Агарчи таърих ҳамчун илми ҷудогона дуним ҳазор сол пеш шакл гирифта бошад, Арнолд Тойнби дар “Маърифат таърих” ном асари бунёдиаш умри сайёраи Заминро беш аз 4 миллиард сол ва ҷомеаи башариро беш аз 40 ҳазор сол муқаррар кардааст. Яъне мо ҳар омӯзаҳое аз таърих дорем, як ҳиссаи хурде аз ҳаводиси оламу одам аст.

Табиист, ки мавзӯи таърих вақоеи гузашта ва сарнавишти башарият аст, ки бино ба фаҳмиши юнониҳои бостон раванди “санҷидан”, “донистан” ва “муқаррар намудан”-и далелу ҳодисаҳоро ифода мекард. Бунёдгузори ин илм Ҳеродот бо ҳадафи таълифи “Таърих”-аш бисёр сафар кард ва дар асоси таҳлилу муқоясаи ҳаводиси айём ҳамон асари бунёдиашро манзури ҳамагон намуд.

Аз сӯи дигар, таърих ҳофизаи мардум, ёди гузашта аст, аммо ин гузашта бо меъёрҳои имрӯза, бо назардошти арзишҳо ва ормонҳои одамони кунунӣ дар зеҳни башарият эҳё мешавад. Мутафаккири бузург Карл Ясперс ҳамин вазъро хеле хубу фаҳмо баён кардааст: “Таърих бевосита ба мо дахл дорад ва ҳар чизе, ки ба мо дахл дорад, проблемаи имрӯзаро барои инсон муайян мекунад”. Айни чунин маъноро қофиласолори адабиётамон  устод Абӯабдулло Рӯдакӣ хеле рӯшану возеҳ баён кардааст:

Бирав, зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,

Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд

Гули сари сабади фалсафаи классикии немис Иммануил Кант ақидае дошт, ки тибқи он “ҳадафи ҳар илме ё ҳофиза аст, ё хирад. Ин ду қобилият бояд инсонҳоро бофаҳму боақлтар кунад. Тақозои завқи ахлоқӣ ҳамин аст: ҳар илмеро, ки вазъи инсонро беҳ накунад, хеле паст баҳо медиҳанд”. Аз ин ҷиҳат, ҳама илмҳоеро бояд наку донист, ки неруи фикрии инсон ва қобилияти ӯро дар маърифати неку бад ва ҳаққу ботил, ҷаҳолату дониш, рӯшаниву торикӣ, дар маҷмӯъ, кулли тақобулҳои зиндагии башарӣ таҳрик дода тавонанд.

Яъне зиндагии инсон аз сифат ва самти андешаи ӯ вобаста мебошад, агар андешаи нек дорем, зиндагии хуб дорем, агар ғалату иштибоҳ дар андеша ҳаст, пас, зиндагӣ ҳамон гуна мушкил хоҳад дошт… Аз ин ҷиҳат ҳақ ба ҷониби Дейл Карнеги аст, ки навишта буд: “Ҳама дар олам бахту саодат меҷӯянд ва фақат як воситаи дарёфти он вуҷуд дорад: дуруст дар ихтиёр доштани маҷрои андеша. Бахту саодат аз шароити беруна вобастагие надорад, вай аз ботини худи одам вобаста аст: шӯрбахтиву хушбахтии шумо дар он нест, ки шумо чиҳо (сарват) доред ё надоред, ба чӣ коре машғулед ва дар куҷо ҳастед, вазъи шумо аз он муайян мешавад, ки дар бораи ҳамаи инҳо чӣ андеша доред…”.

Шекспири бузург низ ба ин ақида буд, ки “чизе дар олам хубу бад нест, ҳамааш аз он вобаста аст, ки чӣ гуна мо ба олами ашё менигарем…”.

Аммо ҳамин тариқи дуруст нигаристани олами вуҷуд ва ташаккули маниши нек, табиист, ки худ аз худ ба ботини кас роҳ намеёбад, боистӣ раҳнамову қутбнамое дошта бошад. Ин қутбнамо аввалтар аз ҳама, дониш аст, ки ҳамроҳ бо таҷрибаи зиндагӣ касро ба зинаи ақл ва аз он ба болотар дар нардбони камолот – ба хирадмандӣ мебарад.

Бадеҳист, ки маниш ё андешаи нек маҳсули таҷрибаи зиндагист ва то ба ин сатҳ расидан инсонро лозим аст, ки миёни зиддиятҳое, аз қабили каҷиву ростӣ, фаҳшу покӣ, исёну осудагӣ ва ҷаҳлу озодагӣ ва ғайра ҷаҳду талош биварзад ва ба тармими фикраш ҳамеша машғул гардад, он гоҳ иффати фикр каси огоҳро ба шоҳроҳи ҳувият ё худро дуруст ташхис кардану шинохтан хоҳад бурд.

Тафаккури солим ва ё солимандешӣ низ таҳкурсии бинои хирадмандист. Ончунон ки тани сиҳат барои фаъолияти комили одам зарур аст, ҳамон гуна андешаи солим барои тафаккури созанда аҳаммият дорад. Худ аз худ андешаи солим инсонро муваффақ намекунад, агар ӯ худашро дар шакли комил ҳамчун мавҷуди эҷодкор ва пурҳавсала ба кор наандозад. Аз ин ҷиҳат солимандешӣ шарт ва заминаи парвози фикр ва фаъолияти ҳамаҷонибаи инсон аст.

Чизе, ки ихтилоф ва шиддат миёни хирад ва эътиқод меандозад ва навъе “низоъ” бармеангезад, ҷаҳолат ба мабнои таассуб ва хурофа аст. Ду мисол аз таърих меорем, то масъала рӯшан шавад. Таассубу тундравиҳои як нафар дар андеша барои атрофиён ҳукми истибдодро мегирад. Суханони Тертуллиан, яке аз бунёдгузорони насронияро ба ёд меорем, ки айни чунин истибдод аст: “Баъди Исои Масеҳ барои мо ҳеҷ навъи илм зарурат надорад, баъди “Инҷил” таҳқиқоте лозим нест…”.

Ё худ баъди он ки аъроб Искандарияро истило карданд, бузургтарин китобхонаи ин шаҳрро, ки дар ҷаҳон ҳамто надошт, ба коми оташ заданд. Сабаби оташсӯзии китобҳо дар фармон чунин маънидод карда мешуд: “Агар ин китобҳо бо китоби муқаддаси мусалмонон мувофиқат кунанд, пас, зиёдатианд, сӯзонданашон лозим, агар мувофиқат накунанд, боз ҳам  бояд сӯзонида шаванд. Дар ҳар сурат, китобхона бояд нобуд карда шавад”.

Акнун мисоли дигаре аз олами Ғарб. Баъди он ки насрония ҳамчун дини давлатии империяи Рим пазируфта шуд, дар Византия ончунон ҷаҳолат боло гирифт, ки насрониҳои ин кишвар ҳама муҷассамаҳо ва ёдгориҳои хаттии даврони антиқаро, ки ганҷинаи бемисли шоҳкорҳои башарият буданд, несту нобуд карданд…

Ҳамин тавр, дин ҳамчун ҷузъи таркибии ҳама навъи фарҳангҳо масъули маънавият аст ва дар танзими муносибатҳое ширкати фаъол дорад, ки расму ойин, тарзи андеша, суннату анъанаҳо ва дигар омилҳои ҷаҳонбиниро фаро мегиранд. Аз ин ҷиҳат, пешрафт ва ё ақибмондагии давлатҳоро низ маҳз омили динӣ муайян мекунад. Аз ин ҷиҳат, нуқтаи назари Гегел  аҷиб аст: “Хислати динии мардум ҳар навъе, ки бошад, маънавияти он  ва сохтори давлатдории он мардум низ ҳамон гуна аст. Давлат аз он вобаста аст, ки чӣ гуна мардум тасаввурот оид ба озодии рӯҳ ё дарки воқеии ин озодиро дорад”.

Афзоиши шуури динӣ, агар аз тассубу хурофоту тундравиҳо орӣ бошад, ба рушди давлатдорӣ зиён надорад, агар ин ҳолат баръакс бошад, пас, низои бузурги миёни дину давлатро ба вуҷуд меорад. Ин вазъ мардуми як кишварро ба ду гурӯҳи ба ҳам мухолиф қарор медиҳад, ки яке дунявияти муосибатҳои иҷтимоиро мехоҳанд, дигаре – танҳо қавонини  диниро. Ба ин масъалаи мубрам низ Гегел дар “Фалсафаи ҳуқуқ” ном асараш посух гуфтааст: “Дину давлат зидди ҳамдигар чун шакли объективию субъективии як ва ҳамон мазмуни беинтиҳо қарор мегиранд. Маҳз дар ҳамин аст калиди ҳалли низоъ, яъне бояд афзалият ба давалт дода шавад, ҳамчун шакли бештар инкишофдида ва объективӣ”.

Аммо он чӣ ки Гегел дар мавриди робитаи дину давлат изҳор медорад, танҳо дар заминаи рушди муътадили дин ва шуури динии мардум хос аст. Дар акси ҳол, масалан, дар сурати дар дохили ҷомеаи динӣ миёни бархе аз гурӯҳҳои мардум зуҳур кардани шуури ба қавли Л. Балашов “бадбахтонаву ҷиноӣ”, ё ба таври дигар – адами таҳаммулгароӣ вазъият метавонад ташаннуҷи зиёд ба бор оварад. Ин ҳолатро дар фаҳми одӣ чунин маънидод кардан мумкин аст: намояндагони як мазҳабу равия мардумони дигар равияҳоро чашми дидан надоранд, бад мебинанд, нафрат пайдо мекунанд, онҳоро барои худашон зиёновар, нокомилу паст ва ҳатто душман мешуморанд. Ин навъи шуур дар Тоҷикистон дар таърихи начандон дур фазои диниро фаро гирифта буд. Банда равияҳои тахрибкору низоъандози салафияву ваҳҳобияро дар назар дорам.

Равияи иртиҷоии салафия, ки то соли 2009 озодона амал мекард, аз қабили ҳамон ҷунбишҳои ифротие буд, ки тавассути амалҳои қабеҳи ғайриахлоқиву зиддиинсонӣ ба ваҳдати ҷомеаи динии кишвар рахнаҳо ворид мекард. Ин гурӯҳ зӯроварӣ дар баёни андеша ва рафтор, таҳқиру тундхӯӣ, намоиши амалҳои зишти ғайриинсониро ба намоиш мегузошт. Аслан салафия аз ҷавонони гумроҳе иборат буд, ки аз муқаддасоти дин – сарчашмаҳои аслии он сӯистифода карда, он қисмати ояту ҳадисҳоеро, ки ба мушрикону кофирон дахл доранд, ба мусалмонони соҳибмазҳаб раво медонистанд ва касони ба онҳо норозиро ба куфру ширк ва бидъат ҳукм карда, бад-ин воситаи ҷоҳилона дар ҷомеа тухми низоъ, муноқиша ва зӯроварию қабеҳгуфторӣ мекориданд. Ҳуҷумҳои лафзӣ ба пайравони тасаввуф, беэҳтиромӣ ба солмандон хоси рафторашон буд. Ҳатто тарзи беадабонаи ибодоташон норҳатии аксариятро ба вуҷуд меовард. Равияи  ваҳҳобия низ бино ба сабаби арҷ нагузоштан ба аслҳои асосии динӣ ваҳдати мардумро зери  суол бурда буд. Ин мисолҳо кофист, ки навъи

Бо як мисол иктифо мекунем. Дар таърихи муосири тафаккури сиёсии ислом Шайх Алӣ Абдурозиқ (1888-1966) берун аз марзи зодгоҳи худ – Миср ҳамчун аввалин секулори мусалмон, ки зарурати ҷудо кардани динро  аз давлат муддаӣ шуд, шуҳрати густарда касб кардааст. Ӯ сарфи назар аз ин ки таълимоти диниаш комилан суннатӣ буд, саромади рӯҳониёни исломие гашт, ки ақида доштанд «илмҳои шариат ба умури давлат рабте надоранд ва итоат ба халифа барои мусалмонон вазифаи динӣ нест». Дар авҷи ташаннуҷи сиёсии соли 1925 дар Миср Алӣ Абдурозиқ, ки он замон шуҳрати чандоне надошт, китобаш «Ал-ислом ва усул-ал-ҳукм»-ро интишор дод ва ҳамчун як олими дин ва каси пойбанд ба аҳкоми ислом, зарурати хилофат ва ақоиди муддаиёни тарафдори хилофатро рад кард. Ин мавзеъгирии ӯ шӯреро дар Ал-Азҳар барпо сохт ва мунҷар ба додгоҳӣ шудани парвандаи Абдурозиқ гашт.

1-уми сентябри соли 1925 Шӯрои уламои Ал-Азҳар аз рӯи парвандаи ӯ ҳукми худро, ки зери он 25 узви Шӯро бо сарварии ректори вақти донишгоҳ Шайх Муҳаммад Абулфазл имзо карда буданд, эълон кард. Абдурозиқ аз унвони олимӣ маҳрум ва номаш ҳам аз феҳристи олимони Ал-Азҳар хориҷ гардид. Солҳо баъд Абдурозиқ суханонеро, ки ҳини рафтан (таҳти фишори муҳофизакорон) аз ал-Азҳар гуфта буд, ба ёд меорад: «Ман шарораеро, фурӯзон кардам, ки хомӯшношуданист… Ва агар шӯълаи он имрӯз ё фардо фурӯзон нашавад, пас аз сӣ сол мубаддал ба як оташи сӯзон хоҳад шуд».

Ва чунин ҳам шуд. Идеяи «исломи секулорӣ»-и Алӣ Абдурозиқ, ки барои замони худаш ба навъе «ифротӣ» буд, дар замони мо як бахши муҳимми сиёсатшиносии Ховари Миёна ва мамолики арабро ташкил медиҳад.

Дар таърихи нави Тоҷикистон масоили дунявият ва секулорӣ баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ (1997) тезутунд шуд. Барои тарафдорони давлати дунявӣ дар симои Ҳукумати Тоҷикистон ҷавоби ду суол аз ҷониби Иттиҳоди мухолифини тоҷик муҳим буд: авалан, оё мухолифин хислати дунявии давлатдории тоҷиконро қабул мекунанд ё не, баъдан, ин иттиҳод ҷонибдории хешро ба давлатдории миллии тоҷикон иброз медорад, ё мисли дигар ҳаракату гурӯҳҳои кишварҳои исломӣ мавҷудияти як давлати трансмиллии исломиро мепазирад…

Масъалаи дигаре, ки бевосита ба иртиботи дину давлат дахл мекунад, сиёсӣ сохтани дин аст. Ин мавзӯи хеле дарднок ва ҳассоси ҷомеаи башарист. Ба иттифоқи назари олимони диншинос ва баргирифта аз таҷрибаи бархе кишварҳое, ки хеле зиёд гурӯҳу ҳизбҳои динӣ доранд, таъсиси ҳизби сиёсӣ ва ё иттиҳодияи дигари иҷтимоӣ ба номи дин навъе сӯистифода кардан аз ҳассосияти эътиқодии мардум аст ва аксаран дарунмояи таассубӣ доранд.

Донишманде бо исми Муборакпурӣ дар ин маврид мегӯяд: «Таҷриба нишон додааст, ки ҳамин аҳзоби сиёсӣ, вақте ки дар кишварҳои муслимин ба қудрат расиданд, ба мусибатҳо гирифтор шуданд ва бозичаи дасти хавориҷ гаштанд, пас соҳибватанони мусулмон дар азоби сахт гирифтор шуда, ҳатто дар дасти душманон гарав афтиданд, ки онҳоро ҳар тавре хоҳанд, истифода мебаранд ва сарватҳояшонро ғорат мекунанд».

Олими дигаре бо исми Абдулҳамиди Ҳиндовӣ бар ин ақида аст, ки мақсуд аз фирқаҳо ва ҳизбгароӣ таассубест, ки сабаби парокандагии ваҳдати мардум мегардад ва як далелаш ҳамин аст, ки “дохил шудан ба ҷамоатҳо сабаби ихтилоф мегардад, лизо паёмади ихтилофи ҳар яке аз ду ҷониби ихтилофкунанда боиси ҷудоӣ ва кинаву адоват мегардад”.

Гоҳо бо як ҷумла метавон моҳияти як масъалаи муҳимро баён кард. Масъалаи дунёгароӣ, ки асосаш ҷудо будани дин аз сиёсат ва умури давлатдорист, дар як гуфтори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани дувуми тоҷикони ҷаҳон хеле амиқ шарҳ ёфтааст. Он гуфтор чунин аст: «Ислом ҷузъи муҳим ва ҷудонопазири фарҳанги суннатии мост. Ахлоқи суннатии мо низ динист ва онро ҳеҷ гоҳ наметавон рад кард ё нодида гирифт. Матлаби ҷудо будани дин аз давлат бошад, фақат як чиз аст: дин ба корҳои сиёсии давлат ва давлат ба корҳои мазҳабии дин мудохила накунад».

Ҳафиз РАҲМОН

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь