Ё чи тавр муҳоҷирон мағзшӯӣ шуданд?

“Ҷиҳод фарз ва шаҳид шудан дар роҳи Худову дини Худост ва ҳар маврид, агар нафаре туро ба ҷиҳод даъват мекунад, бояд аз зану фарзанд, падару модар ва тамоми пайвандон бигзарӣ ва агар ин корро накунӣ, бидон, ки ту мусалмони ҳақиқӣ нестӣ”…

Ба ҳамин мазмун сабтҳое дар интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ рехтааст, ки солҳои аввали зуҳури давлати ба ном исломӣ фазои маҷозиро пур мекард ва мағзшӯён аз онҳо ҳамчун “василаи таъсирнок” барои ҷалби ҷавонон истифода мекарданд.

Аслан, ба гуфтаи коршиносон, истилоҳи “ҷиҳод”, ки дар даҳсолаи ахир миёни ҷомеаи динии Тоҷикистон хеле зиёд, хеле баланд ва хеле бо итминон садо дод, номувофиқ буд. Масъулин ва бархе ҷомеашиносон мегӯянд, барои суҳбат ва ё амри маъруфҳо дар ин бора миёни ҷомеае, ки беш аз 70 сол таҳти таъсири идеологияи зиддидинии шӯравӣ қарор дошту зиёда аз ин, ҷанги шаҳрвандиро паси сар кардааст, як қадар шитобзадагӣ ва то ҷое хатарзо ба ҳисоб мерафт. Гуфта мешавад, халқи таърихан мусалмони тоҷик, ки дар натиҷаи ин сиёсатҳо ва ин ҷанги шармовар аз ислом то андозае дур гашта буд, ба дарки чунин мавзуҳои мураккаб ва хеле ҳассос омода набуд, балки натиҷаи баръакс оварда метавонист ва то ҷое овард.

Мақомот мегӯянд, дар натиҷаи шарҳу тафсири нодурусти “ҷиҳод” аз ҷониби руҳониёни камхонда ва онҳое, ки пинҳонӣ бо гуруҳҳои ифротӣ ҳамкорӣ доштанд, дар зеҳни насли ҷавон, камсавод ва бекор ақидаҳои ғалат дар мавриди ин истилоҳ ба вуҷуд омад.

Тибқи маълумоти расмӣ, дар ин муддат 22 сархатиби масҷид бо ҷурми ҳамкорӣ бо ташкилотҳои террористӣ боздошт ва муҷозот шудаанд. Аз ҷумла 12 нафари онҳо барои доштани робитаҳои зич бо ташкилоти террористии «Бародарони мусулмон», 9 нафар барои аъзо будан дар ташкилоти экстремистии «Салафия» ва 1 нафар барои аъзо будан дар ташкилоти террористии «Давлати исломӣ» айбдор дониста шудаанд.

Коршиносон ба ин назаранд, ки маҳз ҳамин гуна зеҳниятсозӣ байни ҷавонон, ки махсус сурат мегирифт, барои пайвастан ба гуруҳҳои ифротӣ, террористӣ ва экстремистӣ заминаи калидӣ гузошт.

Ҳамчунин, ноогаҳӣ аз фарҳанги истифодабарии интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба ақидаи таҳлилгарон, як зумра ҷавонон, хоса онҳоеро, ки дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор доштанд, ба роботҳои тарғибкунандаи ақидаҳои радикалӣ ва ғояи давлати ба ном исломӣ мубаддал сохт.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар он замон як гуруҳи бузурги корбарони интернет дар шабакаҳои иҷтимоӣ матолиб ва аксу наворҳои давлати ба ном исломӣ ва дигар гуруҳҳои террористиву радикалиро ҳамчун нишони муҳаббат ба дину Худо паҳн мекарданд. Онҳо ташвиқот бурдаву гумон менамуданд, ки як мусалмони ҳақиқӣ, нафари огаҳ, босавод ва боимон бояд ҳатман дар ин “кори савоб” иштирок кунад. Ин ҳам дар ҳоле, ки мақомот шояд ин равандро “бетаъсиру камарзиш” баҳогузорӣ намуда, амалан дар муқобилашон иқдоми ҷиддие анҷом надоданд.

Шароити сахту вазнини кору иқомат дар муҳоҷират ва мушкилоти доимии равонӣ, ба гуфтаи таҳлилгарон, омили дигари ҷалб намудани муҳоҷирон ба ин гуруҳҳо буд.

– Азоби сахти муҳоҷирони тоҷик дар Русия, ки то ҳанӯз идома дорад, наметавонист аз ҷониби онҳое, ки барои ДИИШ стратегия ва тактика месохтанд, нодида гирифта шавад. Ин ҷои пинҳон надорад, ки гуруҳҳои ифротӣ ҳатман аз ҷониби ягон доираҳои хос, ба вижа хадамоти махсус идора мешаванд ва онҳо ҳама паҳлуҳои заъфу қавиро дақиқ баррасӣ менамоянд,- мегӯяд коршиноси масоили иҷтимоӣ Алии Амин. “Зиёда аз ин, бекорӣ, фиреби пайваста аз ҷониби корфармоён, маоши ночиз, фазои бегона, муносибати номуносиби корфармо бо муҳоҷирон ва эҳсоси надоштани ҳомӣ дар муҳоҷират ҷавонони аз ҷиҳати равонӣ ноустуворро дилсард кард ва ҳамин тавр ба туъмаи тайёри гуруҳҳои ифротӣ табдил дод”,- мегӯяд ӯ дар идома.

Вазъияти онрӯзаи ҳаёти муҳоҷирон дар мисоли яке аз ҳамсуҳбатони мо шояд ба дарки амиқтари ин масъала мусоидат намояд: – Шабонарӯзӣ то 12-14 соат меҳнати ҷисмонӣ мекардем. Ба болои муносибати дағал роҳбарият бо ҳар баҳона моро ҷарима мекард. Албатта, таҳаммули ин муносибат бароямон душвор буд, аммо дигар чора надоштем, маҷбур будем сарро хам карда, тоқат кунем. Шаб, вақте аз кор ба хобгоҳ меомадем, ё ба хона занг мезадем, ё барои рафъи хастагӣ ба интернет ворид мешудем. Солҳои охир азбаски арзиши суҳбатҳои мустақим гарон гардид, аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва НҶН тамос мегирифтем. Мутаассифона, аксарияти ин василаҳои тамосро дар Тоҷикистон баъдан ё масдуд карданд, ё онҳоро барҳам доданд.

Дар ҳамин ҳол, таҳлилгарон мегӯянд, ки дилмондагӣ аз вазъият, дастрасӣ надоштан ба пайвандони раҳдур, онҳоро як навъ “одами нодаркор” муаррифӣ мекарду ахиран аз ин вазъи ҳассос гуруҳҳои ифротӣ ба манфиати худ истифода намуданд. Дар натиҷа, тибқи иттилои мақомот, 75% шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба гуруҳҳои ифротӣ пайвастаанд, аз ҳисоби муҳоҷирони корӣ дар Русияанд.

Мусоҳиби мо, ки дар гузашта муҳоҷири корӣ дар Русия буд, меафзояд, масоили дигаре ҳам вуҷуд дошт, ки метавонистанд барои ҷалби ҷавонон ба сафи гуруҳҳои ифротӣ истифода шаванд: – Шунидани ин ки маблағи равонкардаамон барои рӯзгори хона намерасад ва хонавода маҷбуранд, ки то маблағ равон карданамон аз мағозаи назди хона қарз бигиранд, бароямон бисёр сахт буд. Ин ҳам ба одамон сахт мерасад, вақте мешунаванд, ки писараш барои напардохтани пули мактаб намехоҳад дигар ба дарс равад ё ин ки нархи барқ 12 дирам боло рафтаасту агар пул равон накунам, барқро қатъ мекунанд. Баъди ин суҳбатҳо касро ҳисси нобоварӣ ва ғаму андуҳ фаро мегирад ва ҳатман ба шабакаҳои иҷтимоӣ ё «Ютуб» сар мезанад, то ҳадди ақал наворе тамошо кунаду аз ин ҳолат раҳо шавад. Аммо вақте интернетро боз мекунад, дар сархати аввал навори “гирифтани сатру ҳиҷоб аз духтарон”, “тарошидани риши мардон”, “боздоштани ҷавонони то 18-сола ба масҷид”, “бастани масҷидҳо” дар гардиш аст. Оё ин ҳолат боварии зиндагонии осуда ва муҳаббат ба ватанро коста намегардонад? (Ҳамаи ҷумлаҳои дар нохунак овардашуда сарлавҳаи видеоҳои дар «Ютуб» нашршуда ҳастанд).

Дар ҳамин ҳол, “бародари аҳли исломе” бо риши ороставу чеҳраи нуронӣ ва табассуми ҷазбкунанда бо сарулибоси исломӣ дар пасманзари калимаи шаҳодат ангушт боло дошта, хитоб мекунад: “Шумо чи гуна мусалмон ҳастед, ки дар ватанатон ин ҳама бесарусомонӣ рух додан дорад?”. Ва албатта даъват мекунад, “бовар мекунонад”: “инҷо (Сурия, Ҷиҳод) биёед ва саодати рӯзгорро соҳиб шавед, биёед ва дар як ҷомеаи боадолат роҳ ёфта, зиндагии хуррамона ба сар баред”.

Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, “маҳз баъди ҳамин зарбаҳои равонӣ тоқати бе ин ҳам сар задаи муҳоҷирон “сар омад” ва онҳо ба даъвати мағзшӯён дода шуданд”.

– Муҳоҷирони зиёд ба ин даъватҳои дурӯғин дода шуданд, аксаран ҷавонон. Мешунидем, ҳатто ҳолатҳое буд, ки муҳоҷирони дар як ҳуҷра буда, пул ҷамъ карда ё телефону компютерҳояшонро фурӯхта, пулашро ба ҳамин нафаре медоданд, ки қасди рафтан ба Сурияро дошт. Коршиносон низ мегӯянд, мағзшӯён аз матолиби муҳтавояш чун “тасмимҳои нодурусти ҳукумат”, “ноуҳдабароӣ ва номуваффақии ҳукумат”, “ҳукумати зиддиисломӣ” истифода карда, муҳоҷирони таҳсилнодидаро зуд гумроҳ намуда, ба гирдоби ин ҷаҳолат меандохтанд. Маълум аст, ки аз ин гуна маълумот гуруҳҳои сиёсии мухолиф ба манфиати худ истифода кардан мехостанд. Аз ин ҷост, ки аз матолиби паҳннамудаи онҳо, пайдо шудани ҳисси нафрат нисбат ба ватану давлат дар зеҳни муҳоҷирон замина мегузошт.

Коршиносон таъкид мекунанд, ки шумори “ҷиҳодиён” ва ё ҷангҷӯёни сафи ДИИШ метавонист бамаротиб афзоиш ёбад, агар як қатор омилҳо мавҷуд намебуд. Яъне қисмате аз муҳоҷиронро барои нарафтан ба Сурия умеди Ватан, хонавода, зану фарзанд нигоҳ медошт. Онҳо ба Русия ба умеди кору маоши хуб ва ҳамин тариқ умеди баргаштан ба ватан ва барпо намудани зиндагии беҳтар рафта буданд ва ҳамин ҳис онҳоро водор месохт, то масъулият эҳсос кунанду баргарданд. Гуруҳи дигар барои як муҳлати муайян ба Русия рафта буданд. Онҳое, ки дар ватан қарзҳои хурди носупорида, боми нопӯшонида ва ё дигар эҳтиёҷоти яквақта доштанд.

Бархе аз муҳоҷирони ба истилоҳ “имони заиф” дошта, ки ба гуфти мағзшӯён “буздил, тарсу” буданд ё ҳоло ҳам дар баъзе масъалаҳо шубҳа доштанд.

Муборизаи густардаи мақомот ва институтҳои иҷтимоӣ бо ин падида, дар солҳои ахир натиҷаи хуб ба бор овардааст. Бо ин вуҷуд, ба ақидаи таҳлилгарон хатари пайвастани ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатӣ ба гурӯҳҳои террористӣ, агарчӣ ҳоло кам шудааст, вале батамом аз байн нарафтааст.

Таҳлилгарон мегӯянд барои пешгирии ҳолат мақомоти ҳукумат бояд мисли солҳои 2014-2015 ба масъала “нописандона” назар накунанд, балки аз ҳоло таҳлил намоянд, ки аз кадом паҳлуҳои заъф мағзшӯён ва гурӯҳҳои ифротӣ метавонанд ба нафъи худ истифода бурда, аз нав маъракаи худро “гарм” насозанд. Хоса бо ин ки вақтҳои охир расонаҳои русиву ғарбӣ дар бораи “таҷаммӯи гурӯҳҳои террористӣ дар марз бо Тоҷикистон” зиёд хабар медиҳанд, мавзӯъ бояд хеле ҷиддӣ мавриди баррасӣ қарор дода шавад.

Абдуллоҳ ҒУРБАТӢ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь