Генерал! Вақте кас ин калимаро ба забон меорад, пеши назараш як шахси бадҳайбате, ки садояш аз ҳайкалаш ҳам бадвоҳиматар аст, намудор мегардад. Генерал унвони ҳарбиест,ки онро сарвари давлат ё роҳбари рақами аввали кишвар барои  хизматҳои дурудароз  ва вазифаи муҳимме,  ки шахс дар соҳаи худ анҷом додааст ва ё медиҳад, тақдим мекунад. Ин калима дар шаклҳои гуногун дар ҳамаи забонҳои дунё мавҷуд аст, масалан дар форсӣ “ҷенерол”. Понздаҳ сол пеш генерал Худойқул Ҳамроқулов ба ман пешниҳод кард, ки дар бораи як дӯсташ, генерал  Давлат Мамадназарбеков ба муносибати 70-солагиаш чизе нависам. Он вақт гумон кардам, ки дар рӯ ба рӯйи худ чунин шахсеро хоҳам дид, ки дар боло тасвир кардам. Аммо сахт ғалат карда будаам.

…Дари хонаи якҳуҷрагиро ба рӯям як марди  сарсафеди миёнақад, ки тахтапушташ бо гузашти солҳо андаке хамида буд, боз намуд ва бо садои на он қадар баланд таклифи даромадан кард.

– Салом, ман аз газета, генералро дидан мехостам…

– Марҳамат, мана ман, – бо ҳамон садои оромонаи худ ҷавоб дод ҳамсӯҳбатам ва маро ба хонаи нишасташ даъват намуд. Сари мизи пастаке  як чойник чой ва қанддоне гузошта буданд,ки дар дохилаш чанд “конфет” дошт.

-Генерал Ҳамроқулов хоҳиш карданд, ки бо шумо вохӯрам…, – аз чӣ сар кардани суханро надониста чунин гуфтам.

Чеҳраи  нуронии мардро табассуми мулоиме оро доду гуфт:

  • Оҳ, ин Худойқуле…

Инак, аз шиносоии мо бо генерал Давлат Мамадризобеков понздаҳ сол сипарӣ шуд ва ҳоло ин шахси хоксору самимӣ ва марди шуҷову дилсӯзи миллат 85-сола шуданд.  Дар муддати ин понздаҳ сол ман бо  генерал борҳо ҳамсӯҳбат шудам ва чанд мақолаю очеркҳо низ дар борааш навиштам. Аммо бештар инсонигарии ӯ ва қадршиносиаш нисбати дӯстонаш таъсирам кардааст. Генерал Давлат Мамадризобеков зодаи Бадахшон буда, зодгоҳашро, ки аслан деҳаи Манем ном дорад, мардум  “деҳаи генералҳо” мегӯянд.  Зеро дар Манеми Шуғнон  гаҳвораи 4 тан аз  генералҳои тоҷикро ҷунбондаанд.

-Устод, мегӯянд, ки дар замони ҷанги Афғонистон сафорати Русияро аз дасти Толибон як афсари тоҷик халос карда будааст. Ин ростмӣ? – боре аз ман суол кард як нафар аз ҳамкорон, ки  маро чун иштирокчии ин ҷанг “мутахассис” меҳисобид. Чун таърихи ин ҳодисаро медонистам, бори дигар ба вай қисса кардам.

–  Он вақт Толибон набуданд,балки ҳамаи муқобилони ҳукумати вақтро  муҷоҳид мегуфтанд. Ман ин ҳодисаро пас аз оне, ки аз шабакаи ТВ Русия дар ин бора барнома таҳия ва пахш шуд, пайгирӣ кардам. Воқеан, полковники КГБ СССР Давлат Мамадризобеков, ки пас аз дар сафорати Русия пошхӯрии ин абарқудрат, дар Кобул чун сардори хадамоти амниятӣ  ифои вазифа менамуд, он замон ҳайати ин сафоратро аз дасти яке аз сарварони хунхори муҷоҳидон Ҳикматёр халос карда, ба ватанашон фиристода буд. Гап дар сари он аст, ки вақте ки муқобилони ҳукумати доктор Наҷибулло вориди Кобул шуданд, пойтахт ба чанд қитъа тақсим шуд, ки зери нуфузи ҳизбҳои гуногуни исломӣ буд. Масалан, Аҳмадшоҳи Масъуд як қисмати шаҳр, Ҳикматёр қисмати дигари  он ва Дустум қисмати саввум ва майдони ҳавоии  Кобулро зери назорат доштанд. Вақте ки авзоъро дар шаҳр гурӯҳҳои Ҳикматёр  хатарноктар карданд, Русия хост, ки сафорати худро аз Кобул берун кунад ва полковник Мамадризобеков ҳамчун роҳбари гурӯҳе, ки бехатарии кормандони сафоратро таъмин мекард, бояд роҳҳои бе мушкилӣ гусел кардани онҳоро меҷуст. Ӯ ба назди одамони Аҳмадшоҳ рафт, то амнияти кормандонро то фурудгоҳ, ки ба он ҷо бояд тайёраҳои русӣ омада кормандонро интиқол медоданд, кафолат диҳанд. Он ҷо ба вай гуфтанд, ки ҳарчанд ин минтақа зери назорати онҳо нест, вале кӯшиш мекунанд, ки ин корро иҷро кунанд. Акаи Давлат дар ин бора ба сафир маълумот дода, зери ҳимояи як гурӯҳи хурди сарбозоне, ки  амнияти сафоратро таъмин менамуданд, кормандонро бо чанд мошин ба фурудгоҳ мерасонад. Аммо ҳодисае рух медиҳад, ки пешбинӣ кардани он ғайриимкон буд. Аз теппаҳои атрофи фурудгоҳ ба тарафи тайёраҳое, ки аввалаш аллакай ба замин нишаста, як қисми кормандонро савор мекард, аз миномётҳо оташ кушоданд.

Тайёраи аввалин коре карда ба ҳаво баланд мешавад ва тайёраи дигар ба замин мешинаду дигарон ба он  савор шудан мехоҳанд. Дар ҳамин асно тири тӯпхона рост ба даромадгоҳи он мезанад ва чанд нафарро захмӣ ва ду нафар ба ҳалокат мерасанд. Тайёра бошад оташ мегирад. Давлат мебинад, ки дигар имкони фиристодани одамон нест ва майдони ҳавоӣ ба майдони ҷанг табдил ёфтааст, боқимондаҳоро зери тирборони одамони Ҳикматёр ба таҳхонаи фурӯдгоҳ мебарад. Аллакай шаб шуда буд ва аз Маскав хабар медиҳанд, ки минбаъд ба Кобул ягон тайёра фиристода наметавонанд ва худашон барои хориҷ шудан аз ин кишвари ҷангзада ҳисоби корро ёбанд. Дар таҳхона ҷаласаи кормандони боқимондаи сафорат баргузор мегардад ва роҳҳои гуногуни аз Афғонистон баромаданро маслиҳат  мекунанд. Як қисми кормандон мехоҳанд аз тариқи Покистон бо роҳи заминӣ тарки кишвар кунанд, вале роҳбари хадамоти амниятӣ Давлат Мамадризобеков мехоҳад, ки кормандони сафорат аввал ба Мазори Шариф раванду баъд аз он дарёи Панҷро убур кунанд. “Ман барои ин аз Дустум тайёра мепурсам” мегӯяд ӯ. Чун дар вақти хизмати пешинаи худ Мамадризобеков бо Дустум шинос буд, қумандон ин хостаи  Давлатро иҷро мекунад ва рӯзи дигар бо ду тайёраи хурд ҳайати боқимондаи сафорати Русия ба Мазори Шариф интиқол меёбаду аз он ҷо бо роҳи заминӣ то ба Тирмиз мерасанд. Давлат ва ҳамсараш ба тарафи Душанбе ва боқимондаҳо ба самти Русия мераванд.

Тавре мутахассисони соҳаи амният борҳо ба ман гуфтанд, агар ҳамон вақт аз рӯйи гуфтаи акаи Давлат амал намекарданду ҷасорати шахсии ӯ намешуд, ҷони кормандони сафорат зери хатар мемонд. Боре генерали дигар Худойқул Ҳамроқулов, ки худ низ яке аз шахсиятҳои хизматкарда дар сохторҳои амниятӣ аст, дар бораи ин шуҷоати  Давлат гуфта буд: “Ӯ дар Афғонистон кореро анҷом дод, ки як дивизияи пурра аз ӯҳдаи иҷрои он баромада наметавонист”. Баъдтар президенти вақти Русия Борис Елсин   ба полковник Давлат Мамадризобеков нишони “Барои мардонагӣ” (За мужество) супорид. Ин аст қиссаи корнамоии афсари тоҷик, ки ҷони даҳҳо дипломат ва аҳли оилаи онҳоро аз марги яқин наҷот дода буд. “Аммо барои ман фоҷиаи Ватан аз ҳамаи ин мушкилот вазнинтар буд, зеро агар ҷанги Афғонистон барои мо оташ дар ҳавлии ҳамсоя бошад, ҷанги шаҳрвандии худамон оташ дар хонаи худи мо буд ва қалбҳоро реш мекард.”, – мегӯяд генерал Мамадризобеков.

Бале, ҷанги дохилӣ дар кишвари мо хеле захмҳоро тоза кард ва то андозае баду некро бароямон аён сохт. Азбаски вақти бозгашти Давлат ба Ватан айни авҷи ин ҷанг буд, ӯ натавонист даъвати ҳамкори дигари худ Саидамир Зуҳуровро, ки “дар ҷасорату ақлу заковат аз ҳама боло меистад”(ибораи худи Мамадризобеков), рад кунад. Ҳамин тавр, дар зиндагии Давлат саҳифаи нави барояш боз ҳам мушкилтару муҳимтар оғоз мегардад ва ӯро муовини Вазири амният таъин мекунанд. Дар ин ҷода ӯ бо дигар кормандони содиқу ба Ватан вафодор паҳлӯ ба паҳлӯ истода, барои якпорчагию оромии Тоҷикистон хизмат мекунад ва дар аксар ҳолатҳо азхудгузарӣ ҳам мекунад.

  • Шумо дар ёд доред, ки дар роҳи Тавилдара як гурӯҳи нопок кормандони “Духтурон бедуни марз”ро кушта буданд?
  • Бале, – ба ёд овардам ман, – он вақт гурӯҳҳои ифротии мулло Абдулло корманди ин созмони байналмилалӣ, шаҳрванди Фаронса Карин Манн ва ҳамроҳонашро кушта буданд.
  • Дуруст, аммо ҳамаи он ҷинояткорон ба ҷазои аъмоли худ расиданд, – илова кардам ман.

Он лаҳза генерали солхӯрда ҳатто будани маро фаромӯш карда, ба андеша фурӯ рафт. Шояд он дақиқаҳо ӯ ба ёд меовард, ки чӣ тавр бо супориши Роҳбари давлат барои таҳқиқи ин фоҷиа ба минтақае, ки зери назорати мухолифин буд, сафар карда буд. Мушкилот боз дар он буд, ки ҷинояткорон аксар вақт ҳатто ба роҳбарони  худ итоат намекарданд. Махсусан, мулло Абдулло, ки бо Ҳукумати конститутсионӣ сахт мухолифат дошт, ҳеҷ ором шудан намехост ва пайваста пайи ягон амалиёти тахрибкоронаи навбатӣ буд. Новобаста ба ҳамаи ин мушкилот ба Давлат, ки сарварии ин гурӯҳи тафтишотиро ба ӯҳда дошт, муяссар гардид, ки дар кӯтоҳтарин фурсат ҷинояткоронро ошкор намуда, тавонист онҳоро ба пойтахт орад ва ба  дасти қонун супорад.

Дар як сӯҳбат Вазири амнияти ҳамонвақта Саидамир Зуҳуров ба нависандаи ин сатрҳо гуфта буд: “Ман ба ҳақиқатпарастӣ ва боҷуръатии Давлат сахт эътимод доштам, аз ин рӯ, маҳз ӯро ба иҷрои ин вазифаи масъул фиристодам. Зеро чашми ҷомеаи ҷаҳонӣ он шабу рӯз ҷониби Тоҷикистон буд, ки оё ҳукумати нав аз ӯҳдаи дастгир кардану ба мурофиаи судӣ кашидани террористон мебарояд, ё не. Хушбахтона, Мамадризобеков новоста ба он, ки аз ҷониби мулло Абдулло ва шарикони дигари ӯ ба ҷони аъзоёни гурӯҳи тафтишотӣ хатари марг таҳдид мекард, ин супориши муҳимро бо сари баланд иҷро кард.”

Пас аз ин, бо фармони Роҳбари давлат ба Давлат Мамадризобеков  унвони баланди генерал- майори амният дода шуд. Генерал Зуҳуров ҳақ аст ва ин марди шуҷоъ то имрӯз новобаста ба он, ки ба синни мубораки 85-солагӣ расид, ҳаргиз сари баландашро ба ҷуз пеши парчами Тоҷикистон, ҷойе хам накардааст. Дар остонаи зодрӯзаш ба ин марди ватанпараст ва муйсафеди нуронию инсондӯст умри дарозу бобаракат ва тансиҳатӣ таманно мекунем.

 Абдумудассир АҲМАДЗОДА,

рӯзноманигор

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь