Баъд аз он, ки бомдоди 11-уми августи соли равон вазири нақлиёти Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода қасди ҷони худ кард ва бо ду захми корд дар шикам дар беморхона бистарӣ гардид, худкушии корманди бахши амнияти Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе Шерафган Хоҷақулови 38-сола шӯреро дар шабакаҳои иҷтимоӣ барангехт.

Бино ба иттилои расмӣ, ҳар сол дар Тоҷикистон садҳо мавриди худкушӣ ё кӯшиши худкушии сокинон сабт карда мешавад. Дар соли гузашта теъдоди нафароне, ки ба худкушӣ даст заданд, 632 ададро ташкил дод.

Корманди Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Шерафган Хоҷақулов нисфирӯзии 26-уми октябр дар маҳали кор худкушӣ кардааст. Наздикони марҳум ба расонаҳо гуфтанд, ки номбурда бо нишони эътироз барои напардохтани музди меҳнати 9-моҳааш аз ҷониби корфармо, яъне фурудгоҳи пойтахт худашро аз таппончаи хизматӣ паррондааст.

Бародари марҳум Умед Хоҷақулов гуфт, ки Шерафган бо се фарзанди ноболиғ дар манзили иҷора зиндагӣ дошт ва аз ҳаққи истифодаи он 14 ҳазор сомонӣ қарздор буд: “Соҳибхона аз ӯ талаб кардааст, ки хонаро холӣ кунад”.

Ба назар чунин мерасад, ки Шерафган Хоҷақулов чанд рӯзи охир таҳти фишори равонӣ қарор доштааст. Агар аз як тараф напардохтани ҳаққи иҷораи хона ӯро азият дода бошад, аз ҷониби дигар муддати 9 моҳ нагирифтани маош ва шояд муносибати роҳбарияти фурудгоҳ косаи сабри ӯро лабрез кардааст.

Тибқи иттилоъ, марҳум Шерафган Хоҷақулов соати 13-и рӯзи душанбе бо ирсоли як паёмак ба телефони бародараш навиштааст, ки “омада мурдаи маро аз фурудгоҳ баред”.

Ҷасади Шерафган Хоҷақулов бегоҳи ҳамон рӯз барои ташхис ба беморхонаи “Шаҳраки тиббӣ” ё ба қавле “Медгородок”интиқол дода шудааст ва дар ноҳияи дилаш осори тири аслиҳа ошкор гардидааст.

Иддаои наздикони Хоҷақулов дар мавриди напардохтани ҳаққи музди меҳнати 9-моҳаи корманди фурудгоҳ дар ҳолест, ки як рӯз пас аз фоҷеа, 27-уми октябр Радиои “Озодӣ” аз қавли Маркази матбуоти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе иттилоъ дод, ки маоши Шерафган Хоҷақуловро пурра пардохта кардаанд ва метавонанд бо санадҳои бонкӣ онро исбот кунанд. Ба гуфтаи маъмурияти фурудгоҳи Душанбе, “ҳодиса ба масъалаи маош рабт надорад”.

Ин дар ҳолест, ки котиби маркази матбуоти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Ҷамила Ҳусейнова шаби 27-уми октябр дар саҳифаи фейсбукияш, норозиёна, дар муроҷиат ба расонаҳо навишт: “Диққат! Нафаре дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз номи Маркази матбуоти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳарчӣ навиштаву шарҳ дода истодааст! Он ман ва нафаре аз мо нест! Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе танҳо 1 котиби матбуотӣ дорад, яъне 1 штат, ки ӯ ҳам ҳоло гирифтори Covid-19 хоб аст!”. Аммо номбурда вобаста ба қазияи мазкур дигар ягон маълумотеро ироа накард.

Дар ҳамин ҳол, аз Прокуратураи нақлиёти кишвар, ки қазияи марги Шерафган Хоҷақулов он ҷо тафтиш мешавад, ба Радиои “Озодӣ” иттилоъ додаанд, ки ҳодиса ҳамчун “худкушӣ” таҳқиқ мешавад ва дар ин робита чанде аз масъулони фурудгоҳ ва ҳамкорони марҳуму шоҳидони ҳодисаро бозпурсӣ кардаанд.

Аммо бо гузашти се рӯз аз фоҷиа, маъмурияти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе қазияро шарҳ надодаанд ва маълумоти расмие дар мавриди пардохтан ва ё напардохтани музди меҳнати кормандашон пешниҳод накардаанд.

Як манбаи “Фараж”, ки қаблан дар ширкати “Тоҷик-Эйр” ба ҳайси стюардесса фаъолият мекард, гуфт, мушкили асосии аз кор рафтани ӯ сари вақт аз корфармо нагирифтани музди меҳнат буд. Ба қавли манбаъ, ин ҳолат чанд соли охир давом доштааст ва пардохти маошаш аз тарафи ширкат моҳҳо тӯл мекашидааст. Ӯ ба он назар аст, ки мушкили асосии ин корманди бахши амнияти фурудгоҳ маҳз нагирифтани маош буда метавонад.

Дар замони хурӯҷи пандемияи коронавирус дар ҷаҳон баста шудани роҳҳои ҳавоии давлатҳо ва мушкилоти иқтисодии ширкатҳои ҳавонавардӣ роҳбарияти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе низ мушкили молии корхонаро эътироф карда, иттилоъ дода буд, ки бо сабаби қатъи парвозҳо ночор кормандонро ба рухсатии бемузд фиристодаанд. Аммо наздикони Шерафган Хоҷақулов гуфтанд, ки марҳум то лаҳзаи марг сари кор буд ва амнияти фурудгоҳро таъмин мекард.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз кори фурудгоҳ ва ширкатҳои ҳавоии мусофиркашонии кишвар шикоят доранд. Онҳо мегӯянд, ки ҳамарӯза парвозҳои чартерӣ ба Русия, Истамбул ва Дубай сурат мегиранд ва арзиши чиптаҳо, масалан ба Русия аз 10 000 сомонӣ зиёдтар аст. Суоли мантиқии корбарон, ки мехоҳанд посух бигиранд, он аст, ки чаро нархҳо ба ин дараҷа боло рафтаанду боз ҳам ширкатҳо маоши кормандонро пардохта наметавонанд?

Аз фарҷоми ин фоҷиа хонандагонро огоҳ хоҳем кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь