Бартараф ва ҳал намудани бисёре аз муаммо ва масъалаҳои ҳаёти инсон аз рушди технологияи коммуникатсионӣ ва интернет робитаи зич дорад. Дар баробари он, ки интерент ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҳалли бештари муаммоҳои ҳаёти инсон таъсири мусбат гузошт, инчунин рушди босуръати интернет ва технологияҳои коммуникатсионӣ барои давлатҳои миллӣ ва системаи амнияти миллии онҳо як қатор таҳдиду хатарҳоеро ба вуҷуд овардааст, ки нигоҳи илмӣ ва воқеӣ намудан ба масъалаи мавриди назар ва баён доштани дидгоҳи мушаххас, шинохти манфиатҳои миллӣ дар шароити ҷангҳои иттилоотӣ, майдони моҷаро гардидани фазои маҷозӣ, роҳу воситаҳои муассири ҳимоя аз таҳдидҳои иттилоотӣ дар шароити кунунӣ муҳиму саривақтӣ аст.

Бояд зикр намуд, ки дар ҷаҳони имрӯза вазифа ва салоҳиятҳои давлат афзоиш ёфтааст. Ин ҳолатро дар раванди ҷаҳонишавӣ рушди босуръати интернет ва падид омадани фазои маҷозӣ тақвият бахшидааст. Имрӯз интернет воситае гардидааст, ки созмонҳои террористиву экстремистӣ онро майдони иғвоангезии хеш қарор додаанд. Инчунин, тавассути интернет ҷавононро ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ ҷалб менамоянд, ки ин таҳдиди ҷиддӣ ба ҳар як давлат мебошад. Воқеияти ин гуфтаҳоро мо солҳои гузашта ҳангоми шомил шудани як қатор ҷавонони гумроҳи тоҷик ба ташкилоти экстремистию террористии ба ном “Давлати исломӣ” мушоҳида намуда будем. Инчунин, дигар хатару таҳдидҳое низ ҳастанд, ки тавассути интернет ба ҷавонон таъсири манфии хешро мерасонанд. Аз ин ҷост, ки имрӯз бо пайдоишу рушди интернет ва фарогир гардидани фазои маҷозӣ масъалаи таъмини амнияти иттилоотӣ, ки ҷузъи таркибии системаи амнияти миллӣ мебошад, рӯзафзун гардида, диққати бештари сиёсатмадорон ва муҳаққиқони сиёсатшиносро ба худ ҷалб намудааст. Имрӯз дар доираҳои гуногуни илмҳои сиёсӣ мавзӯҳое чун таъмини амнияти иттилоотӣ, хатару таҳдидҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ба амнияти миллӣ, озод гузоштан ё маҳдуд намудани майдони фаъолияти шабакаҳои иҷтимоӣ, таъсири манфии шабакаҳои иҷтимоӣ ба арзишҳои миллӣ ва дигар мавзӯҳои ҳамсон мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор мегиранд. Албатта, муҳаққиқон ҳангоми баррасии масъалаҳои мазкур мавқеъгириҳои мухталиф доранд, ки ин дидгоҳ ва назари илмии эшон аст. Воқеият ин аст, ки новобаста аз мавқеъгириҳои мухталиф аксари онҳо нақши давлатро дар раванди таъмини амнияти иттилоотӣ асосӣ арзёбӣ менамоянд. Чандест, ки соҳибандешагони ватанӣ низ ба масъалаҳои вобаста ба фазои маҷозӣ ва таъмини амнияти иттилоотӣ андешаҳои худро дар матбуоти илмиву даврӣ ва воситаҳои ахбори омма иброз медоранд, ки ин дар мушаххастар гардидани муносибатҳо ба падидаи мазкур мусоидат менамояд.

Дар шароити бо суръати баланд рушд намудани техникаю технология ҳифзи маълумоти махфӣ, шахсӣ ва мубориза бар зидди таҳдидҳои ҷудогона, ки тавасути шабакҳои интернетӣ сурат мегирад, ба пуррагӣ ғайриимкон аст. Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ чунин хатарҳо таҳдид мекунанд. Яке аз амалҳое, ки имрӯз барои гумроҳ намудани ҷавонон тавассути интернет ба роҳ монда шудааст, пахш намудани ҳар гуна маводу наворҳои ифротгароӣ ва барангезандаи кинаву адовати миллӣ мебошад. Ба таври мушаххас қайд намудан зарур аст, ки таҳдидҳое, ки тавассути шабакаҳои интернетӣ ба амнияти миллии кишвар ба назар мерасанд, бештар хусусияти психологӣ доранд. Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн кардани ғояҳои ифротӣ, иттилоти хусусияти иғвоангезӣ ва миллатгароӣ, инчунин, маълумоте, ки шаъну шарафи инсонро паст мезанад ва ё истифодаи маводи мухаддирро тарғиб мекунад, манъ карда шудааст, вале дар фазои иттилоотӣ татбиқи он комилан ғайриимкон аст. Барои муқовимат намудан бар зидди ин гуна амалҳо ва ба танзим даровардани шабакаи интернетӣ дар шароити Тоҷикистон мавриди эътибор қарор додани пешниҳодҳои зерин ба мақсад мувофиқ аст:

– Дар шароите, ки хатару таҳдидҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештар гардидаанд, зарур аст, ки системаи интернетии таҳдидовар ва ғайриахлоқонаву ғайримиллии фазои Тоҷикистон назорат, пешгирӣ ва бартараф карда шавад. Дар ин раванд истифода намудан аз таҷрибаи давлатҳои пешрафта бамаврид аст. Махсусан, бо технологияи муосир назорат намудани фазои маҷозӣ ба манфиати раванди таъмини амнияти миллии Тоҷикистон аст.

– Ташаккул додани полисҳои киберӣ тадбири муҳим дар самти пешгирии хатарҳои интернет аст. Имрӯз дар бештари кишварҳои ҷаҳон полисҳои киберӣ фаъолият менамоянд, ки онҳо ба ҷустуҷӯи хатару таҳдидҳо машғуланд ва дар ҳолати пайдо гардидани таҳдидҳои иттилоотӣ онҳоро зуд бартараф месозанд.

– Қабул намудани Кодекси ягонаи ахлоқӣ барои истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим ба назар мерасад. Мардуми тоҷик дар тӯли таърих, ҳамеша офарандаи тамаддуну ахлоқи башарият ва фарҳанг будаасту ҳаст. Ин омил метавонад тавассути ташвиқу тарғиби барномаҳои махсус ҷавононро аз ҳар гуна таҳдидҳои интернетӣ, аз ҷумла, фарҳанги бегона, терроризму ифротгароӣ, фанатизми динӣ, ки аз ҷониби гурӯҳҳои ифротгаро ба роҳ монда мешавад, пешгирӣ намояд.

– Баргузор намудани семинарҳои омӯзишӣ доир ба самаранок истифода намудани интернет дар байни ҷомеа, махсусан ҷавонон хеле зарур аст. Ба ҷавонон омӯзонидани психологияи дарк намудани мафҳуми “вақт” аз манфиат холӣ нест, зеро самаранок истифода намудани вақт – ин худ яке аз роҳҳои раҳоӣ аз ҷоҳилият ва ҳар гуна амалҳои зараровар аст.

Ҳамчунин, фаҳмонидани ин воқеият, ки имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ манбаи асосии фаъолияти гурӯҳҳои тахрибкор ва экстремистиву террористӣ гардидаанд, муҳимияти хос дорад.

Мирзомуддин НАСРИДДИНОВ, устоди ДТТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь