Чанде қабл президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ба Кодекси ҷиноӣ тарҳи ислоҳшудаи наверо имзо кардааст, ки бар пояи он онҳое, ки аз фаъолияти террористӣ ҷонибдорӣ мекунанд ва ё дар шабакаҳои иҷтимоӣ касеро “даъват ба терроризм”  мекунанд, ҷазои сахт муқаррар шудааст.

Хадамоти матбуотии президенти кишвар рӯзи 4-уми август бо нашри баёнияи расмӣ иттилоъ дод, ки Эмомалӣ Раҳмон дар баробари чанд санади дигар тарҳи ислоҳшудаи Кодекси ҷиноиро имзо кард, ки дар он “барои бо истифода аз интернет ба амал овардани даъвати оммавӣ барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористидошта ва (ё) сафедкунии оммавии фаъолияти террористӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар карда шудааст”.

 

Таъсири ин тағйирот чӣ гуна аст?

Дар Тоҷикистон бори аввал нест, ки чунин тағйиротро мақомоти кишвар ба Кодекси ҷиноӣ ворид мекунанд. Вале асли мавзӯъ ин аст, ки оё ворид намудани чунин тарҳҳои ислоҳшуда воқеан ҳам метавонад сафи ҷавононеро, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ё интернет ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун мепайванданд, ё тарафдорӣ аз ин гуна гуруҳҳо мекунанд, коҳиш меёбад? Ин дар ҳолест, ки дар тағйироти нав он нафареро, ки даст ба даъвати оммавӣ, амали террористӣ ва “сафедкунии оммавии терроризм” дар Интернет мезанад, аз 10 то 15 соли зиндон интизор аст.   

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси тоҷик бар он назар аст, ки чунин таҷриба қаблан дар фаъолияти қонунгузории дигар давлатҳо низ буд, вале мавриди амали он ва самаранокии таъсираш чандон натиҷаҳои хуб надодааст. 

“Бо сангинтар намудани ҷазо ва солҳои тӯлонӣ маҳрум намудан аз озодӣ, инчунин муқаррар намудани ҳатто ҳукми қатл то ҳоли ҳозир боиси худдорӣ кардан ва содир намудани ҷиноятҳои вазнин ба мисли экстремизм ва терроризм нашудааст. Бинобар ин, ба ҳаллу танзими дигар масъалаҳои мубрами давлатдорӣ низ бояд авлавият дода, омилу сабабҳо ва ангезаҳои ба чунин амали зишт ва зидди инсонӣ даст задани гуруҳи ҷинояткоронро таҳлилу таҳқиқ намуд”,-мегӯяд Шокирҷон Ҳакимов. 

Коршиноси масъалаҳои сиёсӣ, Неъматулло Мирсаидов бар ин назар аст: “онҳое, ки воқеан ҳам ифротӣ ҳастанд, бояд ҷазои сахт гиранд, аммо баъзан дар ин масъала тасмими нодуруст гирифта мешавад. Нафароне, ки дар ҳақиқат ифротӣ ҳастанду аз он роҳ дигар баргаштан намехоҳанд, онҳо бояд ҷазои сахт бинанд. Албатта, нисбати онҳое, ки гуноҳ содир кардаанд ва гуноҳашон собит шудааст, ҷазои сахт муқаррар кардан дуруст аст. Лекин агар аз нуқтаи назари тарбия ва ислоҳ кардани шахсият агар гирем, ман гумон дорам, ки ҷазо ин ягона роҳ нест, ки ифротгароро аз роҳаш баргардонад”,-гуфт ӯ. Ин коршинос илова намуд, ки дар фаъолияти сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва мақомотҳои қудратӣ баъзан камбудиҳо низ ҷой доранд, ки дақиқ гуноҳи онҳое, ки айб пешниҳод мешавад, исбот намешавад ва далелҳои комил низ оварда намешаванд.

Тағйироти навро президенти кишвар пас аз куштори сайёҳони хориҷӣ, ки як гурӯҳ аз ҷавонон ба сайёҳони дучархасавори хориҷӣ ҳамла намуданд, ки дар натиҷа 4 нафари онҳо ба ҳалокат расиданд.  

 

Аз қонун суистифода мешавад

Ба назари коршиносони соҳа мумкин аст, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ин банди қонун сӯистифода кунанд ва афроди дигарандеш ва ё ҳар нафари дигаре, ки барояшон нохушоянд  аст, онҳоро ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашанд.

Неъматулло Мирсаидов коршиноси тоҷик бар ин ақида аст, ки дар ин мавридҳо аз қонун суистифода мешавад. Ӯ гуфт: “аз қонун бисёриҳо сӯистифода мекунанд. Аз ҷазои сахт суистеъмол мешавад. Баъзан гуноҳ пурра собит нашуда, ҷазои сахтро муқаррар мекунанд, ки ин ба фикрам нодуруст аст”. 

Бояд гуфт, ки Кодекси ҷиноии Тоҷикистон дар таҳрири навро вакилони Маҷлиси Намояндагон рӯзи 13-уми июни соли равон ба тасвиб расониданд, ки ислоҳи асосӣ дар ин замина дар моддаи 179-уми кодекс омадааст.

Ҳангоми муаррифии тағйирот дар кодекс вакили парлумон, Бахтовар Сафаров гуфта буд, ки: “таҷрибаи охири мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бо терроризм нишон дод, ки шабакаҳои иҷтимоии Вайбер, Вотсап, Вичат, Инстаграм, Одноклассники ва даҳҳои дигар ба макони таблиғу сафедкунии амалҳои террористӣ ва экстремистӣ табдил ёфтаанд”. 

Дар ин кодекс омадааст, ки “зери мафҳуми сафедкунии оммавии фаъолияти террористӣ тарғибу ташвиқи оммавӣ дар бораи эътироф намудани дурустии мафкура ва таҷрибаи терроризм, таклифи тақлид ва дастгирии он фаҳмида мешавад”.

 

Барои LIke ва Класс аз 10 то 15 соли зиндон   

Дар Тоҷикистон мутобиқи қонунгузорӣ, ки соли гузашта ба Кодекси ҷиноӣ тағйирот ворид гардида буд, шахс метавонад барои шарҳ навиштан ё гузоштани “like” ва “класс” ё ин ки ба дигарон фиристодани маводи созмонҳои мамнӯъшуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Яъне ин гуна амалҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки фард аз ин ё он созмонҳо ҷонибдорӣ мекунад ва бо онҳо ҳамфикр аст. Қаблан низ судҳои Тоҷикистон чандин нафарро бо ҷурми “лайк” гузоштан дар саҳифаҳои иҷтимоӣ равонаи зиндон намуда буд. 

Дар ин маврид ба гуфтаи мақомот даҳҳо парвандаи ҷиноӣ нисбати ашхосе, ки ба фаъолиятҳои экстремистию террористӣ муттаҳам мешаванд, боз шудаанд. Гуфта мешавад, ки бештари онҳо бо ҷурми шарҳ ё пахши тугмачаҳои “like” ва “класс” ва ё ҷонибдорӣ аз фикру ақидаҳои ифротӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ айбдор мешаванд. Ба гуфтаи онҳо, тамоми парвандаҳое, ки ба баррасӣ ворид мешаванд, тахминан 90 фоизи ин онҳо дар асоси фаъолият дар интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ боз шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки бархе аз коршиносон ва ҳуқуқшиносон амалҳои ба монанди “лайк” ва шарҳ гузоштан дар шабакаҳои иҷтимоиро, ки муҷозоташ сангин аст, ғайри қобили қабул ва хилоф бо озодиҳои шаҳрвандӣ меноманд. Ба гуфтаи онҳо, дар санад бояд возеҳ зикр карда шавад, ки кадом амал дар шабакаи иҷтимоӣ, ҳимоят аз терроризм ва ё даъват ба амали террористӣ маҳсуб меёбад.  

Фаридун Ҳодизода, коршиноси масоили ифротгароӣ дар ин маврид мегӯяд, ки баъзан ҳолатҳое мешавад, ки шахси лайкгузор ҳатто аз андешаҳои ифротӣ хеле дур аст, ки ба тасмими нодуруст оварда мерасонад. “Дар масъалаи лайкгузорӣ баъзан мешавад, ки аксарият надониста ба таври “автоматӣ”, яъне саҳифаро кушода нахонда, чизеро бинад, лайк мемонад ё баъзан барои хушҳол шудани дӯстонаш лайк мегузорад, вале дар асл аз фикру андешаҳои эктремистӣ тамоман дур аст. Оқибат танҳо барои он ки ӯ лайк гузоштааст, ҳамчун террорист шинохта мешавад. Дар ин маврид бояд қазоват кард ва асли воқеаро фаҳмид”,-мегӯяд ин коршиноси тоҷик.     

Бояд гуфт, аксарияти ин ҷазоҳо аз соли 2010 то инҷониб ба Кодекси ҷиноӣ ворид карда шудаанд, ки танҳо бо гузоштани як “лайк”, “класс” ва ё паҳн кардани матлаби марбут ба ин моддаҳо метавонад истифодабарандагони интернетро ба ҷиноят муттаҳам кунад.  

Коршиноси масоили ҳуқуқӣ Шокирҷон Ҳакимов пешниҳод менамояд, дар сурате ин падидаи номатлуб коҳиш меёбад, ки қабули чунин қонуну тағйирот тариқи садою симо ва бо роҳи мулоқот бо қишрҳои ҷомеа ба роҳ монда шавад. Танҳо дар ин сурат ҳамагон метавонанд аз чунин қонун воқиф бошанд. “Мувофиқи мақсад мебуд, агар моҳияти ин тағйиротро бо ҷалби мақомоти ваколатдори давлат ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ тариқи садою симо, нашрияҳои маҳаллию ҷумҳуриявӣ ва дидору мулоқот ба қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ, ба хусус наврасону ҷавонон бифаҳмонанд. Маҳз анҷоми ин ва дигар тадбирҳои номбаркардаам метавонанд, шакли радикалии эътирози шаҳрвандонро камтар намуда, онҳоро водор кунад ҷиҳати расидан ба ҳадафҳояшон аз усулҳои муқаррарнамудаи қонун истифода баранд”,-иброз намуд ӯ. 

Фарзонаи Умаралӣ

 Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозииҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь