Толибон – устухоне дар гулӯи кишварҳои Осиёи марказӣ ҳастанд, ки на ба қонунҳои исломӣ пойбанд ҳастанд на ба дунявӣ!

Баъди хуруҷи нерӯҳои Амрико ва ба сари қудрат омадани Толибон вазъи сиёсиву иҷтимоии Афғонистон мубрамтару муташанниҷтар гардидааст. Аз ҳодисаи мазкур, яъне ғасби Кобул чору ним моҳ сипарӣ шуд. Оё таҳдиду хатарҳои террористӣ аз ин мамлакат ба кишварҳои Осиёи Марказӣ коҳиш ёфтааст ва ё баракс, афзудааст?

Тавре ки медонем, то хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ ва суқути давлати лухтакии Ашраф Ғанӣ сарҳадоти байни Афғонистону давлатҳои Осиёи Марказӣ то андозае аз тарафи нерӯҳои амниятии ин кишвар назорат мешуд. Ҳамзамон фаолияти гурӯҳҳои террористиву ифротгароии муқими ин давлат таҳти назорати хадамоти махсуси амниятӣ қарор дошт. Муассирии иқдомоти сохторҳои муваззафи Ҳукумати қаблӣ алайҳи гурӯҳҳои террористиву ифротгарову ҷангҷӯ мавзӯи баҳси дигар мебошад ва ба он дахолат намекунем.

Таҳрики ҳаросатгарои Толибон баъди тасаллут бар Кобул ба кишварҳои ҳамсоя ваъда дод, ки марзро убур намекунад ва ба амнияти ягон ҳамсоякишвар хатар ба бор намеорад, вале метавон ба ваъдаҳои онҳо бовар кард? Таҷриба нишон медиҳад, ки ба ваъдаҳои ин гурӯҳи ифротгаро, ки дастонашон то оринҷ оғӯштаи хуни мардуми бегуноҳ аст, эътимояд набояд кард. Дар даврони қаблии ҳокимияти худ (1996-2001) Толибон хотираҳое аз худ боқӣ монданд, ки ба гузашти 20 сол мардуми ин кишвар бо даҳшату ваҳшат онро ба ёд меоранд. Возеҳ аст, ки мафкураву идеологияи “толибонӣ” зиддибашарӣ ва зиддиинсонӣ мебошад. Ин гурӯҳи ифротгарову террорист Афғонистонро ба лонаи террористони байналмиллалӣ табдил дода буд. Дар бораи куштору ҷиноятҳои зиддибашарии ин гурӯҳ садҳову ҳазорҳо далелҳои шайъӣ мавҷуданд ва беҳуда нест, ки аксари роҳбаронаш дар рӯйхати сиёҳи Созмони милали муттаҳид ҳамчун террорист шомил мебошанд ва гузашта аз ин, бо қарори Шӯрои Амнияти СММ Толибон ҳамчун созмони террористӣ шинохта шуда, фаъолияти он дар аксар мамолики мутамаддин мамнӯъ мебошад.

Имрӯз, мутаассифона ин гурӯҳи тундраву ифротгаро дар Афғонистон сари қудрат мебошад ва бо тамоми воситаҳои мавҷуда ва бо роҳи дурӯғу фиреб мехоҳад ҷомеаи ҷаҳонро мутмаин бисозад, ки онҳо дигар шудаанд ва онҳо”толибон”-и қаблӣ нестанд. Худи ҷараёни ба сари қудрат омадану суқути давлати пешин дар Афғонистон як муаммоест сарбаста ва кудетоеро мемонад.  Эҳтимол меравад, ки ин ҷо як тавтеа ва бозии бузурге ниҳон асту бозигарони аслии он паси парда мебошанд ва рӯзе хоҳад расид, пардаҳо бозу чеҳраҳои сиёҳи онҳо ба ҳамагон рӯшан хоҳад шуд. Новобаста ба ин эҳтимолу тахминҳо “Толибон” имрӯз дар ҳаёти сиёсии Афғонистон воқеият мебошанд ва бо ин воқеият бояд сару кор дошт. Талошу кӯшиши бесобиқаи онҳо ва пуштибонҳои хориҷиашон  ба он нигаронида шудааст, ки ҳукумати толибшумулу паштуншумули онҳо аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шавад. Бо гузашти чору моҳ талошҳои онҳо дар ин самт  натиҷаи дилхоҳ надодааст ва то имрӯз ягон кишвари дунё онҳоро ба расмият нашинохтааст, ҳатто наздиктарин ҳомиёну пуштибононашон. Ҳукумати қаблии онҳо аз тарафи ҳамагӣ се давлат ба расмият шинохта шуда буд: Покистон, Арабистони Саудӣ ва Аморати Муттаҳидаи Араб. Ҳоло бошад, ҳатто ҳамин давлатҳо ҳам онҳоро ба расмият нашинохтаанд. Дар чунин ҳолати номуайяну норӯшан ва мушкилоти азими иқтисодӣ, ки дар натиҷаи таҳримҳои иқтисодиву молии кишварҳои Ғарб пеш омадааст, Ҳукумати “Толибон” барои рафъи он чӣ хоҳад кард? Оё онҳо метавонанд ва ё мехоҳанд аз идеологияи асримиёнагии худ даст бикашанд ва ба ваъдаҳои худ оиди ташкили ҳукумати фарогир, риояи оддитарин ҳуқуқҳои инсон, аз қабили  ҳуқуқи баён, ҳуқуқи зан, ҳуқуқи аққаллиятҳои милливу мазҳабӣ ва амсоли он хилоф накунанд? То ҳол ин саволҳо беҷавобанд.

Возеҳ аст, ки “Толибон” имрӯз вазъияти Афғонистонро ба пуррагӣ назорат карда наметавонанд. “Ҷабҳаи муқовимати миллӣ” феълан на танҳо дар Панҷшеру вилоёти ҳамсоя, балки дар тамоми манотиқи кишвар тарафдорони худро дорад ва “Толибон” наметавонанд инро нодида бигиранд. Гузашта аз ин, садои “Ҷабҳаи муқовимат” ба гӯши ҷомеаи башар расидааст ва вокунишҳои дигареро сари онҳо ба бор овардааст. Инфиҷору куштори рӯзҳои ахир дар масоҷиди Кобулу Кундуз ва Кандаҳор далели он аст, ки “Толибон” назорати кулли кишварро дар даст надоранд ва гурӯҳҳои террористии дигар аз қабили “Давлати Исломии Ироқу Шом” (ДИИШ), “Ал-Қоида” ва амсоли он дар Афғонистон озодона амал мекунанд. Гузашта аз ин, мувофиқи маълумотҳои хадамотҳои истихборотӣ дар Афғонистон ба ғайр аз “Толибон” зиёда аз 20 гурӯҳи дигари террористӣ паноҳ бурдаанд ва фаолият менамоянд. Ҳамчунин, тибқи маълумотҳои СММ теъдоди умумии ҷангиёни хориҷӣ дар  Афғонистон аз 8 то 10 ҳазор нафарро ташкил менамояд. ки аксари онҳо шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошанд.  Мавҷудияти теъдоди зиёди ин ҷангиён ва гурӯҳҳои террористӣ ба амнияту суботи  кишварҳои ОМ хатари ҷиддӣ доранд,

Ба касе пӯшида нест, ки зери ниқоби “Толибон” ба сарҳадоти давлатҳои Осиёи Марказӣ дигар гурӯҳҳои ҷангҷӯву террористӣ, ки ба амнияти ин кишварҳо хатар доранд, интиқол дода мешаванд, ки боиси нигаронии амиқи онҳо гаштааст. Тафовути имрӯз аз салтанати пешини Толибон (1996-2001) дар он аст, ки он вақт миёни “Толибон”-у давлатҳои Осиёи Марказӣ  неруи муқовимати бузурге алайҳи “Толибон” бо номи “Эътилофи Шимол” вуҷуд дошт, ки аз мардуми бумии ғайрипаштуни ин минтақа иборат буда, сарҳадот таҳти назорати онҳо қарор дошт. Қудрати низомии онҳо нагузошт, ки “Толибон” он давра то ба сарҳади Осиёи Марказӣ бирасанд. Ин неру аслан нақши буфериро байни “Толибон”-у кишварҳои ОМ мебозид ва бархӯрди бевоситаи онҳоро хунсо менамуд. Ҳозир бошад, чизе байни онҳо нест ва онҳо дар ҳоли бархӯрди бевосита қарор доранд.

Давлатҳои Осиёи Марказӣ наметавонанд ба хатари воқеие, ки аз тарафи толибону дигар гурӯҳҳои террористиву тундрав ба онҳо таҳдид мекунад, бетараф бошанд. То ба ҳол кишварҳои минтақа мавқеъгирии ягонаву собити хешро нисбати Толибон мушаххасу муайян накардаанд, ки боиси таассуф мебошад.

Иёлоти муттаҳидаи Амрико ва муттаҳидонаш баъди хуруҷ аз Афғонистон ба Толибон тӯҳфаи гароне аз аслиҳаву муҳимот боқӣ монданд, ки қимати онҳоро ҳудуди беш аз 85 миллиард доллар медонанд.  Шумораи ҷангҷӯёни  “Толибон” мувофиқи маълумотҳои Созмони милал аз 58 то 100 ҳазор  ва мувофиқи  маълумоти бархе аз коршиносони амрикоӣ то 200 ҳазор мерасад, ки таҷрибаи бисёрсолаи ҷанги чирикӣ ва ҷанг бо Амрикоро доранд. Барои аксари онҳо ҷанг ин касбу ҳунари ягона ва дилхоҳ мебошад. Ин тоифа дар ҷанг ба дунё омадаанд, бо ҷанг бузург шудаанд ва ҳаётро бе ҷанг тасаввур карда наметавонанд. Мақсад аз ин гуфтаҳо он аст, ки бидонем, душмани мо кист ва мо бо кӣ дар набард хоҳем шуд.

ИМА ва НАТО баъди хуруҷи нирӯҳояш анборҳои бузурги на танҳо аслиҳаи оташфишон (600 ҳазор мил), балки миқдори азими аслиҳаи замонавии хатарнокро партофта рафтанд. Урдуи “торуморгаштаи” режими қаблӣ соҳиби беш аз 200 адад тайёраҳои низомӣ, ба шумули тайёраҳои ҳамлавари амрикоии А-29 ва чархболҳои навтарини низомии Black Hawk буд, ки ба толибон мерос монд ва ин гурӯҳи террорист бо кӯмаки зархаридони хориҷӣ онҳоро мавриди истифода қарор додаанд. Инчунин, Толибон соҳиби 50 адад системаи “Град”, миқдори зиёди гаубитсияҳои 122 мм-и Д-30, тонкҳои Т-55 ва Т-62 ва 75 ҳазор автомобил ба шумули 1100 адад мошинҳои “Ҳаммер” гаштаанд. Бо ҳамин тариқ, ин гурӯҳи террористии қаблӣ бо теъдоди ҳайати шахсӣ ва сифати техникаву аслиҳаи низомӣ аз Қувваҳои мусаллаҳи тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ дар алоҳидагӣ дар пеш мебошад.

Бо дарки ин хатару таҳдидҳо кишварҳои Осиёи Марказӣ маҷбуранд, ки барои ҳимоят ба дигар давлатҳои абарқудрат муроҷиат намоянд, дар ҳоле ки ин қудратҳо ба бозиҳои пасипардагӣ бо Толибон шурӯъ намудаанд ва дар навбати аввал аз манофеи худ ҳимоят менамоянд. Халои ба вуҷуд омадаро баъди хуруҷи Амрико мехоҳанд Русияву Чин соҳиб шаванд ва ошкору пинҳон дар ин самт фаъолият доранд. Дар се моҳи ахир се марҳалаи размоишҳои муштараки СПАД бо иштироки ҳамаи кишварҳои ин созмон дар марзҳои Афғонистону Тоҷикистон баргузор гардид, ки аз омодабошии ин паймон аз таҳдиду хатарҳои террористӣ дарак медиҳад. Аз 5 кишвари Осиёи Марказӣ сетоаш: Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон аъзои Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД)  мебошанд ва амнияти онҳо то ҷое аз тарафи ин созмон таъмин мегардад, лекин ин маънои онро надорад, ки амнияти онҳо сад дар сад таъмин бошад. Туркманистону Ӯзбекистон узви ин созмон нестанд ва сиёсати мудофиавиву дипломотии онҳо нисбати Толибону қазияи Афғонистон аз кишварҳои узви СПАД то андозае тафовут дорад.

Гузашта аз ин, теъдоди муайяни толибони ӯзбектабор низ арзи вуҷуд доранд ва дар якҷоягӣ бо омили мавҷудияти ӯзбекони бумии Афғонистон дарди сари иловагии Ӯзбекистон мебошад. Хавфи Ӯзбекистон аз ворид шудани ин гурӯҳҳо зери ниқоби паноҳандаву гуреза бе асос нест ва мақомоти ин кишвар тамоми чораҳои заруриро ҷиҳати пешгирии ин амал пиёда намудааст. Ӯзбекистон бархилофи Тоҷикистон аз қабули паноҳандагони афғон қатъиян даст кашидааст ва танҳо барои интиқоли минбаъда ба Аврупову Амрико ба онҳо (гурезагон) иҷозаи убури сарҳадро медиҳанд.

Сарҳади байни АфғонистонуТоҷикистон тӯлонитарин сарҳади давлатии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Афғонистон буда, зиёда аз 1344 километрро ташкил менамояд. Таҳдиду хатари террористӣ ва халалдор гаштани сарҳади давлатӣ дар ин қисмати сарҳадот мутаносибан назар ба дигар кишварҳои минтақа зиёдтар мебошад. Бо дар назардошти вазъияти хатарноки дар Афғонистон ба амал омада Вазорати дифои Тоҷикистон эълон кард, ки марзбонон ва хидматчиёни низомии Вазорати дифоъ, ки дар хатти дуввуми посбонии марзи Тоҷикистону Афғонистон хидмат мекунанд, ба реҷаи вижаи хидмат гузаронида шудаанд. Ин тадбирҳо далели ташвишу нигарониҳои ҷиддии  Тоҷикистонро нишон медиҳад, ки беасос нестанд.

Нигарониҳои шадиди Тоҷикистон ҳам дар сатҳи ниҳодҳои низомиву дифоӣ ва ҳам дар сатҳи раҳбарии олии сиёсӣ, баёнгари он аст, ки Толибон хатари ҷиддие барои Тоҷикистон ба бор меоранд. Эҳтимоли интиқоли ҷангҷӯёни зодаи Тоҷикистон, ки дар сафи Толибон ва дигар гурӯҳҳои террористӣ қарор доранд,  аз хатарҳои асосие мебошанд, ки ба амнияти кишвар таҳдид менамояд.

Коршиносон муътақиданд, ки хатари дигар интиқоли мафкура ва ҷаҳонбинии толибонӣ тавассути таблиғоти расонаӣ ва шабакаҳои иҷтимоиву марказҳои коршиносиву таҳлилилӣ аст. Мафкурае, ки дунё бо он созиш надорад ва Тоҷикистон ҳам онро хилофи манфиатҳои миллӣ ва давлатдорияш медонад”.  Гузашта аз ин, Толибон хатари ҷиддие барои ҳадафҳои милливу фарҳангӣ ва тамаддуниву арзишии Тоҷикистон дар Афғонистон мебошанд.

Сарфи назар аз ҳама нуқтаназарҳои дипломативу ҳуқуқибашарӣ, Толибон як ҳаракати паштунмеҳвар дар Афғонистон мебошанд, ки дар мухолифати ҷиддӣ бо қавмҳои дигари Афғонистон, хусусан тоҷикҳо қарор доранд.

Толибон дар сухан ваъда медиҳанд, ки дар Афғонистон ақаллиятҳои милливу мазҳаби таъқиб намешаванд ва ҳуқуқҳои онҳоро кафолат хоҳанд дод, вале дар амал мо баракси ин гуфтаҳоро мебинем. Ҳамчунин савганд мехӯранд, ки аз Афғонистон ягон хатаре ба ҳамсоякишварҳо мавҷуд нест ва онҳо намегузоранд, ки Афғонистон ба лонаи гурӯҳҳои террористӣ табдил гардад. Оё  мешавад ба ҳаракати “Толибон” бовар кард? “Ба гуруҳе, ки навзодҳоро дар зоишгоҳҳо, мактабхонҳоро дар мадраса, донишҷӯёнро дар донишгоҳҳо, муллоҳову намозгузоронро дар меҳробу масҷид ва дигар мардуми одиву бегуноҳро дар хиёбону бозорҳо ба таври ваҳшиёнае инфиҷор медиҳаду пора-пора месозад, мешавад бовар кард? Албатта ҳеч гоҳе на!  Онҳо ба ҳеч қонуне: на исломӣ ва дунявӣ пойбанд нестанд.

Сайдалӣ Судуров,

ходими хурди илмии АМИТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь