Ривояти маҳбуси ислоҳшуда

Тангкӯчаи торик ба қалби Иброҳим дигар тухми тарс намеафканд. Вай ки сархуш буд, хумори нашъакашӣ мегирифт. Андаке калавида, назди дарвозаи сиёҳ қарор гирифт. Занги дар садо доду ҷавони сархуш ҳамёнашро кушода, панҷоҳсомонаи навро ба соҳибхона дароз намуд. Раҳими нашъаҷаллоб ба ҳамёни пур аз пули ҷавон нигарист.

– Бақия лозим нест,- гуфт Иброҳим,- фақат як хоҳиш, аз ҳамон навъи кайфаш баланд бошад.

– Брат, мара медонӣ, ай ҷигаруш овардагиям,- даст ба сина зада, Раҳим дари ғурфаеро кушод.

Иброҳим вориди ғурфа шуду Раҳим паси чилим бангдонаи тару тозаро омехтаи кадом як доруи мадҳушкунанда намуд. Ҳамоно ҳамёни серпули мизоҷ аз пеши чашмаш дур намешуд. Шайтон васваса мекард, ки ба доми фиреб кашад ин ҷавони сархушро. Ба ошхона баргашта, табақи палавро овард, то ин ҷавони серпулро ба ҳалқаи худ кашад. Иброҳим пас аз ду-се маротиба чуқур кашидани чилим мадҳуш гардиду механдид ва даст ба палав дароз мекард.

– Ака, зиёфатда гап нест, арӯс ҳам меорӣ?,- қоҳ-қоҳ ханда кард Иброҳим.

– Бароят як духтари нави шонздаҳсоларо меорам,- риштаи риёкориро мепечонд Раҳим,- ба шарте, ки аз бандари Шерхон ҳамроҳам бастаҳои нави ҳероинро биёрӣ.

– Гапуш қоқай, ака,- даст дароз кард ҷавони сархуш,- кай мерем?

– Пасфардо ба роҳ мебароем,- посух дод нашъаҷаллоб,- аздусар то субҳ ба ин аҳвол паси чанбари мошин нишаста наметавонӣ.

Мошини нави сияҳшишаи “Тойота”, ки дар паси чанбар Иброҳим менишаст, роҳи морпечи кӯҳистонро пеш гирифт. Пеши назараш арӯси шонздаҳсола ва панҷоҳ ҳазор доллари ваъдакардаи Раҳим мегузашт. Дигар аз баҳри кори муҳосиботи идора ҳам мегузараду аз баҳри зани ҷанҷолиаш ҳам. Ба ин маоши ночиз на оиларо мехӯронаду на бо улфатҳояш маишат. Дар ин дунёи дурӯза ҷавониро ба айшу ишрат бояд гузаронд, на бечоранолӣ.

Раҳим бо маслиҳати пешакӣ аз тоҷирони кишвари ҳамсоя молро гирифту Иброҳим ба мошин бор кард. Баробари бешикасту рехт молро ба Душанбе расонидан, калиди мошини “Тойота”, 50 ҳазор доллар ва арӯси зебосанамро ба ихтиёри Иброҳим гузошт нашъаҷаллоб ва таклиф намуд, ки минбаъд ҳамкориро идома диҳад. Ба ин пешниҳод розӣ шуд ва даст ба нашъафурӯшӣ зад Иброҳим. Ҳатто арӯси навашро ба ин пеша ҷалб намуд. Дӯстонаш бамаротиб афзоиш ёфт. Дов насибаш гашт гӯё.

Боре дӯстонаш пешниҳод карданд, ки аз худи бандари Аббос моли тозаи ҳероин меоранд ва Иброҳим онҳоро ҳамроҳӣ кунад. Бовар кард ба дӯстонаш, вале ҳангоми бозгашт дастаи зудамали назорати гумрукӣ ва ожонсии мубориза алайҳи маводи мухаддир тӯдаи нашъаҷаллобонро дастгир намуд.

Паси панҷара Иброҳим дигар дӯсте надошт. Зани ҷавонаш ҳам дар маҳбас буд. Хазон шуд умри ҷавонаш. Бо мусодираи молу мулк ба муддати тӯлонӣ ҳукми ҷазо гирифт. Субҳу шом завлона ба даст паси панҷара афсӯс мехӯрд Иброҳим. Дигар зиндагӣ паси панҷара тобиши дигар гирифт. Аз он дӯстони нониаш касе хабар намегирифт. Акнун танҳо ҷинояткорони мухталиф ӯро иҳота менамуданд ва нақшаҳои нави дуздиро пешниҳод мекарданд. Аммо аз кирдори худ пушаймон шуда, Иброҳим ҳарчи бештар майли мӯҳлати ҷазоро адо намудану баромадан ба озодӣ дошт.

Якнавохтии ҳаёти маҳбасро маҳфили ҳунаромӯзӣ дигар намуд. Аз ташкилоти ҷамъиятии “Ҷаҳон” ва маркази таълимии калонсолон муаллимон вориди маҳбас шуда, ҳунари дуредгарию кафшергариро ёд доданд. Дуредгарӣ барин пешаро азхуд намуд Иброҳим. Дару тиреза ва сутунҳои кандакориаш писанди устоҳои коргоҳи дуредгарӣ гардид. Эҳсос мекард, ки баробари бо ранда тарошидани тахта ба мӯйҳояш на танҳо гарду чанг, балки осиёби зиндагӣ сафедӣ мерезад. Беш аз дувоздаҳ соли умраш ба низоми маҳбас гузашт. Раҳбарияти муассисаи ислоҳӣ баъди назорату мушоҳидаҳои чандинсола ба хулоса омад, ки Иброҳим роҳи ислоҳшавиро пеш гирифтааст.

Ниҳоят мутобиқи қонуни авф як қисми адои ҷазояш кӯтоҳ гардид ва нафаси озодӣ кашид Иброҳим. Аммо дарёфти кору манзил дар озодӣ барояш осон набуд. Акнун доғи судӣ мисли сиккаи бадномӣ монеи кору зиндагӣ мешуд. Яке ба хотираш рақами телефони кормандони лоиҳаи “Беҳтар намудани дастрасӣ ба ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон дар Тоҷикистон” расид. Аввал ба ташкилоти ҷамъиятии “Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният” омада, аз машварати ройгони ҳуқуқшиносон баҳраёб шуда, худро ба рӯйхати шунавандагони семинари омӯзишӣ номнавис кард. Дар ин маҳфили бозомӯзӣ аз асрори лоиҳанависӣ ва тартиб додани бизнес-план воқиф гашта, оид ба ташкили устохонаи дуредгарӣ лоиҳа пешниҳод намуд. Чунки дастони ҳунармандаш ташнаи тешаю арра буд ва аз дӯстони собиқаш касе дасти кумак дароз намекард. Чун аз маҳбуси собиқ буданаш огаҳӣ меёфтанд, ҳамнишинон аз ӯ худро дур мегирифтанд. Бо ҳуҷҷати дуредгарӣ остонаи чанд ширкати тиҷоратиро низ охӯрча намуд. Пас аз сӯҳбат корманди шӯъбаи кадрҳо баодобона  “мо ба шумо занг мезанем” мегуфт. Чунин посухро борҳо шунидааст Иброҳим ва бесаброна занги телефонро интизор мешавад. Аммо телефон хомӯш аст. Касе ба ӯ занг намезанад. Ҳатто собиқ ҳамсару дӯстонаш.

Бо вуҷуди озодӣ аз зиндон сиккаи бадномӣ бар гарданаш. Садои тарақо-туруқи даҳшатноки паси панҷара ними шаб аз хобаш бедор мекунад. Кобус хобе мебинад Иброҳим. Завлона ба даст гӯё паси чанбари мошини “Тойота” нишастааст ва Раҳими нашъаҷаллоб аз пасаш қоҳ-қоҳ механдаду бастаи ҳероин ва пулҳоро намоиш медиҳад ва Иброҳим аз ӯҳдаи мошин набаромада, аз роҳи морпечи кӯҳистон сарозер меафтад.

Бо табъи ноҷӯр бедор гардид. Маюъс ва рӯҳафтода, хаёломез аз тиреза ба ҳавлӣ нигарист Иброҳим. Ин дам якбора занги телефон ӯро аз банди хаёли навмедӣ раҳо намуд. Бовар накун ба дӯстат, коҳ ҷо кунад ба пӯстат. Боз ҳамон тоифаи зиёфатхӯрон бошанд? Бо шубҳа гӯшакро бардошт.

– Салом, бахшиш, шумо Иброҳим Машрабов?,- овози марғуладоре ӯро барқосо бедор намуд.

– Бале, худи худаш,- ҳайратомез посух дод.

– Шуморо аз ташкилоти ҷамъиятии  “Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният” ташвиш медиҳем,- худро муаррифӣ намуд марди симзада,- дар хотир дошта бошед, дар маҳбас бароятон курси дуредгарӣ омӯзонида будем.

– Э-ҳа, албатта, акаи Носир шумоед?,- мусоҳибро шинохт Иброҳим.

– Бале, шумо силсилаи семинарҳои омӯзиширо берун аз маҳбас дар мавзӯи тартиби бизнес-план, тарзи лоиҳанависӣ низ идома дода, ҳатто лоиҳаи устохонаро пешниҳод кардед,- мақсади сим задани худро иброз дошт Носир,- шиносномаи худро гирифта ба идораи мо биёед, шартномаи ҳамкорӣ мебандем.

– Ҳа, албатта меравам,- хушҳолона посух дод Иброҳим.

Ришро тарошида, бо либоси тоза роҳи созмони ҷамъиятиро пеш гирифт. Дар ин ҷо чанде аз ҳамқисматони худро дид. Аз сӯҳбати эшон дарёфт, ки онҳо низ заҳри доғи судӣ чашидаанд ва иштирок дар ин маҳфилро ягона сафинаи умед мебинанд. Акнун соҳиби гранти пулӣ шудаанд.

Иброҳим ба маблағи дар шартнома ишорашуда имзо карда, ҳанӯз бовараш намеомад. Носир ба ӯ ҳамроҳ шуда, роҳи бозорро пеш гирифтанд, то олоти дуредгарӣ ва маҳсулоти хом бихаранд. Иброҳим бо шавқи том пайи пешаи дуредгарӣ гардид. Маҳсули кораш писанди мизоҷон. Акнун ҳама гуна маҳсулоти дуредгариаш дар бозор зуд харидори худро меёфт. Дигарон фармоиш медоданд. Унвони усто Иброҳимро ба даст овард. Маоши хуб гирифта, оилаи нав бунёд кард, соҳиби хонаву фарзанду мошин шуд…

Ба мисли Иброҳим нафарони гумроҳ дар маҳбас кам нестанд, ки ба умеди дигар кардани зиндагӣ, нашъаи озодӣ кашидан аз пайи омӯзиши пешаи нав ва тасмими ислоҳ шудану дигар даст ба ҷиноят назаданро доранд. Ана дар ҳамин ҳолат ба мадади онҳо шарикони лоиҳаи “Беҳтар намудани дастрасӣ ба ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон дар Тоҷикистон” – ташкилоти ҷамъиятии «Ҷаҳон», “Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният” ва муаллимони муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» мерасанд.

Шоистаи таҳсин аст, ки давоми солҳои охир маҳкумшудагони ду муассисаи ислоҳии кишвар, яке мардонаю дигаре занона, дар доираи лоиҳаи “Беҳтар намудани дастрасӣ ба ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон дар Тоҷикистон” бо дастгирии Барномаи Иттиҳоди Аврупо – “Ташаббуси Аврупо дар масоили демократия ва ҳуқуқи инсон” ба корҳои таълимӣ ва истеҳсолӣ ҷалб карда мешаванд. Назар ба гуфтаи коршиносони лоиҳаи мазкур, шеваи кори ба ҳуқуқи инсон асосёфтаро барои мусоидат ба татбиқи ҳуқуқҳои инсонии маҳкумшудагон ва шахсони аз маҳбас озодшуда тавассути як қатор семинарҳои омӯзиши шаҳрвандӣ ва машваратҳои инфиродӣ татбиқ мекунанд. Ҳамчунин механизмҳои машваратиро оид ба ҳамгироии иҷтимоӣ байни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ тавассути Барномаи давлатии реинтегратсияи иҷтимоии шахсони аз маҳбас озодшуда беҳтар мекунанд.

Дар идомаи ибрози андешаи худ, коршиносон таъкид намуданд, ки яке аз мушкилоти асосие, ки собиқ маҳкмшудагон дучор меоянд, ин рад кардан ба онҳо дар ҷои кор аз ҷониби корфармоён мебошад. Бо мақсади мусоидат ба ҳалли ин мушкилот, барои сохторҳои тиҷоратӣ ва корфармоён як силсила нишастҳои иттилоотӣ баргузор гардид, то ин қолибҳоро коҳиш ва ба онҳо оид ба ҳуқуқҳои собиқ маҳкумшудагон маълумот диҳанд.

– Эҳҳе, пешайвонро басо ҷолиб кандакорӣ  кардаед-ку,ҳамсоя!,- раиси маҳалла ба ваҷд омада, аз соҳибхона пурсид,- ин кори кадом усто аст?

– Ин маҳсули кори шавҳарам усто Иброҳимҷон,- бо лутф посух дод соҳибхона,- дасташон гул, ҳатто ҷевону сандуқ, дару тиреза месозанд.

– Оҳ, ана ҳамин хел усторо мекобам. Канӣ Иброҳимҷон?,- бо завқ пурсид раис.

Усто дастгоҳи электрикии арраро хомӯш карда, назди раиси маҳалла омад.

– Маҳсулоташро тайёр кунед, дару тиреза ва пешайвони маҳалла аз тани ман, раис-бобо,- даст пеши бар кард Иброҳим.

– Хайрият, дар маҳаллаи мо ҳам устои гулдаст ёфт шуд,- шукргузорӣ намуд раис,- маҳсулот кайҳо тайёр, фақат усто наёфтем.

Баъди ду моҳ чойхонаи ба услуби миллӣ кандакоришуда тайёр шуд. Акнун ҳар кадоме бо завқ кори усто Иброҳимро тамошо мекард.

Беист мизоҷон занги дарвозаашро пахш мекунанд. Ва ин ҷавони ҳунарманд ба ҳамсараш мегӯяд:

– Бигзор, зангӯлаи дарвозаам мудом садо диҳад, на занги баланди маҳбас…

Зайниддин ОРИФӢ,

узви ИЖТ

 P.S. Ному насаби қаҳрамони матлаб бо хоҳишаш тағйир дода шуд. Матлаби мазкур дар доираи лоиҳаи «Беҳтар намудани дастрасӣ ба ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон дар Тоҷикистон», ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати федералии Олмон оид ба рушд ва ҳамкории иқтисодӣ маблағгузорӣ мешавад, омода ва нашр шудааст. Мундариҷаи маводи мазкур мояи масъулияти муаллиф буда, ифодагари нуқтаи назари маблағгузорон намебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь