Куштори инсонҳо ҷинояти мудҳишу нобахшиданӣ буда, ҳамчун гуноҳи сахттарину бадтарин дар ҳама давру замонҳо маҳкум карда мешуд. Аммо барои террористони наҳзатӣ, ки солҳои 90-уми асри гузашта ба ҷомеи Тоҷикистон бадбахтиҳои зиёде оварда буданд, қатли одамони бегуноҳе, ки мухолифи ақидаи ифротиашон буданд, ба як шеваи амал табдил ёфта буд. Онҳо ба хотири тарс додани ҷомеа ва расидан ба аҳдофи шумашон аз ягон кирдори зишт, аз ҷумла, террори инсонҳои шариф худдорӣ намекарданд.

Дар қатори дигар қишрҳои ҷомеа аз дасти наҳзатиҳои хунхор шумораи зиёди журналистҳо, ки амалҳои душманона ва хиёнату разилии ин тудаи бадхоҳро фош менамуданд, низ кушта шудаанд.

Дар асл, ба қатл расонидани ашхоси дар соҳаи рӯзноманигорӣ муваффақ ҳам дар гузашта ва ҳам имрӯз ба дасти гурӯҳҳои сиёҳкоре сурат мегирифт ва мегирад, ки назари ифротӣ ва таассубӣ доранд, дар заминаи мафкураи бегона, дар шуури ҷомеа тарсу даҳшатафканиро ба унвони усули зиндагӣ нишон додан мехоҳанд.

Ҳамон гуна, ки бо далелҳои аниқ исбот шудааст, шумораи зиёди журналистон бо дастури бевоситаи саркардагони террористони наҳзатӣ аз сӯйи одамкушҳои онҳо ба қатл расидаанд. Аз ҷумла, қатли журналистони маъруф Муродалӣ Шерализода, Муҳиддин Олимпур, Отахон Латифӣ, Хушбахт Ҳайдаршо, Ҷумъахон Ҳотамӣ, Давлаталӣ Раҳмоналиев, Виктор Никулин, Сергей Ситковский, Таваккал Файзулло ва адиби маъруф Сайф Раҳимзоди Афардӣ бар дӯши наҳзатиёни террорист  мебошад. Ҷаллодони дастнишони наҳзатӣ, ғолибан ба хотири тарсафканӣ ва саранҷом дар ҷомеа ноамнию бесуботиро ба вуҷуд овардан ба амалҳои террористӣ даст мезананд.

Дар ин маврид мехоҳем бори дигар ба мардум яке аз кушторҳои террористони наҳзатиро ёдрас намоем, то мардуми шариф  ҳушдор бошанд, ки дар кору амали ифротгароёни наҳзатӣ ҳамеша хиёнаткориву ватанфурӯшӣ ҷой дорад.

Ҳамин тавр, яке аз журналистони ҳақиқатгӯй, ошкорбаён ва ҷасури кишварамон  Таваккал Файзулло  буд, ки аз дасти ин гурӯҳи ҷиноятпеша 19-уми октябри соли 1992 дар айни камолоти эҷодиаш бераҳмона ба қатл расонда шуд.

Журналисти ватандӯст – Таваккал Файзулло соли 1960 дар деҳаи Тошохури ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаби миёна дар донишгоҳ таҳсил намуда соҳиби касби пурифтихори журналистӣ мегардад. Аз хабарнигори одӣ фаъолияти худро шуруъ намуда, то ба симати сармуҳаррири ҳафтаномаи «Ҳақиқати Ёвон» мерасад ва то охири умраш дар ин вазифаи пурмасъулият  фаъолият дошт. Афсус, ки душманони миллат – наҳзатиҳои хунхор ин фарзанди фарзонаи миллат ва журналисти ояндадорро тарсуёна аз байн бурданд.

Номи неки Таваккал Файзулло, ки барои ошкорбаёнию инъикоси ҳақиқат аз ҷониби тудаи бадхоҳу разили наҳзатӣ кушта шуд, дар қалбҳои мардум абадӣ боқӣ мемонад. Аммо наҳзатиҳои бешарафу худбохта ҳамчун доғи нопоку сиёҳе дар таърихи миллат нақш доранд.

Маълум аст, терроризм хашинтарин навъи ҷиноят аст ва наҳзатиёни худбохта бо  корбурд аз ин навъи террор шумораи зиёди зиёиён, аз ҷумла,  журналистони миллиро нобуд кардаанд.

Ҳамин тавр, солҳои навадум инсони боварманд ва ғайрибоварманде, ки ба ғояҳои пӯсидаву асримиёнагӣ ва зиддиинсонии ифротиёни наҳзатӣ розӣ нест ва вокунишу аксуламал нишон медиҳад, аз назари фикрӣ ва физикӣ террор мешуд.

Натиҷаи фаъолияти ду даҳсолаи террористони наҳзатӣ мазҳабзадагӣ ва хурофишавии ҷомеаи тоҷик буд, ки паёмадҳои аввалиашро охири солҳои ҳаштод ва ибтидои солҳои навадуми асри бист бо чашми сар дидем. Аммо террористони наҳзатӣ аз он иғвогариву ҳангомасозӣ ва қатлу куштори мардум “сер нашуданд”.

Ҷиноятҳою тарсафканиҳои наҳзатӣ, ки тибқи барномаи мушаххас рӯйи журналистони маъруф тамаркуз мекарданд, ба хотири баръакс нишон  додани ҳақиқат ва ба ҷойи он роҳандозӣ кардани тарҳҳои ҷаҳолат анҷом дода мешуданд. Маҳз бо анҷом додани террорҳои фикрӣ, ақидавӣ, равонӣ ва физикӣ наҳзат ибтидои солҳои навадуми садаи бист дар минтақа нуфузи сохта ё сунъӣ пайдо намуд ва баъдҳо – пас аз солҳои дуҳазорум оҳиста-оҳиста террорҳои фикрӣ ва равониро дар баданаҳои иҷтимоӣ пахш намуда, то ба ҳадди ниҳоӣ расонд.

Ҳамин буд, ки давлат ва Ҳукумат ҷилави бедодгариҳои наҳзатиро, ки ҳатман ба террорҳои баъдӣ сабаб мегардиданд, гирифт ва онро ба унвони созмони террористию экстремистӣ шинохта, фаъолияташро дар қаламрави ҷумҳурӣ манъ кард.

Ҳарчанд имрӯз дар кишварҳои алоҳида наҳзатиёни террорист паноҳ бурда, бо ҳар роҳу васила фаъолиятҳои тахриботию зиддиинсонии худро идома медиҳанд, аммо барои мардуми шарифи кишвар ин гурӯҳӣ террористӣ дигар вуҷуд надорад.

Х. Раҷабалиев, сиёсатшинос

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь