Муаттара Ҷӯраева: Озодӣ неъмати дигарест…
Бо ӯ мо дар дафтари кории Парвиз Асадуллозода, сардори ягона дар ҷумҳурӣ муассисаи ислоҳии занонаи ЯС3/8, ки 50 км аз Душанбе қарор дорад, мулоқот кардем.
Ин хонум, ҳамкори собиқи мо, журналист Муаттара Ҷӯраева аст, ки дар оғози давраи “бозсозӣ” яке аз наттоқ ва журналисти варзидаи телевизион буда, ҳатто, дар интихобот барои намояндагии парлумони ҷумҳурӣ ширкат карда буд.
– Моддаи маҳкумияти ман 274 КҶ РТ(қаллобӣ – муаллиф),- оҳиста дар бораи худаш ба сухан оғоз намуд ҳамсӯҳбатимо. – Ҳоло хеле пушаймон ҳастам. Нерӯи худро ба ҳисоб нагирифтам ва қонунро вайрон кардам.Он солҳо ман дар авҷи шӯҳрату эҳтиром будам, ҳам дар кор ва ҳам дар зиндагӣ ва бисёриҳо маро мешинохтанд. Аммо васвасаи тиҷорат ба дилам ҷо шуд. Хостам тиҷорати хешро боз кунам ва аз шиносҳоям маблағ қарз гирифтам. Дар ибтидо корам равнақ гирифт, аммо баъд …як рӯз тиҷоратам варшикаста шуд ва одамон қарзҳояшонро талаб карданд, аммо ман қобилияти баргардондани қарзҳои онҳоро надоштам. Қарздиҳандаҳо аз болоям аризаҳоро ба прокуратура навиштанд, он ҷо парвандаи ҷиноӣ боз карданд, суд ҳукми маро ба 10 солимаҳрумият аз озодӣ баровард. Ҳамин тавр, ман ба ин муассисаи ислоҳии занона афтодам, ки ҳоло чор сол гузашта. Соли гузашта афв буд ва 5 соли маро ихтисор карданд, акнун як сол боқӣ монд, ки онро бетоқона интизорам. Танҳо дар маҳбас инсон ба дарки мафҳумиозодӣмерасад, – ашкҳояшро пок карда тавзеҳ дод Муаттара.
-Шумо аз шароити зиндагиатон дар муассисаи ислоҳӣ розӣ ҳастед? Муносибати маъмурони муассиса нисбати маҳбусон чӣ тавр аст?- пурсидам.
-Бовар кунед, гумон кардам, ки ҳоло дар як ҳуҷраи тангу сард ҷо мекунанд, ки ҳеҷ шароит надорад. Хушбахтона, иштибоҳ кардам… Ҳоло худатон дидед, ҷои хобу ғизохурӣ, ошпазхона, клубу сехи қаннодии моро, ягон ҷои шикоят нест. Дар ин ҷо ман касби хайётиву қаннодиро омӯхтам, -бо табассуми дардолуд гуфт Муаттара. – Соҳиби сертификатҳои ин ихтисосҳо шудам. Танҳо як сол ба озодиам монд ва ман бояд то он рӯз расам. Ин ҷо дар анбори либосҳои зимистона кор мекунам. Инсон танҳо дар ин ҷо мефаҳмад, ки ҳаёти шахс метавонад дар як лаҳза канда ё сарнагун гардад. Гарчанде дар ин ҷо ҳама шароити лозим барои зиндагии мӯътадил фароҳам оварда шудааст, лекин озодӣ неъмати дигарест. Одам танҳо дар маҳдудӣ ба қадри озодӣ мерасад. Маъмурони муассиса бо ҳамаи маҳкумон муносибати хуби инсонӣдоранд. Онҳо низ хуб медонанд, ки дар зиндагӣ баъзе касон бо бепарвоиихеш қонунро вайрон мекунанд ва муртакиби ҷиноят мешаванд, аммо он одамон ҳамчун узви ҷомеа боқӣ мемонанд, – бо чунин андешаҳо ба сӯҳбаташ хотима дод Муаттара Ҷӯраева.
Мо низ нахостем сукути ӯро халалдор кунем ва бори дигар ба ҷароҳаташ даст занем, аз ин рӯ, хайрухуш намуда , гузоштем, то сари кораш биравад.
Дар 28 – солагӣ зани террорист шудам
Мулоқоти навбатии мо бо занони маҳкуме, ки дар ҷомеа онҳоро – занони ифротгару террорист ном гузоштаанд, буд. Шавҳарони онҳо шаҳрвандони кишвари мо мебошанд, ки дар сафи қувваҳои ДИИШ дар Сурия бо хоҳиши худ меҷанганд.
Бинобар ба маълумоти Прокуратураи генералии ҶТ аз соли 2015 то имрӯз дар ин гурӯҳҳо, беш аз 550 нафар шахрвандони Тоҷикистон кушта шуда, бисёре аз зану фарзандони онҳо дар дасти ҷангандагони ДИИШ гаравгон мондаанд.
-Маҳкум Гулбаҳор (ном иваз шуд –муаллиф) бо моддаи 347 КҶ ҶТ ҳозир шуд,- бо чунин калимаҳо ба кабинет ворид шуд ҳамсӯҳбати навбатии мо.
Гулбаҳор завҷаи яке аз размандагон аст, ки тариқи Русия ба Сурия рафтааст, то аз мусибати дигар одамон пул кор кунад. Гулбаҳор аз рӯзгораш чунин нақл кард:
-Аз зиндагии заношӯиамон як писар дорем. Солҳои аввали хонадориамон хело рӯзгори хуб доштем ва бо меҳру муҳаббати беандоза бо волидони шавҳарам дар яке аз ноҳияи пойтахт зиндагӣ мекардем. Рӯзе шавҳарам аз кӯча омаду ба ман гуфт, ки бо шиносҳояш ба Русия пулкоркунӣ меравад.Ду рӯз баъданҷомашро ҷамъкарда рафт. Баъди чанд рӯзи рафтанаш ба мо пул равон кард, то барои зимистон хӯрок захира кунем. Волидонаш ва ман хело хурсанд шудем, ки ӯ дар Русия ба осонӣ кори хуб пайдо кардасту ва зуд ба ӯ маош додаанд. Баъд аз ин ҳамчанд дафъа маблағ ирсол кард, аммо баъд, чанд моҳ аз ӯ хабаре нашуд, ҳатто телефон ҳам намекард. Якшаб телефони дастиам занг зад, аммо шумораи телефон “пӯшида” буд, ҷавоб додам. Аз он тарафи гӯшӣ овози ӯро шинохтам, хело хурсанд шудам, волидайнашро аз хоб бедор кардам, онҳо низ сӯҳбат карданд. Дар хотимаи сӯҳбаташ пешниҳод кард, ки ба назди ӯ биёям. Ман гумон кардам, ки ӯ дар Русия аст ва хостам ризоятамро гӯям, аммо ӯ гуфт, ки чанд моҳ аст, ки дар Сурия аст. Аз суханҳои ӯ як лаҳза карахт шудам, хостам телефонро хомӯш кунам. Аммо гиря кардаму бо зорию тавалло илтимос намудам, то ба хона баргардад. Ӯ ҷавобдод, ки “уже дер шид, роҳи баргаштан нест”. Субҳ ин воқеаро ба падару модараш нақл кардам, онҳо маслиҳат доданд, ки ба касе даҳон накушоям. Баъди он шаб бароям рӯзҳои вазнину ғамангез фаро расид, чунки дар 28 солагиям ман зани террорист шудам. Мо махфӣ аз ҳама телефони гап мезадем ё “паёмак” мефиристодем. Ман ҳамеша исрор мекардам, ки ба хона баргардад, аммо ӯ талаб мекард, ки ман бо писарам ба наздаш Сурия равам. Як рӯз сӯҳбати телефонии моро зани бародари калониаш гӯш кардааст ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабардодааст. Бегоҳи ҳамон рӯз ба хонаи мо кормандони Кумитаи амният омаданду маро бурданд. Сипас суд бо ҳалномаи моддаи 347 КҶ ҶТ барои пӯшонидани ҷиноят маро ба мӯҳлати 12 сол ҷазо дод. Таассуфовар он ки волидони шавҳарам дар суд қатъиян рад карданд, ки аз аъмоли писарашон хабар надоранд ва ҳамаи гуноҳро ба сари ман бор карданд. Ҳоло ягона писарам бо волидони ман зиндагӣ мекунад ва танҳо онҳо аз аҳволи ман хабар мегиранд. Хешовандони шавҳарам тамоман аз ман рӯ гардонданд. Ман бояд 10 соли дигар дар ин муассиса бимонам. Аммо маъмурияти муассиса ва шиносҳо гуфтанд, ки танҳо рафтори намунавиву хуб дар ин ҷо ва авфи навбатии сардори давлат метавонад мӯҳлати зиндонии маро кам кунад. Ҳар рӯз ҳангоми намозам дар масҷид аз Худои таоло зорӣ мекунам, ки мӯҳлати озодии маро наздик кунад, – бо як афсурдагӣ ба суханаш поёндод Гулбаҳор.
АЗ ТАРИҚИ ТУРКИЁ БА СУРИЯ…
-Ман ба забони тоҷикӣ хуб сӯҳбат карда наметавонам, агар имкон бошад, бо ман ба забони русӣ гап занед,- чунин хоҳиш кард маҳкуми дигар бо моддаи 347 КҶ ҶТ.
-Номам Раъно (ном иваз шуд), истиқоматкунанадаи ноҳияи Бобоҷон Гафурови вилояи Суғд мебошам. Мо, зану шавҳар, хостем ба воситаи Туркия ба Сурия равем. То ин воқеа ман як дафъа суд шуда будам. Баъди озодӣ ба Русия рафта, кор кардам. Баъди он бо амри тақдир ду сол бо шавҳарам дар Туркия кор кардем. Каме пул ҷамъ намуда, хостем тариқи Қазоқистон ба Туркия рафта ва аз он ҷо ба Сурия равем. Аммо кормандони ҳифзи ҳуқуқи Қазоқистон фаҳмиданд ва моро ба Тоҷикистон депортатсия карданд. Суд ба ҳар яки мо 12 соли маҳрумият аз озодиро ҳукм кард. Мо соҳиби ду фарзанд ҳастем, писарчаи6-сола ва духтарчаи 1,5 -сола, ки бо ман дар ин ҷост. Мо дар як ҳуҷраи алоҳида дар боғчаи бачагонаи муассиса зиндагӣ мекунем. Писарамон бо волидайниман зинадагӣ мекунад, – оромона ҳикояташро хотима дод ҷавонзан.
Парвиз Асадуллозода: Аксари занон бо қаллобӣ инҷо меоянд
Мо, гуруҳӣ рӯзноманигорон, баъд аз гирифтани иҷозат аз муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ, генерал-полковники хидмати дохилӣ Изатулло Шарифзода бо роҳнамоии муовини ин раёсат, полковники хидмати дохилӣ Рустами Бойбалазода, аз миёни 13 муассисаи ислоҳии ҷумҳурӣ, боздид аз муассисаи ислоҳии занонароинтихоб кардем.
Ҳангоме ки соли 2004 ҳамаи муассисоти ислоҳӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятии кишварро аз Вазорати корҳои дохилӣ ба итоати Вазорати адлия интиқол доданд, муаллифи ин сатрҳо соли 2006 –ум аз муассисаи ислоҳии занона дидан карда буд. Албатта, баъд аз ду соли ислоҳот, Раёсати корҳои ислоҳӣ, ҳаддалимкон шароити зиндагии маҳкумшудагонро беҳбуд бахшида буд. Аз он замон 12 сол сипарӣ шуд ва ҳоло тағийроту дигаргуниҳои зиёдеро бо чашми худ дидам.
– Барои мо, кормандони муассисоти ислоҳӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, маҳкумшудагон як гурӯҳе ҳастанд, ки аз ҷомеаи мо меоянд ва бояд боз ба ҷомеа баргарданд. Аз ин рӯ, ҳифзи онҳо, ин ҳифзи ҷомеа маҳсуб мешавад, – изҳор дошт, капитани хидмати дохилӣ Парвиз Асадуллозода, сардори муассисаи ислоҳии ЯС 3/8, ки дар деҳаи Чал-Чали шаҳри Норак ҷойгир шудааст. Сипас ӯ ба суханаш идома дод:
-Айни замон дар муассисаи мо 339 зан (соли 2006 645 зан -тавзеҳи муаллиф) мӯҳлати ҷазои ҷиноятиашонро сипарӣ мекунанд. Чанд рӯз пеш як нафар духтари ноболиғ озод шуд. Бояд ёдовар шуд, ки 50% занони маҳкумшуда тибқи моддаи 247 КҶ ҶТ (қаллобӣ) аз озодӣ маҳруманд. Ба ҷуз ин гурӯҳи маҳкумин, инчунин бо моддаҳои 104 (куштор), 200 (интиқоли маводи мухаддир), 201 (истеъмол ва фурӯши маводи мухаддир), 208 (ғоратгарӣ),349 (тороҷ), 130 (фурӯши одам), 347 (пинҳонкунӣ) ва 205 (нигоҳдории фасодхона) Кодекси ҷиноии ҶТ мӯҳлати зиндонии худро сипарӣ мекунанд.
ДАР СТАТСИОНАР
Гурӯҳи мо бо роҳбаладии сардор ва маъмурони муассисаи ислоҳӣ ба саҳнимуассисаи ислоҳӣ ворид шуд. Ҳама ҷо тозаву озода, гулгашти покиза, чаманҳои сабз, гулу садбаргҳои гуногун саҳни муассисаро оро медиҳанд.
Боздидро аз статсионар, ки дар бинои дутабақа ҷойгир аст, оғоз кардем. Дар ду табақаи он 15 палата мавҷуд аст. Моро ба тарзи низомӣ иҷрокунандаи вазифаи сардухтури статсионар Гулнисо Сафиева пешвоз гирифт.
-Ин ҷо ҳоло 25 бемор муолиҷа мешаванд. Аз ҷумла, 8 нафар зан бобемории ВИЧ, ду нафар бо бемории сил, як нафар бо бемориисаратон (марҳилаи охир) ва дигарон бо бемориҳои гуногун – фишори хун, дил, амрози занона, шамолхӯрӣ бистарианд. Тамоми доруҳо ройгон, аз ҷониби Сарраёсат таъмин карда мешаванд. Дар сурати лозим будани доруҳои иловагӣ, бо дорухати табиб хешу табори бемор доруро ба мо мерасонанд.
Палатаҳоро аз назар гузарондем, ҳуҷраҳо озода, дар катҳо бистарҳои тоза, тирезаҳо парда кашида шуда, дар баъзе токчаҳои тиреза гулҳои хонагӣ гузошта шудаанд.
-Таомро барои мо дар ҳуҷраҳоямон меоранд ва ҳамаи доруҳои лозима мавҷуд аст, – гуфт яке аз беморон.
МУШОҲИДА: Ҳама беморон ба ҷои либоси беморхона дар либоси сиёҳи (форма) муассиса буданд. Беморхона бояд либоси мухсуси худро дошта бошад.
КӮДАКИСТОН – “ОЗОДӢ”
Дар ҳавлии кӯдакистони муассиса, моро гурӯҳи 15 нафараи модарон бо кӯдакони то сесолаи худ пешвоз гирифтанд. Дар саҳни кӯдакистон майдончаи бозии кӯдакон мавҷуд буд. Кӯдакон то сесолагӣ бо модаронашон ин ҷо мебошанд. Баъд онҳоро ба хешовандони маҳкумшудагон медиҳанд, ё то ба озодӣ баромадани модар ба яке аз ятимхонаҳо месупоранд.
ТАЗОДИ ЗИНДАГӢ! Кӯдакони бегунох бо ҷурми модаронашон се соли ҳаёти хешро дар зиндон мегузаронанд. Ҳатто баъзе кӯдакон дар ин муҳит ба дунё меоянд. Албатта, дар сурати зарурат беморону навзодонро ба бемористони шаҳри Норак мебаранд. Ду рӯз пеш аз омадани мо духтарчае ба дунё омадааст, ки дар кампалчаи сафед печонида шуда, болои катча мехобид. Ҳатто ҳоло ба ӯ ном ҳам намондаанд. Гуфтанд, ки ният доранд, номашро Озода гузоранд. Модараш бо ҷурми моддаи 247 КҶ ҶТ аз озодӣ маҳрум аст.
Ҳамаи ҳуҷраҳоеро, ки модарон бо тифлонашон зиндагӣ мекунанд, аз назар гузаронидаем. Дар тирезаҳо пардаҳои сафеди оҳарӣ, кату бистари навъи меҳмонхонагӣ ва катчаи тифл буд. Утоқи бозии бачаҳо бисёр хуб ҷиҳозонида шудааст: телевизор, ҷевонҳо бо бозичаҳои мулоим, дар фарш қолини калон густурда шудааст. Агар аз хӯроки умумӣ нахоҳанд, пас барои худ аз ошхонаи алоҳида, ки яхдони калон ва плитаҳои барқӣ дорад, истифода мебаранд. Ҳар рӯз кӯдаконро духтури бачаҳо аз муоинаи тиббӣ мегузаронад.
Мо низ бо худ барои тифлон (медонистем, ки дар муассиса кӯдакистон ҳаст) тӯҳфаҳо, бо шириниву бозичаҳо оварда будем ва ба онҳо тақсим кардем, аммо дар чашмоҳоямон ашк ҳалқа мезад.
Дар отрядҳо: Озодиро интизорем!
Бо дидани роҳбарияти муассиса ҳамаи маҳкумин дар майдони муассиса саф оростанд, бо тарзи низомӣ салом доданд.
Роҳбарият баъд аз салом суол доданд: “Чӣ камбудӣ ва чӣ мушкилот ҳаст?”. Аз саф танҳо ин ибораҳо садо дод: “Озодиро интизорем!”.
Мо ҷои хоб ва буду боши занонро хабар гирифтем. Катҳои оҳанӣ, ду табақааш низ мавҷуд аст. Дар отряди аввал 113 нафар ва дар отряди дуввум 120 нафар занон зиндагӣ мекунанд. Бистарҳо рӯи катҳо ба тартиб буд, дар тирезаҳову дарҳо пардаҳои зебо овезонанд. Дар даҳлез рӯйхати заноне, ки дар даврони маҳкумият ба таври намунавӣ фаъолият кардаанд, насб шудааст, ки ин ҳангоми кам кардани мӯҳлати аз озодӣ маҳрум будан, ба назар гирифта мешавад.
Аз таомхонаву ошпазхона, китобхонаву синфхонаи компутерӣ, хонаи ороиш (салон), клубу масҷид ва ибодатгоҳ (20 нафар насрониҳо ҳар рӯз ибодат мекунанд), инчунин аз сехҳои қаннодиву хайётӣ, адрасбофӣ, анбори махсулоти тайёри дӯзандагӣ дидан кардем.
Дар зимн бояд хотирнишон сохт, ки соли 2006 ба ҷуз таъомхонаву ошпазхона дигар чизе вуҷуд надошт. Ин дафъа ман кошонаи ҳусни муассисаро бо оинаҳо ва мӯйхушкунакҳои (фен) модерн, синфхонаи компютерӣ бо даҳ компютер, сехи қаннодӣ бо дастгоҳи пухтупази калон (духовка), ки занон барои муассисаи худ макарон, кулчақанду торт ва амсоли онро омода мекунанд, мушоҳида намудам.
Дар сехи хайётӣ чанд нафар зан барои яке аз қисмҳои ҳарбӣ рӯйпӯш медӯхтанд. Дар паҳлӯи онҳо занони дигар рӯи мизҳои дарозу васеъ матрасу болишт лаганда мекарданд. Дар бинои дохили сех панҷ дастгоҳи бофандагии адрасбофӣ меистод, ки занҳо адрасбофиро меомӯхтанд.
Бояд иқрор шуд, ки роҳбарияти Сарраёсати муассисаи ислоҳӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ масъалаи бо кор таъмин кардани занони аз озодӣ маҳрумро хело оқилона ва бо як кордонӣ ҳаллу фасл кардааст. Илова бар он, тамоми биноҳо таъмир карда шуда, дар таомхонаву клубу дигар ҷойҳо таҷҳизоту мизу курсиҳо нав карда шудааст.
Анбори сабзавоту маводи хӯрокии муассисаро низ аз назар гузарондем. Сабзавоту донагиву лӯбиёгӣ барои зимистон омодааст. Дар тоқчаҳо банкаҳои бодирингу помидорҳои шӯр барои зимистон заҳира шудааст.
Сипас анборчаву ҷевонҳои барои маводи хӯроки шахсӣ ва яхдони калон барои ҳама занҳоро дидем. Агар занҳо аз ошхонаи умумӣ хӯрок хӯрдан нахоҳанд, дар ин ҷо ошпазхонаи алоҳида бо плитаҳои замонавӣ муҷаҳҳаз аст. Ҳар кас бо хоҳиши худ ғизо мепазад.
РЕҶАИ РӮЗ
Реҷаи рӯз аз соати 6 субҳ оғоз меёбад, ки аз варзиш, дастурӯшӯӣ ва ғизои субҳона иборат аст. Сипас тақсими ҷои кор. Дар басти аввал (смена) занҳо дар сехи дӯзандагиву бофандагӣ,қаннодиву нонпазӣ, корҳои сохтмониву ободонии муассиса ба кор машғуланд. Бар замми ин, хоҷагии деҳқонӣ дар назди муассиса ба масоҳати 8 га мавҷуд аст, ки дар он сабзавоту полезӣ парвариш мекунанд. Ҳоло давраи ҳосилғундорист. Ҳамчунин муассиса фермаи молдорӣ дорад, ки дар он чанд сар гову буз ва харгӯш парвариш мешаванд. Ҳамаи ин барои ғизои маҳкумин кӯмаки иловагист, чунки давлат барои хӯроки ҳар маҳкум дар як шабонарӯз 7 сомону 70 дирам ҷудо мекунад. Як гурӯҳи дигари занон барои омӯзиш пушти мизҳои дарсӣ мераванд. То соати 12 рӯз ҳама машғули коранд. Хӯроки нисфирӯзӣ аз соати 13 то 14 мебошад. Баъди пешин гурӯҳи дигари занон дар басти дуввум ба кор мераванд. Бо ин усул роҳбарияти муассиса ба он маҳкумине, ки “қарздор” ҳастанд, кӯмак мекунанд, то аз давлат қарзҳояшонро кам кунанд. Маош низ ҳаст, қисми маош ба пардохти қарзҳояшон меравад.
Хӯроки шом соати 18. Баъд аз он вақти озоди ҳар як маҳкум аст. Касе мехоҳад телевизор тамошо мекунад, ё барои худ чизе мебофад, ё бо ҳам сӯҳбат мекунанд.
МУШКИЛОТ
-Мо ба сарпараст эхтиёҷ дорем, то барои барқарор кардани системаи гармдиҳии муассиса кӯмак намояд,- гуфт Парвиз Асадуллозода. –Ҳамчунин таҷҳизоти тиббии беморхона хело кӯҳна аст, аз ин рӯ духтурони касбӣ барои кор ин ҷо намеоянд. Муҳимтарин масъала, ин камбудии кадрҳои касбӣ, мутахассиси соҳаи муассиса ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ мебошад. Зеро дар ҷумҳурии мо чунин мутахассисро тайёр намекунанд. Аз ин рӯ, ақалан маъмурони мо барои такмили ихтисос ё таҷрибаомӯзи ба кишварҳои Аврупо ё дигар мамлакатҳо фиристода мешуданд, хело хуб мешуд. Илова бар ин, бисёре аз маҳбусони муассисаи мо мехоҳанд ҳунари қаннодии хешро такмил диҳанд, аммо дар сех танҳо як духовкаи кӯҳна, ки ҳар замон аз кор мебарояд, ҳасту халос.Боз мошинкаҳои дӯзандагӣ низ аз давраи Шӯравӣ монда, зуд-зуд аз кор мебароянд. Албатта, мушкилот ҳаст, зеро зиндагӣ пеш меравад ва эҳтиёҷ меафзояд. Занони муассисаи мо мехоҳанд ҳамқадами ҷомеа бошанд ва вазифаи мо ба онҳо кӯмак карданд аст. Сарраёсат пайваста дар доираи имконоти молии хеш ба муассисаи мо ёрӣ мерасонад. Бо чашми худ дидед, хонаҳои мулоқот бо хешовандон, мағоза, китобхона бисёре аз онҳо ба бозсозиву таъмир эҳтиёҷ доранд.
Як чизро бояд ба инобат гиред, ки ин ҷо на санатория, на истироҳатгоҳ аст, ин ҷо муассисаи пӯшидае, ки маҳкумшудагон аз озодӣ маҳруманд. Аммо роҳбарият кӯшиш карда истодааст, ки онҳо аз ҷамъият қафо намонанд, – гуфт сардори муассисаи ислоҳии занонаи ЯС 3/8 Парвиз Асадуллозода.
Аз муаллиф. Аз имконият истифода бурда, сипосгузории худро аз роҳбарияти СРИҶҶВА ҶТ, махсусан, аз генерал-полковник Изатулло Шарифзода иброз медорем, ки мо – аъзои Эътилофи бонувони журналистони Тоҷикистон ва рӯзномаи “Вечёрка”-ро иҷозат доданд аз ин муассиса гузориш диҳем. Хоҳиши ягонаи он кас ин буд, ки мо воқеъбинона нависем. Инчунин, аз сардори муассиса Парвиз Асадуллозода барои фароҳам овардани имконияти мулоқот бо хоҳиши рӯзноманигорон бо маҳкумон ва дидан аз иншооту муҳавватаи муассиса изҳори ташаккур мекунем.
САЛИМАХОН ВАҲҲОБЗОДА, журналист.
Душанбе – Норак – Душанбе.