Суқути Сосониён нуқтаи поёне буд, бар ҳазор сол тамаддуни бемонанд ва беназири ориёӣ, тамаддуне, ки бо Модҳо оғоз шуд ва бо Ҳахоманишиён ба авҷ расид, бо Ашкониён муттаҳаввил шуд ва бо Сосониён тасбид гардид, аммо дар ҷараёни шӯриши побараҳнагони араб ин тамаддуни миллии ҳазорсола ба яғмо рафт ва фасли ҷадиде дар таърихи Эрон оғоз шуд, ки саросар аз инҳитод ва фарҳангпошидагӣ буду бас. Суқути Сосониён як нуқтаи поён буд, поёни асри дурахшони эронзамин ва албатта, як оғоз буд ва оғози асорат, оғози бардагӣ, оғози таҷовуз ба хоки ориёӣ, рузҳои хуши гузашта ба поён расида буд ва ҳол боис шуд эрониён ба шароити ҷадид, ки саросар бадбахтӣ буд, хун мегиристанд, шояд талхноктарин ва дардноктарин рӯйдод дар ин замон бардагӣ ва асорати кӯдакон ва занон буд, на аз даст додани заминҳо, на кушта шудани диловарон ва на суқути фарҳанги миллӣ. Ҳеч як ба андозаи асорати зан ва фарзанди эронӣ метавонист ғайрат ва руҳияи эрониро нобуд кунад, дард надошт. Аъроб даста-даста занони зебои эрониро аз домани хонаводаҳояшон медӯздиданд ва ба ҳукми ислом миёни худ тақсим мекарданд, танҳо барои рафъи ҳавас ва кӯдаконеро, ки ояндасозони эронзамин қаламдод мешуданд, барои хидмат, бардагӣ ва нукарӣ дуздида ва ба дигар қабоили араб мефурӯхтанд. Ин даврони сиёҳ бидуни шак яке аз ториктарин давр дар таърихи эронзамин аст. Кишвари аҳуроии мо борҳо дар ҷараёни ҳамлаи душманон қарор гирифтааст, аммо зарбаи аъроб бо таҷовуз ба номуси ориёӣ, бар пайкари эрониён ворид овардаанд, харгиз илтиём ёфтани нест. Баъд аз ишғоли сарзамини ориёӣ тавассути аъроб бодиянишинони муҳоҷим даста -даста кудаконро лифи хурмо бар гардан ниҳода, бо пои пиёда бо унвони барда ба саҳрои ҳиҷоз мебурданд. Дар соли 636-и мелодӣ аъроби мусалмон ба Эрон ҳамла карданд, бисёре аз мо, аз ҷиноёти аъроб каму беш шунидаем, кист, ки надонад тозиён бо мо чӣ карданд, аммо аз аснод ва ҷузъиёти ин воқеа бехабарем. Ин фақри огоҳӣ то он ҷо пеш рафтааст, ки мутаасифона, иддае низ бар ин гумон ҳастанд, ки эрониён бо оғуши боз ба истиқболи аъроб шитофтанд, ки ба ҳамин далел бар он шудем, ки ба бахше аз ҷиноёт ишора кунем. Асноди ҷиноёти аъроб дар даҳҳо китоби муътабар баён шудааст, ки онро ғайриқобили инкор мекунанд. Сӯзонидани шаҳр, оташ задани кутуб, баркандани дарахтон, куштори мардон ва барда гирифтани занону кӯдакон ва фуруши онон дар бозорхои араб, аз ҷумлаи ин ҷиноёт буд. Борҳо кор бад-он ҷо расониданд, ки мардони асирро мекуштанд, то ҷӯи хун ба роҳ андозанд.

Чунончи, шоири шаҳри миллат Лоиқ фармуда:

Ин кӯчиёни хоки раҳ, пур хоки моро бехтанд,

Аз дори мо бархӯрдаву моро ба дор овехтанд.

Тоҷикон дар ҷанги Ҷалуло ва ҷанги Наҳованд аз худ муқовимати дурахшоне нишон доданд, аъроби мусалмон дар ин ҷанг саффокӣ ва хушунати бисёре нишон дод, дар ин ҷанг теъдоди фаровоне аз занону кӯдакони эронӣ ба асорат рафтаанд ва аз амвол ва ғаниматҳо чандон насиби аъроби мусалмон гардид, ки дар хеҷ китобе андозаи он зикр нашудааст. Абдулҳусайни Зарринкӯб дар китоби «Ду қарн сукут» менависад: «фотеҳон гурехтагонро пай гирифтанд, куштори бешумор ва тороҷгирӣ ба андозае буд, ки танҳо 300 ҳазор зану духтар ба банд кашида шуданд, 60 ҳазор тан аз онон ба ҳамроҳи 900 бори шутур зару сим бобати Хумс ба дорулхилофа фиристода шуданд ва дар бозорҳои бардафурушии исломӣ ба фуруш расиданд, бо занони дар банд ба навбат ҳамхоба шуданд ва фарзандони падарношинохтаи бисёре бар ҷой ниходанд». Пас аз тасаллути аъроб низ эрониён ҳаргиз даст аз муқовимат дар баробари онон бар надоштанд. Дар тӯли солҳои ишғол дар ҳамаи шаҳрҳо ва вилоёти Эрон аъроби мусалмон бо муқовиматҳои сахти мардум рӯ ба рӯ шуданд. Дар аксари шаҳрҳо пойдорӣ ва муқовимати эрониён бераҳмона саркуб гардид, ки ба мавориди зайл метавон ишора кард.

Дар ҳамла ба Сиистон мардум муқовимати бисёр ва аъроби мусалмон хушунати бисёр карданд, ба тавре ки Рабеъ ибни Зийод сардори араб барои тарсондани мардум ва костан аз шӯри муқовимати онон дастур дод, то садде бисохтанд аз он куштагон, яъне аҷсоди кушташудагони ҷангро рӯи ҳам амбоштанд ва ҳам аз он куштагон такягоҳе сохтанд ва Рабеъ ибни Зийод бар он шуд ва бар рӯи он нишаст ва қарор шуд, ки ҳар сол аз Сиистон як миллион дирҳам ба амиралмӯъминин диҳанд, бо ҳазор ғулом, бача ва каниз.

Дар ҳамлаи аъроб ба Рей мардуми шаҳр пойдорӣ ва муқовимати бисёр карданд, ба тавре, ки Муғайра- сардори араб дар ин ҷанг чашмашро аз даст дод, мардум ҷангиданд ва поймардӣ карданд ва чандон аз онон кушта шуд ва ғанимате, ки Худо аз Рей насиби мусалмонон кард, ҳамонанди каноъими мадоъим буд.

Дар ҳамла ба Шопур ё ҳамон Хуррамоободи кунуни низ, мардум пойдорӣ ва муковимати бисёре карданд, ба гунае, ки Убайдуллоҳ, сардори араб ба сахти маҷрӯҳ шуд, он чунон ки ба ҳангоми марг васият кард, то ба хунхоҳии ӯ мардуми шаҳрро қатли ом кунанд. Сипоҳиёни араб низ чунон карданд ва бисёре аз мардуми шаҳрро бикуштанд.

Дар ҳамла ба Алис ҷанги сахт бо сипоҳиёни араб ва Эрон дар канори рӯде, ки ба сабаби ҳамин ҷанг баъдҳо ба рӯди хун маъруф гардид, даргирифт. Дар баробари пойдорӣ ва муқовимати сарсахтонаи эрониён Холид ибни Валид назр кард, ки агар бар эрониён пирӯз гардад, чунон аз онҳо бикушам, ки хунҳояшон дар рӯд равон кунам ва чун порсиён мағлуб шуданд, ба дастури  Холид гуруҳ-гуруҳ аз онҳоро ба асорат гирифта буданд, меоварданд ва дар рӯд гардан мезаданд. Муғайра гуяд, ки бар рӯд осиёбҳо буд ва се рузи паёпай бо он оби хунолуд қути сипоҳро, ки 18 ҳазор тан буд ё бештар орд карданд. Куштагони порсиён дар Алис 70 ҳазор тан буд.

Дар Шуштар мардум вақте аз таҳоҷуми ғарибулвуқӯъи аъроб бо хабар шуданд, хорҳои сипаҳлӯи оҳанини бисёр сохтанд ва дар саҳро пошиданд, чун қӯшуни ислом ба он ҳаволӣ расиданд, хорҳо ба дасту пои эшон бинишаст ва муддате дар онҷо таваққуф карданд. Пас аз тасарруфи шаҳри Шуштар лашкари аъроб ба қатлу ғорат пардохтанд ва ононеро, ки аз пазируфтани ислом худдорӣ менамуданд, гардан заданд.

Дар Чолус Абдуллоҳ ибни Хозим маъмури халифаи ислом ба баҳонаи додрасӣ ва расидагӣ ба шикоёти мардум дастур дод то ононро дар маконҳои муттаадид ҷамъ карданд ва сипас мардумро як-як ба ҳузур талабиданд ва махфиёна гардан заданд, ба тавре, ки дар поёни он руз ҳеҷ кас зинда намонд ва деҳи Чолус он чунон хароб карданд, ки то солҳо обод нашуд ва амлоки мардумро ба зӯр мебурданд.

Дар ҳамла ба Сарахс аъроби мусалмон ҳамаи мардуми шаҳрро ба ҷуз як сад нафар куштанд.

Дар ҳамла ба Нишопур мардум амон хостанд, ки мувофиқат шуд, аммо мусалмонон чун аз аҳли шаҳр кинна доштанд, ба қатлу ғорати мардум пардохтанд, ба тавре ки он рӯз аз вақти субҳ то намози шом мекуштанд ва ғорат мекарданд.

Дар ҳамлаи аъроб ба Гургон мардум бо сипоҳиёни ислом ба сахтӣ ҷангиданд, ба тавре ки сардори араб Сайид ибни Ос аз ваҳшат намози хувф хонд, пас аз муддатҳо пойдорӣ ва муқовимат, саранҷом мардуми Гургон амон хостанд ва Сайид ибни Ос ба онон амон дод ва савганд хӯрд, ки як тан аз мардуми шаҳрро нахоҳад кушт. Мардуми Гургон таслим шуданд, аммо Сайид ибни Ос ҳаммаи мардумро ба катл расонид, ба ҷуз як тан ва дар тавҷеҳи паймоншикании худ гуфт: «ман қасам хурда будам, ки як тан аз мардуми шаҳрро накушам».Теъдоди сипоҳиёни араб дар ҳамла ба Гургон 80 ҳазор тан буд.

Пас аз фатҳи шаҳри Истахр дар наздикии Шерози имрӯза, мардуми он сар ба шӯриш бардоштанд ва ҳокими араби он ҷоро куштанд. Аъроби мусалмон маҷбур шуданд барои бори дуввум Истахрро муҳосира кунанд. Муқовимат ва пойдории эрониён ончунон буд, ки Фотеҳи Истахр, Абдуллоҳ ибни Омерро сахт нигарон ва хашмгин кард, ба тавре ки савганд хурд, ки чунон бикушад аз мардуми Истахр, ки хун биронад, пас хуни ҳамагон мубоҳ гардонид ва чандон куштанд, хун намерафт, то оби гарм ба хун рехтанд, пас бирафт ва иддаи кушташудагон дар ин шаҳр 40 ҳазор тан буданд. Ромҳурмуз низ пас аз ҷанги сахт ба тасарруфи сипоҳиёни ислом даромад ва фотеҳони араб бисёре аз мардумро куштанд ва занону кӯдакони фаровонеро барда сохтанд ва мол ва матоъи ҳангуфте ба ҷанг оварданд.

Мардуми Кирмон низ солҳо дар баробари аъроб муқовимат карданд, то саранҷом дар замони Усмон ҳокими Кирмон бо пардохти 2 миллион дирҳам ва 2 ҳазор гулом, бача ва каниз ба унвони хироҷи солона бо аъроби муҳоҷим сулҳ карданд.

Ҷиноёти аъроб танҳо ба ин шаҳрҳо хатм нашудааст ва инҳо танҳо гушае аз тороҷи меҳанамон ба дасти тозиён буд ва ошкоро муқовимати эрониён дар баробари ононро собит мекунад.

Дилшод Аминов,

донишҷӯёи курси 2, факултети тиббии ДМТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь