Ба навиштани ин мақола бандаро андешаи директори Пажӯҳишгоҳи проблемаҳои минтақаии Русия ҷаноби Дмитрий Журавлёв дар телевизиони “РБК” таҳрик дод. Роҷеъ ба моҳияти фоҷиаи дар марзи тоҷику қирғиз рухдода ин ҷаноб на фоҷиаро эътироф карду на ҷангро… Гуфт, ки ин ҷуз як “драка” чизи дигаре нест. Тоҷикон ҳамла карданд ва масъулини амниятӣ зуд роҳи ин муноқишаро гирифтанд. Барои инҳо хатари азимтар аз Афғонистон хориҷ шудани амрикоиҳо ва нуфузи бештар пайдо кардани толибон аст… Хавфи асосӣ барои тоҷикон толибон аст, на ин муноқиша… Дар хусуси он ки чаро Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (ОДКБ) ба ин низоъ дахолат намекунад, ҷаноби директор гуфт, ки эҳтиёҷе нест… Русия метавонад миёнҷигарӣ кунад, ба шарте ки низоъ тӯлонӣ ва ҷиддӣ шавад…

Ин мусоҳиба ҷузъиёти зиёд дошт, ки мутаассифона, ба манбаъҳои қирғизӣ асос доштанд, онҳоро такрор кардан чӣ лозим, ҳама медонад… Ба як сухан эҳсос кардам, ки ба ин рухдоди фоҷиавии ду рӯз қабл дар марзи тоҷику қирғиз аксари коршиносону стратегҳои рус ҷониби қирғизҳоянд, чун тамоми сархати ахбори расонаҳои ҷаҳон аз гуфтугузори онҳо иқтибос шуд, ба тоҷикон тамғаи “ҳамла карданд”, “хонаҳоро сӯзонданд” ва ғайра зада шуд, кутоҳи сухан — инҳо ҳуҷум карданду онон дифоъ…

Аммо коршиносе вобаста ба ин воқеа ибораи машҳури “дӯстии халқҳо”-ро як афсона хонд, дигар ин дӯстӣ ба кор намеояд, моли таърих шуд, ҳанӯз дар солҳои ахири шӯравӣ аз байн рафта буд…

Принсипи сабабу натиҷа имкон медиҳад, ки сарҳисоби ҳар муаммое дарёфт шавад: нуқтаи сарҳисоби ин муноқиша ҳам давлати абарқудрати шӯравӣ буду ҳаст. Ҳамон айём имкони мушаххас кардани марзҳои миёни кишварҳои барои русҳо бародарони хурдӣ буд, вале ин корро накарданд, чунки ҳадаф дигар буд. Империяи шӯравӣ баъди сари худ ҳазору як проблема ба ёдгор монд, дарду доғҳои куҳна рӯ заданд, кинагириву қасосситониҳо авҷ гирифт, кишварҳои тӯли ҳафтод сол дӯсту бародар якбора гиребонгири ҳамдигар шуданд, аввал водии Фарғона майдони набарди хунрези ӯзбакҳову туркҳои масҳатӣ шуд, ончунон хунрезие, ки таърихи баъди ҷанги Гирмон ёд надошт…

Ин якумин ҳодисае буд, ки (май-июни соли 1989) устураи “дӯстии халқҳои шӯравӣ”-ро хатти бутлон кашид ва яке аз принсипҳои асосии сотсиализми мутараққӣ ва коммунизм — “одам ба одам дӯст, рафиқ ва бародар”-ро аз миён бардошт, ҳубоби болои мавҷ буданашро исбот кард. Дар як муддати кутоҳ садҳо ҳазор турк бераҳмона кушта шуд, аз Ӯзбекистон 90 ҳазор туркҳои масҳатӣ фирор карданд, аз тоторҳои қримӣ беш аз 100 ҳазор , аз қирғизҳо 40 ҳазор ва аз русҳову русзабонҳо 2 миллион нафар ин сарзаминро тарк карданд…

Баъдан муноқиша дар Қарабоғи Куҳӣ миёни арманию озариҳо бинои давлати шӯравиро сахт ларзонд. Моҳи апрели соли 1990 банда шоҳиди даст ба гиребон шудани ҷавонони озариву арманӣ дар яке аз анҷуманҳои ҷавонон дар шаҳри Маскав будам: дар ҷараёни як тадбири фарҳангӣ ду гурӯҳи ҷавонон — гули сари сабади ҳарду миллат — арманиву озариҳо ба ҳам чунон даровехтанд, ки аз авбошони кӯчагӣ фарқе намекарданд… Ин муноқиша 30 сол баъд, соли ҷорӣ баъди ҷанги воқеии артишҳои ду тараф ва фоҷиаҳои зиёд, боз ҳам мисли даврони шӯравӣ бо дахолати “бародари калонӣ” — Русияи путинӣ ҳал шуд. Ҳоло дақиқ нест, ки баъди аз сари давлат рафтани Путин ин муноқиша аз нав рӯ мезада бошад ё на…

Он кишвар ва миллатҳое, ки бар асари худшиносии қавии миллӣ ва муҳофизакории воқеӣ аз ин империя ба осонӣ ва бохти камтар раҳо шуданд, кишвар ва миллатҳои соҳили Балтика буданд: литвонию латиш ва эстониҳо… Онҳо ҳанӯз дар даврони шӯравӣ худро дар шумори мардумони ҷабрдида эҳсос ва ошкору ниҳон ба русҳо ҳамчун “ишғолгарон” муносибат мекарданд…

Ҳамаи ин ҳаводис ва даҳҳо далелҳои дигаре ҳастанд, ки гувоҳи миф ё устура будани дӯстии халқҳо дар аҳди шӯравӣ  мебошад. Худораҳматӣ Ҷӯрахон Бақозода, мунаққид ва устоди донишгоҳ, ёдрас мекарданд, ки: “Дӯстии халқҳо бузургтарин мифи ихтироъкардаи шӯравӣ буд”, ки аслан асос надошт… Чизҳои хурду резае буданд, ки ин мифро гӯиё исбот мекарданд, масалан, издивоҷи намояндаҳои миллатҳои гуногун, равуои адибон ба кишварҳои ҳамдигар, санохониҳо дар ҳаққи ҳамдигар дар тадобири фарҳангӣ ва ғайра…

Миф будани ин ибораи машҳури даврони шӯравиро таърихи қадим низ исбот мекунад: масалан, барои мисриҳои қадим дӯстӣ бо халқҳои дигар танҳо ба маънои тиҷорат кардан фаҳму дарк мешуд: ё тиҷорат ё ҷанг, роҳи сеюм вуҷуд надошт… Дар Юнони қадим низ мардумони зиёде мезистанд — афиниҳо, спартаниҳо, фиваниҳо, критиҳо ва ғайра, ки муносибаташон бо ҳам танҳо бар асоси прагматизм буду халос. Танҳо Искандари Мақдунӣ як муддат тавонист халқҳои гуногунро муттаҳид кунад, аниқтараш аз ҷангҳои байни ҳам озод ва бар зидди душманони беруна сафарбар намояд.

Аммо баъди сари ӯ пайравонаш ин империяи бузургро дар як муддати кутоҳ титу пора карданд ва ба шуғли ҳамешагиашон — ҷанги ҳамдигарӣ баргаштанд… Вазъият дар империяи Рим андаке дигаргунатар буд — римиҳо барои халқҳои зери тасарруфашон имкон медоданд, ки бо забони худашон такаллум кунанд, фарҳанги худашонро ривоҷ диҳанд, қишри эҷодкори худро дошта бошанд, ҳатто барои шахсиятҳои дар кору муомила намуна статуси шаҳрванди Римро медоданд… Империяи Рим аз бисёр ҷиҳат империяи шӯравиро мемонд: ҳама ихтиёр дар дасти римиҳои асил буд (дар шӯравӣ низ ҳама масъалаҳо дар Маскав ҳал мешуд…). Таърих фақат як далели мусбати дӯстии халқҳоро медонад: дар Андалузия мусалмонон бо яҳудиҳои диндор орому осуда мезистанд ва ба корҳои ҳамдигар мудохила намекарданд. Дар қуруни вусто ҳам вазъ дар ин масъала беҳбудӣ надошт: бургундиҳо зидди нормандиҳо, инглисҳо зидди шотландиҳо, испаниҳо зидди баскҳо, олмониҳо зидди франсавиҳо, шведҳо бошанд, зидди ҳама…

Таърихи ин ибора, яъне дӯстии халқҳо дар замони шӯравӣ аҷибу ғариб аст: баъди 18 соли таъсиси Иттиҳоди Шуравӣ “падари ҳама халқу миллатҳо” — Иосиф Сталин дар соли 1935 бо тантана эълом дошт, ки: “Нобоварию беэътимодии миёни халқҳо ба анҷом расид, акнун дӯстии воқеии халқҳои шӯравӣ фароҳам омада устувор мешавад. Ин беҳтарин дастоварди сиёсати миллии болшевикон аст”.

Аммо масъалаи муҳимми дигар ҳалношуда монд: дар ин дӯстӣ бояд яке аз халқҳо ҳаққи сарварӣ дошта бошад. Аввалин бор дар ин хусус соли 1937 дар сармақолаи рӯзномаи “Ҳақиқати Ленинград” сухан рафт: “Вақте халқи рус аз ҷо бархост, ҳамчун халқи озодидӯст, боадолат, баистеъдод миёни дигар халқҳо дар мавқеи аввал эътироф шуд. Ҳамин тавр, ҳама бародарон дар ин оилаи тифоқ русҳоро ҳамчун бародари бузург мешиносанд ва эҳтиром мекунанд…” (мақолаи “Миёни баробарҳо бародари бузург”).  Сталин 7-уми ноябри соли 1937 дар маърӯзааш изҳор намуд, ки “мо ин давлатро (яъне давлати шӯравиро) тавре сохтем, ки агар мабодо қисме аз он (кадом як кишвари аъзои он) аз ин иттиҳод барояд ҳам, мустақилона зиндагӣ карда натавонад…”.

Ин стратегия то кунун, гарчи даҳсолаҳо аз шикасти шӯравӣ гузашта бошад ҳам, мутаассифона, амал мекунад. То ҳол ҳама муноқишаҳоро дар фазои баъдишӯравӣ маҳз Русия ҳал мекунад, то ҳол ҳама кишварҳои як замон дар ҳайати Шӯроҳо муттаҳидбуда ба “ҷаҳони русӣ” мутааллиқанд (албатта, ба ҷуз кишварҳои соҳили Балтика ва Гурҷистону Укроин).

Ҳамин тавр, устураи “дӯстии халқҳо” камобеш 70 сол идома кард ва баробар бо шикасти шӯравӣ аз миён рафт, он ҳамчун яке аз усулҳои асосии интернатсионализми пролетарӣ барои сохтори шӯравӣ хидмати идеологӣ кард, аммо баъди пароканда шудани он давлати абарқудрат ин ҳам ба қаъри таърих рафт.

Яке аз масъалаҳои асосие, ки ба дуруст ташаккул наёфтани принсипи дӯстии халқҳо сабаб шуд, то охир ҳал нашудани масъалаи миллӣ буд: ҳанӯз дар аҳди шӯравӣ масъалаи марзбандӣ сарсарӣ ва осемасар сурат гирифт ва минтақаҳои баҳснок хеле зиёд боқӣ монд. Тарси ҷазо аз Кремл ба рӯшанфикорон ва давлатмардони кишварҳои миллӣ имкон намедод, ки ин проблемаро ба сатҳи Кумитаи Марказӣ бардоранд, дар боло низ инро хуб донанд ҳам, намехостанд, ки то ахир ҳал шавад.

Акнун баъди гузашти қариб сӣ сол давлатҳои раҳоёфта аз панҷаи шӯравӣ гираҳи уқдаҳои меросии онро кушоданӣ мешаванд: дар Қафқоз арманиву озариҳо барои Қарабоғ, молдавиҳо барои минтақаи соҳили Днестр, тоҷикону қирғизҳо барои заминҳои атрофи Ворух…

Аксар коршиносони рус ба ин ақидаанд, ки ҳаққи миёнҷигарӣ дар ҳалли низоъҳои миёни давлатҳои фазои баъдишӯравиро фақат русҳо доранд, аммо омилҳои дигар ҳам номбар мешаванд. Масалан, Туркия азми ҷиддии мавқеи худро дар Осиёи Марказӣ устувор кардан дорад, Эрон низ… Инҳо одат кардаанд, ки манфиатҳои геополитикии худро бо дасти дигарон ҳифз кунанд, аслиҳа медиҳанд, ба набарди иттилоотӣ ҳамроҳ мегарданд, аммо бевосита ба муноқишаҳо ворид  намешаванд. Одати ҳама абарқудратҳо ҳамин аст.

Ақидаи дигаре, ки дар фазои иттилоотӣ чарх мезанад, хатарноктарин аст: ҳар қадар низоъи сарҳадӣ дар Ворух тӯлонӣ шавад, барои бархе кишварҳо муфид аст. Русия метавонист низои байни арманиҳову озариҳоро дар ҳоли оғоз шуданаш қатъ кунад, аммо накард, баҳона пеш овард, ки озариҳо дар сарзамини худашон меҷанганд… Вақте ба муноқишаи хунин нуқта гузошт, ки кор аз ҳад гузашта буд… Худой  нахоста, ки ҳамин сенария дар Ворух истифода шавад… Барои ҳамин, зарур аст, ки музокирот дер давом накарда, ҳарчи зудтар марзҳо мушаххас шаванд ва суботу оромӣ таъмин гардад.

Акнун ду-се андеша дар хотимаи масъалаи дӯстии халқҳо. Ба бовари банда, ин дӯстӣ аслан устура буду ҳамин тавр устура монд. Мифи «дӯстии халқҳо» кайҳо ҷойи худро ба прагматизм додааст, кишваре нест, ки бидуни ба эътибор гирифтани манофеи миллии худ бо давлати дигар дӯстӣ кунад, он танҳо моли адабиёти бадеӣ шудаасту халос. Мисли бонуи тоҷик Хоннигоҳ (Хеникей), ки гӯё ба Манаси қирғиз издивоҷ карда бошад… Банда дар дусад сол ба ин афсона бовар намекунам, зеро сафсаттае беш нест. Аммо барои адабиёт чунин мифҳо лозиманд, зеро адабиёт бе тахайюл адабиёт нест.

«Дӯстии халқҳо» ҳам танҳо дар адабиёт, шеъру достону қиссаву ҳикоя ба кор меояд, дар зиндагии воқеӣ танҳо прагматизм асоси муносибатҳо буда метавонаду халос. Ҳоло ягона меъёр — манфиатҳои миллист, тиҷорату иқтисод аст, додугирифти молу колост, мисли он ки мисриҳои қадим роҷеъ ба дӯстӣ ҳамин гуна тасаввурот доштанд…

Ҳафиз РАҲМОН

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here