Вакилони порлумони Тоҷикистон рӯзи 6-уми сентябр қонуни нави афвро қабул карданд. Маълум нест, қонун нисбат ба шахсоне, ки бо ангезаҳои сиёсӣ зиндонӣ шудаанд, татбиқ хоҳад шуд ё не.

Дилшод Талбакзода

Дилшод Талбакзода, муовини додситони кулли Тоҷикистон, ҳангоми муаррифии тарҳ дар Маҷлиси намояндагон гуфт, қонун нисбат ба зиёда аз 16 ҳазор кас, аз ҷумла 5300 маҳбус, татбиқ мешавад. “Ҳадафи он ба ҳаёти осоишта баргардондани маҳкумшудаҳо аст”, – афзуд ӯ.

Талбакзода таъкид кард, ки қонуни афв нисбат ба онҳое, ки

– якумрӣ ҳабс шудаанд;

– бо ҷиноятҳои иқтисодӣ маҳкум шуда, ҷуброни зарарро напардохтаанд;

– афвшудаҳое, ки баъди озодӣ дубора ҷиноят кардаанд,

амалӣ нахоҳад шуд.

Дар тарҳи қонун пешбинӣ шудааст, шахсоне, ки бо гуноҳи ифротгароӣ ва даъват ба фаъолиятҳои экстремистӣ дар умум зиёда аз 20 сол маҳкум шудаанд, “аз се то чаҳор соли ҳукмашон кам хоҳад шуд”.

Бино ба тарҳи қонун

– шахсоне, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир кардаанд;

– шахсоне, ки нисбат ба онҳо иҷрои ҳукм мавқуф гузошта шудааст;

– ҷазоро дар муассисаҳои ислоҳии сукунат адо мекунанд;

– ба ҷиноятҳои иқтисодӣ маҳкум шуда, зарарро пурра пардохтаанд,

аз ҷавобгарии ҷиноӣ ва адои ҷазо пурра озод мешаванд.

Рустам Латифзода, раиси Ҳизби аграрӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон, гуфт, ин тарҳи ҳабдаҳуми қонуни афв дар се даҳаи соҳибистиқлолии кишвар аст. Ба қавли ӯ, дар ин муддат дар маҷмуъ гуноҳи 160 ҳазор касро бахшидаанд.

Муҳлати татбиқи қонуни нав ду моҳ пешбинӣ шудааст. Дар ҷаласаи ғайринавбатии порлумон гуфта шуд, мақомоти шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, афвшудаҳоро бо ҷойи кор таъмин кунанд ва ноболиғону пиронсолонро зери назорат гиранд, то онҳо дубора ба зиндон науфтанд.

Абдуҳалим Ғаффорзода, вакили порлумон аз Ҳизби сотсиалист, гуфт: “Мо як маҳбусро афв мекунем. Вай имкон дорад, ба ҷойи кори пештарааш баргардаад? Бояд ҷомеа ба онҳо муносибати баланди инсондӯстона нишон диҳад. Бо онҳо на ҳамчун маҳкумшуда, балки фарзанде, ки гуноҳи худро дарк кардаву ислоҳ шудааст, муносибат кунем.”

Дар гузашта баъзе аз афвшудаҳо шикоят доштанд, ки пас аз раҳоӣ аз зиндон ҷойи кори муносиб наёфтанд.

Ҳарчанд вакилони Маҷлиси Намояндагон таъкид карданд, ки раванди татбиқи афв ҷиддӣ назорат мешавад, баъзе аз коршиносон бовар доранд, бо истифода аз тарҳ “мавридҳои фасод” хоҳад афзуд. Дар гузашта баъзе аз коршиносон пешниҳод доштанд, ки барои назорат аз ҷараёни маъракаи афви маҳбусон намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, расонаҳо ва коршиносони мустақил ҷалб шаванд.

Соли 2019 низ чунин қонуне дар Тоҷикистон қабул шуд, ки ҳудуди 20 ҳазор нафарро дар бар гирифта буд.

Алишер Зарифӣ,

Барот Юсуфӣ,

бознашр аз «Радиои Озодӣ»

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь