Ғарб дар ҳошияи “риояи ҳуқуқи башар” саъй дорад ба корҳои дохилии Тоҷикистон дахолат кунад ва Душанберо маҷбур созад, ки аз  таъқиби исломгароён даст кашад. Дар қатъномаи Парлумони Аврупо, ки санаи 17-уми январ қабул шуда буд, маҳз дар ҳамин бора сухан меравад.

Дар қатънома аз Иттиҳоди Аврупо даъват шудааст, ки ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодиро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ густариш диҳад.

Моҳияти қатънома

17-уми январи соли 2024 дар Иҷлосияи Парлумони Аврупо дар Страсбург барои лоиҳаи қатънома оид ба Осиёи Марказӣ овоздиҳӣ баргузор гардид. Вакилони Парлумони Аврупо қатънома дар бораи  аз нав дида баромадани стратегияи Иттиҳоди Аврупо оид ба кишварҳои Осиёи Марказиро (стратегия соли 2019 қабул шуда буд) қабул карданд. Дар лоиҳаи қатънома, бахусус, изҳори нигаронӣ аз  беҷазо мондани  нақзи ҳуқуқи инсон, паҳн кардани маълумоти бардурӯғ ва барангехтани адоват муттаҳам шудаанд, баён карда шудааст. Қатъномаро 543 вакил  ҷонибдорӣ карданд, 42 нафар зид ва 44 нафари дигар бетараф буданд.

Вакили  олмонӣ Карстен Люке чунин қайд кард: “Инзивои Русия дар натиҷаи ҷанг алайҳи Украина, тавсеаи ояндаи Иттиҳоди  Аврупо дар Аврупои Шарқӣ ва афзоиши нуфузи Чин дар Осиёи Марказӣ дубора баррасӣ намудани  стратегияи Иттиҳоди Аврупо ва ҳузури фаъоли онро дар минтақа  ҳамчун алтернатива ба бозингарони  дар он ҷо  қароргирифта тақозо мекунад”.

Дар Парлумони Аврупо бар он назаранд, ки таҳкими ин ҳамкорӣ  ба  муқобилат бо тавсеаи нуфузи Федератсияи Русия дар минтақа мусоидат хоҳад  кард.

Парлумони Аврупо Созишномаи  шарикӣ ва ҳамкории тавсеаёфтаро  асоси ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ меҳисобад. Ягона кишвари Осиёи Марказӣ, ки ин созишнома бо Иттиҳоди  Аврупоро  тасвиб кардааст, Қазоқистон мебошад. Созишнома аз моҳи марти соли 2020 эътибор пайдо кард. Вакилони Парлумони Аврупо  Шӯрои Иттиҳоди Аврупо ва Комиссияи Аврупоро ба  пӯшидани  дигар масъалаҳо ва бидуни таъхири минбаъда  тасвиб кардани Созишномаи шарикӣ ва ҳамкории тавсеаёфта бо Қирғизистон ва Ӯзбекистон,  инчунин, ба пешбурди музокирот оид ба Созишномаи шарикӣ ва ҳамкории тавсеаёфта бо Тоҷикистон даъват мекунанд .

Парлумони Аврупо ёдовар мешавад, ки Иттиҳоди Аврупо дар минтақа  як донори муҳим  аст  ва даъват мекунад, ки  кумак ва дастгирии молии Иттиҳоди Аврупо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ бо нишондиҳандаҳои пешрафт дар самти ислоҳоти демократӣ, ҳуқуқи инсон, волоияти қонун ва рушди устувор  вобаста карда шавад. Ва ин дар ҳолест, ки маҳз Русия ва Чин сармоягузорони асосӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон ҳастанд.

Озодии дин

Бино ба маълумотҳои созмони “Freedom House”, рейтинг дар шохиси демократия дар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ 1,04 холро (аз 7 хол) ташкил медиҳад. Дар ин феҳрист аз ҳама “демократитарин” кишварҳои  Балтика бо рейтингҳои аз 5,68 то 6 хол  ном бурда шудаанд.

Тоҷикистонро низ борҳо ба нақзи озодиҳои мазҳабӣ муттаҳам кардаанд. Моҳи апрели соли 2023 Гузоришгари махсуси СММ оид ба озодии дин ё эътиқод Нозила Ганеа дар пайи сафараш ба Тоҷикистон изҳор дошт, ки чаҳорчӯби роҳандозии озоди маросимҳои динӣ дар ин кишвар ба уҳдадориҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи башар  ҷавобгӯ нест ва ба таври қатъӣ тавсия дод, ки ҳукумат қонунгузориро аз нав дида барояд.

Ба андешаи муаллифони гузориш, дар Тоҷикистон  вазъи озодии мазҳаб дар ҳолати ғамангез қарор дорад.

Комиссия ба ҳукумати ИМА тавсия додааст, ки дар сатҳи боло ба мақомоти Тоҷикистон фишор оварад, то афроди барои фаъолияти  мазҳабӣ ё мансубияти мазҳабиашон зиндонишударо  ошкор ва фавран озод кунанд; инчунин, тавсия медиҳад, ки бар зидди мақомотҳои давлатӣ ва  мансабдороне, ки барои нақзи озодиҳои динӣ ҷавобгаранд, таҳримҳои мақсаднок ҷорӣ шуда ва вуруди онҳо ба ИМА манъ карда шавад.

Дар гузориши моҳи январи созмони ҳомии ҳуқуқи башари (ғарбгарои) “Human Rights Watch”  таваҷҷуҳи асосӣ ба муборизаи Ҳукумати Тоҷикистон бар зидди гурӯҳҳои экстремистии – Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ва “Гурӯҳи 24” дода шудааст. Ҳомиёни ҳуқуқ таъқиби ҷиноии фаъолони ин созмонҳо, иҷборан баргардондани онҳо аз хориҷи кишвар ва ҳамчунин, баста шудани созмонҳои ғайридавлатӣ ва расонаҳои  исломгароро маҳкум мекунанд.

Ҳолати воқеӣ

Саидҷаъфар Усмонзода – раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон: “Парлумони Аврупо бояд бо кишварҳои Аврупо машғул шавад, на бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, тавсияҳои онҳо бояд дар чаҳорчӯби тамоми қарордодҳо, равобити сиёсӣ ва дигар уҳдадориҳои шарикӣ пешниҳод карда шаванд”.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» озодии виҷдон ва озодии эътиқоди динӣ, аз ҷумла ҳуқуқи ба таври инфиродӣ ё дар якҷоягӣ бо дигарон эътиқод кардан ё  накардан ба ягон дин, озодона интихоб ва паҳн кардан ё тағйир додани эътиқоди динӣ, инчунин, мувофиқи он амал карданро кафолат медиҳад.

Моҳи августи соли 2023 Тоҷикистон «Стратегияи миллии ҳифзи ҳуқуқи инсонро барои давраи то соли 2038» қабул кард. Ин санад бо назардошти стандартҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон, тавсияҳои оҷонсиҳои СММ, инчунин, Ҳадафҳои рушди устувор таҳия шудааст.

Русия ягона шарики боэътимод ва иттифоқчии стратегии Тоҷикистон аст.  Ягона роҳи имконпазир барои коҳиш додани таъсири Аврупо ба иқтисодиёт ва сиёсати хориҷии Тоҷикистон – ҳамгироӣ бо Русия ва иттиҳодияҳои минтақавӣ (ИДМ, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, СААД, СҲШ) мебошад. Раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода низ ба ин гуфтаҳо мувофиқ аст ва дар бораи қатъномаи мазкур чунин изҳори ақида менамояд:

“Парлумони Аврупо ниҳоде нест, ки кишварҳои Осиёи Марказиро  идора кунад. Кишварҳои мо бо Аврупо на аз рӯи Конститутсия ва на аз ягон ҷиҳати дигар  алоқамандӣ надоранд, аз ин рӯ, онҳо ҳуқуқи ба мо дастур доданро надоранд. Ҳеч кас ҳуқуқи ба сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ дахолат  карданро надорад, зеро кишварҳои мо соҳибихтиёранд.

Масалан, дар мавриди он чи ки дар Афғонистон мегузарад,  Парлумони Аврупо парвое надорад. Толибон бо тоҷикони Афғонистон ҳар коре хоҳанд анҷом медиҳанд, мардум ба табъиз дучор аст, вале Аврупо хомӯш. Айнан ҳамин ҳолат дар Фаластин рух дода истодааст, вале Аврупо танҳо дар бораи «Ҳамос» ҳарф  мезанаду дар бораи  шаҳрвандони одӣ ва кӯдаконе, ки мемиранд, лаб намекушояд. Аврупо ба муқобили Исроил ҳеч гуна даъво пешниҳод намекунад ва ё чораҳои сиёсӣ намеандешад.

Тоҷикон таърихи тӯлонӣ доранд, аҷдодони мо  ҳазорсолаҳо пеш, ҳанӯз аз замони Куруши Кабир арзи ҳастӣ доштанд. Мо хуб медонем, ки давлатамонро чӣ гуна идора кунем ва вобаста ба мушкилоту муаммоҳои дохилии кишвар чӣ гуна сиёсатро пеш гирем. Комиссияи Аврупо бояд тамоми масъалаҳои бамиёномадаро дар рафти мулоқот  ҳал карда, шартҳои худро баён кунад, на ин ки аз дур майлашро ба вайронкорӣ нишон диҳад. Ин нисбат ба шарикони  тиҷоратии мо  чандон дуруст ва аз рӯи одоб нест. Дар ин кишварҳо шаҳрвандони мо кор мекунанд, мо муносибатҳои мутақобилаи судманди тиҷоратӣ ва сиёсӣ дорем, аз ин рӯ, ин кор нодуруст аст.

Тоҷикистон бо тамоми кишварҳо равобити дипломатиро идома хоҳад дод, вале  шарики асосии мо Русия аст (аз ҷумла дар муомилоти мол) ва мо бо ин кишвар дар самти сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ  қарордодҳо ба имзо расонидаем. Комиссияи Аврупо  пеш аз он, ки сухане гӯяд, бояд тамоми ин нозукиҳоро ба инобат гирад” – мегӯяд ин вакили парлумони Тоҷикистон.

Матлубаи Қ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь