Тақриз
Ба наздикӣ оид ба таҷрибаи нависандагии шогирдам Зариф Ғуломов мақола ба нашр расонда, ба асарҳои бешумораш, аз қабили ҳикоя, қисса ва романҳои ба табъ расидааш таассуротҳои худро ифшо намудам.
Айни ҳол таваҷҷӯҳи хонандагонро ба асарҳои ба ин жанр бахшидаи толибилми дӯстдоштаам, хатмкардаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Солеҳҷон Ҷӯраев ҷалб менамоям. Шахсияти мазкур дар байни ҳуқуқшиносон, хосатан кормандони мақомоти прокуратура, суд, амният ва корҳои дохили ҷумҳурӣ ҳамчун мутахассиси таҷрибанок дар кушодани гиреҳи парвандаҳои ҷиноятӣ машҳур аст.
Соли 2016 дар шаҳри Москва, дар нашриёти «Гвардияи ҷавон» («Молодая гвардия») ду асараш бо шумораи зиёд (ҳар кадомаш се ҳазор) аз чоп баромад. Китоби якум «Ман – муфаттиш», – романи криминалӣ – ҳуҷҷатӣ иборат аз 312 саҳифа ва китоби дуюмаш «Ман – муфаттиш, тафтишоти нав» иборат аз 361 саҳифа мебошанд. Китоби якум бо шиори «Дар тафтишот асосан барқарор кардани ҳақиқат ва мубориза ба муқобили беадолатӣ аз ҳама муҳим аст», китоби дуюм бо шиори «Мубориза барои барқарор кардани ҳақиқат вазифаи асосии муфаттиш» оғоз мегарданд. Шиорҳои пешниҳодшуда инъикоси фаъолияти С. Ҷӯраев оид ба ошкор намудани ҷиноятҳои мураккаб мебошанд.
Китоби якум қадре хусусияти тарҷимаҳолӣ дошта, шарҳи ҳоли кӯтоҳи волидон, кӯдакӣ, таҳсил ва орзуи муфаттиши прокуратура шудан ва сафар аз шаҳри Самарқанд ба шаҳри Душанбе, дохил ва таҳсил дар факултети ҳуқуқшиносии Доишгоҳи миллии Тоҷикистон, аълочии дониш, ёрдамчии ҷамъиятии муфаттиши прокуратураи районро дарбар мегирад. Дар соли 1976 баъди бо мувафаққият хатм намудани факултети ҳуқуқшиносӣ ӯро ба вазифаи иҷрокунандаи муфаттиши прокуратураи ноҳияи Фрунзе (айни ҳол Сино) таъин намуда, соли 1977 ба вазифаи муфаттиши прокуратураи ноҳияи Сино бо унвони ҳуқуқшиноси хурд таъин мекунанд ва аслан аз ҳамин лаҳза фаъолияти муфаттишии ӯ оғоз мегардад. Мураббиёни хизматӣ – чун прокурори ноҳия Сафаралӣ Кенҷаев – яке аз беҳтарин, донишмандтарин ва меҳнатқарини прокуратура насибаш мегардад. Солеҳҷон бо усулу сабки таҷрибаи ӯ такя карда, фаъолияти худро пурра ба тафтиши ҷиноятҳои мушкилу мураккаб бахшида, ба муқобили риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ дар сохтмони биноҳои баландошёна, ришвахӯрони кормандони мақомоти қудратӣ ва ҳатто яке аз муфаттишони прокуратура муборизаи беамон бурда, парвандаҳои ҷиноятиро дар мӯҳлати муқарраркардаи қонуни мурофиавӣ ба анҷом расонида, айб эълон менамуд. Фаъолияти босамар ва дигар ҳолатҳои омӯзиши нозукиҳои тафтишотӣ, ҳамкорӣ бо кормандони прокуратура ва риояи одоби хизматӣ дар қисми якуми асар инъикос ёфтаанд.
Дар оғози касбаш муфаттиши ҷавон ба як қатор мушкилиҳои иҷтимоӣ – маишӣ дучор мегардад. Ҷойи зисти доимӣ надошта, ду сол дар баробари иҷрои вазифа дар ҳуҷраи начандон мувофиқи хизматӣ шабҳоро паси сар мекард. Бо назардошти пешравиҳояш дар кушодани ҷиноятҳои мураккаб ва пура ошкор намудани гиреҳи ҷиноятҳо бо розигии Прокурори генералии Иттиҳоди Шӯравӣ аз 22 – юми декабри соли 1978 бо фармони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳҷон Ҷӯраев ба вазифаи муфаттиши корҳои махсусан муҳими прокуратураи ҷумҳурӣ (бо истилоҳи ғайрирасмӣ «муҳим») таъин мегардад. Дар таърихи прокуратураи ҷумҳурӣ то ҳол ба чунин вазифаи баланду пурмасъул таъин намудани муфаттиши ҷавон дида нашуда буд. Ин ҳолат як қатор омилҳо дошт. Пеш аз ҳама аз мақомоти баландпояи прокуратура як қатор муфаттишон, ба монанди Зокиров Г. З., Приев И. Х., Хисматулин Р. М. ва чанди дигарон бо сабаби нолоиқ будан аз вазифаҳояшон сабукдӯш шуда буданд. Аммо ин ҳолати мусоид ба фаъолияти ӯ оид ба тафтиши ҷиноятҳои вазнину мураккабу мушкил, солҳои дароз дар истеҳсолоти прокуратура хобида, таъсир нарасонд. Бояд қайд намуд, ки дар ҳамин муддат ба тафтиш ва кушодани гиреҳҳои ҷиноятҳои мушкил ба Раёсати тафтишотӣ инчунин Амирқул Азимов, Соҳиб Сулаймонов, В. Жуков, А. Алимов даъват шуда буданд, ки онҳо дар натиҷа фаъолияти кори тафтишотиро пеш бурда, муфаттиши ҷавонро хуш пазируфтанд ва дар вазъияти мураккаб дастгирӣ мекарданд. Дар дастгоҳи марказии Прокуратураи генералӣ низ мураббиёни беҳтарин ёфт шуданд, ки яке аз маҳбубтаринаш Вадим Евгеневич Миляев ба шумор мерафт. Ӯ солҳои дароз муфаттиш оид ба корҳои махсусан муҳими Прокуратураи генералии Иттиҳоди Шӯравӣ кор карда буд ва ҳоло дар вазифаи прокурори Раёсати тафтишотии Прокуратураи генералии Ҷуҳурии Тоҷикистон кор мекард ва дар ҳолатҳои вазнин ба ӯ дасти мадад дароз мекард.
Дар охири соли 1979 бо супориши Прокурори генералии ҷумҳурӣ Шелочинин ба Солеҳҷон Ҷӯраев тафтиши кори Сухроб Саидов, собиқ муфаттиши калони прокуратураи ноҳияи Роҳи оҳани (айни замон Шоҳмансур) шаҳри Душанбе, ки дар гирифтани пора гумонбар мешавад, супорида мешавад. Новобаста аз мушкилии ҷинояти содиршуда ва фишор, пеш аз ҳама аз ҷониби падари гумонбар судяи Суди Олӣ С. Ҷӯраев тафтишотро босифат ва бо тартиб додани фикри айбдорӣ ба суд ирсол менамояд ва суд С. Саидовро дар содир намудани ҷиноят гунаҳкор шуморида ба мӯҳлати дароз аз озодӣ маҳрум кард. Дар ҳамин вақт ба прокуратураи республика аз шаҳри Москва яке аз прокурорҳои намоён Найденов В. В. ташриф оварда, бо кормандони прокуратура машварат гузаронид. Бо хотимаи чорабинӣ бо парвандаи тафтишот бурдаи С. Ҷӯраев нисбати С. Саидов шинос шуда, ваъда медиҳад, ки ӯро барои иҷрои вазифа ба яке аз ҷумҳуриҳои иттифоқӣ мефиристад.
Баъди бозгашт аз шаҳри Москва ба ӯ тафтишоти парвандаи ҷиноятии собиқ прокурор – криминалисти прокуратураи республика Ф. Шарифовро месупоранд, ки ӯ дар давоми якчанд моҳ бригадаи тафтишотии прокуратура ва КБД – и (КГБ) республикаро оид ба ришваситонӣ ва сӯистифодаи мансаб дар мактабҳои олии республика роҳбарӣ мекард.
Қисми якуми парвандаҳо нисбати гунаҳкорон ба охир расида, аллакай ҳукми судӣ қабул карда шуда буд, вале қисмҳои дуюм ва сеюми парвандаҳо дар ҳолати хотимавӣ қарор доштанд. Бо сабаби таваҷҷӯҳи ҷамъиятӣ доштани ин парвандаҳо онҳо зери назорати роҳбарияти олии ҳизбӣ қарор доштанд. Ҳамаи ҳаракатҳои тафтишотӣ аз ном ва имзои роҳбари гурӯҳи тафтишотӣ Ф. Шарифов мегузаштанд. Дар асл ба кори ҳақиқии бригада на Шарифов Ф., балки сардори шӯъбаи тафтишотии КБД роҳбарӣ мекард. Ба зудӣ Шарифов Ф. аз роҳбарии бригада сабукдӯш гардида, ба ҷавобгарӣ кашида шуд. Дар ҳамин ҳолати басо ногувор бо ризоияти КБД ва Прокуратураи республика роҳбари гурӯҳи тафтишотӣ С. Ҷӯраев таъин карда мешавад.
Бо таъини роҳбари нав муносибати муфаттишон тағйир намеёбад. Ва онҳо усули пештараи корро давом медиҳанд, ки ин ба риоя накардани талаботи қонуни мурофиавӣ бурда мерасонд. Ба мустақилона ва ба созиш эътибор надодан ва ба таҷрибаи корӣ такя карда С. Ҷӯраев кӯшиш менамояд, ки гурӯҳ фаъолияташро бо усулу тартиби муқарраркардаи қонуни мурофиавӣ мураттаб созад. Вале тадбирҳои андешашудааш бобати дар чорчӯбаи меъёрҳои қонуни мурофиавӣ ба муқобилияти сахт дучор мегарданд, ки чунин рафти кор ба ҷараёни тафтишот халал ворид мекард. Танҳо пас аз ҷониби роҳбарияти воломақоми ду идораи қудратӣ ин монеаҳо бо часпу талошҳои роҳбари гурӯҳ бартараф гардид. Пас аз ин имконият пайдо шуд, ки кори тафтишотиро дуруст ба роҳ монда, тафтиши парвандаҳоро ба охир расонида, қисмеро ба суд ирсол намояд ва истеҳсолоти баъзе парвандаҳоро ба қарор қатъ намояд. Махсусан, новобаста аз фишори баъзе шахсони масъулу манфиатдор истеҳсолоти парвандаи ҷиноятиро нисбати Ф. Шарифов бинобар сабаби дар кирдораш набудани таркиби ҷиноят қатъ намуд. Дар рӯй додани ҳолати ногувори байни ду мақомоти қудратӣ С. Ҷӯраев ҷидду ҷаҳд ва талошҳои зиёд ба самар расонид, то ки фаъолияти якҷояи ду мақомот натиҷаи мусбат диҳад. Аммо, талошҳо ва ҷидду ҷаҳдаш баҳри самаранок анҷомидани тафтишот дар муддати чор сол бе истироҳату истифодаи муҳлати рухсатӣ ба саломатиаш таъсир расонид. Аз ҳамин сабаб бо азми қавӣ масъалаи ба рухсатӣ рафтан ва ба ҷояш таъин намудани дигар муфаттишро қатъиян талаб кард. Фақат пас аз дахолати роҳбарияти баландпояи прокуратура ин масъала ҳалли мусбати худро ёфт ва ӯ ба гирифтани рухсатии меҳнатӣ ноил гардид.
Мӯҳлати рухсатии меҳнатӣ тамом нашуда моҳи ноябри соли 1980 ӯро ба прокуратураи республика, ба назди прокурор оид ба назорати тафтишот даъват карда мефаҳмонанд, ки ӯ дигар ба КБД намеравад ва ба ӯ парвандаи ҷиноятиро оид ба куштор вобаста менамоянд. Моҳияти мухтасари парванда аз он иборат буд, ки дар ноҳияи Қумсангир куштори ваҳшиёнаи духтарчаи хурдсол содир шуда ва гӯё ҷиноят ошкор шудааст. Ҷинояткорон ба ҳабс гирифта шуда, онҳо ду кас, яке номукаллаф, дуюминаш бародараш буда, ҷасадро пинҳон кардааст ва ҳар ду ба гуноҳашон иқрор шудаанд. Солеҳҷон савол медиҳад, ки агар ҷиноят кушода шуда бошад, зарурияти иваз кардани муфаттиш дар чист?
Роҳбарият мефаҳмонад, ки парвандаи мазкур дар ноҳия ва вилоят таваҷҷуҳи зиёд ба бор овардааст ва бо ин сабаб ба марказ арзу шикоят бобати кашолкории тафтишот ворид гардида истодааст. Муфаттиши пркуратураи ноҳия Ғуломов аллакай вазифаашро иҷро карда, тафтишотро ба анҷом расондааст, фақат баъзе норасоиҳоро бартараф карда, сифати тафтишотро беҳтар ва парвандаро зуд ба суд ирсол кардан лозим аст. Ва сардори Раёсати тафтишот барои иҷрои ин вазифа мӯҳлати даҳрӯза муқаррар менамояд.
Вобаста ба хусусияти тафтишот доир ба куштор Соеҳҷон Ҷӯраев қарор медиҳад, ки нахуст ҷойи содиршавии ҷиноятро аз назар гузаронида, ба нишондодҳои гумонбарон шинос шавад ва далелҳои шайъиро зери таҳлил қарор диҳад.
Аллакай моҳи сеюм аз рӯзи содиршавии ҷиноят паси сар мешуд. Баъди се моҳи содиршавии ҷиноят С. Ҷӯраев ва муфаттиш Ғуломов ба тафтиши нави кори ҷиноятӣ оғоз намуданд. Бо талаби қатъии С. Ҷӯраев ҳамаи ҳаракатҳои тафтишотӣ доир ба куштори духтарчаи хурдсол Назрбӣ Ҳомидова аз нав анҷом дода шуда, дар рафти он муайян гардид, ки ба ҳабс гирифтан ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани Зароб Тағоеви бемории рӯҳӣ ва бародараш Боймурод Тағоймуродов беасос анҷом ёфтааст. Ва «содиқона ба гуноҳашон иқрор шудан дар содиршавии куштор» бо усулҳои ғайриқонунӣ ба даст оварда шудааст. Новобаста аз фишори зиёд ба муфаттиш ӯ бо ҷидду ҷаҳд бо мақсади пешниҳоди айбдорӣ ва ба охир расондани тафтишот ҳолатҳои навро ҷиҳати бегуноҳии Тағоймуродову додари бемораш ҷустуҷӯ мекард. Суботкории муфаттиш доир ба тафтишоти нави парвандаи мазкур нишон дод, ки Тағоймуродов Б. ва додари бемораш бегуноҳ ба ҳабс гирифта шудаанд. Пас аз тарафи прокурор Шелочинин бодиққат омӯхтани маводи парванда он бо иштироки роҳбарияти прокуратура ва прокурорҳои вилояти Қӯрғонтеппа ва ноҳияи Қумсангир мавриди муҳокима қарор дода шуд. Баъди маърӯзаи муфассали С. Ҷӯраев бо супориши шахсии Прокурори генералии ҷумҳурӣ Тағоймуродов Б. ва додари номукаллафаш аз ҳабс озод карда шуд.
Аз ҳамин лаҳза муфаттиши корҳои махсусан муҳим С. Ҷӯраев ба тафтиши парвандаи ҷиноятӣ оид ба куштори духтарчаи хурдсол Назрбӣ Ҳомидова шурӯъ менамояд. Ҳангоми гузаронидани санҷиши як қатор ҳаракатҳо қонуншиканиҳои кормандони ҷустуҷӯи ҷиноятӣ Юсуфов, Бистритский ва Рӯзиев ошкор мегардад.
Бо оғози давраи нави тафтишоти кори ҷиноятӣ Солеҳҷон Ҷӯраев қисми якуми романи ҳуҷҷатӣ – криминалистии худро ба анҷом мерасонад ва давоми қисми мазкурро ба қисми дуюми роман мепайвандад. Рафти муътадили тафтиши куштори духтарча Назрбӣ Ҳомидова ва кушодани гиреҳи ҷиноятро иғвоҳои майори милитсия Юсуфов, ки меъёрҳои ахлоқӣ ва одобиро поймол карда, кӯшиш ба харҷ дода, ариза, мактуб ва барқияҳои дастҷамъона вобаста ба кашолкории тафтишот ба унвони мақомоти олии ҳизбӣ ва давлатӣ ташкил карда ва бо ҳамин асос ҷараёни тафтишотро халалдор менамояд. Дар воситаҳои ахбори омма мактубҳои супоришӣ, ки гӯё тафтишоти нави ҷиноят нодуруст ба роҳ монда шуда ва он ба кӯчаи сарбаста даромада бошад, чоп мешуданд. Дар ин мактубҳо ишора ба он мерафт, ки муфаттишони ба тафтишот овора ҳалолкор нестанд. Аз ҳама зараровараш он буд, ки онҳо аҳолиро ба муқобили тафтишоти нав равона карда, мардумро барои ҳаракатҳои оммавӣ омода менамуданд. Ин ҳолатро баръало ҳангоме, ки падари Назрбӣ Ҳомидова дар ҳузури гурӯҳи одамон ба ҳуҷраи муфаттиш зада даромада таҳдид мекунад, ки агар муфаттиш парвандаро ба суд ирсол намояд, ӯро ба ҷазо гирифтор менамояд, дида мешавад.
Пас аз озод намудани гумонбарон ба Солеҳҷон лозим омад, ки бо қувваи даҳчанд далелҳои мӯътамад ва нишондодҳое, ки асос барои муайян кардани шахсияти ҷинояткор пайдо карда, бо ин далелҳо ӯро ба ҳабс гирад. Ҳангоме, ки ҳамаи далелҳои бавосита ба даст оварда шуд Содиқов, ки дар ҳамсоягии волидони ҷабрдида мезист, ба ҳабс гирифта шуд.
Ва кулли далелҳои бавосита ифодагари он буданд, ки муфаттиш ба хотимаи ҳақиқии парванда ва усули пешбурди тафтишот боварӣ дошта, парвандаро ба роҳбари Раёсати тафтишот барои омӯзиш пешниҳод намуд. Вале бо маводи парванда бо тамом шинос нашуда, роҳбарияти Раёсати тафтишот бо фишори як қатор кормандони масъули прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ аз додани ризояти ҳабси Одина Содиқов даст кашиданд. Ҳамаи далелҳои муфаттиш дар бораи он ки маҷмӯи далелҳои ҷамъоварда асос барои ба ҳабс гирифтани ҷинояткор басанда аст, ба эътибор гирифта нашуд. Иловатан, дар шакли беадабона ба Солеҳҷон нобоварӣ изҳор карда шуда қайд гардид, ки муфаттиш ба иҷрои вазифаи худ хунукназарона муносибат кардааст. Дар ин байн мӯҳлати серӯзаи нигоҳдошти гумонбар ба охир мерасид ва давомнокии он ба соат баробар буда, имконияти гирифтани иҷозати ҳабс аз даст мерафт. Пешорӯйи С. Ҷӯраев масъалаи гирифтани иҷозати ҳабс, новобаста аз тамоми талошҳо ва сарфи вақти зиёди барои ба охир расонидани тафтишот, тобеи иродаи роҳбарон нашудан, шаъну шарафи муфаттишро нигоҳ доштан, меистод. Дастгиршуда дар ин ҳолати барои Солеҳҷон Ҷӯраев тақдирсоз, дар ҳуҷраи кориаш бо муфаттиш Ғуломов интизори хотимаи мӯҳлати нигаҳдорӣ нишаста, ба озодшавиаш умед мебаст. Ин чунин маъно дошт, ки ӯ ба озодшавиаш, роҳи ба нодурусти интихоб карда ва номувофиқатии касбияти муфаттиш боварӣ дорад. Инро ба ҳеҷ ваҷҳ роҳ додан мумкин набуд. Ва Солеҳҷон Ҷӯраев хулоса баровард: «Ҳеҷ кас ҳуқуқи боздошти муфаттишро, ки бо роҳи дурусти қонун меравад, надорад» ва роҳҳои аз ин кӯчаи сарбаста баромаданро меҷуст.
Дар ҳамин ҳолати ноилоҷӣ бояд роҳи арзанда ҷуста, парвандаро бо табдил додани фикри айбдорӣ ба охир расонда, ба суд ирсол кардан зарур буд. Андешаҳои амиқ ва дониши ҳаматарафаи меъёрҳои қонуни мурофиавӣ ба муфаттиш имкон дод, ки воситаи беҳтаринро ёбад. Агар роҳбарияти баландпояи прокуратураи ҷумҳурӣ ба тафтишоти парванда халал ворид месозанд, роҳу воситаи беҳтарин ёфтан лозим аст фикр мекард муфаттиш ва Солеҳҷон онро ёфт.
Муфаттиш бори охирин барои наҷоти парванда ва ҳимояи шаъну шарафи номи худ амал карда, ба воситаи телефон ба ҷонишини прокурори вилоят Цой Н. Н, ки ба самти тафтишот роҳбарӣ мекард ва мутобиқи талаботи Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ дар ҳолатҳои истисноӣ метавонист барои ба ҳабс гирифтани гумонбар иҷозати ҳабс диҳад, занг зада, илтимос кард, ки оид ба парвандаи овозадори ноҳияи Қумсангир иҷозати ҳабс диҳад. Собиқ муфаттиши машҳури тафтишоти назди прокуратураи республика аз ин ҳодиса бохабар буд. Вай бе ҳеҷ шаку шубҳа розӣ шуд ва ваъда дод, ки ӯро интизор мешавад. Бегоҳӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ С. Ҷӯраев ба шаҳри Қӯрғонтеппа омад ва ҷонишини прокурори вилоятро дар ҷойи кораш дарёфт. Баъди маълумоти кӯтоҳи мазмуни парванда Н. Н. Цой изҳор намуд, ки «Ман ба ту боварӣ дорам» ва ба ҳабс гирифтани Содиқов О. иҷозат дод.
Ҳамин тариқ, қонунияти ҳабси айбдоршаванда дар содир кардани ҷинояти мудҳиш ва новобаста аз монеаҳо таъмин гардида, тафтиш аз рӯи тахмини андешаҳои муфаттиш идома ёфт. Пурсишҳо бо ҷараёни шиддатнок давом карда, ҳолати рӯҳии ҷинояткор ба шикаст мувоҷеҳ гардид. Чораҳои андешидаи муфаттиш ба он оварда расонд, ки Содиқов дар охир ба ҷинояти содиркардааш дар куштори духтарчаи хурдсол иқрор шуд. Акнун ҳуҷҷатгузории мурофиавӣ ва тасдиқи исботи далелҳои айбдорӣ кори техникӣ ва маҳорати коргузории муфаттиш дар босаводона тартиб додани хулосаи айбдоркунӣ ба шумор мерафт.
Бенуқсон ба итмом расонидани парвандаи ҷиноятӣ нисбати Содиқов О. ва исботи пурраи гунаҳкории ӯ аз ҷониби судяи Суди Олии ҷумҳурӣ Ашӯров А. А., ки ин парвандаи ҷиноятиро дар мурофиаи судӣ баррасӣ намуда буд, қайд гардид ва ба кори ҷиноятии дигар Юсуфов ва Рӯзиев гунаҳкор ҳисобида ҳар кадомаш ба мӯҳлати муқарраргардида маҳкум карда шуданд.
Босифат анҷом додани парванда ва дигар корҳои ҷиноятии тафтиш кардаи муфаттиши прокуратураи РСС Тоҷикистон С. Ҷӯраев оид ба парвандаҳои махсусан муҳим баъдан мавриди омӯзиш, муҳокима ва азназаргузаронӣ дар Прокуратраи генералии Иттиҳоди Шӯравӣ қарор гирифт. Ҳатто аз ҷониби Прокурори генералии Иттиҳоди Шӯравӣ М. Рекунков баҳо дода шуд. Таҷрибаи тафтишотии муфаттиш С. Ҷӯраев аз ҷониби Раёсати асосии тафтишот ва Институти Умумииттифоқӣ оид ба омӯзиши сабаб ва омодасозии чорабинӣ вобаста ба пешгирии ҷинояткории Прокуратураи генералии Иттиҳоди Шӯравӣ омӯхта шуд ва барои истифодабарии хизматӣ ба муфаттишон ва прокурорҳо, услуби тафтишоти куштор ва таҷрибаи муфаттишии Солеҳҷон Ҷӯраев тавсия ва паҳн карда шуд. Соли 1982 таҳти роҳбарии прокурори нави республика Шербаков Ю. Н., С. Ҷӯраев беҳтарин муфаттиш эълон карда шуда, ба Конференсияи умумииттифоқии беҳтарин муфаттишони мақомоти прокуратура даъват гардида ва дар ҳамин чорабинӣ Прокурори генералии Иттиходи Шӯравӣ Рекунков М. ӯро ба унвони ҳуқуқшиноси дараҷаи 1 сарфароз намуд. Дар моҳи майи ҳамон сол барои хизматҳои шоён бо Грамотаи фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шуд ва солҳои баъд бо имзои Раиси Президиуми Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ Громико А. А. ордении «Нишони фахрӣ» мукофотонида шуд.
Романи дуюми ҳуҷҷатӣ – криминалистӣ «Ман – муфаттиши тафтишоти нав» бо парвандаи ҷиноятии дар ноҳияи Қумсангир содиршуда ба итмом мерасад. Фақат аз мазмуни мухтасари хулосаи қисми дуюми роман роҳи ояндаи ҳаёт ва фаъолияти адибро фаҳмидан мумкин аст.
Нақшаҳои эҷодии Солеҳҷон Ҷӯраев аз ғояҳои минбаъдаи навиштани романҳои бадеӣ «Ман – прокурор», «Ман – адвокат» ва дигарҳо иборат мебошанд. Мутаассифона, бо як қатор сабабҳо ва ҳолатҳо нақшаҳояш дар ҳаёт амалӣ нашуда истодаанд.
Солҳои охир муаллифи ин тақриз алоқаи шахсиашро бо муаллифи романҳои ҷолиби криминалистӣ – моҷароӣ гум кардааст. Сидқан, дар куҷое, ки набошад, ба ӯ саломатӣ ва мувафаққиятҳои беназири эҷодӣ таманно дорам ва орзуманди барқарор намудани муносибатҳои дутарафааш бо хонандагонаш мебошам.
Ашӯрбой ИМОМОВ, профессори кафедраи
ҳуқуқи конститутсионии факултети
ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон