Дар табиат ва ҷамъият чизҳои мутлақо якхела мавҷуд нест. Ҳама чиз нисбӣ аст. Сифати ҳодисаҳо ва ҳолати мавҷудот бозгӯйкунандаи он аст, ки онҳо аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Ҳатто ду барги шохи як дарахт ва ду пораи як себ бо хусусиятҳои хос аз ҳамдигар фарқ мекунанд.

Фард – маҷмуи хислатҳои шахсӣ ва такрорнашавандае мебошад, ки ба инсони ҷудогона мансуб аст ва онро аз дигар афрод фарқ мекунонад. Агар инсон дорои хислатҳои индивидуалии такрорнашаванда бошад, пас шуури ҷамъиятӣ чист ва чӣ гуна ташаккул меёбад?

Шуури ҷамъиятӣ – ҳаёти маънавии ҷамъият аст, ки дар он ба ғайр аз хӯрдану хуфтан тамоми ҳаракатҳои фардӣ дохил мешавад. Ба монанди идея, ақида ва назарҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, ахлоқӣ, илмӣ, фарҳангӣ, фалсафӣ, этикӣ, ҳамчунин тасаввуроти динӣ, ҳиссиёт, рӯҳия, одатҳо ва хислатҳои этникии одамон, ки дар он ҳастии ҷамъиятӣ инъикос меёбад.

Тавре зикраш дар боло рафт шуури ҷамъиятӣ аз шуури одамони алоҳида ҷудо нест. Ҷамъият аз ашхоси алоҳида иборат мебошад, ки онҳо ба табақаҳои муайян ё гурӯҳҳои ҷамъиятӣ мансубанд. Ин бозгӯйи он аст, ки шуури фардӣ аз ҷиҳати мазмун ва муҳтаво ифодакунандаи шуури ҷамъиятӣ мебошад. Пас зинаи аввалини худшиносӣ чист ва чӣ гуна ташаккул меёбад?

Бояд таъкид намуд, ки худшиносӣ ин посухи огоҳонаи шахс пеш аз ҳама ба як суоли муҳим ҳаст, ки ман кистам, барои чӣ ба дунё омадаам ва чӣ росолат дорам. Ба ин савол касе ба мисли Расул Ғамзатов нависандаи Доғистонӣ ҷавоби қонеъкунанда надодааст, ки мегӯяд: «… одам бояд аз хурдӣ донад, ӯ барои он ба дунё омадааст, ки намояндаи халқи хеш ва миллаташ бошад. Барои ба зимма гирифтани бори чунин масъулият аз ҳеҷ чиз ҳарос надошта бошад».

Тоҷик бояд аз хурдӣ донад, ӯ намояндаи миллати бузургест, ки таърихаш шамшеру ханҷар ва шебу фарози зиёдеро дар хотир дорад. Ва ӯ барои он ба дунё омадааст, ки намояндаи халқи худ бошад ва барои ба зимма гирифтани масъулияти давлатдорӣ, миллатдорӣ, ҳимояи арзишҳои он аз ҳеҷ чиз ҳарос надошта бошад.

Вақте ки мо дар бораи миллат сухан меронем, мо як ҷомеаи муайяни иҷтимоии одамонро дар назар дорем, ки дар заминаҳои забонӣ, фарҳангӣ, таърихӣ аз дигарон тафовут дорад. Ба ибораи дигар, миллат як ҷомеаи муайяни муттаҳиди одамонро ифода мекунад, ки бо ягонагии қаламрав, забон, фарҳанг, хусусиятҳои психикаи миллӣ, истиқлоли сиёсӣ ва ғайра тавсиф карда мешавад. Ҷавҳари худшиносии миллиро мансубият ба миллат (национальный идентичность) тавассути ифтихори миллӣ ва ҳувияти миллӣ ташкил медиҳад.

Камол он аст, ки аз худ боши огоҳ,

Чӣ дар саҳро, чӣ дар хилват, чӣ дар роҳ.

Тамоми ҳодисаҳое, ки дар табиат ва ҷамъият ба вуҷуд меоянд, натиҷаи инъикоси шуури ҷамъиятӣ мебошанд. Бояд таъкид кард, ки «буҳрони худшиносӣ» дар Тоҷикистони тозаистиқлол, бо сабаби аз байн рафтани мақомҳо, идеалҳо, арзишҳо ва таъсири баъзе қудратҳои хориҷӣ ва гурӯҳҳои алоҳидаи манфиатдор зуҳур карда, омили асосии сар задани ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон гардида буд.

Дар замоне ки қишри зиёии кишвар, аз ҷумла, адибону олимон мебоист бо истифода аз эҷоди худ барои тақвияту болоравии ҳувияти миллии тоҷикон кӯшиш менамуданд, як қисмашон баръакс зери таъсири ифротиёни динӣ рафта, барои арзишҳо ва ҳувияти бегона хизмат карданд. Чунин амали нобахшидании онҳо мусоидат барои бунёди давлати теократӣ буд, на давлати миллию дунявӣ.

Фиғон к-ин ҳарифони кинозмой,

Ба «меҳр» андар оранд халқе зи пой.

Дар ин дом оқил наяфтад ба хост,

Чу афтад маҷоли тапидан куҷост?

Боиси таассуф аст, ки имрӯз дар ҷомеаи муосири тоҷик низ аломатҳои осебпазирӣ маҳз дар динзадагии қишрҳои муайяни ҷомеа ва паҳншавии таассуби мазҳабӣ дар муҳити ҷавонон инъикоси худро пайдо кардааст. Дар навбати худ динзадагӣ ва таассуб заминаи мусоид барои паҳншавии идеологияи экстремистии динӣ мебошад, ки онро баъзе гурӯҳҳои манфиатдори хориҷӣ тавассути имконоти муосири иртиботӣ, аз ҷумла, шабакаҳои иҷтимоӣ дар интернет дар ҷомеаи паҳн менамоянд. Онҳо омили мазкурро ҳамчун фишор барои пиёда кардани манфиатҳои худ истифода менамоянд. Онҳое ки қурбонии идеологияи ифротӣ-динӣ мегарданд, худшиносиашонро аз даст дода, мавҷудияти миллат ва давлати милли худро пурра инкор мекунанд.

Маро марг беҳтар аз зиндагӣ,

Ки солор бошам, кунам бандагӣ.

Фаҳмишу омӯзиши шуури ҷамъиятӣ ва робитаи мутақобилаи он бо шахси алоҳида ҷиҳати баҳои воқеӣ додан ба воқеият хеле муҳим аст.

Гуфтан ба маврид аст, ки динзадагӣ дар муҳлатҳои муайяни таърихӣ бо воридшавии шахсони тасодуфӣ дар сохторҳои муҳими давлатӣ ба заиф гардидани пояҳои давлат шароит фароҳам меорад, миллатро ба ғуломӣ мебарад. Ба ин васила ба робитаи сабабӣ мубаддал мегардад, ки он замон кор кардан бо шуур дигар аҳамият надорад. (Имрӯз аҳамияти ҷиддӣ ба ин падида махсусияти аввалиндараҷа дорад). Тамоми ҳодисаҳо дар табиат ва ҷамъият якбора пайдо намешаванд. Дар аввалҳо ҳамчун фард пайдо шуда, мустаҳкам мегардад, ташаккул меёбад, махсус мегардад баъд аз ин ҷамъият ва ё умумитар мегардад.

ТТЭ ҲНИ аз оғози давраи фаъолияташ то ба имрӯз кӯшиш менамояд, ки дар паси шаклҳои нав мазмуни куҳнаро пинҳон намояд ва онро пасон амалӣ созад. Онҳо бо гарданбандҳои оҳарӣ, ивази номи ин ташкилоти терррористӣ ва ташвиқи демократия, бо шиорҳои авомфиребонаи озодии баён нишон доданӣ ҳастанд, ки террорист нестанд. Ба ин восита мақсад доранд 146 акти террористии содирнамудаашонро пинҳон созанд. Бо суиистифода аз ҳар фурсат наҳзатиҳо давоми солҳо ҷинояту амалҳои террористӣ ва харобкоронаи худро бар зидди давлату миллат идома медоданд:

– 19 сентябри соли 2010 раиси бахши ТТЭ ҲНИ дар ноҳияи Рашт Давлатов Ҳусниддин Музаффарович гурӯҳи мусаллаҳи террористиро аз ҳисоби дигар аъзоёни ин ташкилоти террористӣ созмон дода, 26 нафар сарбозону афсарони Вазорати мудофиаро ваҳшиёна ба қатл расониданд, 14 нафар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштанд;

– 21 июли соли соли 2012, гурӯҳи наҳзатӣ бо роҳбарии раиси бахши ТТЭ ҲНИ дар шаҳри Хоруғ Карамхудоев Шерик Елчибекович, ба амали тероористии сангину хунин даст зада, аз ҳисоби кормандон ва хизматчиёни ҳарбии мақомоти корҳои дохилӣ, амният, вазорати мудофиа ва гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 нафарро ваҳшиёна кушта, зиёда аз 45 нафарро захмдор намуданд, ба молу мулки давлатӣ ва сокинони кишвар ба маблағи 1901226, 57 сомонӣ зарари моддӣ расониданд;

– 4 сентябри соли 2015 террористони ТТЭ ҲНИ таҳти сарварии Назарзода Абдуҳалим бо тахаллуси (Ҳоҷӣ-Ҳалим) ба табаддулоти давлатӣ бо мақсади исломӣ кардани сохти давлатдорӣ даст зада, зиёда аз 20 гурӯҳҳои хурди ҷиноятӣ созмон дод ва бо содир кардани амалҳои террористӣ даҳ нафарро ваҳшиёна ба қатл расонида, 7-нафари дигарро захмӣ намуданд;

– аз моҳи сентябри соли 2015 ТТЭ ҲНИ шохаи ҷангии худро созмон дода, моҳи апрели соли 2017 Шери Язгуломӣ яке аз иштирокчиёни кӯшиши табаддулоти давлатӣ дар соли 2015, бо гурӯҳи 12 нафарааш ба ДИИШ пайваста, мақсад дошт, ки сарҳади давлатиро аз самти ҷануб убур намояд ва дар ҳудуди Тоҷикистон актҳои мудҳиши террористиро анҷом диҳад, аммо ҳамроҳи гурӯҳи худ 13 апрели соли 2017 дар мавзеи Дашти Арчии Афғонистон аз тарафи неруҳои ҳарбии ин кишвар кушта шуд;

– 29 июли соли 2018 бо супориши яке аз собиқ роҳбарони ТТЭ ҲНИ Убайдов Носирхуҷа бо тахаллуси Қорӣ Носир ва бо сарварии аъзои ин ташкилоти террористӣ Абдусамадов Ҳусейн дар шоҳроҳи Кӯлоб-Душанбе, дар назди деҳаи Сафобахши ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон, гурӯҳи муташаккили ҷиноятии ТТЭ ҲНИ 6-сайёҳи хориҷиро бо бераҳмии махсус бо корду табар ба ҳалокат расонидаанд.

Ин амалҳои террористон аз он шаҳодат медиҳад, ки ифротгароии динӣ, боварҳои бепояву беасоси хурофотӣ натиҷаи паст будани шуурнокӣ, кам будани донишҳо ва тасаввуроти хеле содаю инкишофнаёфтаи қисми муайяни ҷомеа аст.

Муллое, ки рамзи фалак гуфт нек,

Ба маҷлис кунад мадҳи кафлесу дег.

Донишманди англис Френсис Бекон донишро ба фонусе баробар мекунад, ки он дар торикӣ роҳро равшан месозад. Ӯ иброз медорад, ки ҳатто одами ланги бо роҳи рост раванда аз шахси дар бероҳа тозон ҳаракаткунанда пеш мегузарад.

Дарк намудани моҳияти воқеаҳои мавҷуда дар саросари ҷаҳон ва дар қиёс ба воқеаҳои рӯзмарраи кишвар, дуруст сарфаҳм рафтан ба воқеаҳо ва таърихи гузашта, назари суботкорона андохтан ба оянда – хоҳиши ҳар як фарди ватандӯст ва худогоҳ мебошад. Барои дарки воқеъбинонаи ҳаёти рузмарраи Тоҷикистон ва ҷаҳон, баҳои воқеӣ дода тавонистан ба раванди ҳодисаҳо, оянданигарии дурандешона ва самарабахш донишҳои қавӣ ва ҷаҳонбинии илмӣ даркор аст.

Ҳар як миллати тамаддунофар, ба мисли тоҷикон дар шароити ҷаҳонишавӣ кушиш мекунад, ки худшиносии миллиро таҳким бахшад. Мо дар заминаи ташаккули ғоя ё идеяи миллӣ, ки дар моддаи 1-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст, метавонем ин унсури калидии миллатро мустаҳкам намоем. Қишри зиёди зиёиён ва ҷомеаи имрӯзаи мо дар мавриди иделогияи миллӣ баҳс намуда, таъкид месозанд, ки ғояи миллӣ бояд дорои иқтидори ваҳдатофарӣ дошта, ба воридшавии сазовори Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамзамон, иштироки ҳамаҷонибаи Ҳукумат ва ҳимояи манфиатҳои онро дар равандҳои мураккаби ҷаҳонӣ, таъмин намояд.

Дар ҷомеаи дунявӣ беҳбудӣ ва пешрафт худ аз худ пайдо намешавад. Ҷаҳду талош ва муборизаи шабонарӯзиро талаб мекунад. Ин муборизаи синфҳои алоҳида набуда, талоши аксарияти халқи шарифи Тоҷикистон бар муқобили ифротгароӣ, хурофот ва ғояҳои догматикӣ аст.

Дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо барои рушди минбаъда тамоми шароит мавҷуд мебошанд. Вале барои рушди босуботи кишвар донистан ба маврид аст, ки ҳолати раванди воқеият, мазмун ва шакл, моҳият ва зуҳурот хос буда, онҳо ба таври муайян ба ҳам алоқаманд мебошанд.

Бузурге дар хотираҳои худ гуфтааст, «Агар аз оянда наандешед оянда нахохед дошт». Ба қавли шоир:

Маро аз ғафлати худ, бар сар ин бедод меояд,

Набошад сайд агар ғофил, чи аз сайёд меояд.

Каромати Фозил,

пажуҳишгар

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь