Ду нафар пажӯҳишгарони соҳаи худ – Рустам Азизӣ ва Шералӣ Ризоён, “Перомуни омилҳои боздоранда аз ифротишавӣ дар Тоҷикистон” пешнависеро дар саҳифаи фейсбукии худ манзури корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ гардониданд. Ба гуфтаи эшон, тасмим доранд, китобе бо номи “Пешгирии экстремизм дар Тоҷикистон”-ро таҳия намоянд.

Дар зер матни он маводро мекорам, чун бо назардошти вазъи ин авохир гумон мекунам, аз манфиат холӣ нахоҳад буд.

Пешгуфтор

Дар бештари пажӯҳишҳо дар мавзуи пешгирӣ ва муқовимат омилҳои ҷалбкунанда (i), такондиҳанда (ii), инфиродӣ (iii) ва боздоранда (iv) гурӯҳбандӣ мешаванд, ки агар се омили аввал ба ифротишавӣ такон диҳад, омили чорум аз ифротишавӣ бозмедорад. Баррасии ин омилҳо дар шароити Тоҷикистон аз манфиат холӣ нест, то шинохти мавзуъ на идеологию ормонӣ, балки прагматик шавад.

Таҷрибаи пажӯҳиши масъала нишон медиҳад, ки чор гурӯҳи омилҳо ҷойгоҳи вижаро бештар омили инфиродӣ дорад, зеро ҳам ҳамчун омили калидии ифротишавӣ ва ҳам шаклдиҳандаии масуният нисбат ба андешаҳои ифротӣ амал мекунанд. Аз нигоҳи мо омилҳои ба экстремизм оварандаро метавонем чунин тафсир намуд (мо даъвои фарогир будани онҳоро надорем ва бояд ҳамчун як иқдоми пажӯҳишгарони ватанӣ пазируфта шавад):

Омилҳои ҷалбкунанда. Маҷмуи шароит ё ҳолатҳое мебошад, ки чун унсури куллӣ амал намуда, бештар дар шароити фаъол будани таблиғоти ифротӣ падидор мешаванд. Бо истифода аз ин омилҳо мубаллиғони созмонҳои экстремистӣ тарғибгарони ифротӣ мухотабони худро барои пазируфтани андешаашон моил карда, ба сафи гурӯҳ/созмони худ ҷалб ва шомил мекунанд. Дар ин росто, таблиғоти зиддиифротӣ, ки роҳандозӣ мешавад, имкони бештари нигоҳ доштан ё баргардонидан ба роҳи андеша ва рафтори солим ва созанда бояд дошта бошад. Аз ин рӯ, таваҷҷуҳ ба ин паҳлӯ дар барномарезӣ ва амал муҳим аст.

Омилҳои такондиҳанда. Бештар чун ангезаи шахсӣ ё майл ба таблиғоти ифродӣ амал карда, фардро барои пайвастан ва рафтан ба ин роҳ такон медиҳад. Дар роҳандозии таблиғоти зиддиифротӣ шинохти ин омилҳо бояд барои ислоҳ ё тағйир додани ҷаҳонбинӣ равона шавад.

Омили инфиродӣ. Таҷрибаи пажуҳиш ва баррасии масъала баёнгари он аст, ки чӣ дар ифротишавӣ ё эҷоди масуният ба он омили мазкур нақши калидӣ дорад. Ифротишавии ҳар кас бештар бо хоҳиш, тасмим ва қарорҳои худи вай сурат мегирад. Агар майл ва хоҳиши фардии пазируфтани ин гуна андешаҳо ва пайвастан ба ин созмонҳо пайдо нашавад, омилу шароити дигар наметавонанд ба вай муассир расонанд. Дар масъалаи ислоҳ ва офиятбахшии ифротиҳои собиқ низ омили инфиродӣ нақши асосӣ дорад.

Тафсири омилҳои боздоранда аз ифротишавӣ дар Тоҷикистон

Омили боздоранда маҷмӯи шароиту ҳолатҳое аст, ки ҳамчун “девори оҳанин” дар муқобили ифротишавӣ мебошад. Яъне, боварӣ ё арзишҳое ҳастанд, ки инсонро аз пазируфтани андешаи ифротӣ боз медорад.

Бо такя ба пажӯҳишҳо ва назарсанҷиҳои дастрас баъзе аз омилҳо боздоранда пешниҳод мешавад, вале бояд тазаккур дод, ки ҳеҷ кадоме аз онҳо бар дигараш бартарият ё авлавият надоранд:

– Дӯст доштани Ватан. Ватандӯстӣ эҳсоси бузурге аст, ки ҳар инсон новобаста аз таҷриба ва сатҳи савод онро дорад, чун аз овони кӯдакӣ шакл гирифта, ҷузъи муҳими ҷаҳонбинии ӯ мебошад. Аз ин дидгоҳ, таблиғ ва густариши касбии эҳсоси ватандӯстӣ миёни аҳолӣ аҳамияти махсусан муҳим дорад.

-Дӯст доштани худ ва риск накардан бо ҳаёти худ. Яке аз ғаризаҳои инсонӣ ишқ ба зиндагӣ ва худхоҳии мусбат мебошад. Ҳар як инсон пеш аз ҳама худашро дӯст медорад ва ҳаёташро дар хатар намегузорад, аз ин рӯ бо истифода аз равиш ва василаҳои гуногун таблиғи дӯст доштани зиндагӣ, комёб шудан ва ғайра муҳим аст.

– Рушди тафаккури интиқодии мусбат. Ин нукта аз он сабаб муҳим аст, чун дар фазои иттилоотӣ бо таблиғоти ифротӣ бидуни истифода аз абзори тафаккури интиқиқодӣ бархӯрд шуда, далели пазириши он аз ҷониби корбарон мегарданд. Аз ин рӯ, агар фард дорои сатҳи лозими тафаккури интиқодӣ бошад, сӯистифода кардану фирефтани вай аз ҷониби созмонҳои ифротӣ ва тундрав то андозае душвор мешавад. Доштани тафаккури интиқодӣ аз нигоҳи донишҳои дунявию динӣ барои инсон масунияти табииро дар баробари андешаҳои ифротӣ ба вуҷуд меорад.

– Риояти қонун ва тарс аз ҷазои мақомоти давлатӣ. Солҳои охир як теъдод аз сокинони кишвар аз шаҳру ноҳияҳои мухталиф бо сабаби узвият дар сафи созмонҳои экстремистӣ ё ширкат дар муҳорибаҳои ҷангии кишварҳои дигар кушта ё боздошт ва аз озодӣ маҳрум шуданд. Ин омил боис гардид, ки дар ҷомеа тарс аз қонун (дар тафсири мусбати мавзуъ) дар шакли донистани ҳадду сатҳи амалу кирдори худ то андозае тақвият ёбад. Тарс омили муҳимтарини рафтори оқилона ва эҳтиёткоронаи инсон аст ва намегузорад, ки ба кирдори ношоиста ва ғайриқонунӣ даст занад. Аз ин рӯ, боло бурдани фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон, ба вижа ҷавонон, муҳим аст, то онҳо дарк кунанд, ки қонуншиканӣ чӣ оқибату паёмадҳо дорад. Дар ин самт таъмини риояи ягонаи қонунҳо барои ҳамаи қишрҳои аҳолӣ низ муҳим мебошад, чун ҷомеаро қонунмеҳвар мегардонад.

– Дӯст доштани волидайн ва зану фарзанди худ. Инсон дорои андешаи алтруистӣ аст ва ин пеш аз ҳама дар муҳаббати падару модар ба фарзанд ва фарзанд ба падару модар ва хоҳару бародар эҳсос мешавад. Аз ин дидгоҳ, аксари мардуми Тоҷикистон шоҳид гардид, ки падару модар, зану фарзанд ва хоҳару бародарони нафарони пайваста ба сафи созмонҳои экстремистӣ ба чӣ аҳвол гирифтор шуданд. Ҳолати равонии аксари онҳо вазнин асту ба анбӯҳи бемориҳо дучору гирифтор шуда, ҳато ба дами марг низ расиданд. Ҳамаи ин ҳолату таҷриба нафари боҳушу бедорро намегузорад ба сафи созмонҳои экстремистӣ шомил шавад ва наздиконашро бадбахт намояд.

– Доштани ҳадаф дар зиндагӣ. Пажуҳиши масъала нишон медиҳад, ки равшан донистани мақсади худ дар зиндагӣ инсонро ба пешрафт кардан такон медиҳад ва намегузорад ба омилҳои номатлуб даст занад. Аз ин рӯ, омӯзондани ҷавонон ба орзу кардан ва доштани ҳадаф дар зиндагӣ ниҳоят муҳим аст, чун онҳо ангезаи ҷиддии устувор будан нисбат ба ҳама гуна мушкилот ва роҳҳои паси саркунии онро пайдо мекунанд. Агар ба таври муназзам аз мактабҳо оғоз гардад, ба натиҷаҳои назаррас оварда расониданаш мумкин аст.

– Кӯшиш барои расидан ба зиндагии шоиста. Зиндагии мураффаҳ барои инсон паҳлуҳои моддию маънавӣ дорад. Аз ин рӯ, офаридани шароит барои хушбахт гардидани инсон муҳим мебошад.

Дар фарҷом бояд бори дигар зикр кард, ки бо вуҷуди фарогир будани таблиғоти ифротӣ – он ба доираи васеи мардум таъсир намерасонад ва онҳоро ифротӣ намесозад, чун омилҳои боздоранда дар шаклу навъи гуногун кор мекунанд. Дар мавриди офиятбахшӣ ва барқарорсозии баргаштаҳо ва ифротиҳои собиқ бошад, номгӯйи омилҳои боздоранда намегузоранд, ислоҳ шавад ё ба ҳаёти осоишта баргардад. Аз ин рӯ, пайдо кардани роҳ барои шикасти ин садд низ хеле муҳим мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь