3 нафар ҷавонписаре, ки аз шаҳри Панҷакент барои барафрохтани парчами ДИИШ боздошт ва маҳкум шудаанд, мегӯянд, тариқи видеороликҳо аз сайти «Одноклассники» ба доми фиреб афтодаанд.

Дилаш моил шуд…
Ин нафарон, бино ба маълумоти Прокуратураи шаҳри Панҷакент ва расонаӣ шудани онҳо тариқи телевизиони маҳаллии ТВ «Симо» Р. А., Х. С. ва Ш. Ҳ., ҳар се истиқоматкунандагони деҳаи Боғчаи ҷамоати деҳоти Шинги шаҳри Панҷакент будаанд, ки ба гуфтаи худашон, тариқи интернет фирефта шудаанд.
Р. А., ҷавони 30-сола, чи гуна ба доми фиреби пайравони ДИИШ афтоданашро чунин қисса кард: «Рӯзе ба сомонаи «Одноклассники» ворид шудам ва як видеоролики пайравони ҷангҳои Сурияву Ироқро тамошо кардам ва ба зери шарҳаш «мошоллоҳ» навиштам. Пас аз ин дигар ҳар рӯз ба ман аз номи ҳар кас, яъне онҳое, ки алоқамандони ДИИШ будаанд, нома меомад. Бо ҳар роҳ маро ба сӯйи худ ҷалб карданӣ шуданд. Онҳо маро мегуфтанд, ки «агар ту мусулмонӣ, биё назди мо. Инҷо ҳама шароит ҳаст». Хулоса, фирефтаи суханони онҳо гардидам. Рафта – рафта дилам ба онҳо моил шуд».
– Бо «тавсияи алоқамандони ДИИШ аз интернет бо як нафар сокини шаҳри Истаравшан шинос шудам ва алоқаю муоширатро бо ӯ оғоз намудам. Ҳамин тавр, ӯро бо С. ном ҳамдеҳаамон низ шинос кардам. Пайравони «Давлати исломӣ» ба мо маслиҳат доданд, ки бояд дар ҳар куҷо, яъне ҷойҳои ҷамъиятӣ ва серодам байрақи сиёҳро бо навиштаҷоти «Ло иллоҳа иллалоҳ» занем,- гуфт ин ҷавони фирефташуда.

Ибораи фиребанда – «Хуни мардӣ дорӣ?»
Х. С., як ҷавони фирефташудаи дигар мегӯяд, ки «видеоҳои пайравони «Давлати исломӣ»-ро дар шабакаи интренет ба ман Р. А. нишон дод. Ман ҳам бо ҳамон нафароне, ки дар Сурия буданд, тариқи интренет суҳбат кардам. Онҳо ба ман амр карданд, ки бояд дар ҷойҳои намоён байрақи Шому Сурияро занам ва ба гапи онҳо гӯш кардаму ҳоло аз ин корам сахт пушаймонам».
Ин ҷавонони фирефташуда мегӯяд, тарғибкунандагони «Давлати исломӣ» тариқи шабакаҳои интренет моҳирона аввал ҷавононро ба худ моил мекунанд ва пасон аз амалҳое ба монанди ҳуҷуми зеҳнӣ истифода мебаранд, ки кас хоҳ нохоҳ ба шартҳои онҳо розӣ мешавад. Масалан, одамонро бо ибораҳои «Ту мусулмонӣ?», «Номус дорӣ?», «Хуни мардӣ дорӣ?» ва амсоли инҳо истифода мебаранд.
Ш. Ҳ., ҷавони дигари 25-сола, ки ба гуфтаи худаш гумроҳ шудааст, иброз медорад, ки ӯро танҳо бо чунин ибораҳо маҷбур карданд барои барафрохтани парчами ДИИШ бо С. ва А. ба ин роҳи хато равад. Ӯ мегӯяд, ки «ман розӣ намбудам, вале маҷбур шудам ба суханони онҳо гӯш диҳам».
Дар ҳамин ҳол, падари А. – Абдухолиқ Раҳимов мегӯяд, пеш аз ин амалҳоро содир кардани фарзандаш пай мебурд, ки писараш ба корҳои зиндагӣ аҳамият намедод, худсарона рафтор мекард, насиҳатҳои ӯро гӯш намекард. Ин падар мегӯяд, албатта ӯ аз рафтори писараш сархам гаштааст.
– Ин хел нафароне, ки ба равияҳои мамнуъ шомил мешаванд, ҳам ба оила, ҳам ба ҷомеаву миллат иснод меоранд,- мегӯяд Абдухолиқ Раҳимов.
Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои расмӣ, то имрӯз аъзову алоқамандони ташкилотҳои террористӣ, иштирокчиёни муқовиматҳои мусаллаҳона дар давлатҳои Сурияву Ироқ аз ҳисоби зодагони шаҳри Панҷакент 15 нафарро ташкил медиҳанд.

Хуршед ФОЗИЛОВ

Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь