Дар оғоз бояд зикр намуд, ки худи мафҳуми «ҷаҳонбинӣ» ҳамчун маҷмуи фикру ақида ва донишу тасаввуротҳои шахс дар бораи олам ва муносибати вай ба ин олам таъриф меёбад. Бидуни шак зимни меъёр қарор додани ҳатто таърифи мазкур низ дунявият тамоюли ташаккул аз худ дарак медиҳад. Яъне муносибати тамоюли дунёгароидоштаи шахс бидуни тардид аз донишу тасаввуротҳои ӯ маншаъ мегирад.
Хусусияти асосӣ ва фарқкунандаи дунявият мақоми муайянкунанда ва бартариятнок доштани арзишҳои дунявӣ нисбат ба арзишҳои динист, ки дар раванди фаъолияти ҳаётии одамон ба зуҳур мерасад. Чӣ хеле ки дида мешавад, мавқеи дунявият хусусияти зиддидинӣ надорад. Дар он мақоми аввалиндараҷа на ба арзишҳои динӣ, чуноне, ки дар ҷаҳонбинии динӣ мушоҳида мегардад, балки ба арзишҳои дунявӣ дода мешавад. Дунявият танҳо ба ҷаҳонбинии илмӣ ва дастовардҳои технологияҳои баланд такя менамояд. Ба қавли дигар, ҷаҳонбинии илмӣ шакли олӣ ва ифодаи комили мавқеи дунявист.
Дар ҳама гуна ҷомеа ҳамеша гуруҳи зиёди одамоне дучор меоянд, ки дар ҳаёти инфиродии онҳо нақш ва мақоми дунявият хеле барҷаста аст. Ин ҷо суоле пайдо мешавад, ки оё мо мавқеи дунявиятро бо ҷаҳонбинии рӯзмарра ё муқаррарӣ айният надода истодаем? Албатта, не. Зеро ҷаҳонбинии рӯзмарра метавонад динӣ бошад ва ё ҳадди ақал дар он арзишҳои динӣ афзалият дошта бошанд. Аммо дар шакли ҷаҳонбиние, ки манзури таҳлили мост, маҳз арзишҳои дунявӣ афзалият доранд.
Албатта, васеътар ва амиқтар шарҳу эзоҳ додани моҳияти мавқеи дунявият таҳлилу таҳқиқи ҷиддитарро дар муносибатҳои мухталифи қишрҳои гуногуни ҷомеа ба арзишҳои ҳаётан муҳими инсонӣ тақозо менамояд ва он мавзуи баҳси алоҳида хоҳад буд. Ин ҷо бо андешаҳои овардашуда иктифо намуда, мухтасаран таъкид намудан мехоҳем, ки нақш ва мақоми мавқеи дунявият на танҳо дар кишвари мо, балки умуман дар ҷомеаи ҷаҳонӣ тадриҷан бартарият касб карда истодааст.
Ҷомеаи дунявӣ, ки асоси он илмгароист, ҷомеаест, ки дар он нақши ҳалкунандаро зеҳният ва тафаккури инсонӣ мебозад. Ҳамаи мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ аз роҳи таҳлилҳои дурусти илмию мантиқӣ муайян шуда, роҳҳои ҳалли онҳо пешбинӣ мешаванд. Ҳамин аст, ки дар ин гуна ҷомеаҳо сармояи асосӣ зиёиён ва мутафаккирон ба ҳисоб мераванд. Ҷомеаи дунявии илмгаро танҳо ба андешаи инсоният, қудрату неруи зеҳнии он такя мекунад ва мушкилотро аз роҳи илму мантиқи зинда ҳаллу фасл менамояд. Шаҳрвандони ин навъи ҷомеа ҳар кадоме дорои ҳувият, шахсият ва андешаи худ буда, бо роҳи хираду дониш сатҳу сифати зиндагии хешро аз роҳи ақлу хирад боло мебаранд. Мутаассифона, дар ҷомеаҳои бештари кишварҳои шарқӣ, ки бештар ҷаҳонбинии динӣ ва донишҳои диниро ба гунаи асолат ва мутлақ қабул менамоянд, неруҳои зеҳнии инсонро маҳдуд карда, онро ба мавҷуди вобаста, бефоида, паст ва тарсанда табдил медиҳанд.
Зеҳнияти инсонро ба самти таассуб савқ дода, қабули андешаҳои гуногун ва таҳлилу баррасии онҳоро аз байн мебаранд. Ҳамин аст, ки ҷомеаҳое, ки низоми теократӣ доранд, инсонҳоро саркӯб месозанд. Дар онҳо ҳараҷу мараҷ ниҳоят зиёд буда, сатҳи донишҳои илмӣ ниҳоят маҳдуд аст. Муносибат ба одамон дар сатҳи баланди дискриминатсионӣ (ҷинсӣ, динӣ – мазҳабӣ, табақавӣ) вуҷуд дорад. Аксари ин навъи кишварҳо вопасгаро, мардумонаш фақир ва пуртаззоду ноустувору осебпазиранд.
Ҳамин гуна вазъро метавон дар кишварҳои Шарқи Наздику Миёна ба осонӣ мушоҳида намуд. Ҳарчанд ин кишварҳо аз лиҳози захоири табиӣ кишварҳои сарватманд ба ҳисоб мераванд, вале набуди сатҳи баланди донишҳои илмӣ ва ҳокимиятҳои теократие, ки дар ин кишварҳо ҳукмрон аст, бошандагони ҷомеаро ба нафарони таассубзадаву хурофотӣ табдил дода аст. Аз тарафи дигар захоири саршори табии дар ин кишварҳо мавҷудбуда бо сабаби набуди ҷомеаи ақлгаро ва илммеҳвар дар шакли ашёи хом ба кишварҳои дигар содир мешавад.
Гуруҳҳое ҳастанд, ки мехоҳанд бо роҳи ривоҷ додани донишҳои динӣ, мутлақ арзёбӣ кардани онҳо, афкори ҷомеаро ба тарафи худ тамоюл бахшида, аз ин роҳ дунявияти ҷомеаро аз байн баранд. Чунин навъи муносибат барои Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа хатарзо аст. Зеро таҷрибаи кишварҳои олам нишон додааст, ки ҳокимияти теократӣ ҳеч гоҳ на ба манфиати миллатҳо ва на ба манфиати шаҳравандон амалеро анҷом дода наметавонад. Он танҳо фарогири манфиати гуруҳҳои хурд ва табақаи рӯҳониён аст, ки аз роҳи тарвиҷи таассубу хурофот дукони тиҷоратии хешро гардон мекунанд, вале дар маҷмӯъ, миллатро дар беҳувиятӣ ва кишварро ба дастнигару истеъмолгар табдил медиҳанд. Ҳамин аст, ки дар муносибат ба навъҳои дониш бояд аз зовияи аҳамияти таърихӣ ва дурнамои рушди иҷтимоии ҷомеаҳо назар афканд.
Зеро ҷомеаҳое, ки илмгароянд хирад ва тафаккур асоси истеҳсолии онҳоро ташкил медиҳад. Баръакс, ҷомеаҳое, ки дорои ҳокимияти теократианд, бархӯрдҳо рӯз ба рӯз дар онҳо меафзояд, таассубу хурофот боло мегирад, бархӯрдҳои иҷтимоӣ зиёд гардида, саркӯбгарии ҳокимияти сиёсӣ меафзояд. Озодӣ ва ҳуқуқҳои инсон маҳдуд мешаванд. Табъизи ҷинсӣ, мазҳабӣ ва иҷтимоӣ меафзояд, осебпазирии иҷтимоӣ боло мегирад. Дар маҷмӯъ, ин кишварҳо дар раванди ҷаҳонишавӣ ҷойгоҳу мавқеи хешро аз даст медиҳанд.
Аз ин рӯ, пеш аз оне ки ин ё он таблиғоти аз тариқи расонаҳо ба фазо пахшгардида қабул карда шавад, борҳо бояд аз лиҳози ақлу мантиқи солими ҳар фард мавриди баррасӣ қарор бигирад.
Ёрмаҳмад Ниёзӣ,
номзади илмҳои фалсафа