз давраҳои аввали фаъолияташ ба ҳайси вазир ба ҷобаҷогузории кадрҳо эътибори ҷиддӣ медод. Агар ҷавонони софидилу болаёқат, серғайрату бомаърифатро маълум мекард, ҳатман ӯро бо вазифаҳои пурмасъулият бовар карда, таъин менамуд. Дар кор серталаб буд. Бо боварӣ гуфта метавон, ки аксари ҷавонони болаёқати мақомоти корҳои дохилӣ, ки дар давраи вазирии Исмоил Қурбон ба кор омада буданд ва ё ба сатҳи миёнаи роҳбарӣ таъин шуда буданд, алҳол дар вазифаҳои олии роҳбарии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, пеш аз ҳама, мақомоти корҳои дохилӣ бомуваффақият кор карда истодаанд. Чунончӣ, собиқ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Абдурҳим Қаҳҳоров хеле ҷавон ба сифати сардори шуъбаи корҳои дохилӣ, Шералӣ Хайруллоев сардори Раёсати ҷазои ҷиноятии ВКД, маҳз дар дар давраи вазирии Исмоил Қурбонов ба кор қабул гардида буданд. Бо ҳар як корманди ҷавоне, ки ба ин ё он вазифаи масъулиятнок таъин мешуд, бевосита худаш суҳбат намуда, дастуру супоришҳо дода, барори кор орзу мекард. Ҳамзамон, ӯ қобилияти хуби одамшиносӣ дошт. Корро хеле ҷиддӣ  ба роҳ монда, аз кормандони пуртаҷриба қатъӣ талаб мекард, ки ҷавонони нав ба кор омадаро зери назорат гирифта, роҳбаладӣ намоянд. Ба андешаи банда, ин анъанаро дубора зинда намудан дар ниҳодҳои қудратии кишвар ба манфиати кор мебуд”.

Исмоил Қурбонов, ки чун дигар роҳбарони мақомоти роҳбарӣ мактаби бузурги роҳбарии Шӯравии собиқ (ВПШ Высшая партийная школа) мактаби бузургро гузашта худ дастпарвари мактаби олии роҳбарии ҳизбӣ буд, ҳангоми таҳсил дар шаҳри Маскав дӯстони зиёдеро дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шуравӣ пайдо намуд. Яке аз чунин дӯстони ҳамсабақаш, собиқ ҷонишини вазири корҳои дохилии Иттиҳоди Шуравӣ Ю.М. Чурбанов буд, ки нуфузу эътибори ӯ ҳамчун домоди Котиби генералии ҲКИШ Л.И. Брежнев дар саросари Шуравии собиқ овозадор буд. Ҳамин гуна чандин дӯстони ӯ, ки мақомдорони баландпояи ҲКИШ буданд, ба ӯ эҳтироми зиёд доштанд. Ин эҳтиромро донишу истеъдод ва ахлоқи намунавии ӯ дар қалби онҳо ҷой намуда, онҳо дар сурати ин родмарди номдори Ватан намунаи беҳтарини инсонро медиданд. Ногуфта намонад, ки эътибори ӯ эътибори миллат ва давлати Тоҷикистон дар қаламрави собиқ Шӯравӣ буд. Ҳамин меҳнати ҳалол ва донишу фаҳму фаросати азалӣ ӯро миёни ҳама ошноҳо соҳибэътибораш намуда буд. Ҳангоми дар мақомҳои пурмасъулияти ҳизбиву давлатӣ фаъолият намуданаш се давра – солҳои 1971, 1975, 1980 вакили мардумӣ дар Шурои Олии РСС Тоҷикистон интихоб гардида, саҳми бузургашро дар рушду нумӯи кишвари азизи Тоҷикистон гузоштааст. Дар тӯли фаъолияти пурсамари меҳнатиаш ин абармарди кору пайкори Тоҷикистони азиз бо се ордени Байрақи Сурхи меҳнат, медалҳои “Барои меҳнати шуҷоатнок” – ду маротиба, “50- солагии милитсияи Советӣ” ва даҳҳо сипосномаву ифтихорномаҳои роҳбарияти олии кишвар ва мукофотҳои пуливу молӣ сарфароз гардида, номи некаш дар шерозаи эътибори кишвар ба абадият сабт гардидааст. Ва аз мақоми охиринаш ин нидо бар гӯши ҷонҳои мо мерасад:

Пас аз ман бар сурғи ман барояд,

Гул аз хоку зи шаб субҳу зи ту оҳ!

Ҷумъахон ТЕМУРЗОДА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь