Рӯзҳои 12-13-уми октябри соли 2017 дар Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Институти фаронсавии пажуҳишҳои Осиёи Марказӣ мизи мудаввар доир гардид, ки он ба мавзуи «Мубориза бар зидди экстремизми динӣ ва мушкилоти коҳиш додани сатҳи тундгароӣ: мубодилаи таҷриба байни Тоҷикистон ва Фаронса» дахл намуд. Дар кори ин ҳамоиши илмӣ мушовири вазири корҳои хориҷии Фаронса Жан Кристоф Посел, инчунин олимону коршиносони ин давлат ва вазорату кумитаҳо ва ниҳодҳои илмӣ-таҳлилии Тоҷикистон иштирок карданд.
Тавре масъулини Маркази исломшиносӣ гуфтанд, дар ин ҳамоиш 14 гузориши илмӣ ба муҳокимаи иштирокчиёни мизи мудаввар пешниҳод гардид, ки маърузаҳои илмии ҷаноби Посел дар мавзуи «Ифротгароии исломӣ: нуқтаи назари мақомоти фаронсавӣ» ва директори Маркази исломшиносии Тоҷикистон Файзулло Баротзода дар мавзуи «Баъзе вежагиҳои ифротгароӣ дар соҳаи дин дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон» маҳаки асосии ин ҳамоиш қарор гирифт.
Дар ҷамъбасти муҳокимаҳо масъулони ҳар ду ҷониб иброз намуданд, ки ҳамкориҳои судманди Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, аз он ҷумла Фаронса дар сатҳи зарурӣ ва манфиатовар қарор доранд.
Дар қисмати бегоҳи рӯзи 13-уми октябр дар сафоратхонаи Фаронса меҳмони олиқадр Жан Кристоф Посел бо доираи васеи рӯзноманигорони дохилии кишвар суҳбати озод доир намуд.
Номбурда сари масъалаи ҳиҷобу ниқоб ва ифротишавии шаҳрвандони кишвараш гуфт, соли 2010 дар Фаронса на ҳиҷоб, балки ниқоб, ки рӯйро пурра мепӯшонад, манъ карда шуд.
– Манънамоии ниқоб на мушкилии динию дунявӣ, балки танҳо масъалаи бехатарии давлат мебошад. То манъ намудани ниқоб, ки он ҳам на пурра (танҳо қисмати рӯй), дар Фаронса зимни баргузории манифестатсияҳо ҷамъомадагон ба шикастану вайрон намудан ва ҳатто дуздию оташзании мағозаву иншоот даст мезаданд. Пӯшонидани рӯй бо ниқоб ба он оварда мерасонд, ки ошкор кардани шахсияти нафарони ба бетартибиҳо дастзада номуайян боқӣ мемонд ва ё бо хеле душворӣ даст медод. Дар дигар ҳолатҳо, кору фаъолият ва ҳангоми сайругашт дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳар як шахс мувофиқ ба урфу одати мазҳабӣ метавонад либос пӯшад. Мамнуъоти дигаре, ки дар Фаронса роҳандозӣ шудааст, он аст, ки шахс наметавонад символикаи динии худро таблиғ намояд ва ё онро дар ҷои намоёни бадани худ гузорад. Масалан, барои яҳудиён ворид шудан ба муассисаҳои давлатӣ бо кӯлоҳе, ки хоси боварҳои онҳост, манъ аст. Ё ин ки як насронӣ наметавонад салиби гарданашро берун аз либос овезад. Он бояд ҳатман зери либос нонамоён бошад,- гуфт мушовири вазири корҳои хориҷии Фаронса.
Жан Кристоф Посел вобаста ба муносибати давлату Ҳукумати Тоҷикистон бо дин ва озодиҳои динӣ ибрози назар намуд.
– Ҳар давлат таърихи худро дорад. Масалан, агар Фаронсаро гирем, он таърихи худро дорад, ки он мубориза аст, мубориза миёни масҷиди католикҳо ва револютсияи фаронсавӣ мебошад. Чизе, ки ман дар Тоҷикистон мушоҳида намудам, он аст, ки кишвари шумо аз нигоҳи географӣ дар ҷои хеле нозук қарор дорад. Агар вазъият дар Тоҷикистон аз як ҷиҳат ба вазъияти Фаронса монандӣ дошта бошад, вале дар асл ин ҷо тамоман дигар аст. Аз ин рӯ, ҳар як давлатро зарур аст ба таърихи худ назар карда, роҳҳои юридикии ҳалли мушкилотро пайдо намояд. Дар сурати пайдо намудани роҳи ҳалли масъала, аввал бояд озодии динию баён, дуюм, баробарии тамоми шаҳрвандон, хоҳ нафарони эътиқодманди динӣ ва хоҳ онҳое, ки ба Худо бовар надоранд, баробарию бародарии насрониҳову мусулмонон дар мадди аввал гузошта шавад. Яъне новобаста аз эътиқодҳои динӣ ҳама шаҳрвандон бояд зиндагии осоишта дошта бошанд. Илова бар ин, дар сохтор ва пешравии давлатдорӣ низ иштироки фаъолона дошта бошанд. Масъалаи сеюм, ки мехохам таъкидан ишора созам, он аст, ки мубориза бар зидди радикализатсия набояд ба мубориза бар зидди дин табдил ёбад. Зеро вақте ки бар зидди дин мубориза бурда мешавад, нафарони сахт эътиқодманди дин радикализатсия мешаванд. Баробарии динӣ ва озодии баён сабаби асосии пешгирии шаҳрвандон аз гуруҳҳои радикалӣ мегардад,- илова намуд Жан Кристоф Посел.
Ҷаноби мушовир нисбат ба шаҳрвандони давлати Фаронса, ки дар қатори ҷангиёни ДИИШ бар зидди ҳукумати конститутсионии Сурия дар ҳоли набард ҳастанд, гуфт, феълан 700 нафар шаҳрвандони фаронсавӣ он ҷо қарор доранд, аммо замоне, ки Фаронсаро тарк карданд, зиёдтар буданд. Гуфта шуд, 300 нафар дар ин ҷангҳо кушта шуда, 300 нафари дигар ба ватан баргаштаанд. Нисбати баргаштаҳо чораҳои қонунӣ андешида шуда, баъзеашон аллакай дар маҳбас қарор доранду нисбати қисми дигарашон тафтишот давом дорад.
– Дар соли 2016 танҳо ду нафар фаронсавӣ ба гуруҳи «Давлати исломӣ» пайвастаанд. Ин натиҷаи он аст, ки Ҳукумати Фаронса барои пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба гуруҳҳои ифротӣ аз роҳҳои гуногуни фаҳмондадиҳӣ, аз қабили кор бо муаллимон дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ, бо намояндагони дин, масҷидҳо истифода менамояд, ки хеле муаассир аст,- гуфт ҷаноби Посел.
Дар охир ҷаноби Кристоф Посел аз сафари чоррӯзаи кориаш ба Тоҷикистон ва сайри Қалъаи Ҳисор ёд оварда, гуфт, ки бори аввал ба Тоҷикистон омадааст ва оянда ҳатман бо ҳамсараш барои саёҳат хоҳад омад.
Шамсулло ФОЗИЛОВ, «ФАРАЖ»

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь