Дар таърихи чандинҳазорсолаи миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик ба даст овардани истиқлол ва соҳиби давлати мустақил гаштан, яке аз бузургтарин дастовард ва фараҳбахштарин рӯйдоди таърихӣ аст. Албатта, то ин замон мо давлатҳои озоду мустақили худро доштем, лек аксари онҳо танҳо манфиатҳои гурӯҳҳои муайянеро ба назар мегирифтанду халос. Оммаи васеи мардум аз ҳуқуқҳои зиёде маҳрум буданд ва ҳатто то густариши ислом ҳуқуқи таҳсил карданро надоштанд. Хушбахтона, дар авохири асри 20 бо шарофати истиқлол халқи азияткашидаву ранҷбурдаи тоҷик ба муроду мақсад ва орзуву омоли худ расид ва соҳиби давлати мустақиле бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд. Аммо, мутаассифона, бо дасисакориҳову иғвоангезиҳои як қатор кишварҳои манфиатҷӯ, ки нишоту нусрат ва саодатмандии тоҷиконро дидан намехостанд ва як гурӯҳ тоҷикони роҳгумзада, худношинос ва дар қалб меҳри Ватану ифтихори миллӣ надошта, ки онон низ манфиати шахсии худро аз манфиатҳои умумимиллӣ боло гузоштанд, авзои сиёсии Тоҷикистон ноором гардида, «халқе, ки дар тӯли асрҳо дар роҳи маънавиятҷӯӣ мубориза мебурд, талош меварзид, ки маънавияти олиро ба забони олие ифода созад, ба оҳанги гӯшнавози шеъри оламшумул бигӯяд, ба баёни пурғунҷоиши матлабҳои илмию фалсафӣ ва ирфонӣ дароварад, ба як бор аз ин ҳама ҷаҳду ҷадоли олии маънавиятхоҳӣ, худҷӯиву худрасӣ худори варзида даст ба гиребони якдигар бурд ва ба хуни бародар олуд» (Хуросон аст ин ҷо, М. Шакӯрӣ, Д: 1997, С. -203).
Кори таърих басо ҷолиб аст. Таърих тоҷиконро баъди ҷабру зулми зиёди аҷнабиён соҳибдавлат намуд, аммо вақте мо ба қадри ин неъмат натавонистем бирасем, чархи гардун боз моро ба имтиҳони бузургтарину сахтарине ба озмоиш равон намуд, ки натиҷаи ин санҷиш тақдири минбаъдаи моро ҳаллу фасл менамуд. Хушбахтона, дар ҳамин ҳангом, ки мавҷудияти минбаъдаи тоҷикон муайян мегардид, Офаридгор дар миёни мо сарвареро ато намуд, ки дар мазҳару сиришташ тамоми сифатҳои ҳамидаи инсонӣ вуҷуд дошт. Ин шахсияти нексиришт, абармарди воломақом, сиёсатмадори нотакрор Эмомалӣ Раҳмон буд, ки бо омаданаш ба арсагоҳи сиёсат маҷрои пурталотуми ҷомеаи онвақтаи тоҷиконро тағйир дод. Эмомалӣ Раҳмон дар замоне Роҳбарии кишварро ба даст гирифт, ки на ҳокимият буду на қудрати сиёсӣ. Баръакс, дар ин замон тамоми сохторҳои ҳокимият фалаҷ гардида, хатари порчашавии кишвари азизамон ба миён омада буд. Мардум барои наҷоти ҷони худ тарки кишвар менамуданд, ки аз рӯйи маълумотҳои мавҷуда, танҳо дар соли 1992 беш аз 60 ҳазор нафар тарки манзил кардаву ба хоки Афғонистон гузашта буданд ва ҳоли табоҳеро пушти сар менамуданд. Дар ҳудуди кишвар бошад, ҳар рӯз қатлу куштор ва садои тиру туфанг шунида мешуд. Оҳу нолаи модари фарзандгумкарда садо медод. Умеди кули мардум ба ояндаи дурахшон ба нестӣ рафта буд ва касе ба сулҳу салоҳ ва ваҳдату ягонагӣ бовар надошт. Минтақаи вилояти Хатлон бошад, ба буҳрони шадиди озуқаворӣ дучор шуда, ҳар рӯз садҳо тан аз гуруснагӣ коми маргро мечашиданд. Мардум ба ҷойи нон сабус ва ҳатто ҷуворимаккаро орд карда истеъмол мекарданд, ки ин боиси марги фоҷиавии ҳазорҳо нафар дар ин манотиқ шуд. Модароне, ки тифли хурдсол доштанд, аз сабаби наёфтани ғизои кофӣ фарзандони хурдсоли худро шир дода наметавонистанд ва гирёну нолон садои ҷигарбандҳояшонро нишаста, нигоҳ мекарданд. Садҳо тифли бегуноҳ, ки дар ин айём чашм ба олами ҳастӣ кушоданд, чизеро аз ин ҷаҳони фонӣ нодида, ин дунёро падруд гуфтанд. Дар як муддати кӯтоҳ ҳазорҳо ҳазор хонаҳо сухтаю валангор, роҳу пулҳо хароб, заводу фабрикаҳо аз кор бозмонда, ба яғмо рафтанд ва аз ҳама пурфоҷиатаринаш кушта шудани ҳазорҳо тоҷик ба дасти якдигар, ятим мондани ҳазорҳо тифли бегуноҳ ва тарки Ватан намудани садҳо ҳазор тоҷикон ба хориҷи кишвар буд.
Воқеан, дар ҳамин замони басо душвор ва ниҳоят мураккабу печида вазифаи роҳбариро гирифтан ҷасорату мардонагиро талаб менамуд. Ба ҳамаи ин мушкилиҳои хорошикан нигоҳ накарда, Эмомалӣ Раҳмон роҳбарии давлатро ба душ гирифта, қасам ёд кард, ки «Ман ба Шумо сулҳ меоварам» ва дар асл, ба ин ваъдаи худ садоқатмандона вафо намуд. «Дили росту шаффоф, дасту нияти пок, такя ба фазли Ҷаҳонофарин, эътиқод ба хиради мардум, тааммул бар ҳикмату омӯзаҳои таърих аз оғози кишвардории Эмомалӣ Раҳмон дар сиришти маънавӣ ва иродати сиёсии ӯ мазҳари тамоми корсозиҳо буд, ки бо вуҷуди сахтиву мушкилоти хорошикан дар зиндагӣ ва сарнавишти миллат, давра ба давра ба сӯи эҳёву камолот роҳ мекушод» (Иҷлосияи сарнавиштсоз, пешгуфтор мураттибон Ш. Комилзода, М. Акобирова, Д: 2012, С. -8).
Ҷанги шаҳрвандӣ дар як муддати кӯтоҳ шиддат пайдо карда буд. Бо дастгирии кишварҳои манфиатталаб дар ибтидо тоҷиконро ба ду гурӯҳи ба ҳам зид ҷудо намуда, сипас ононро бо пул таъмин намуда, бо силлоҳ муҷаҳҳаз мегардониданд. Пасон, дасисакорӣ намуда, аз номи минтақаи Кулоб ғармиро ба қатл расонида, аз номи ғармию бадахшонӣ хатлониро мекуштанд ва амсоли инҳо. Ба ҳамин васила, мардуми ҳар як минтақаи ҷудогонаи кишварро бар зидди якдигар шуронида, бо ҳам мухолиф мегардониданд. Онҳо оташро рушан карда, барои расидан ба аҳдофи нопоки худ аз тоҷикони роҳгумзада ва дар дому найранги онҳо фирефташуда истифода бурда, мақсадҳои разилонаи худро амалӣ кардан мехостанд. Ҳадафи аввалини онҳо нобуд кардани донишмандону олимону нобиғагон ва шахсони сарсупурдаи миллати мо буд. Бадҷуёну бадбинони миллат шахсони босаводи моро кушта, ҳамдигарфаҳмию ягонагии тоҷиконро пурра аз байн бурдан мехостанд. Қатли прокурори генералии ҳамонвақтаи Тоҷикистон Нурулло Ҳувайдулоев, академик Муҳаммад Осимӣ, Сайф Раҳими Афардӣ, Муҳиддин Олимпур, Сафаралӣ Кенҷаев ва садҳо тан аз бузургони тоҷик далели гуфтаҳои болост. Ин донишмандон ба касе ғаразе надоштанд ва аксаран аз пайи илму омӯзиш буданд, вале ҳадафи тири душман қарор гирифта, ҷоми маргро чашиданд.
Кишварҳои манфиатҷӯ гурӯҳҳои зиёди муташаккили ҷиноиро созмон дода, онҳоро маблағгузорӣ менамуданд ва тавассути ин афрод зархарид ҳадафу мақсадҳои разилонаю ғаразноки худро ба сомон мерасониданд ва ҳангоми қатлу куштор гуноҳро ба гардани мардуми ин ё он манотиқи кишвар зада, кинаву адовати мардуми тоҷикро байни якдигар зиёд менамуданд. Тоҷики роҳгумзада ва бехабар ин мақсадҳои нопоки хориҷиҳоро дарк накарда, қисме чун ғуломи ҳалқабаргуш бар онҳо хидмат мекарданд ва қисми дигар аз нодонӣ бародарони ҳамхуну ҳамтабори худро гунаҳкор мешумориданд. Дар ин ҳодисаҳо, аксари тоҷикон аз асли кор бехабар буданд ва фиребона ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуда, ҳатто оқибати онро дарк намекарданд. Аммо, ҷасорату мардонагӣ, далерию ғаюрӣ, ақлу заковати азалӣ ва донишу хираду истеъдоди худододӣ, ки дар сиришти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавҷуд буд ва дар қалбаш ишқи Ватан туғён мезад, нагузошт, ки бадкирдорону хиёнатпешагон ба ҳадафҳои нопоки худ бирасанд. Пешвои миллат бо маҳоратҳои нотакрори худ мардумро аз асли ҳаводисҳо огоҳонида, оқибатҳои фоҷиавии онро ба таври амиқу дақиқ ба мардум фаҳмонид. Душманони миллат фаромуш карда буданд, ки тоҷик аз насли ҳамон Кова аст, ки бар зидди тухми шар мубориза бурда, ғалаба ба даст оварда аст, аз насли ҳамон Спитамену Абумуслим, Темурмалику Восеъ, Нусратулло Махсуму Шириншоҳ Шоҳтемур аст, ки бар зидди душманон ва ноадолатиҳои замон қаҳрамонона мубориза бурдаанд, аз ҳамон насле аст, ки шоҳони хирадманде ба мисли Курушу Дориюш, Ардашеру Шопур, Хусрави Анушервону Хусрави Парвиз, Тоҳиру Абдуллоҳ, Яъқуб ибни Лайсу Исмоили Сомонӣ, Ғиёсуддину Муъизиддинро ба арсаи сиёсат ворид намудааст, ки бо хирадмандию порсоӣ давлатдорӣ намудаанд, аз ҳамон насле аст, ки Имоми Аъзаму Имом Бухорӣ, Рӯдакию Фирдавсӣ, Синою Берунӣ, Табарию Байҳақӣ, Ҷобир ибни Ҳаёну Муҳаммад Хоразмӣ, Саъдию Ҳофиз, Ҷомию Дониш, Айнию Лоиқро парваридаву ба камол расонидааст, аз ҳамон насле аст, ки императорию давлатҳои бузургро бунёд намуда, Тахти Ҷамшеду куҳи Бихисутун офарида, шаҳрҳо сохтаву наҳрҳо кофтааст. Ҳамин буд, ки маърифати азалии тоҷикон аз нав падид омада, нақшаҳои душманонро барбод дод ва давра ба давра бо Сарвари Пешвои муаззами миллат ба суйи сулҳу салоҳ ва ваҳдату ягонагӣ масири худро ҳамвор намуд.
Бояд гуфт, ки Сарвари хирадманди тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон бо як ғурури баланди миллӣ ва ватанхоҳӣ аз ҷони худ гузашта, бо истеъдоди баланди роҳбарӣ тавонист, ки бо мухолифони миллат гуфтушунид намуда, даст ба дасти онон фишурда, занҷиру завлонаи душманони миллатро бишканад ва 27 -уми июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллиро имзо намуда, ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ нуқта гузорад. Воқеан, «Эмомалӣ Раҳмон дар лаҳзаҳои душвору пуртаҳлукаи ҳаёти миллат роҳбарии давлатро ба уҳда гирифта, бо тамоми ҳастӣ баҳри сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмию ҳамдигарбахшӣ мубориза бурда, ба қуллаи мурод расид. Ин азму талоши собитқадамона барои ваҳдат ва якпорчагии Тоҷикистон ӯро дар байни на танҳо ҳамватанон, балки дар арсаи байналхалқӣ чун муборизи матини роҳи сулҳу амонӣ маълуму маъруф намуд» (Ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол, Наср Бобо, Д: 2002, С. -29).
Дар воқеъ, ҷанги шаҳрвандӣ бар сари миллати тоҷик бадбахтиҳои зиёде овард. Орзӯи ҳазорҳо ҳазор нафарроро ба коми нестӣ бурд, ҳаёти садҳо донишҷӯро, ки бо мақсади илмӯ дониш андӯхтан ва садҳо ҳавас ба донишгоҳу донишкадаҳо дохил шуда буданд, барбод дод. Дар он замон мардум аз тарс аз хона намебаромаданд ва ё вақти ба кор рафтан бо аҳли оила хайру хуш менамуданд, зеро ки намедонистанд, ки саломат ба хона бармегарданд ё не. Осмони кишварамон ба ҳавои ғуборолуду тира мубаддал шуда буд. Бародар бародарро чашми дидан надошт ва ё падар бо писар мухолифи якдигар шуда буданд. Қариб ҳар рӯз қатлу куштор сурат гирифта, оилае набуд, ки дарди аз даст додани ягон шахси наздикашро накашида бошад. Кишвар аз ҷиҳати молиявӣ миллиардҳо доллар хисорот дид. Хушбахтона, бо заҳматҳои шабонарӯзӣ ва бедорхобиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо тоҷикон ин ҳаводисҳои талху бадро пушти сар намуда, ба Ваҳдати миллӣ расидем. Эмомалӣ Раҳмон халқро сарҷамъ намуда, гурезагонро ба Тоҷикистон баргардонид ва хизмати беназире дар таърихи тоҷикон намуд. Дар идомаи фаъолияти худ мароми созандагию бунёдкориро пеша карда, дар муддати начандон зиёд Тоҷикистонро ба биҳишти воқеии рӯйи замин табдил доданд, ки он айни замон хонаи умеди кулли тоҷикони ҷаҳон гардидааст.
Муҳаммадлатиф Маҳмадаминов,
унвонҷӯи кафедраи таърихи нав ва навини кишварҳои хориҷӣ,
Самандар Маҳмадаминов,
донишҷӯи факултети таърих, аъзои курси омӯзишии Сарварони сиёсии ДМТ