Аз чӣ бояд шарм дошт? Аз он ки дигарон дар бораи мо чӣ фикр мекунанд? Воқеан, акнун тоҷик дар зеҳни оламиён ба омили даҳшатафканӣ бо сабки Давлати исломӣ табдил ёфтааст. Ҷавонони тоҷик нангинтарин кореро анҷом медиҳанд, ки дигарон фармоишаш медиҳанд. Аз чӣ бояд шарм кард? Аз ҳамин даҳшатафканӣ, ки онро ҳам барои ризои хоҷааш иҷро мекунад?

Шарм як инсон ва ё як мардумро итминон мебахшад, ки ӯ аз дигарон фарқ мекунад. Фарқи худро дар кам, ночиз ва беқадр будани худ меёбад. Дигарҳо мутамаддинанд, аммо ӯ ваҳшӣ, дигарҳо пешрафта, аммо ӯ қафомонда, дигарҳо инсондӯст, аммо ӯ бераҳм… Ӯ гумон мекунад ҳама ба сӯйи ӯ ангушти ишорат мезананд, ки бубин ин навъи камтарро.

Ӯ худро навъи камтар дармеёбад. Барои ҳамин, мекӯшад ба дигарон монанд шавад. Риш ҳам ба ҳамин хотир мемонад, мӯйлаб ҳам барои ҳамин метарошад, сатр мепӯшад, намоз мегузорад, ҳаҷ меравад ва ё баръакс, ҷома бадар мекунад, тавқ (галстук) мебандад… Билохира, барои ба дигарон монанд шудан, барои он ки дигарон ӯро дигар надонанд, ангушти ишорати онҳо зеҳнашро хароб насозад, барои дигарон фидоӣ ё худ пешмарга мешавад. Курдҳо худро “пешмарга” сохтанд, то барои ормонҳои худ  маргро бипазиранд. Ормонҳои онҳо аз тобеияти турку арабу форс раҳо шудан аст. Аммо тоҷик пешмарга шуд, то барои амалӣ кардани ормонҳои дигарон маргро бипазирад. Шарм ормонҳои ӯро бар он бунёд мекунад, то барои ба дигарон монанд шудан на фақат худро фидо кунад, балки ҳамаро қурбон созад. Магар ҳамин нест сабаби даҳшатафкан шудани тоҷик?

Шарм эҳсоси воқеиятро мекушад. Як кас ва ё як миллат наметавонад дар зери бори шарм ташхис диҳад, Дигарон киҳо ҳастанд?  Балки ин Дигарон дар зеҳни ӯ вуҷуд дорад, ангушти ишорат мағзи ӯро хароб мекунад. Ҳар гоҳ аз кӯча меравад, гумон мекунад ҳама ба сӯйи ӯ ишорат доранд. Дар кор фикр мекунад ҳама дар пушт дар бораи ӯ мегӯянд. Шояд ин Дигарон дар асл, берун аз зеҳни ӯ вуҷуд надошта бошад. Шарм намегузорад, то вазъиятро солимона баҳогузорӣ кунад.

Шарм ӯро водор мекунад, ки разолатҳои худро дуруст ва лозим шуморад, чун ҳамин разолатҳоро Дигарон ҳам доранд. Дар ҳамин ҷустуҷӯйи монандӣ бо Дигарон аз худ мепурсад: Кӣ ӯро навъи камтар меномад: Араб? Турк? Рус? Аврупоӣ? Магар онҳо бартаранд? Магар онҳо миллионҳоро барои идеяҳои пучи худ накуштаанд ва ҳанӯз намекушанд? Шарм ӯро ба он вомедорад, ки разолатҳои худро ба разолатҳои дигарон муқоиса кунад ва чун ин разолатҳоро дар дигарон ёфт, осуда ва хотирҷамъ шавад. Мепурсад: “Магар дигарон миллионҳоро барои идеяҳои пучи худ накуштанд ва намекушанд?” Ин пурсиш ӯро ором мекунад, разолатро шарофат мешуморад ва виҷдонаш таскин меёбад. Гӯё дигар намешармад. То ҳанӯз ӯ ба худ мегуфт, аз дигарон камтар аст. Акнун мегӯяд ба онҳо монанд аст. Чӣ ҷойи шарм?! Дигар осуда мешавад ва ба он разолатҳое, ки мояи шармсориаш буданд, акнун хӯй мегирад, одат ва қаноат мекунад: “Дигарон одам куштанд, ман ҳам куштам, боке нест. Балки ҳамин аст шарти ба дигарон монанд шудан.”

Аз шиддати шарм як инсон ва ё як мардум дар пайи он мешавад, ки худро сафед кунад, масъулиятро қабул накунад, амалеро, ки анҷом додааст, эътироф накунад ва ҳақиқатро пайваста инкор созад.

Эътирофи мушкилӣ нисфи ҳалли мушкилӣ мебуд. Аммо шарм намегузорад, то мушкилиро эътироф кунем. Эътироф накардан осонтар аст, гарчанде он худфиребӣ аст. Гӯё он моро аз масъулият озод мекунад.

Шарм эътирофи разолатро саркӯб ва эҳсоси ифтихор падид меорад. Ҳар бинои пурҳашамате, ки аз ифтихор баланд шудааст, на нишонаи бузургӣ, балки асари шарму худкамбинӣ аст. Алфред Адлер мегӯяд, ба худии худ худкамбинӣ айб нест. Он ҳолати табиӣ ва зарурӣ барои рушду такомули инсон аст, вагарна ӯ худро комил дониста, дар як ҳолати ибтидоӣ, нотамомӣ ва норасоӣ мунҷамид мемонд. Аммо чун инсон майли худро ба рушду такомул инкор кард, худкамбиниаш ба уқда табдил меёбад. Боз ҳам, ниёзи инсон ба рушду такомул аз байн намеравад, балки саркӯб мегардад. Дар натиҷа, уқдаи худкамбинӣ дар зеҳни ӯ идеяҳо ва образҳои бузургӣ меофарад, ки ба воқеияти ӯ созгору муносиб нестанд. Ӯ ҳақорату ночизии худро бо ин идеяҳо ва образҳо ҷуброн месозад. Ҳамин гуна, ҳисси бузургманишӣ ва ифтихор шакл мегиранд, ки дар асл ҷуброни шармсорӣ ҳастанд.

Солҳо барои рушду такомули худ коре накардем, аммо рушду такомулро дар гузашта ҷустем  ва дар бузургоне ёфтем, ки ба ҷуз тасаввури фиребои худ дар бораи онҳо чизе намедонем. Ва барои шинохтани онҳо ҳам коре накардаем, ки онҳоро беҳтар аз дигарон шиносем. Ин бузургонро, ки аз худ медонем, аз нигоҳи дигароне мешиносем, ки моро ҳеч мешуморанд. Гузаштагароӣ ва бузургпарастӣ ҷуброни имрӯз аст, имрӯзе, ки бароямон мояи шармсорӣ аст. Солҳо дар ҳолати санг боқӣ мондем, аммо дар шаҳри хаёламон кушкҳои бузургӣ барафрохтем.

Шарм эҳсоси харобкор аст, чун шахс ва ё мардум кирдори худро эътироф намекунад ва афсонаҳое мебофад ва ба онҳо бовар мекунад, ки ӯ чунин кирдореро анҷом надодааст. Ба ҳар касе, ки кирдори ӯро ёдрас кард, нафрати пинҳонӣ пайдо мекунад. Шарм нафрату бадбинии саркӯбшудаи як шахс ва ё як мардуме аст дар нисбати дигаре, ки ӯро замоне таҳқир карда буд, “равшану ҷамшут” номида буд, аммо аз тарс ва беҷуръатӣ натавониста буд, ба он таҳқир сари вақт ҷавоб диҳад. Ҳар таҳқире, ки сари вақт ҷавоби сазовор наёфт, ба шарм табдил меёбад ва ин шарм инсон ва ё мардуми шармсорро барҳам медиҳад ва ё ин шахс ё мардуми шармсор аз таҳқиркунанда дар фурсати муносиб қасос мегирад. Он чӣ Ниче рессентимент меномад.

Мо эътироф намекунем, ки дар ҳодисаи хунини Крокуси Маскав тоҷикон даст надоштанд, аммо ин наметавонад ба маънои он бошад, ки тоҷикон дар ин ҳодиса дар ҳақиқат даст надоштанд. Агар далели қотеъ дар мавриди даст доштани онҳо набошад, ҳамин гуна, ҳанӯз далели қотеъ дар даст надоштани онҳо вуҷуд надорад.

Мо даст надоштани тоҷиконро дар ин ҳодиса қабул намекунем, чунки гумонбаронро шиканҷа кардаанд, аммо ин ҳам далел буда наметавонад, ки онҳоро аз гумонбарӣ озод кунем. Шиканҷаи гумонбарон ба мо танҳо иҷозат медиҳад, ки шеваи ғайриинсонӣ ва ғайриқонунии низомиён ва мақомдорони русро маҳкум кунем. Аммо шиканҷаи гумонбарон ба мо иҷозат намедиҳад, ки даҳшатафканиро тавҷеҳ диҳем.

Мо иддао мекунем, ки тоҷикон дар ин ҳодиса гӯсфанди қурбонӣ шуданд, аз онҳо истифода карданд, онҳоро фиреб доданд, ба дом андохтанд ва монанди инҳо. Аммо боз ҳам чунин ваҷоҳатҳо наметавонад онҳоро аз масъулият озод кунад, ки узви Давлати исломии Хуросон шуданд ва Давлати исломӣ онҳоро чун ҳезум барои оташи ҷанг истифода мебарад.

Шояд тоҷикон дар ҳодисаи Маскав даст надоштанд. Ҳанӯз бисёр чизҳо норӯшан аст. Аммо ба маҳзи узвияти тоҷикон дар Давлати исломии Хуросон акнун бисёр иттифоқҳое бо иштироки онҳо дар ҷаҳон меафтад. Инҳо тасодуфӣ нестанд. Бояд эътироф кард, ки тоҷикон дар низоми даҳшатафканӣ ҷойгоҳи хос доранд. Аммо ин ҷойгоҳи хоси тоҷикон дар як низоми даҳшатафкан вазъияти асафбори ӯро даҳчанд мекунад. Ӯ ҳамагӣ иҷрокунандаи барномаҳои зиддиинсонӣ аст. Ӯ ҳамагӣ дастхуши дигарон аст.

Худфиребӣ роҳи осони масъулиятро аз гардан соқит кардан аст. Пофишорӣ мекунем, ки тоҷикон дар ҳодисаи хунбори Крокуси Маскав даст надоштанд. Дигарон террорро ташкил карданд ва ба онҳо бор карданд. Тоҷик террорист нест, мегӯем. Террорист дину мазҳаб ва миллат надорад, мегӯем. Ҳанӯз додгоҳ тоҷикони боздоштшударо маҳкум накардааст. Ҳанӯз тафтишот идома дорад. Барои ҳамин, фарзияи бегуноҳии он ҷавононро риоят мекунем. Боз ҳам, набояд аз ғояти шарм худфиребӣ кунем. Бояд аз худ бипурсем: Агар тоҷикон дар ин ҳодиса даст надоштанд, чаро ва чӣ гуна аз онҳо истифода бурда шуд? Чаро аз мусулмонони дигар истифода накарданд? Чаро тоҷикон дар даҳҳо ҳодисаи террористӣ ва ё кӯшиши анҷом додани амалҳои террористӣ дар кишварҳои дигар, чун Эрон, Туркия, Олмон ва Афғонистон дастгир ва нобуд гардидаанд? Агар Туркия ва Олмон тоҷиконро пеш аз иҷрои амали террористӣ дастгир намекард, акнун ҳоли тоҷик чӣ буд? Тасаввур кунед, агар тоҷик Калисои ҷомеи Вена ва ё Кёлнро метарконд ва дар ин таркиш садҳо утришӣ ва ё олмонӣ кушта мегардиданд. Онгоҳ ҳам худфиребӣ мекардем ва мегуфтем моро истифода карданд? Мегуфтем, тоҷик террорист нест, балки террорист дину мазҳаб ва миллат надорад?

То кай худфиребӣ мекунем?

Ҳ. Холиқзода

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь