Хизмат ба Ватан – Модар қарзи ҳар як фарди бонангу ор ба ҳисоб рафта, муҳофизати он вазифаи ҷонии ҷавонмардон аст.

Ҳамасола дар тамоми кишвар ҷавонон барои адо кардани қарзи шаҳрвандии худ сафарбар шуда, тӯли 1 – 2 сол хизмати Ватан – Модарро бо сари баланд иҷро мекунанд. Шахси дар хизмати ҳарбӣ бударо марди асил ҳисоб кардан монанд ба он аст, ки шахси донишгоҳ хатмкардаро оқил шуморидан. Воқеан ҳам марди асли новобаста аз воқеият бояд ҷавонмардии худро нишон диҳад, зеро ҳифзи лабханд дар лабони ёрону наздикон ба виҷдони поки ӯ мутааллиқ аст.

Аммо дар ин миён саволе пайдо мешавад: Пас чаро ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ меҳаросанд?  Чаро барои ба он ҷо нарафтан ҳар хел роҳу воситаро мекобанд?

Посух гардонидан ба ин савол басо мушкил аст. Зеро одамон мавҷудоте ҳастанд, ки ҳама чизи гирду атрофашон  иҳота кардаро ба усул, хусусиятҳо ва фаҳмиши худ дарк мекунад. Агар мо ба таърих назар афканем, мебинем, ки лашкарону сарбозон баҳри дифоъ аз азизону меҳани хеш, фикри ҷонашонро накарда, онро дар роҳи муҳофизат аз марзу бумашон фидо намуданд. Баъди ташкил шудани Артиши Сурх вазифаи ҳар як ҷавонмарди ба нангу ор ҳимоя намудани хоки аҷдодиашон буду халос. Дар он давра дар чеҳраи ҳар як пиру ҷавон ҳимояи ватани азизонашон дидаву эҳсос карда мешуд.

Ба ҳамаи мо маълум аст, ки таърих ду ҷанги бузурги ҷаҳониро  паси сар намуд. Инҳо давраҳое буданд, ки “ҳама барои як кас, як кас барои ҳама” гуфта дар фикри наҷоту ҳимояи  ватану азизони хеш буданд. Афсарон баҳри дифоъ аз хоки ниёгон шаб то рӯз заҳмат кашида дар ин роҳ шаҳид мешуданд. Ҷанги дуюми ҷаҳон яке аз зуҳуроте буд, ки башарият онро асрҳо аз хотироташон зудуда нахоҳанд кард. Ин ҷанг бори дигар ба тамоми дунё собит намуд, ки хоки бе сипоҳу сипармонда ба киштии бе мулло, ки вақти вазидани шамоли сахт ба ҳар санг зада мешаваду оқибат аз он асаре намемонад, монанд аст. Пас, ин гуна таҷрибаҳои бузурги зиндагӣ моро водор месозад, ки баҳри ҳифзи хоки аҷдодӣ бояд  ҷаҳду талош варзем ва ба хизматаш ҳамеша омода бошем.

Вале мутаассифона бархе аз ҷавонон аз ҳифз намудани меҳане, ки онҳоро солҳо дар домани хеш аз ҳар гуна таҳдиду хатарҳо наҷот дода, парвариш намуд, дар ҳарос буда, барои нарафтан ба адои ин вазифаи бузург аз ҳар гуна роҳҳову усулҳо истифода мебаранд. Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, баъди хатми мактабҳои миёна, касбӣ ва олӣ ҷавонон бояд ба хизмати Ватан (тӯли 1 соли пурра барои ҷавононе, ки онҳо донишгоҳро 4 ё 5 сол хонда тамоми кардаанд ва тӯли 2 соли пурра барои ҷавононе, ки онҳо дар мактабҳои миёна ва касбӣ таҳсил кардаанд) омада бошанд ва онро содиқона адо намоянд. Инчунин, барои ҷавононе, ки онҳо дар давоми таҳсил дар мактабҳои олӣ ва касбӣ зан гирифта, соҳиби 2 фарзанд шудаанд, ҷавононе, ки онҳо дар оила яккафарзанд ба ҳисоб мераванд ва инчунин ҷавононе, ки онҳо дорои бемориҳои гуногун буда, аз саломатиашон шикоят мекунанд, рафтан ба хизмати ҳарбӣ қатъян манъ аст.

Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар,

Хори Ватан аз лолаву райҳон хуштар.

Ҳаросидани бархе аз ҷавонон баҳри дифоъ аз Ватан дар он аст, аксар фикр мекунанд, ки хизмат кардан дар қувваҳои мусаллаҳ ин маҳрум мондан аз озодӣ, аз дидани азизону пайвандон, маҳрум мондан аз ҳаёти беамру фармон ва аз сар гузаронидани рӯзҳои тоқатфарсо, иштирок кардан дар муҳорибаҳо, дар ҷанг ва аз даст додани ҷони хеш мебинанд. Маҳз ин фикрҳову андешаҳо ҷавононро аз ҳифз намудани меҳанашон дур месозад, вале чуноне ки гуфтанд:

“Мақсад аз таълими ҳарбӣ – тарбия намудани шуҷоат бо ёрии тарс. Ҷанговар шудан барои ҷанг не, балки барои он ки ҷанг набошад.”

Пас, моро мебояд, ки барои муҳофизати марзу бум ва хоки аҷдодӣ камари ҳиммат баста Ватанро аз ҳар гуна таҳдиду хатарҳо бо ҷону дил муҳофизат кунем.

Ҷондоршоева Зебинамо

Қурбонбекова Гулистон.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь