Конститутсия  қонуни асосии ҳар як давлати соҳибистиқлолу мутамаддин маҳсуб ёфта, сохти давлат, заминаҳои ҳуқуқӣ, дахлнопазирӣ ва якпорчагии мамлакат ва рушди ҷомеаро муайян ва танзим менамояд.

Бисту нӯҳ сол қабл, 6-уми ноябри соли 1994 дар мамлакати мо бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ санади олии ҳуқуқӣ ва сарнавиштсози миллати куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Дар таҳияи он таҷрибаи пешқадами конститутсионализми давлатҳои мутараққии дунё ба инобат гирифта шудааст.

«Конститутсияи даврони истиқлоли мо ҷавобгӯ ба талаботи замони нав ва ҷомеаи муосири кишвар буда, то имрӯз барои рушду тараққиёти давлатдории миллӣ, таҳкими пояҳои он ва зиндагии осудаву озоди мардуми тоҷик нақши калидӣ мебозад. Дар ин санади бунёдии давлат мақсаду вазифаҳо, асосҳои сохти давлатдорӣ, рамзҳои давлатӣ, ҳудуди кишвар, муносибат ба моликият, самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба таври возеҳу равшан инъикос шудаанд», – изҳор доштанд Сарвари давлат зимни паёми хеш дар соли 2020.

Боиси ифтихор аст, ки Конститутсияи давлати тоҷикон аз ҷониби коршиносони бисёр кишварҳои олам, аз ҷумла ИМА, Федератсияи Русия ва кишварҳои Аврупо баҳои баланд гирифта, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо онро дар қатори панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои аъзои созмон ҷой додааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон конститутсияи ҷумҳуриро яке аз дастовардҳои бузурги мардуми кишвар, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ арзёбӣ кардаанд. Аз ин ҷост, ки Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз идҳои асосии миллии мо маҳсуб меёбад ва ҳар сол бошуқӯҳ таҷлил мегардад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 боб ва 100 модда иборат буда, 34  модда ё зиёда аз сеяки он ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст.

Дар Конститутсия таъкид мегардад, ки инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд ва кафолат дода мешавад, ки шаҳрванд аз ҳуқуқу озодиҳо бархурдор буда, шаҳрвандии худро дар доираи талаботи Конститутсия бояд ба роҳ монад. Конститутсия, ҳамчунин, ҳуқуқ ба ҳаёт, манзил, мусофирату интихоби маҳалли зист, мукотибот, муносибат ба дин, иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ, моликияту мерос, ташкили оила, тарбияи фарзандон, ҳифзи саломатӣ, таъминоти иҷтимоӣ ва ғайраро кафолат дода, имкон фароҳам меорад, ки инсон новобаста аз миллату нажод, ҷинсу забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ ва молу мулк баробарии худро дар назди қонун ва суд эҳсос намояд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд: «Қонун бояд дар навбати аввал инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро  ҳамчун арзиши олӣ эътироф ва ҳифз намояд, яъне барои зиндагии хубу шоистаи афроди ҷомеа, фаъолияти пурсамари ташкилоту корхонаҳои давлативу ғайридавлатӣ, соҳибкорону тоҷирон, пешрафти иқтисодиёти кишвар, сулҳу субот, оромии сиёсӣ шароити мусоид фароҳам орад ва самтҳои мухталифи ҳаёти ҷомеаро ҳаматарафа танзим намояд.»

Боби ҳаштуми Конститутсия бевосита ба ҳамин масъала алоқаманд аст. Ин боб ба танзими ҳокимияти судӣ ҳамчун рукни алоҳида ва мустақили ҳокимияти давлатӣ бахшида шуда, дар моддаи 84-ум таъкид мешавад, ки «Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд.» Дар баробари ин, дар ин боб принсипҳои асосии фаъолияти ҳокимияти судӣ, низоми сохтори судӣ, вазифа ва мақсадҳои амалӣ намудани адолати судӣ ва ваколатҳои судяҳо муқаррар гардидааст. Дар моддаи 87-уми Конститутсия омадааст: «…судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Дахолат ба фаъолияти онҳо манъ аст.» Муқаррароти мазкур яке аз талаботи муҳимми давлати ҳуқуқбунёд маҳсуб ёфта, фаъолияти босалоҳият, мустақилона ва беғарази судӣ, ҳамчунин, имкониятҳои пурраи ба амал баровардани адолати судиро таъмин мекунад.

Ҳамин тариқ, конститутсия ҳамчун маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқӣ барои рӯзгори сазовори аҳли ҷомеа ва фаъолияти бунёдкорона имконияту шароит ба вуҷуд оварда, роҳи фардои рушду тараққиёти кишварро равшанӣ мебахшад.

Даврон НАЗАРЗОДА, 

судяи суди ноҳияи Шоҳмансур,

шаҳри Душанбе

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь