Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва ташаккули ҷомеаи иттилооотӣ рушди халқу давлатҳо аз доштани зарфият ва имконияти коркард, истеҳсол, ҳифзу нигоҳдорӣ, таҳлил ва паҳн намудани иттилоот вобастагии бештар дорад. Шакл гирифтани ҷомеаи иттилоотӣ зери таъсири техналогияи иттилоотии комуникатсионӣ, масири рушди ҷомеа ва давлатҳоро тағйир дода, имкониятҳои наву осонро ҷиҳати ба роҳ монадани фаъолияти корӣ ва истеҳсолӣ, инчунин тараққӣ кардан, фароҳам овардааст. Дарки дурусту амиқи моҳияти ҷомеаи иттилоотӣ, ҳангоми муайян намудани роҳу воситаҳои ташаккули ҷомеаҳои муосир, муясар мегардад. Дар чунин навъи ҷомеа, яъне ҷомеаи иттилоотӣ, истеҳсолоти фикрӣ асоси рушд бахшидани тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, аз он ҷумла, иқтисод ва саноати истиҳсолӣ ба ҳисоб рафта, ҳамзамон, техналогия ҷиҳати ташаккули илму дониш ва тавсеаи ҷаҳонбинии аҳли ҷомеа хизмат  менамояд. Дар ин миён, иттилоот на фақат барои афзӯдан ба иқтидори истеҳсолии давлат истифода мешавад, балки ҷиҳати самаранок амали намудани функсияҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мавриди корбурд қарор мегирад. Бо назардошти моҳият ва махсусиятҳои ҷомеаи иттилоотӣ, гуфтан мумкин аст, ки қоидаҳои рушду тараққиёти иқтисод тағйир ёфтааст. Бинобар ин, дар шароити замони муосир лозим меояд, то аз воситаҳои наву муфид ва нисбат ба замони пеш фарқкунанда, ҷиҳати ба роҳ мондани рушду пешрафти ҷомеа, истифода намеоем. Чунин як шароити зарурӣ, баҳри рушди ҷомеа, танҳо бо ташаккул додани ҷомеаи иттилоотӣ имкон дорад. Дар ҷомеаи иттилоотӣ, иқтисод суръатӣ баланди инкишофро соҳиб мегардад, ки ин ба тағйирёбии шаклу сифат ва ҳаҷми истеҳсолот, инчунин ба тағйирёбии талаботи бозори меҳнат ва пайдоиши касбҳои нав дар он оварда мерасонад.  Ҳол агар ташаккули ҷомеаи инсониро аз марҳилае, ки дар он башарият, дар шароити ҷомеаи аграрӣ умр ба сар бурда, кору фаъолият менамуд, дар муқоиса бо ҷомеаи индустриалӣ ва сипас посиндустриалӣ ва ё худ ҷомеаи иттилоотӣ мавриди таҳлилу омӯзиш қарор диҳем, мебинем, ки дар ин мудат, ҳаёти инсон чӣ гуна тағйир ёфт ва дар бозори меҳнат касбу тахасусҳои нав пайдо гашт. Ва аз ҳама муҳим ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеа мувоҷеҳи тағйироти азими бунёдӣ гардид. Ин тағйирот зери таъсири технология ва ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ сурат гирифта, ҷаҳонро дар марҳилаи нави рушд қарор дод.  Ин тағйиротро дар таърихи начандон дур ва наздики Аврупо мушоҳида намудан мумкин аст.

Сесад сол қабл дар Аврупо тамоми мардум дар биёбон ва даруни заминҳои киштзор заҳмат мекашиданд. Тавассути шуғли кишоварзӣ ва истифодаи неъматҳои табии зинадгии худро пеш мебурданд. Он замон касе фикр намекард, рӯзе мерасад, ки фаъолияти меҳнатии онҳо аз заминҳои паҳну ҳамвор ба дохили фабрикаю корхонаҳо интиқол меёбад. Вале баъдан дар заминаи ташаккули ҷомеаи индустриалӣ ва гузариш аз ҷомеаи аграрӣ ба саноатӣ, фаъолияти меҳнатии инсонҳо аз замин ба корхона интиқол ёфт. Ҳоло мебояд, тағйироти бавуҷудомадаро дар заминаи гузариш ба ҷомеаи посиндустриалӣ (ҷомеаи иттилоотӣ) муайян намуда, таъсири онро ба ҳаёти инсони дар ояндаи наздик натиҷагирӣ намоем. Зеро башар дар ҳама марҳилаҳои гузариш,  мувоҷеҳи тағйироти амиқ дар ҳаёту фаъолияти худ гаштааст. Дар ҷомеаи иттилоотӣ низ тартиботи наве барои ҳаёту фаъолияти инсонҳо эҷод мегардад ва муносибатҳо дар шакли нисбатан нав ба роҳ монда мешаванд. Ин тағйирот фаъолияти меҳнатии инсонҳоро фаро гирифта, зери таъсири техналогия ва ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ тахасус ва касбиятҳои нав пайдо мегарданд. Аз ҳама муҳим дар ин марҳила инсонҳо имконият пайдо менамоянд, то фаъолияти меҳнатии худро на дар коргоҳу корхона,  балки дар хонаи худ ба роҳ монанд. Яъне, дар марҳилаҳои мушаххас фаъолияти меҳнатии инсонҳо аз дохили замин ба корхона, ва аз корхона ба хона интиқол меёбад. Марҳилаи охир мутаалиқ ба ҷомеаи иттилоотӣ буда, инсонҳои дорои касбу маълумотҳои гуногун кору хизматрасонии худро бо истифода аз ТИК ба таври фосилавӣ дар хона ба роҳ мемонанд.  Дар ҷомеаи иттилоотӣ на фақат тахасусҳои нав пайдо мегарданд, балки бо истифода аз ТИК шаклу воситаҳои машғул шудан ба кор иваз мегардад.

Дар замони муосир ҷомеаҳое, ки аз техналогия  ва интернет ба таври дурусту самаранок истифода менамоянд, метавонанд як қатор кору хизматрасониро ба таври фосилавӣ дар хона ба роҳ монанд. Махсусан мушовирони ширкатҳо, ки тавассути телефони мобилӣ ва сомонаҳои интернетӣ барои хизматрасонӣ ва додани маслиҳат ба муштариён машғул мебошанд. Дар шароити замони муосир роҳандозӣ намудани ин навъи хизматрасони дар хона ва назорати фаъолияти самаранокии он аз коргоҳ муфид мебошад. Бо назардошти дастрасӣ ба техналогияҳои навтарин ва интернети босифат, зарурати ҳузур доштани ин қабил кормандон дар коргоҳ ҷой надорад. Инчунин, муҳандисону дизайнерҳо ва дигар тахасусҳое, ки дар фаъолияти кории онҳо натиҷа муҳим аст ва ҳамзамон, фаъолияти дарозмудат дар коргоҳро талаб наменамояд. Ҳуқуқшиносон ва равоншиносон низ бо истифода аз техналогия иттилоотӣ аз хона бидуни мамониат хизматрасонии худро ба роҳ мемонанд. Дар ҷомеаи иттилоотӣ шаҳрвандон барои дарёфти кӯмаки ҳуқуқӣ ва равонӣ ҳеҷ мушкиле намекашанд, зеро тавассути интернет ва ба таври фосилавӣ аз хона берун нарафта аз маслиҳати ҳуқуқию равонӣ бархӯрдор мегарданд.

Дар ин замина, боз як қатор шуғлҳо низ бо истифода аз техналогия на танҳо зарфият пайдо менамоянд, балки афрод қобилияти мустақилона машғул шудан ба онро низ касб менамоянд. Ба таври мисол шуғли омӯзгорӣ. Имрӯз омӯзгорони забонҳои хориҷӣ, рақсу асбобҳои мусиқӣ метавонанд аз таҷрибаи ҷомеаҳои иттилоотӣ истифода бурда, аз хона бо истифода аз компиютер фаъолияти таълимии худро тибқи шартнома роҳандози намоянд. Бо ташаккули ТИК дар ояндаи наздик шумораи кормандон дар корхона коҳиш ёфта, ҳамзамон аксари онҳо кори худро дар хона анҷом хоҳанд дод. Имрӯз ширкатҳои бузургӣ Амрико, Аврупо, Чин ва дигар давлатҳои аз лиҳози технологи пешрафта доир ба ҳамин масъала, яъне, ба роҳ мондани фаъолияти кории кормандон берун аз корхона ба таври фосилавӣ, омӯзишу тадқиқот пеш бурдаистодаанд ва дар пайи дарёфти роҳҳои амали гардонидани он мебошанд. Ҳамин тавр техналогияҳое, ки дар оянда пайдо мегарданд, теъдоди корҳоеро, ки машғул шудан ба онҳо дар шароити хона мусоид аст, зиёд мегарданд. Ҳанӯз дар асри гузашта дар як қатор штатҳои Амрико қисми зиёде аз коргарон дар конҳои ангишт кор менамуданд. Солҳои 60 ва 70-ум дар заминаи гузариши Амрико ба ҷомеаи иттилоотӣ ҷойҳои корӣ дар конҳои ангиш ва дигар бахшҳое, ки меҳнати ҷисмониро талаб менамуд, коҳиш ёфта, то андозаи назаррас аҳмияти худро гум карданд. Ва ниҳоят дар солҳои 80-ум чунин корҳо аз миён рафтанд. Баъд аз он ҷойҳои корӣ ё аз тарафи давлат муҳайё карда мешуданд ва ё ҷойи онҳоро хизматрасонии иттилоотӣ ва ё машғулиятҳое, ки дар ҷомеаи иттилоотӣ онҳо афзалият доранд, гирифтанд. Аз қабили хизматрасонӣ дар соҳаи  тиҷорат, сайёҳӣ, истироҳат ва фаъолиятҳои илмию тадқиқотӣ. Асри техналогия ин марҳилаи ба охир расидани мавҷудияти меҳнати ҷисмонӣ ва ё касбу ҳунарҳои анъанавӣ мебошад. Ҷойи чунин касбу тахасусҳоро дар бозори меҳнат касбҳое иваз хоҳанд кард, ки меҳнати ҷисмониро талаб наменамоянд, балки ба воситаи меҳнати ақлӣ ва истеҳсолоти фикрӣ ба роҳ монда мешаванд.

Аз ин рӯ, агар инсон бихоҳад  дар замони муосир бо тамоми қоида ва арзишҳои он зиндагӣ намояд, лозим аст, то тахассусҳоеро омӯзад, ки анҷом додани он дар шароити хона ба воситаи интернету компиютер имкон дорад ва, ҳамзамон, меҳнати ҷисмониро талаб наменамояд. Ба ҳамин хотир, мо бояд на фақат худро барои  зиндагӣ ва кору фаъолият дар ҷомеаи иттилоотӣ бо омӯхтани илмҳои муосир омода намоем, балки барои наврасону ҷавонон омӯзем, ки кадом навъи касбу тахассусҳои муосир ва муфидро интихоб намоянд ва аз омӯзиши касбиятҳои анъанавӣ ва мутаалиқ ба  ҷомеаи аграрӣ даст бикашанд. Маҳз бо ин роҳ мо метавонем сатҳи тафаккури ҷомеаро ба талаботи ҷомеаи иттилоотӣ мутобиқ намоем. Зеро барои ашхосе, ки сатҳи тафаккури онҳо бар асоси арзишҳои ҷомеаи аграрӣ шакл гирифтааст, дар ихтиёр доштани техналогия натиҷаи хубе нахоҳад дошт.   Ва ё бо ҳар роҳу восита аз истифода онҳо даст мекашанд, ё ин ки аз онҳо ба таври дурусту самаранок истифода наменамоянд. Агар барои инсонҳои ҷомеаи посиндустриалӣ нақлиёт, мошинаи ҷомашӯйи, компиютер, интернет ва дигар навъҳои техналогияи дар ҳаёти инсон ҳамарӯза истифодашаванда ҳамчун васила барои беҳтару осон ба роҳ мондани кору зиндагӣ истифода шаванд, аммо барои инсонҳои дорои таффакуру фаҳмиши баробар ба инсонҳои ҷомеаи аграрӣ ин  қабил техналогия манбаи исрофкорӣ ва хароҷоти зиёдатӣ эътироф гашта, аз истифодаи онҳо даст мекашанд. Ин махсусиятҳои ду навъи ҷомеа дар як замон дар он зоҳир мегардад, ки инсонҳои ҷомеаи аграрӣ таффакури технологӣ надоранд ва роҳҳои дурусту самаранок истифода намудани онро намедонанд. Баръакс онҳо ба меҳнати ҷисмонӣ афзалият дода, хоҳиши тағйири афкор ва шеваи зиндагии худро надоранд ва  чунин як шароите барои тағйроту пешрафт намудан барои онҳо мавҷуд нест. Ин аст, ки дар чунин навъи ҷомеаҳо бекории гурӯҳӣ авҷ мегирад. Вале дар асл, бекорӣ ин мушкилоти асосӣ ба ҳисоб намеравад, агарчанде имрӯз аксар ҷомеаҳое, ки дар марҳилаи гузариш аз ҷомеаи аграрӣ ба индустриалӣ ва аз индустриалӣ ба посиндустриалӣ қарор доранд, мушкилоти бекорӣ  рӯз то рӯз ҳалталаб мегардад. Аксар ҷомеаҳо ба хотири раҳоӣ аз ин мушкилот аз тарзу усулҳои анъанавӣ истифода менамоянд, ки ин бенатиҷа хоҳад буд. Барои бартараф намудани бекорӣ на фақат фароҳам сохтани ҷойҳои корӣ зарур мебошанд, балки омӯзиш ва таълими илмҳои муосир ва касбу тахасусҳои ба талаботи замон мувофиқ аз масоилҳоест, ки бояд ба он авлавият бахшида шавад, на ба таъсиси ҷойҳои корӣ. Бекорӣ ин натиҷаи як падида аст ва бо он мубориза бурдан бенатиҷа ва дар навбати худ мушкилафзост. Балки мушкилии асосӣ, ки сабаби бурузи бекорӣ гаштааст, ин камарзиш ва бесамар гаштани тахассус ва қувваҳои корӣ ба ҳисоб меравад. Имрӯз ҷаҳон қисме дар марҳилаи гузариш ва қисме бошад, дар марҳилаи ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ қарор дорад. Аз ин рӯ, лозим меояд, то барои бозори меҳнат кадрҳои мувофиқ ба ин навъи ҷомеа мувофиқ омода бисозем. Зеро тахасусҳое, ки махсуси ҷомеаи аграрӣ мебошанд дар ҷомеаи иттилоотӣ муҳимияти худро аз даст медиҳанд. Дорандагони чунин тахассусҳо бо ин зарфияти зеҳнӣ на барои пешрафти  ҷомеа хизмат карда метавонанд ва на ҷомеа ба тахассуси онҳо эҳтиёҷ дорад.  Аз ин рӯ, пеш аз саноатикунонӣ ва ҳам иттилоотикунонӣ лозим аст, то барномарезӣ дар ин самт аз низоми маориф шурӯъ карда ҷомеа аз лиҳози илму дониш ва шууру таффакур ҳамаҷониба омода бошад. Дар акси ҳол саноатикунонии ҷомеа бесамар хоҳад дод.

Дар шароити ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ, дониш ва иттилоот василаи асосии рушди иқтисод, саноати истеҳсолӣ ва дар маҷмӯъ маҳаки асосии ташаккули ҷомеа ба ҳисоб рафта, имкониятҳои фаровонеро ҷиҳати тақвият бахшадан ба ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа фароҳам сохтааст. Дар ҷомеаи индустриалӣ ба фарқ аз ҷомеаи иттилоотӣ, ки дар он ба ҳаҷми истеҳсол таваҷҷӯҳи бештар  зоҳир мегардид ва барои афзоиш додани ҳаҷми истеҳсолот талош меаварзанд, дар ҷомеаи иттилоотӣ бошад. ба сифати он ва чӣ гуна афзоиш додани арзиши он бештар таваҷҷӯҳ карда мешавад. Ин раванд боиси тағйири фаҳмишу ҷаҳонбинии ҷомеа нисбат ба иқтисоду истеҳсолот гашта, ба пайдоиши касбҳои нав ва намудҳои зиёду гуногуни маҳсулоти истеҳсолӣ боис мегардад. Ба фарқ аз ҷомеаи  индустриалӣ дар ҷомеаи иттилоотӣ ҳадафи истеҳсолкунандагон на фақат истеҳсол намудани маҳсулот аст, балки бо ҳар роҳу восита баланд бардоштани арзиши он мебошад. Дар истеҳсолот бештар ба идея эҳтиёҷ пайдо мегардад, то маҳсулоти намуди нав  ва дар бозор рақобатпазир истеҳсол гардида, бо арзиши баланди худ харидор пайдо намояд. Аз дигар тараф истеҳсолкунанда дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмию тадқиқотӣ роҳу воситаҳоеро ҷустуҷӯ менамоянд, ки бо он дар раванди истеҳсолот аз ашёи хоми камхарҷ истифода намуда, ҳаҷми масраф дар раванди истеҳсолотро коҳиш диҳанд. Ин ҳолат корхонаву фабрикаҳои истеҳсолиро водор месозад, ки бо муасисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ робитаи бештар дошта бошанд ва дар раванди фаъолияти худ аз нерӯи зеҳнӣ ва донишу малакаи ходимони илмӣ, инчунин, аз маслиҳати коршиносони иқтисодӣ ҷиҳати пешбурди фаъолияти пурсамари худ ба таври васеъ истифода намоянд. Дар ин замина илм бо истеҳсолот пайваст гардида, иқтисод суръати баланди рушдро соҳиб мегардад.

Дар замони муосир пешбурди фаъолияти соҳаҳои мухталифи ҷомеа, аз қабили корхонаю муасисаҳо, бидуни ТИК номумкин аст. Аз ин рӯ, ҷиҳати ташаккулёбии ҷомеаи иттилоотӣ истифодаи ТИК дар раванди истеҳсолоту идоракунии давлатӣ аз масоили муҳим ба ҳисоб меравад. Дар баробари ин, бо муайян намудани раванди рушди ҷомеа омодасозии мутахассисони соҳаи иттилоотӣ шарти зарури мебошад. Бо назардошти марҳилаи гузариш аз ҷомеаи аграрӣ ба индустриалӣ ва аз индустриалӣ ба посиндустриалӣ, қабл аз барномарезӣ ва қабули стратегияи рушд, мебояд шароити таълим дар соҳаи маорифро баҳри гузариш ба марҳилаи минбаъда омода сохт. Дар ин сурат имкони ташаккулёбии босуръати ҷомеа афзун гардида, амалисозии барномаҳои рушд дар заминаи гузариш ба марҳилаи минбаъда муваффақона амалӣ мегарданд. Дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардидааст, имкониятҳои фаровоне ҷиҳати гузариши ҷомеа ба марҳилаи навбатии рушд имкон дорад. Албатта, ин имконият дар заминаи таҳлилу омӯзиши раванди рушди ҷомеаҳои мутамаддин ва муқоисаи онҳо ба шароити кишвар, ки имкониятҳои рушди технологиро доро мебошад, ба даст меояд. Аз ин рӯ, дар шароити Тоҷикистон имкон дорад, ки дар як вақт бо омӯхтани унсурҳои ҷомеаи иттилоотӣ дар рафти саноатикунонии кишвар, ҳамзамон раванди рушду шакл гирифтани ҷомеаи иттилоотиро ба роҳ монд. Ин омил на фақат барои гузариши Тоҷикистон ба марҳилаи индустриалӣ шароит фароҳам меоварад, балки дар як вақт барои шакл гирифтани ҷомеаи иттилоотӣ мусоидат менамояд.

  Нусратуллои НАЗАРИЁН

Блоки рекламавӣ

1 бинависед

  1. Мақола дар сатҳи олӣ. Муаллиф бисёр моҳирона раванди рушди ҷомеаро пай бурдааст. Ӯ олими кадом соҳа аст, бо ӯ чи гуна ҳамсуҳбат шавем?

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь