Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мардуми кишвар ҳамеша як раҳнамо ҳасту боқӣ мемонад. Тавре  зимни ироаи Паёми хеш Сарвари давлат ишора намуданд: “Дар муташанниҷ гардидани вазъи ҷаҳони муосир ва зуҳурони бемайлони терроризм ва экстеремизм дар саросари дунё ҳар як сокини кишвар бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, барои пешравии ватани маҳбубамон муттаҳид шавад”.

Доманаи фаъолияти созмонҳои террористӣ торафт васеъ шуда, аз он ҷумла, дар кишвари ҳамсояи мо Афғонистон вазъятро боз ҳам мураккаб гардидааст. Яке аз падидаҳое, ки кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон таҳдид мекунад, ин рушди родикализм дар миёни ҷавонон мебошад. Албатта, родикализм дар ҷомеаи мо падидаи нав буда, ба қавли ҷомеашиносон, он дар кишварҳое реша мегирад, ки давраи гузаришро аз сар мегузаронанд.

Вожаи родикализм аз калимаи лотинии “radix” гирифта шуда, ба маънои “реша”, “бех” далолат мекунад. Радикализм ҳамчун истилоҳ маҷмӯи андешаҳо, ҳаракатҳои иҷтимоӣ- сиёсӣ аст, ки мақсади дигаргун кардан ва аз беху бун сарнагун сохтани институтҳои сиёсӣ ҳануз дар асри 18 аввалинбор дар Англия вобаста ба истилоҳоти интихоботӣ дар соли 1832 истифода гардидааст.

Ифродгароӣ аз рӯи мазмун динӣ ва дунявӣ ва аз рӯи зуҳурот ҳудудӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ шуда метавонад. Ҳамин ҷанбаи ифротгароӣ дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин баён гардида буд: “Ман чандин маротиба дар минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ таъкид карда будам, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Гузашта аз ин, зуҳуроти даҳшатноку нафтаровари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, баръкс аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ пеш аз ҳама кишварҳои исломӣ ва мусалмонони сайёра зарар мебинанд”.

Ифротгароӣ ё экстеремизм намудҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва мафкуравӣ дорад ва ифротгарони динӣ дар доираи ҳамаи динҳо (насронӣ, буддои ислом ва ғайра) мавҷуд аст. Истилоҳи терроризм аз калимаи лотинии “terror» буда, маънояш тарс ва ваҳмро ифода менамояд. Дар тафсири Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳи терроризм чунин омадааст: “Мақсади ибтидоии терроризм халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсондани одаман ва ба ваҳму таҳлука андохтани аҳолии осоишта буда, тавассути он фишор ба  давлату ҳукумат аст.” Гуфтан  ба маврид аст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳанӯз солҳои навадуми қарни гузашта, бо гуруҳҳои экстеремизм, терроризм рӯ ба рӯ шуда, талафоти ҷонии зиёд додааст. Ҳадафи аслии давлату миллат ва Сарвали давлат низ мубориза бурдан бар муқобили терроризм ва экстеремизм буда, аз забони Роҳбари давлат борҳо дар созмон ва минбарҳои бонуфузи ҷаҳони садо додааст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Тоҷикистон борҳои мизбони конференсияҳои бонуфузи ҷаҳонӣ будааст.  21 ва 22 июни соли 2015 дар шаҳри Душанбе ҳамаоиши бузург, таҳти унвони “ Ислом зидди терроризм ва экстеремизми динӣ” бар гузор гардид, ки дар он намояндагони бештар аз 30 кишварҳои олам ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ширкат варзиданд.

Қайд кардан зарур аст, ки  бояд тамоми кишварҳо барои мубориза бурдан бо радикализм, терроризм, экстероризм ва хурофотпарастиву ифротгароӣ мубориза баранд ва дунёро аз даҳшату  ваҳм эмин нигаҳдоранд.

Раҷабов Меҳваршоҳ,

омӯзгори МТМУ №45-и н. Айнӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь