Айни замон дар Тоҷикистон татбиқи барномаи ислоҳоти милитсия барои  солҳои 2014 – 2020 гузаронида шуда истодааст. Гуфта мешавад, ки барномаи мазкур бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.05.2014 таҳти рақами 296 тасдиқ гардида, аз 18 банд иборат мебошад. Роҷеъ ба мавзӯъ  суҳбате доштем бо роҳбари барнома, генерал майори милитсия Шодмонзода Фарҳод Алиёр. 

Лутфан чанд сухан роҷеъ ба пайдоиши ин идея, яъне амалӣ гардонидани барномаи ислоҳоти милитсия мегуфтед?

-Мо дар ҷомеае зиндагӣ дорем, ки дар тӯли 20 соли охир дар ҳама соҳаҳо, чӣ иқтисодиёт, чӣ сиёсат ва чӣ иҷтимоиёт тағйироти зиёде ба амал омаданд. Табиист, ки ин ислоҳот дар соҳаи ҳуқуқ ҳам мегузарад. Масалан, айни замон дар системаи судии кишвар марҳилаи дуюми ислоҳоти судӣ гузашта истодааст. Аз сабаби он ки Вазорати корҳои дохилии кишвар низ яке аз сохторҳои муҳими мақомоти қудратӣ дар Тоҷикистон мебошад, пешниҳод намудем, ки  дар системаи милитсия ҳам бояд тағйирот гузаронида шавад. 

– Ислоҳоти мазкур кадом вазифаҳоро дар бар мегирад ва аз кадом стратегияҳо иборат аст?

-Аввалан, соли 2012 ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон бобати ислоҳот дар соҳаи милитсия имзо гардид. Дар ёддошти тафоҳум ҳамаи он вазифаҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва САҲА дарҷ шудааст. Баъдан, моҳи марти соли 2013 стратегияи ислоҳоти милитсия аз тарафи Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид. Ин ҳуҷҷати давлатӣ масъалаҳоеро дар бар мегирад, ки ҳукумат дар мӯҳлати муайян онҳоро иҷро мекунад. Соли 2014 барномаи мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, – нақшаи чорабиниҳое, ки бояд дар мӯҳлати муайян амалӣ гарданд, тасдиқ карда шуд. Дар барнома баргузории 93 чорабинӣ зикр гардидааст. Бояд гуфт, ки ин чорабиниҳо баҳри беҳтар кардани фаъолияти милитсия равона карда шудааст. То имрӯз қариб 70 банди ин барнома иҷро шудааст ва ислоҳот дар милитсия идома дорад. 

– Пас аз ислоҳот дар милитсия кадом тағйирот ба амал меояд? 

-Аввалин тағироте, ки дар милитсия бояд гузарад ва он дар барнома зикр ҳам гардидааст, баланд бардоштани сатҳи дониш ва маҳорати касбии ҳайати шахсии кормандон аст. Дигар ин ки мо бояд ҳамкории мутақобил бо ҷомеаро ба роҳ монем ва шиори “милитсия – ин халқ ва халқ – ин милитсия”-ро шиори  худ гардонем. Сатҳи коррупсия дар мақомот паст бояд гардад, маоши кормандони милитсия баланд бардошта шавад. Илова бар ин, баъзе вазифаҳое, ки ба милитсия мутобиқ нестанд, онҳоро ба дигар сохторҳо гузарондан ба манфиати кор аст. 

– Масалан?

-Имрӯз дар мақомот шӯъбае бар зидди майзадагон кор пеш мебарад. Яъне, кормандони ин шӯъба, дар ҳоли дастгир кардан, майзадагонро ба ҳушёрхона мебаранд. Ин ваколат бояд ба ӯҳдаи Вазорати тандурустӣ гузаронида шавад. Яъне, то ҳушёр шудани майзадагон нигоҳубини онҳоро бояд кормандони Вазорати тандурустӣ ба ӯҳда дошта бошанд. Илова бар ин,  дар мо қабулгоҳи оворагардон амал мекунад, яъне, кор бо оворагардон. Ин ваколат ҳам бояд ба зиммаи Вазорати шуғли аҳолӣ гузаронида шавад. Ин ҳама дар стратегия дарҷ гардидааст. Вале то ҳол Вазорати корҳои дохилӣ ин вазифаҳоро иҷро карда истодааст. 

– Тавре қайд кардед, яке аз самтҳои барнома ва ислоҳоти милитсия ин наздик шудан бо ҷомеа мебошад. То имрӯз барои наздик шудан бо ҷомеа чӣ тадбирҳо андешида шудааст?

– Ҳамкории милитсия бо ҷомеа, яке аз самтҳои асосии барнома мебошад. Зеро барои ошкор ва мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ милитсия бояд бо ҷомеа ҳамкории зич дошта бошад. Барои ин Вазорати корҳои дохилӣ консепсияи ҳамкории милитсия бо ҷомеъаро қабул кард. Баъдан мо 7 шӯроҳои ҷамъиятӣ таъсис додем. Ин шӯроҳо барои ҳамкории зич миёни ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва милитсия мусоидат мекунанд. Ба ғайр аз ин, дар ҳама шаҳру ноҳияҳои мамлакат шӯроҳои ҷамъиятӣ, оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ таъсис дода шудааст. 

– То имрӯз чанд фоизи ин барнома иҷро гардидааст?

-Аз 93 банде, ки дар барнома омадааст, тақрибан 75%-и барнома, ки иҷрои онҳо аз Ҳукумати кишвар ва Вазорати корҳои дохилӣ вобастагӣ дорад, амалӣ гардидаанд. 25%-и дигар бандҳои дигари барнома ҳамон бандҳое мебошанд, ки амалӣ гардонидани онҳо маблағҳои калонро талаб мекунад. Масалан дар банди 10-и барномаи ислоҳоти милитсия, ки “таъминоти моддӣ – техникӣ ва воситаҳои махсус” унвон дорад, омадааст, ки таъминоти милитсия бо тамоми таҷҳизоти техникӣ, таъмин намудани сарулибоси низомии нав, таъмин намудани кормандони милитсия бо хонаҳои истиқоматӣ, варзишгоҳ ва дигар биноҳои маишӣ. Гумон мекунам, ин ҳама бояд марҳила ба марҳила амалӣ гардонида шавад. 

– Ислоҳот ин гузариш аз милитсия ба полис ҳаст? Оё ҳамин гуна пешниҳодҳо буд, ки полис неву ягон номи дигар, масалан: посбон, миршаб ё чизи дигар номгузорӣ шавад?

-Бале, дар вақти таҳияи стратегия чунин пешниҳодҳо низ савдо доданд. Вале таҳлили мо нишон дод, ки дар ҷаҳони муосир аз ҳама номи зебо политсия будааст. Дар тамоми кишварҳои хориҷӣ корманди тартиботи ҷамъиятӣ бо номи  “политсия” зикр мегардад. Аммо мо метавонистем ягон номи дигар гузорем. Масалан дар Фаронса, полисро жандармерия мегӯянд. Вале мо ҳамин политсияро қабул кардем. 

– Маблағгузори барнома кӣ аст?

-Маблағгузори асосии барнома Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донорҳову ташкилотҳое ҳастанд, ки беғаразанд. Аммо маблағгузори асосии барнома ин Созмони амният ва  ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон мебошад, ки дар он 57 давлати дунё аз ҷумла Тоҷикистон аъзо ҳастанд. 

– Ба фикри Шумо мардум аз ислоҳоти милитсия то куҷо бохабаранд ва дар ин бобат бо сокинони кадом минтақаҳо вохӯрӣ гузаронидед?

-Дар давоми 4 соле, ки ислоҳоти милитсия идома дорад, қариб дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар бо шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва шӯроҳои ҷамъияти оиди огоҳии ҷомеъаи шаҳрвандӣ аз ислоҳоти милитсия, вохӯриҳо гузаронидем. Бояд гуфт, ки дар ин вохӯриҳо нозирони минтақавӣ ширкат варзида, аз натиҷаи вохӯрӣ ва рафти иҷроиши барномаи ислоҳоти милитсия ба сокинон кишвар ахборот доданд. Ба ғайр аз ин, дар сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ, рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ ва ҳамчунин рӯзномаи ВКД “Қонун ва ҷомеа” дар ин бора маводи зиёд ба нашр расида буд. 

– Бовар доред, ки ҳама бандҳои барнома ва натиҷаҳои пешбинишаванда дар ислоҳоти милитсия  иҷро мешаванд?

-Агар дар ҳамон шакле, ки донорҳо маблағгузорӣ карда истодаанду Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон моро дастгирӣ карда истодааст кор идома ёбад, боварӣ дорам, ки соли 2020 мо ба полис мегузарем.

Ташаккур!

Мусоҳиб Хуршед Фозилов, МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь