Ҷомеаи мутамаддин дар қатори пешрафти бемайлони илму техника ва осон гардидани фаъолияти инсон ба як қатор хатарҳои нигаронкунанда, аз қабили терроризму экстримизм, фурӯши ғайриқонунии яроқу нашъа ва авҷи сол то соли коррупсия рӯ ба рӯ шудааст.

Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун узви комилҳуқуқи башар наметавонад аз ин хатар эмин бимонад. Гуруҳҳои ҷиноятпеша ба ҳар роҳ ба хотири даромати муфт аз чаҳорчӯбаи қонун берун по ниҳода, назми оламро номураттаб месозанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири аз байн бурдани хатарҳо пайваста тадбирҳои амалӣ меандешад.

Таъсиси Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз шумори иқдомҳои оқилонаи Пешвои миллат мебошад.

Баъди таъсиси ин сохтори зидди фасод дар як муддати кутоҳ давра ба давра роҳи селоби ин хатар баста шуд.

Омилҳои сар задани коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чист?

-Ғуломи нафс гардидани баъзе аз мансабдорон;

-Талоши зиёд гардонидани сарвату моли хусусӣ;

-Соҳиби мансаби ба ибораи халқ калону серравған шудан;

-Рухсати хариди қитъаи замин;

-Шахсӣ гардонидани корхонаву муассисаи давлатӣ;

-Норасоии маблағ, хароҷоти зиндагӣ;

Аммо хатари ришва, ҳаҷми зарари молиявӣ дар байни мансабдорон бештар ба мушоҳида мерасад.

Бо ҳамин мақсад Агентӣ муборизаи беамонро алайҳи коррупсия оғоз бахшида, дар андак вақт ба нишондоди назаррас ноил гашт. Дар ҳама вазорати кумита, донишгоҳу корхона нисбати пешгирии коррупсия бо иштироки масъулони ин ниҳод ҷаласаи фаҳмондадиҳӣ доир гашт. Мардум ҳам ин амали коршиносонро ба манфиати зиндагии шоиста донистанд.

Моҳияти тадбирҳои Ҳукумати кишвар дар ин самт бесобиқа арзёбӣ мегардад. Ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурити Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», ки асосан боиси хароҷоти зиёди оилавӣ мегардид, ба оҳи сабук кашидани мардум боис гашт. То амал кардани қонуни мазкур маблағи калон барои тую маъракаҳо масраф мегашт. Қонун ба гузаронидани маъракаҳои сохта ва харҷу исрофи кур-курона хати батлон зад.

Дигар омили коррупсия маъракаи Довталаб дар донишгоҳу донишкада маҳсуб меёфт. Бо харҷи маблағи калон фарзандони сарватмандон донишҷӯ мегаштанду фарзандони камбизоат, асосан дар ихтисосҳои талаботи зиёд дошта роҳ намеёфтанд.

Таъсиси Маркази миллии тестӣ ин қолаби фарсударо бишкаст. Мардум    ройгон донишҷӯ шудани фарзандонашонро бо чашми худ дида, аз ин амал изҳори қаноатмандӣ намуданд.Оре:

Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,

Агар хоре бувад, гулдаста гардад.

Таърих гувоҳ аст, ки гузаштагони мо бо зарби обилаи даст нони ҳалол мехӯрданд. Ҳаққи касеро хурдан барояшон бегона буд. Барҳақ, ин байтро шиори зиндагӣ медонистанд:

Ноне, ки бувад ҳосили ранҷи дигарон,

Гар ҷон биравад аз он намебояд хӯрд.

Мо бояд аз як гиребони покиву ростӣ сар бароварда, чун пайравони Пешвои муаззами миллат дар обод гаштани ватани азизамон-Тоҷикистони азиз саҳм гузорем. Ҳусну таровати дили Ватан –Душабе ҷилои дидаҳои мост. Ба қавли устод Лоиқ:

Душанбе мешавад обод, бешак

Вале ҳар лаҳза бошад маҳтали мо.

Пайи ободиаш чандон бикушем,

Ки дар ҳар кӯча монад ҳайкали мо.

Халифабобо Ҷумъазода,

сармуҳаррири маҷаллаи «Хорпуштак»

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь