Мақсади тарбияи миллӣ, ҳамчун қисми таркибии мақсаду вазифаҳои давлат қарор гирифта, барои амалӣ намудани манфиатҳои давлат, ҷомеа ва ҳар як шаҳрванд равона мегардад. Давлат чунин тартибу низомеро ҷорӣ мекунад, ки барои ҳаёт ва фаъолияти инсон ва тарбияи миллии шаҳрвандон мусоидат намояд.

Тарбияи миллӣ дар шаҳрванд сифатҳои баланди ахлоқӣ, ҳуввияти миллӣ, инсондустӣ, озодандешӣ, ташаббускорӣ ва амсоли онро ташаккул медиҳад.

Мақсаду вазифаҳои ниҳоии тарбияи миллӣ ташаккули инсони комил, соҳибватан, дорои нангу номуси миллӣ, ифодагари симои зеҳнию маънавӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ ва арзишҳои дигари инсонӣ мебошад.

Дар «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми марти соли 2006 зери рақами 94 тасдиқ намудааст, ба масъалаҳои тарбияи миллии насли наврас диққати зиёд дода мешавад.

Тарбия падидаи иҷтимоӣ, фарҳангӣ, психологӣ, педагогӣ буда, барои ба низом даровардани ҳаёти инсон ва пешрафти ҷамъият хизмат менамояд. Он ҳамчун фаъолияти махсуси мақсадноки инсон барои рушди шахс ва ворид шудани инсон ба ҷараёни зиндагии воқеӣ ва бунёди ҳаёти маданӣ равона карда мешавад.

Шахси бетарбия ва дур аз тарбия ба монанди нобиноест, ки дастовардҳои маданӣ, фарҳангӣ ва зебоии атрофро дарк карда наметавонад.

Тарбия ҳамчун падидаи иҷтимоӣ ҷараёни дуру дарозест, ки аз батни модар оғоз гардида, бо нафасҳои охирини ҳаёт анҷом меёбад. Тарбия давраи мушаххас набуда, дар тамоми синну сол одамон ба он ниёз доранд. Одами ба синни садсолагӣ расида ҳам ба тарбия эҳтиёҷ дорад, зеро ӯ ҳам хатоӣ зоҳир менамояд. Инсон, чӣ наврас, чӣ ҷавон, чӣ пир дар ҳаёт ба вайронкунии меъёрҳои ахлоқӣ даст мезанад. Шахси оқил дар хатои атрофиён мушоҳидакорона тарбия меёбад, лекин дар байни мо боз одамоне мавҷуданд, ки тамоми умр аз хатоҳояшон қобилияти хулосабарорӣ ва ислоҳшавиро надоранд.

Тарбия асосан аз фазои оила, аз муносибати хушдоман, падарарӯс ва аъзои оила нисбати келин оғоз меёбад. Кӯдаки аз хонадони носолим ба дунё омада носолим ва ба тарбия сар намефаровардагӣ мебошад. Дар ин бора Абдураҳмони Ҷомии фурӯтану хоксор мефармояд:

Ҳеҷ суде накунад тарбияи ноқобил,

Гарчи бартар ниҳӣ аз халқи ҷаҳон миқдораш.

Сабзу хуррам нашавад аз нами борон харгиз,

Хори хушке, ки нишонӣ ба сари девораш.

Мутаассифона, чунин оилаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоят зиёданд, ки онҳо аз донишҳои педагогӣ, равонӣ, фалсафӣ ва умумибашарӣ бехабаранд. Ба ивази он оилаҳое низ мавҷуданд, ки на маълумот, на касб ва на фарҳанги оиладорӣ доранд. Аз ҳама хатари ҷиддитарин ба ҳастӣ ва мавҷудияти миллат хонадоршавии хешу таборони ҳамхун мебошад, ки ба хотири рафъ кардани ин омили номатлуб Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015-ро «Соли оила» эълон намудааст.

Ҳадаф ва мақсади тарбияи миллӣ қисми таркибии мақсаду вазифаҳои давлат қарор гирифта, барои амалӣ намудани манфиатҳои давлат, ҷомеа ва ҳар як шаҳрванд равона карда шудааст. Мақсаду вазифаҳои ниҳоии тарбияи миллӣ ташаккули инсони комил, дорои нангу номуси миллӣ, ифодагари симои зоҳирию маънавӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ ва арзишҳои дигари инсонӣ мебошад.

Малика МАМАДНОСИРОВА,

омӯзгори МТМУ 121-и ноҳияи Рӯдакӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь