Ду гароише, ки “бақо” -и  ҷуғрофияе ба номи Афғонистонро фароҳам кардааст.

Нахуст, Толибон.

Толибон намоди ҳақиқӣ ва сохторманди фашизми қавмии афғонӣ/паштунианд. Нигоҳ ба Толибон набояд дар ҳадди як манзума аз муллоҳои девбандии қурунивустоӣ бошад. Балки ин гурӯҳ он чамоқи бузург мебошад, ки пас аз ҳувиятсозии афғонӣ дар даҳаи 1930 оғоз гардид.

Инҳо куллияти орзуҳо ва барномаҳои Маҳмуд Тарзӣ, Шоҳ Амонуллоҳ, Муҳаммад Ҳошим, Муҳаммад Довуд, Муҳаммад Наим, Абдулмаҷиди Зобулӣ, Нурмуҳаммади Таракӣ, Ҳафизуллоҳ Амин, Гулбуддин Ҳикматёр, Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ва қишри бузурги равшанфикри мутаассиби паштунтбор мебошанд, ки тасаллути мутлақи паштунҳо дар ҳама радаҳои қудрат ва ҳокимиятро мехостанд.

Тасодуфӣ нест, ки ба ҷуз аз як ҳалқаи кӯчаки паштунтборони бемори насталгияи қудрат, дар кулл тамоми сиёсатгарон, то донишомӯхтаҳои паштунтабор ҳарчанд ки дирӯз аз кадом иделогия намояндагӣ мекарданд ва ё дар фарҳанги порсӣ парвариш ёфта буданд, аз Толибон ба гунаи мустақим ва ғайримустақим ҳимоят мекунанд ва дар баробари ҷиноёти онҳо сокит ҳастанд.

Ин сукут чизе ҷуз нишона аз ҳамсуӣ ва ҳамдилӣ бо Толибон нест!

Барои муллоҳои Толиб ва толибҳои нектоӣ (галстук)-пӯши дирӯз нахуст иделогияи фашистии паштунӣ аҳамият дорад ва баъд дин.

Ба ёрии расонаҳои иҷтимоӣ ва иттилоотӣ равшан гардид, ки қазовати Толибон аз дин бунёди паштунӣ дорад. Дини толибонӣ танҳо як мушт аст барои кӯбидан бар фарқи ғайрипаштунҳо.

Расонаҳои ғарбии ҳомии Толибон инро медонанд ва низ огоҳанд, ки рӯйи ҳақиқии чеҳраи Толибон фашизми паштунӣ аст, аммо аз канори он мегузаранд ва мекӯшанд азҳони умумиро бо нусхаҳои кӯҳнаи терроризм ё радикалисм мунҳариф созанд.

Муаллифаи ҷадиди иделогӣ як ҷаҳони натсионализми мазҳабӣ аст ва Толибон мумассили он мебошанд.

Тавзеҳи боло ба ҳеҷ ваҷҳ бо ҳузури сохлуҳои ғайрипаштун дар радаҳои Толибон дар таноқуз нест, зеро рӯйи дигари сиккаи қавмии Толибон бандитизм ва мафиягарӣ аст.

Бандаҳои мафияи мазҳабии ғайрипаштун дар зери чатри Толибон масунияти ҷиноӣ ёфтаанд. Агар ба диққат ба таслимиҳои тоҷикҳо ва ӯзбекҳо дар шимол нигариста шавад, дида мешавад, ки саргурӯҳҳои ин дастаҳои қавмии ҷиноӣ тааллуқ ба бандаҳои маводи мухаддир доранд. Инҳо гурӯҳҳои қавмии масирҳои интиқоли маводи мухаддир ба хориҷро аз Бадахшон то Бодғис дар контрол доранд ва ё ҳам дар заръу тавлиди модаӣ, ба мисли чарс ё зумурад даст доранд, намунаи Панҷшер.

Ин гурӯҳҳои ғайрипаштунтабор, ки барои Толибон меҷанганд, дар асл аз манофеи иқтисоди ҷурмиашон ҳимоят мекунанд, на вобастагии қавмӣ. Барои ин гурӯҳҳо қавм вуҷуд надорад ва бутҳояшон сармоя аст.

Мардумони нодори ғайрипаштун аз рӯйи маҷбурият ва барои бақо ё ба чунин бандаҳое мепайванданд ва ё ҳам бо Доиши Хуросон якҷо мешаванд. Дар ҳар ҳолат гӯшти дами тӯпи сиёсатҳои фашистии толибонӣ ва ё доишӣ мешаванд.

Фаромӯш нашавад, ки назорат бар ҳама фаъолиятҳои иқтисоди ҷурмии Толибонро мафияи маводи мухаддири покистонӣ ба ӯҳда дорад.

Дар як ҷамъбандӣ:

Тамоми паштунтборҳо аз мутаассиби қавмӣ ва фашистӣ то либерал бо Толибонанд.

Аксарияти паштунҳои мафияӣ бо Толибон муттаҳиданд ва болохира аксарияти мутлақи паштунҳои мазҳабӣ бо Толибонанд.

Омезиши се гурӯҳ дар як ҳалқа боис шуда, ки қудрати паштунҳо ба гунаи истисноӣ таърихӣ шавад. Паштунизм, яъне толибонизм ва толибонизм, яъне паштунизм!

Паштунҳои берун аз ин ҳалқа вуҷуд надорад. Агар вуҷуд дорад садои онҳо шунида намешавад.

Асл садои толибонӣ аст, ки танини хостҳои афғонӣ/паштунӣ мебошад. Ҳам Ғарб ва ҳам Шарқ ин садоро хуб мешиносанд ва мешунаванд.

Ҳар ду ҷиноҳи рақиби байналмилалӣ дар тахтаи шатранҷи Осиёи Миёнаи Бузург мекӯшанд бо пари Толибон бозӣ кунанд ва ҳар ду ба гунаи ҳамсон ин луқмаашонро дар ҳифзи гегемонияи афғонӣ/паштунӣ мебинанд.

Барномаҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Иттиҳодияи Аврупо ва Бритониё камтар тафовуте бо барномаҳои Русия ва Чин дар мавриди Толибон дорад, сирф манофеи мутаноқиз аст.

***

Дувум, муқоваматгарони зиддитолиб.

Сиёсатгарон ва бахши бузурги хосу авоми порсизабони тоҷик ва ҳазора ин воқеиятро, ки рӯъёи ҳокимияти холиси фашистии паштунӣ пас аз сад сол ба вуқӯъ пайвастааст, ба хубӣ медонанд, вале аз шарм ё тарс ҷуръати баёни онро ба мардуми хеш надоранд.

Дар ду ҳалқаи шинохташудаи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва Шӯрои муқовимати миллӣ чизе барои дифоъ аз манофеи ғайрипаштунҳо, ба вежа порсизабонон дида намешавад. Инҳо хости ҷавонони огоҳи порсизабонро, ки паёми ҷунбиши роҳбурдии ҳаққи таъйини сарнавишташонро дарёфт намуданд ва хостори гирифтани сарнавишт ба дасти хеш ҳастанд, нодида мегиранд.

Қавмкушӣ, наслкушӣ, тасфияи қавмӣ ва тағйири демографии манотиқи ғайрипаштуни шимол низ натавониста виҷдони хуфтаи онҳоро такон бидиҳад.

Баракс ҳарду ҳаракат бештар алоқаманд ҳастанд то бо паштунтаборони рондашуда аз қудратро барои тадовуми ҳокимияти афғонҳо/паштунҳо бо худ дошта ва бо онҳо ҳамдилӣ ва ҳамсӯӣ мекунанд.

Афғонистоншумулӣ ва тақсими қудрат бахши аслии барномаи ҳарду ҳалқа аст.

Бахши бузург аз равшанфикрони порсизабон низ дар ин росто таблиғи афғонистоншумулӣ мекунанд ва дар воқеъ балогардонҳои тадовуми ҳокимияти афғон/паштун анд.

Дар ниҳоят ду ҳалқаи сиёсии мавҷуд ғайрипаштунҳо пеш аз ин, ки ба доияи мардуми хеш бияндешанд, дар талошанд то бо қудратҳои бузурги хориҷӣ барои роҳёбӣ ва саҳим шудан ба қудрат бо толибон чоназанӣ ва муомила кунанд асли мардумашон ҳеҷ!

Қудратҳои бузург манофеъи худашонро таъқиб мекунанд. Бозии «Ғарб» ё «Шарқ» дар баробари ду ҷабҳаи муқовамат чизе шабеҳи бозӣ бо толибон аст, бо як тафовут, ки толибон ҳамин акнун ба ёрии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва муттаҳидони он аз назари низомӣ хеле қавианд ва ҷабҳаҳои муқовимат заиф.

Бо миллати хеш набояд бозӣ кард. Ҷанги кунунӣ дар ҷуғрофияи порсизабонон як ҷанги қавмӣ ва фарҳангӣ аст.

Иттико ба мардум манбаъи қудрат ва пирӯзии мост.

Бояд ба миллати порсизабон манофеъашон нишон дода шавад.

Бояд ба онҳо ёд дод, ки роҳи наҷоти онҳо аз таҳқир, куштор ва нобаробарӣ танҳо аз масири поён додан ба сайтараи ҳокимияти паштунтаборон мумкин аст.

Ин фақат аз тариқи баргашт ба ҳувият, таърих ва фарҳанги порсӣ мумкин аст.

Бозӣ дар майдони бегона соддалавҳӣ мебошад, ки ҷуз бохти ҳатмӣ чизи дигаре надорад.

Қудрати порсизабонон бо идеологияи порсӣ дар пайванд аст.

Ба идеологияи ҳувияти порсӣ бояд аҳамияти зиёд қоил шуд.

Ҳар гоҳ идеологияи порсӣ бо меҳвари ҳувиятӣ эҷод шавад, он гоҳ басиҷи умумии мардумӣ сурат гирифта метавонад.

Қудрати мардум беинтиҳо ва шикастнопазир аст.

Ҷунбиши роҳбурдии ҳаққи таъйини сарнавишт барои порсизабонон ин дирафшро баланд намуда ва дар оянда посухҳои боиста барои наҷоти мардум хеш хоҳад дод.

Файёз Баҳрамон Наҷимӣ, коршиноси умури байнулмилал, узви Шӯрои машваратии “Сангар”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь