Яке аз падидаҳои манфии ҷаҳони муосир, ки вазъи геополитикиро миёни кишварҳо мураккабтар мегардонад, ин густариши экстремизму терроризм аст. Терроризм ва экстремизм имрӯз ба тамоми кишварҳои олам ва умуман, тамаддуни инсонӣ хатари ягонаи доимафзоянда дорад. Паҳн намудани маводҳои экстремистию террористӣ, ба зеҳну тафаккури одамон таъсир расонидан ва ба роҳ мондани таблиғоти густурдаи ақидаҳои тундгароӣ мақсади асосии ташкилотҳои террористию экстремистиро ташкил медиҳад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир баъзе ҳизбу созмонҳои ғайриқонунӣ ҷанги иттилоотиро пешаи кории худ намудаанд, ки ин ҳам ба зеҳну тафаккури мардум таъсири манфӣ мерасонад. Онҳо дар шабакаи Интернет сомонаҳои гуногун таъсис дода, ба воситаи он даъвати анҷом додани амалҳои зуроварӣ, таблиғи ақидаҳои исломи тундгароӣ, миллатгароӣ, ҷудоихоҳӣ, паст задани шаъну эътибори миллӣ ва динию мазҳабиро анҷом медиҳанд. Масалан, зиёда аз 70%-и шахсони ба сафи ҷангиёни Сурияву Ироқ шомилшуда, аз байни муҳоҷирони меҳнатӣ, махсусан, ҷавонон тавассути шабакаҳои интернетӣ ҷалб гардида буданд.

Воқеан ҳам, солҳои охир шоҳиди ҳодисаҳое мешавем, ки баъзе доираҳои байналмилалӣ тавассути расонаҳои иттилоотӣ ва истифода бурдан аз ноогоҳиву бехабарии мардум, махсусан, гурӯҳҳои алоҳидаи ҷавонон равандҳои сиёсиву иҷтимоии як қатор давлатҳоро ба як ҳолати харобиовар расониданд. Онҳо ба воситаи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ, аз ҷумла, шабакаҳои Интернет корҳоеро ба анҷом мерасонанд, ки таъсирашон ба сиёсати дохилию хориҷии кишварҳо мерасад.

Тавре маълум аст, киберэкстремизм бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии замони муосир бо роҳи таъсиррасонӣ намудан ба шуур ва афкори одамон рафтори онҳоро тағйир медиҳад ва кӯшиш менамояд, ки муносибати байни давлат ва ҷомеаро хароб созад. Киберэкстремистон ба воситаи паҳн намудани иттилооти иғвоангез ва бардурӯғ дар шуури ҷамъиятӣ ҳисси нобовариро ба вуҷуд оварда, пояҳои ҳокимияти давлатиро ноустувор мегардонанд. Таъсири таҳдидҳои мазкур ба он хотир хатарнок арзёбӣ мегарданд, ки маҳз онҳо боиси ба амал омадани шиддати иҷтимоию психологӣ, бедор гардидани ҳиссиёти манфии одамон, вайрон гардидани меъёрҳои ахлоқ ва тағйир ёфтани рафтори сиёсию ахлоқии шаҳрвандон мегардад.

Бояд гуфт, ки ба амал омадани “инқилобҳои ранга” яке аз нишонаҳои вусъатёбии иттилоот дар шароити муосир мебошад. Таҷрибаи бадастомада дар ин самт нишон дода истодааст, ки дар раванди инқилобҳои ранга яке аз технологияҳои васеъ истифодашаванда ин технологияи назарфиребии омма мебошад, ки тавассути таъсиррасониҳои гуногуни психологию иттилоотӣ амалӣ мегардад. Таъсир расонидан ба афкори ҷамъиятӣ, тағйир додани он, дигаргун намудани тасаввуроти одамон дар бораи воқеияти сиёсию ҷамъиятӣ марҳилаи аввали ҳуҷумҳои иттилоотиро ташкил медиҳад.

Таҷрибаи сиёсии ҷаҳони муосир собит сохт, ки иқтисоди ғаниву устувор ва ҳатто артиши пуриқтидори замонавӣ наметавонад амнияти давлатро таъмин намояд. Дар ин раванд танҳо давлатҳое амнияти худ ва осоиштагии мардумро ҳифз менамоянд, ки сиёсати ваҳдатофар ва ватандустонаро мустаҳкам намоянд.

Барои паст намудани таъсири падидаи экстремизми иттилоотӣ бояд як қатор корҳои фаҳмондадиҳӣ, пеш аз ҳама, ташаккули фарҳанги сиёсию ҳуқуқӣ, тарғиби худшиносӣ ва ватандустӣ, нигоҳдории ҳувият ва анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати динӣ ва сатҳи иҷтимоии шаҳрвандон ба роҳ монда шаванд. Дар бароибари ин, ҳар як шаҳрванди кишвар, алалхусус, ҷавонон бояд дар бораи бархӯрди манфиатҳои геополитикӣ, экспансияи фарҳангию миллӣ ва таҳдидҳои ҷаҳони муосир маълумоти зарурӣ пайдо намоянд. Зеро экстремизми иттилоотӣ яке аз таҳдидҳои асосии раванди глобализатсионӣ буда, бештар ба қишри фаъоли ҷомеа – ҷавонон таъсири манфӣ мерасонад.

Чуноне, ки Пешвои миллат дар мулоқот бо ҷавонони кишвар қайд намудаанд: “Бо таъсири шабакаҳои мухталифи иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои иттилоотӣ баъзе аз ҷавонони сустиродаву ноогоҳи мо ба доми гурӯҳҳои манфиатҷӯ афтида, ба миллату Ватани худ хиёнат мекунанд, ба обрӯи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ иснод меоваранд, падару модарон ва наздиконашонро дар байни ҷомеа шармсор месозанд. Бахусус, дар шароити имрӯза, ки талоши тамоми қувваҳои иртиҷоиву ифротӣ барои таъсиррасонӣ ба мафкураи ҷавонон ва моил сохтану истифодаи қувваи бузурги онҳо барои амалӣ намудани ҳадафҳои муғризонаи худ равона шудааст, ҷавонони мо бояд бисёр ҳушёр бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва манфиатҳои милливу давлатиро ҳатто як лаҳза ҳам фаромӯш накунанд”.

Албатта, ҷавонон бояд моҳияти истиқлолияти сиёсӣ, давлатдории миллӣ, сохтори конститутсионии давлат, манфиатҳои миллӣ, ҳадафҳои стратегӣ ва рисолати миллию таърихиро дарк намоянд. Зеро Тоҷикистон аз нигоҳи геополитикӣ ва ҷуғрофӣ дар чорсӯӣ манфиатҳо қарор гирифтааст.

Аз ин рӯ, экстремизми иттилоотӣ дар марҳилаи нави ташаккулёбии давлатдории миллӣ барои ҷомеаи мо таҳдиди пуриқтидор ба шумор меравад. Зеро ҳолатҳои гуногуни ҷалб гардидани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сафи ташкилотҳои террористӣ ба қайд гирифта шудаанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксари онҳо ба воситаи шабакаи Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ мағзшӯӣ гардидаанд.

Бинобар ин, вазифаи муҳимтарини ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла, ҷавонон пеш аз ҳама, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, суботу оромии ҷомеа, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ аст.

Саидова ФАЗИЛАТ,

ходими калони илмии ИФСҲ-и ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь