Чунонки аз шарҳу тафсири луғату фарҳангномаҳо бармеояд” Хурофот вожаи арабӣ буда, решаи он “хараф” ба маънои “чидани мева” ё “пирӣ ва фасодаст. Калимаи “Хуроф” бошад ба маънии гӯсфанд, ҷамъи хурофот вожаи арабист, ки ба маънои вожаи шодмоние, ки асоси ботил дорад ва дар форсӣ ба маънии вожаҳои дурӯғ ва афсонаҳое, ки асл надоранд, вале хушоянд ва писандидаанд ва дар зиндагии воқеии мардум нақш доранд, омадааст. Истилоҳи хурофот” дар илмҳои ҷомеашиносӣ эътиқоди беасос аст, ки бо ақл, мантиқ, илм, дин ва воқеият созгор нест.

Хурофот ва василаҳои густариши он дар ҷомеаи инсонӣ таърихи тӯлонӣ дошта, дар ҳар як ҷомеа вобаста ба сатҳи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ҷанбаҳои равонӣ, иҷтимоӣ ва эътиқодӣ дорад. Аз назари таълимоти динӣ хурофот бовариҳое мебошанд, ки бар матни аслии дин созгор нестанд ва пайравони он дин ин амалҳоро дар асли диндории худ хурофот меҳисобад. Ё андеша ва амале, ки бевосита бо Худованд пайванд намекунанд, яъне аҳкоми динӣ нестанд. Аммо шарҳи илмии хурофот ин аст, ки “ҳар чизе бо илм созгор нест ва бархӯрд бо илм дорад ва илм онро дар таҷриба собит накардааст” хурофот аст.

Яке аз амалҳои хурофотии глобалистҳои ҷаҳонӣ он аст, ки мехоҳанд дар зеҳни мардум ин андешаи ғалатро ҷой созанд, ки “танҳо низомҳои динӣ  қодиранд мардумро ба саодат бирасонанд” ва дунявияту низоми мардумсолорро ба ҳайси як низоми бидъат ва ғайриахлоқӣ  нишон медиҳанд. Ин тарзи хурофотро ҳамеша гурӯҳҳои манфиатхоҳ , ки аз боварҳо ва эътиқоди мардум сиёсат месозанд, ба хотири расидан ба қудрат ба ҳайси як абзори муҳим истифода мекунанд.

Аз таърихи башарият ҳувайдост, ки дар давраи дурударозе ҳам дар Аврупо ва ҳар дар дигар кишварҳои олам дин ба ҳайси абзор ва дастури сиёсӣ истифода шудааст. Ҳатто   тӯли асрҳо роҳнамоии ҳокимияти сиёсӣ дар дасти дину шариат ва тамоми қонунҳои идории иҷтимоӣ дар чорчӯби дастурҳои фиқҳиву шариатӣ ба роҳ монда мешуданд.

Дар фарҳанги Аврупо ин марҳила “асрҳои миёна” ном дорад. Асрҳои миёна давраи тулониро дар бар мегирад. Он аз соли 476, вақте ки ҷоҳилон Римро ғорат мекунанд ва оташ мезананд, сар шуда, то соли 1492 – кашфи Америка аз тарафи Колумб, давом мекунад. Тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоию сиёсиро ниҳодҳои диниву калисо  дар итоат гирифта буд.  Дар пажуҳишҳои илмӣ ин давронро то ҳанӯз дар Аврупо ҳамчун давраи тираю тор ва зулму истибдод, ки ҳазорон ҳазор донишмандону дигарандешон бо сабаби мухолифати андешаашон бар низоми мавҷудаи сиёсии динӣ мавриди инквизатсия қарор гирифта буданд, қайд мекунанд.

Ба ақидаи муҳаққиқи англис Бертрана Рассел (1872-1970) се омил боиси рушди илм дар Аврупо гардидааст:

  1. Пайдоиши машинаи чопӣ ва осон шудани паҳнсозии дониш;
  2. Ба забонҳои маҳаллӣ анҷом шудани пажуҳишҳои илмӣ;
  3. Дин ва калисоро аз илм ҷудо кардан.

Танҳо пас аз ин амалҳо нури дониш ҷаҳонро мунаввар намуд. Фарҳангу тамаддуни  нав ба вуҷуд омад. Дар Аврупо хурофоту мавҳумпарастӣ аз байн рафт. Дунёро аз тасаллути риёкоронаи руҳониён наҷот бахшид. Кашишбозӣ ва дастгоҳи ваҳшиёнаю махуфи инквизатсия аз байн бурда шуд. Аммо дар мамолики Шарқ ин амалҳо иҷро нашуданд. То ба имрӯз риёкорию дурӯягии воизону эътиқомадорон идома дорад. барои раҳо шудан аз ин ҷаҳолат мардумро зарур аст, ки бештар дониш омӯзанд, то “санги ҷаҳолат аз  китфашон биафтад. Шоири шаҳир Бозор Собир беҳуда ҳушдор дода нагуфтааст, ки :

 Эй Шарқи касофату махавхонаи халқ,

 Исломи ту песае ба пешонаи халқ,

 Ин риши имому авлиёи ту нарехт,

То санги ҷаҳолат нафтат аз шонаи халқ.

Ҷомеаи аврупоӣ дар роҳи расидан ба дунявият ва ҷомеаи мардумсолор ҳазорон ҳазор донишмандонро қурбонӣ намуда, то ба дараҷаи ҷомеаи  пешрафтаи дунявӣ бирасад. Аксари кишварҳои шарқӣ низ дар саду панҷоҳ соли охир тавонистаанд ба низоми дунявӣ бирасанд ва ҷомеаи хешро ҳампояи кишварҳои аврупоӣ гардонанд. Дар ин роҳ омилу сабабҳо ва расидан ба ин поя гуногун будаанд. Аммо ҳанӯз ҳам дар ҷаҳон  кишвари динмеҳвару динсолору хурофотпараст боқӣ мондаанд, ки хатар барои башарият мебошанд!

Дар тӯли таърих гурӯҳҳои фурсатталаби исломию калисо ҳамеша барои расидан ба қудрат ва гирифтани ҳокимияти сиёсӣ кишварҳои динсолор сели борони таассубу хурофот ва арзишҳои пучу бебунёдро дар қолабҳои ҷаззобу дилфиреб ба мисли курраҳои рангии дарунхолӣ пешкаши тӯдаҳои мардум кардаанду мекунанд. Дар забони ин гурӯҳҳои  ифротӣ  ҳарчанд мафҳумҳои “давлат”, “миллат” ва “озодӣ”,  дар чархиш бошад ҳам, ҳеҷ гоҳ ин тӯдаи риёкор аз давлату миллати хеш  дифоъ намекунанд, балки дар сохтани миллати диниву мазҳабӣ буданду ҳастанд!

Риёкори дин ва мазҳаб ҳимоят аз кору амалҳое мекунанд, ки ҳеҷ гоҳ миллат ва мардумро ба пешрафт намерасонад, зеро ин гурӯҳҳои ифротӣ ҳамеша санге дар масири рушд будаанду ҳастанд. Афкори таассубиву хурофотӣ ва ғайримантиқиву бебунёд мардумро ба ҷаҳолату нодонӣ савқ медиҳад ва аз  мардум миллиятро мегирад. Ин ҳолатро метавон дар кулли кишварҳое, ки сохти сиёсии динсолор доранд, бармало мушоҳида намуд.

Мутаассифона, дар кишварҳои шарқӣ, бахусус дар кишварҳое, ки бошандагонашон мусалмононанд, гурӯҳҳои муайян аз бовару эътиқоди мардум истифода намуда хурофот мебофанд ва яке аз хурофотҳои маъмулӣ ин аст, ки ин навъи гурӯҳҳои сиёсӣ ҳамагуна саодат ва пешрафтро даргузашта мебинанд ва ҳамин гуна онро ба як марҳилаи гулгулшукуфоӣ ё марҳилаи тиллоӣ ёд мекунонад.

Агар ба воқеъияти ин гуфтор таваҷҷуҳ намоем, аслан ҳамон марҳилаи гулгулшукуфоӣ манзур осор ва эҷоди нафаронеро дар назар доранд, ки дар чорчӯби хирадгароиву озодандешӣ ва берун аз дастуроти шаръӣ бо такя ба улуми мантиқиву табиӣ кашфиётҳоеро анҷом додаанд ва ба дасти мутаассибону хурофотиёни замони хеш мавриди шиканҷа ё ҳиҷрат қарор гирифтаанд. Ибни Ровандӣ, Закариёи Розӣ, Абуалӣ Сино, Абурайҳони Берунӣ, Умари Хайём ва садҳо тани дигар ҳамеша дар андешаи ва пайкори рушду нумуи донишҳои зиндагисоз буданд. Барои ин амалашон ҳамеша аз дасти таассубзадагони айёми хеш ранҷ дидаанд. Дар сарсонӣ ба сар бурдаанд. Ин навъ дурӯғбофӣ ва шайёдӣ як навъ мағзшӯие аст, ки мардумро гумроҳ мекунанд ва онҳоро хаёлан ба нокуҷоободи таърих савқ медиҳанд. Гурӯҳе, ки исломгароӣ ё ҷомеаи исломиро таблиғ мекунанд, нафаронеанд, ки бозори хурофафуруширо дар авҷ нигоҳ медоранд ва тавассути он мехоҳанд мардумонро дар бумбаст, нодонӣ  ва ҷаҳолат нигоҳ медоранд.

Исломгароёну динсолорон одатан то замони расидан ба қудрат аз мафҳумҳое аз қабили ҳуқуқи башар, озодии инсон, мардумсолорӣ ва амсоли ин ба таври густурда истифода менамоянд. Аз демократияе ҳарф мезананд, ки назирашро ҷаҳон надидааст, вале вақте ба қудрати сиёсӣ бирасанд, ҳамаро канор мегузоранд ва аслан дар муқобили мардумсолорӣ ва ҳуқуқи башар қарор мегиранд.

Онҳо аксаран даъво мекунанд, ки гӯё эҳёгари маънавӣ ва бозгашт ба асри тиллоии дин бошад ва тамоми муқаддасоти диниро барои ҳимоят аз худ ва собит намудани гуфтаҳояшон мавриди суистифода қарор медиҳанд. Худро чунон вонамуд мекунанд, ки онон аслан иродаи холиқ ва фармудаҳои онро барои ҷомеаи башар дар миён мегузоранд. Яъне худро ҳамчун як пуле ё пайвандгаре байни замину осмон нишон медиҳанд.

Дар байни тудаҳои мардум худро инсони муъҷизаосо ва ба қавле “худодод” ё “хоса” ҷилва медиҳанд. Онҳо аз бовари мардум суистифода намуда, мухолифини хешро бо барчаспҳои гуногун мавриди таҳқир қарор медиҳанд. Ба ин восита дар ҷомеаҳои суннатгарою анъанавӣ тарсро дар дили рушангарону дигарандешон ба вуҷуд меоваранд. Яъне ба тарзе исломгароён то расидан ба қудрат чеҳраи дигар доранд ва аз афсонаю асотири дигар истифода менамоянд ва ба мардум ваъдаи биҳишту саодат ва ахлоқу одамият медиҳад. Вале чун ба қудрат мерасанд, ба баръакси хеш табдил меёбанд ва барои низоми ҳокимияти сиёсии хеш аз бадтарин шеваҳои саркӯбгар истифода менамоянд.

Ин гурӯҳ аслан нодониро бар доноӣ, ҷаҳлро бар хирад, зулмотро бар нур тарҷеҳ медиҳанд. Ҳамин аст, ки онҳо ҳамеша аз нодониву зудбоварӣ истифода менамоянд ва тудаҳои мардумро гул мезананду мефиребанд. Ҳамаи навъҳои ҳокимияти теократии имрӯзӣ нишон додаанд, ки ҳеҷ кадоме аз ин навъи низомҳои сиёсӣ низоми комил ва муваффақ набудаанд ва буда ҳам наметавонанд.

Ин пеш аз ҳама ба он вобастагӣ дорад, ки ҷаҳони имрӯзро, ки ҷаҳони дониш фанноварӣ ва техникӣ аст, онро бо шеваҳои асри миёна нашояд идора намуд. Зеро он шеваҳои идоракунии асри миёнагӣ марбут ба ҳамон тафаккур ва ҳамон тарзи зиндагӣ аст.

Инсони имрӯзиро бо он шеваҳо идора кардаанд ва ё дар ҳамон сатҳи ҷаҳонбинию ҷаҳонфаҳмӣ нигоҳ доштаанд ғайри имкон аст ва он ҳамеша мавриди бархӯрди байни ашхоси ҷомеа ва ҳокимияти сиёсӣ қарор мегирад. Аз тарафи дигар, ин шева мардумонро ба барда табдил дода, ҷомеа ва давлату миллатҳоро осебпазир мегардонад.

Муқовимати иҷтимоиро аз байн мебарад ва ҳараҷу мараҷ ба миён оварда, заминаҳои миллиятро дар баданаҳои иҷтимоӣ аз байн мебарад. Ба ҷои ин ки инсонҳоро ба саодату хушбахтӣ бирасонад, онҳоро ба фақри маънавию  иқтисодӣ ва фақри ахлоқӣ гирифтор менамоянд.

Бо назардошти нуктаҳои дар боло ишора шуда зарур аст, ки он гурӯҳҳое динҳоро таблиғ мекунанд аз онҳо сиёсат месозанд ва ба мардум ваъдаҳои осмонӣ медиҳанд дуруст шинохта шаванд, зеро имрӯз ҳар ҷомеа ва ҳар кишвар танҳо аз роҳи дунявияту мардумсолорӣ метавонад ба пешрафт ноил гардад. Мардумонашро ба саодат бирасонад ва озодиву ҳуқуқи башарро барои онҳо таъмин созад.

Имрӯз дигари ҷаҳон боз аст ва ҳамарӯза садҳо кашфиёт дар илм мешавад, бо дурӯғгӯиву хурофафурӯшӣ имкон надорад мардум ва ҷомеаро пешбурд ва онро ба сатҳи кишварҳои пешрафта расонид. Дар замоне, ки инсоният аз фанноварии ҳушманд истифода менамояд ва ба сайёраву галактикаи дигар роҳ меҷӯяд, барои миллату мардуми хеш тарвиҷ кардани донишҳои бебунёд, онҳоро ба самти нобудиву фано роҳнамоӣ кардан, хиёнат ба миллату инсоният аст!

Ақли башар ба авҷи фалак бол мезанад,

Дар хокбозиянд ҷавонони мо ҳанӯз– гуфтани шоире хушдорест ба давлату миллати Тоҷикистони соҳибистиқлол, то дар кутоҳтарин фурсат аз ҷаҳолат худро раҳо созанд.

 Хайрулло Раҷабалиев, сиёсатшинос

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь