Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа
Хонандаи беҳтарин
– Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал 1 соати холӣ пайдо намуда, нашрияҳои давриро варақ занам, бубинам, ки имрӯз журналистон дар бораи чӣ менависанд, хоса, дар бораи Қӯрғонтеппа чӣ навиштаанд, ба вежа, дар бораи камбудиҳои шаҳри мо.
– Раисбобо, офарин! Дар Тоҷикистон ягон нашрияи ҳаррӯзаи мустақил нест! Маълум мешавад, ки ҳарчӣ дар «Минбари халқ»-у «Садои мардум»-у «Ҷумҳурият» нашр мешавад, мехонед. О, Шумо вақтро беҳуда сарф накарда, гӯшии радиё ё телевизорро тобед, ҳама хурӯсҳо дар расонаҳои давлатӣ як хел ҷеғ мезананд.
Ҷонибек МУРОДОВ, овозхони шинохта
Асрори беҳтарин
– Хело хурсандам, ки метавонам дар Украина барномаи консертии нави худро пешниҳод кунам, ки бо гуруҳи ҳунармандони украинӣ омода шуда буд.
– Ана барои чӣ ба Русия ворид шудани Шуморо манъ карда будаанд! Хайр, бандеровчиҳо ва босмачиён як душман доштанд. Натарсида, ин далели таърихиро истифода баред!
Бахтиёр ҚУТБИДДИНОВ, устоди ДМТ
Бахилии беҳтарин
– Ӯро дар дили худ “Табибу ҳозиқи дилҳо” меномам.
– Раҳмат устод, ҳам аз номи мо ва ҳам аз номи табиби ҳозиқи дилҳо. Аммо чунин табибонро аз «дилҳо» баровардаву ба мардуми бештар муаррифӣ кунед. Фақат худатон аз хидмати ин гуна табибон истифода набаред!
Аҳмади ИБРОҲИМ, сармуҳаррири “Пайк”
Фатвои беҳтарин
– Соли Навро пешвоз гиред, убол нест.
– Ана акнун беташвиш шудем устод, агар ҳамаи муллоҳоро аз фаъолият боздоранд ҳам, медонем, ки барои фатво гирифтан, фақат то идораи «Пайк» рафтан лозим.
Фирӯза ҲАФИЗОВА, сароянда
Кунҷковии беҳтарин
– Таъриф нашавад, чунон консерти олиҷанобе додем, ки мардуми араб қоил шуданд!
– Фақат росташро гӯед, ки дар барнома рақси арабӣ буд ё не?
Муллораҷаб ЮСУФӢ, рӯзноманигор
Тасаллои беҳтарин
– Тоҷирон мегӯянд, давоми як ҳафта аст, ки дигар гӯшти мурғ дарёфт карда наметавонанд ва захираи маҳсулоташон чанд рӯзи дигар мерасаду бас.
– Парво накунед, Муллораҷаб, соли мурғ ҳам инак паси сар шуд. Аммо, дар соли саг Шумову тоҷирон чӣ кор мекунед, ҳайронам…
Таҳияи Ҳафизуллоҳи ТОҲИРӢ