Санаи 25-уми ноябри соли 2021 аз ҷониби кормандони мақомоти амнияти ВМКБ дар ҳудуди вилоят амалиёти махсуси дастгиркунии аъзоёни гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ, ҷинояткори махсусан хавфнок Зиёбеков Гулбиддин Зиёбекович, санаи таваллудаш 01.06.1992, сокини деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа ва ҳаммаслакони ў, гузаронида шуд.
Зиёбеков Г.З. ва ҳаммаслакони ў аз 16 апрели соли 2020 бо моддаҳои 181 қисми 3 (Ғасби гаравгон аз ҷониби гурӯҳи муташаккил) ва 189 қисми 3 (Барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ)-и Кодекси ҷиноятӣ дар кофтукови расмӣ қарор доштанд.
Ёдовар мешавем, ки гуруҳи ҷиноятии мазкур санаи 1 феврали соли 2020 ёрдамчии прокурори ноҳияи Роштқалъаро гаравгон гирифта, муддати 8 соат ўро мавриди латукӯб ва шиканҷа қарор додаанд.
Ҳангоми гузаронидани амалиёт Зиёбеков Г.З. ва ҳаммаслакони ў, ки дар хонаи истиқоматии номбурда қарор доштанд, ба талаботи қонунии кормандони мақомоти амният итоат накарда, аз таслим шудан саркашӣ намуда, баръакс нисбати кормандони мақомот муқобилияти мусаллаҳона нишон дода, ҷониби онҳо аз таппончаи тамғаи «Макаров»-и ғайриқонунӣ дар ихтиёр доштааш, оташ мекушояд, ки дар натиҷа ду корманди амният ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ мебардоранд.
Аз ин лиҳоз, ҳамчун чораи истисноӣ кормандони мақомоти амният дар асоси муқаррароти моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал намуда, ба хотири зада гардонидани ҳамлае, ки ба ҳаёт ва саломатии корманди мақомоти амнияти миллӣ таҳдид мекунад, дар доираи ваколатҳои худ аз силоҳи хизматӣ истифода намуда, аввал ба ҳаво тири огоҳкунанда ва баъдан ҷониби онҳо тир мекушоянд.
Дар натиҷаи муқовимати мусаллаҳона Зиёбеков Г.З. безарар гардонида шуда, ҳаммаслакони ў ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.
Ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса силоҳи ҷинояткор Зиёбеков Г.З. таппончаи тамғаи «Макаров» бо як тирдон ва панҷ адад тир дарёфт ва гирифта шуда, ҳаммаслакони ў Ғуломшоев Тайғуншо ва Мирзоев Розиқ бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба беморхона дастрас карда мешаванд.
Вобаста ба тафтиши ҳолати безараргардонии Зиёбеков Г.З. санаи 25 ноябри соли 2021 прокурори шаҳри ХоруҒ Рауфзода Носир ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ дар якҷоягӣ бо 2 нафар кормандони прокуратура дар худуди Беморхонаи вилоятӣ аз ҷониби аъзоёни гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ бе ягон асос мавриди лату кўби шадид қарор дода шуда, ба онҳо ҷарроҳатҳои вазнини ҷисмонӣ расонида мешавад.
Роҳбарон ва аъзоёни гуруҳҳои муташаккили ҷиноятии ҳудуди ВМКБ бо мақсади амалӣ сохтани ҳадафҳои Ғаразноки худ ҳолати мазкурро тобиши ҷамъиятӣ дода, дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ ба таври ғайриқонунӣ гирдиҳамоӣ ташкил намуданд.
Ёдовар бояд шуд, ки роҳбари яке аз гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ Мамадбоқиров М.К., маъруф бо тахаллуси “Боқир” санаи 14 ноябри соли 2021 аз ҳиссиёти авбошӣ ба корманди милитсия ҳангоми адои хизмат бо истифода аз табар ҷароҳати ҷисмонӣ расонида буд. Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати “Боқир” парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти он идома дорад. Аз ин хотир “Боқир” бо мақсади аз ҷавобгарии ҷиноятӣ дур монданаш мардумро ба гирдиҳамоии Ғайриқонунӣ даъват карда, онҳоро бо нушокии спиртӣ ва воситаҳои нашъадор таъмин карда истодааст, то ки ҷамъомадагон дар ҳолати мадҳушӣ қарор дошта, тамоми супоришҳо ва хоҳишҳои “Боқир”-ро иҷро намоянд.
Аксарияти шаҳрвандон, ки барои иштирок дар гирдиҳамоии ғайриқонунӣ ба мақомот дастрас шудаанд, дар ҳолати мадҳушӣ қарор доранд.
Тибқи маълумотҳо тахминан 600-700 нафар сокинони шаҳри Хоруғ расман дар қайди нашъамандон ва майзадагон қарор доранд, лекин шумораи мазкур зиёда аз 2000 нафарро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон, ҷинояткори хавфноки дигар Аловатшоев Амриддин, ки бо ҷурми таҷовуз ба номус ва гаравгонгирӣ дар ҷустуҷў буда, дар ҳудуди Россия қарор дорад, аз ҳисоби зодагони ВКМБ, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ машғул мебошанд, дар назди бинои Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Москва гирдиҳамоӣ ташкил намудааст.
Инчунин роҳбарон ва фаъолони ташкилотҳои экстремистӣ-террористии “Ҳизби наҳзати ислом”, “Паймони миллӣ” ва “Гуруҳи-24”, аз ҷумла М.Кабирӣ, Муҳамадиқболи Садриддин ва Алимов Шерзамон дар шабакаи интернетии “Ютуб” ва барномаҳои мессенгҷерӣ аз тазоҳуроти шаҳри Хоруғ истифода намуда, тамоми шаҳрвандони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро барои тазоҳурот даъват карда истодааст.
Саркардаҳои гуруҳхои муташаккили ҷиноятӣ ва эътирозгарон аз ҳиссиёти авбошӣ бо мақсади қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, сардори ШВКД шаҳри Хоруғро, ки бе яроқ буд, бо истифода аз корд захмӣ намуданд, ки дар натиҷа ў ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Илова бар ин, якчанд нафар кормандони милитсия ва амният ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ оид ба таъмини амнияти сокинони шаҳр мавриди лату кўби шадид қарор дода шуда, ба саломатии онҳо низ зарари вазнини ҷисмонӣ расонида шудааст.
Инчунин, санаи 25.11.2021 сол, соати 14:00 дақиқа аъзоёни гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ба бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҳамла оварда, хизматчиёни ҳарбиро лату кўб намуда, аз онҳо силоҳи хизматиро тасарруф кардаанд. Ҳамчунин шишаҳои тирезаҳои биноро бо санг зада мешикананд.
Ба Ғайр аз ин, шаби 25 ба 26-уми ноябри соли ҷорӣ як гуруҳи шахсони номаълум ба Отряди сарҳадии шаҳри Хоруғ як чанд маротиба суиқасди ҳамла намуданро анҷом додаанд, ки дар натиҷаи чораҳои андешидаи хизматчиёни ҳарбӣ гуруҳи мазкур пароканда ва аз назди иншооти ҳарбӣ дур карда шуд.
Санаи 27 ноябри соли 2021, соати 14-00 дақиқа бо мақсади ба эътидол овардани вазъият раиси ВМКБ Мирзонабот А.Х., вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гиёзода Азиз ва чанд нафар кормандони ҳокимияти маҳаллӣ ба назди тазоҳуротчиён ба майдон баромада, ба онҳо асли воқеа ва ҳодисаро фаҳмонида дода, ба саволҳои онҳо ҷавоб доданд. Мардуми сарбаланд ва шарафманди бадахшонӣ пас аз гуш кардани Мирзонабот А.Х. ва дигар намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ қонеъ шуда, майдонро тарк мекунанд.
Аз ин ҳолат саркардагон ва аъзоёни гуруҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ ба ғазаб ва хашм омада, бо мақсади давом додани амалҳои Ғайриқонунии худ нисбати раиси вилоят ва дигар намояндагони ҳокимияти давлатӣ қувваи зўрии ҷисмонӣ истифода карда, онҳоро зери сангборон қарор додаанд.
Дар натиҷа Мирзонабот А.Х. ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гиёзода Азиз, инчунин ду нафари дигар хизматчии давлатӣ ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, то кунун бистарӣ мебошанд. Ҳамзамон як воситаи нақлиёти давлатӣ сангборон карда шуда, он корношоям гардонида шудааст.
Бинобар ин, тибқи муқаррароти қонунгузорӣ аз тарафи кормандони ҳифзи ҳуқуқ бо мақсади зада гардонидани ҳамла ба намояндаи ҳокимияти давлатӣ аввал огоҳ намуда, баъдан ба ҳаво тир кушодаанд.
Дар натиҷаи амалҳои авбошона ва тахрибкоронаи аъзоёни гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва сокинони гумроҳзадаи вилоят дар санаҳои 25-27 ноябри соли ҷорӣ даҳҳо дарахтони канори роҳи мошингард бурида шуда, бо воситаи ин дарахтон роҳи автомобилгарди байналмилалии “Душанбе-Хоруғ-Қулма” баста шуда, воридоти молу маҳсулот ва рафтуомади виситаҳои нақлиёт қатъ гардидааст.
Дар маҷмуъ ба соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимомии ВМКБ зиёда аз 3 миллиону 560 ҳазор сомонӣ зарарӣ моддӣ расонида шуда, раванди муътадилии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатии вилоят халалдор гардидааст.
Қобили қайд аст, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пеш аз истифодаи силоҳи хизматӣ тибқи мукаррароти қонунгузорӣ сараввал ба ҳаво ҳамчун чораи огоҳкунӣ тир кушода истодаанд, аз тирҳои резинӣ истифода доранд.
Вобаста ба ҳодисаҳои рухдода аз тарафи прокуратураи вилоят нисбати аъзоёни гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуда, пешбурди тафтиши пешакии онҳо идома дорад.
Аз ин хотир, саркардагон ва аъзоёни гуруҳҳои муташккили ҷиноятӣ дар ҳаросанд, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбати онҳо чораҳои бетаъхири қонунӣ меандешанд ва бинобар ин онҳо кўшиш карда истодаанд, ки гирдиҳамоӣ пароканда нашавад.
Тибқи талаботи қонунгузорӣ ба ашхоси ихтиёран ба тафтишот ҳозиршуда сабукии ҷазо пешбинӣ гардидааст. Дар ҳолати ихтиёран ба тафтишот ҳозир нашудан, нисбати шахсони гунаҳкор чораҳои қатъиёна андешида мешаванд.
Ҷомеаи шаҳрвандӣ, сиёсатмадорон, сокинони фаъол ва аҳли зиёиён, аз ҷумла академик Илолов Маҳмадшо, профессор Ҷамшедов Парвона ва дигар мансабдорони Бадахшон амалҳои ғайриқонунии гуруҳҳои муташаккили ҷиноятиро қотеона маҳкум намуда, ба хотири пойдории қонуният ва риояи тартибот дар вилоят аз кулли шахсони дар гирдиҳамоиҳои ғайриқонунӣ иштироккунанда даъват доранд, ки фирефтаи доираи одамони манфиатҷуи ин гирдиҳамоиҳои ғайриқонунӣ нагарданд.