Дуруд Хуршеди гиромӣ!

Вақтҳои охир як фикр азобам медиҳад. Шаб дар хобу рӯз дар кор фикр мекунам. Фикр мекунам, ки ҳамин баъди марги бузургони миллат доду войи холӣ чӣ даркор бошад?!

Ҳама мегӯянд, ки “дар зиндагияш ба қадраш нарасидем. Дар зиндагияш азоби алим кашид. Дар зиндагияш ягон рӯзи хушеро надид. Хона надошт. Китобҳояшро чоп накардем. Унвон надоданд. Вазифа надоданд. Бечора, ҳайфи умраш аз зиндагӣ ҳич чӣ нодида рафт” ва ғайраю ва ҳоказо.

Аммо… Биёед, ки агар дар зиндагияш ҳич коре барояш накардем, пас аз маргаш чӣ кор кардем? Ғайр аз ҳамин тур суханони хушку холӣ чӣ кореро барояш анҷом додем? Бурдему дафнаш кардему як-ду рӯзи аввали пас аз маргаш худамонро ғамгину ошуфта нишон додему ба гӯшаи фаромӯшӣ супоридемаш. Тамом, вассалом!

О бародарҷон, ин хел ки бошад “мо зиндахору  мурдаазиз” гуфтани баъзеҳо нодуруст мебарояд-ку?!

Бародари ман, ки бошед, акнун марҳамат карда ба ман як-як номбар кунед, ки пас аз марг мо киро қадру эҳтиром гузоштем?

Қабри кадом донишмандамонро рафтему пас аз маргаш обод кардем?

Ё дар сари қабраш як мақбараяки назарногир сохтем, ки аз хотирҳо фаромӯш нашаваду ояндагонамон дар борааш маълумотаке дошта бошанд?

Ба кӣ унвон додем? Китобҳои киро чоп кардем? Ба кӣ ҷоиза додем? Киро қаҳрамони миллӣ медонем?

Боре як корманди Шумою дӯсти ман аз Панҷекат Хуршед Фозилов дар Facebook навишт, ки “Дирӯз худ ба худ меандешидам, ки чанд бузурге дорем, ки бояд онҳоро дар зиндагияшон қадр кунем…”. Аммо… боз ҳамон аммои лаънатӣ! Мегӯйӣ аз дили ман бохабар бошанд ин Хуршедҳо!

Пас, чӣ гуна мешавад, ки ман дарди диламро ба Шумо нанависам?!

Агар ба Шумо нагӯям, пас бояд ба кӣ гӯям?

Шукр мекунам, ки ҳамин шабакаҳои иҷтимойӣ мегӯянд ё маҷозӣ мегӯянд ё интернетӣ мегӯянд ё чизи дигар, ки ин номгузорияшон ба ман маъқул нест, ҳаст ки халқ аз он истифода мекунанду дарди дилашонро мегӯянду дилашонро холӣ мекунанду худашонро сабук. Тавассути ин шабакаҳо аз будани баъзе шоирон, нависандагон, рӯзноманигорон, ихтироъкорон, олимони пиру ҷавон, муҳандисон, бинокорон, деҳқонон, чӯпонон ва ғайраҳо дар гӯшаю канори дури ҷумҳурӣ бохабар мешаваму боз шукр мекунам, ки миллати ман ҳоло ҳаст, вуҷуд дорад, қатрае аз баҳр ҳам бошад пеш меравад, мурда- мурда ҳам бошад зиндагӣ дорад, арзи вуҷуд мекунад!

Аммо… боз ҳамон аммои… биёед забонама нахоронед, Хуршед!

Барои мо “азиз” вуҷуд надорад, на зиндаашу на мурдааш. Нуқта!

 

Зиндахору мурда азиз

Дуруд Абдувоҳид!

Мавзӯе, ки ин маротиб рӯйи коғаз овардаед, натанҳо панҷу даҳсолаҳо, балки садсолаҳо боз дар армонномаҳои бузургон зикр мешавад. Воқеан ҳам бисёре ба ин андешаанд, ки танҳо пас аз марг эътироф ва маҳбуб мегарданду аз онҳо ба некӣ ёд мекунанд, абёти боқимондаашонро нашр менамоянд, мушт ба сар мезананд, ашки рӯбаҳона мерезанд, ки ҳайф, сад ҳайф дар авҷи камолот рафт!

Ҳатто Лоиқи бузургвор боре гуфта буд:

Тоҷикони мо зи баски мардуми олитаборанд,

Мекушандат! Бар мазорат дастагул ҳам мегузоранд!

Медонед чаро баъди марг бузургонро эътироф мекунанд, аз навиштаҳои эшон иқтибос меоранд, таърифу ситоиш менамоянд? Намедонед? Пас бидонед! Чунки онҳо дар посух чизе гуфта наметавонанд, садои эътироз баланд карда наметавонанд, гуфта наметавонанд, ки дурӯғ мегӯед ва ё чаро дирӯз, вақте зинда будам, нагуфтеду имрӯз мегӯед?

Барои ҳамин, ман зидди ин андешаи Шумо ҳастам, ки мегӯед, пас аз марг бузургонро қадр намекунанд. Хато мекунед! Ба ёд оред бузургонамонро: Шурӯъ аз Фирдавсию Сино то Айнию Лоиқ. Магар имрӯз бо номи онҳо даст ба сина задаву сари минбарҳо кафки даҳон парронидаю ҳазорон нафари перомуни эҷодиёти эшон навиштаро доктору академик намекунем? Соҳиби ному нон?? Чаро ин воқеиятро нодида мегиред? Шояд ин бузургонеро дар назар доред, ки ҳамин дирӯзакак тарки мо карданду то ҳол қадрдонӣ нашудаанд? Агар чунин будӣ, бовар кунед чанде пас онон мояи ифтихор хоҳанд буд!

Абдувоҳид!

Бовар кунед агар ҳатто Шумо ҳам гузаштед, баъди даҳсолае хоҳанд гуфт, ки шахси бузург будед! Даҳҳо рисолаҳои номзадию докторӣ навишта мешавад, ҳар ҳарфи навиштаи Шуморо ба сад ранг таъбир мекунанд, ҳатто ҳамин номаҳои ману Шумо мавриди таҳлилу гуфтугузор қарор мегирад. Бовар кунед ба ин пешгӯии ман!

Баъд мегӯянд, ки ҳанӯз замони зинда буданатон даҳҳо китоб чоп кардеду унвоне надоштед, шеъри “Зинаҳо” – и Шуморо ситораи вақт, шодравон Баҳром Ғаффурӣ сароида буд, ситораи беғуруби дигар Субҳони Сайид охирин орзуяш сурудани шеъри бадарди “Додо, дилатон ба ман намесӯзад чӣ?” буд. Аммо медонед чӣ? Шумо инро намебинед, дӯстам! Чунки “қадри неъмат баъди завол ” аст. Барои он ки инро бинед, бояд бимиред! Худо шоҳид, рост мегӯям! Гоҳо ба сарам андешае меояд, ки шоира Фурӯғи Фаррухзод беҳуда нагуфта буд: “Бояд эҷодкор дар авҷ бимирад. Дар авҷи камолот ва ҳунар”. Худаш ҳам дар синни 33 солагӣ бо мошинаш ба дарахте бархӯрду ҷон дод. Фикр намекунед, ки Фурӯғ ва шояд даҳҳо эҷодкори дигар аз қадрношиносию ба орзуи шуҳрати пас аз марг мурданд? Шояд бигӯед, ки ман даҳҳо эҷодкори дигарро бо ин андеша ба домони марг мекашам? Шояд…

Вале бигӯед, ки ҳамин мурда – мурда зистан ба кӣ даркор? Фикр намекунед, ки ҳамаи мо ба марги тадриҷӣ маҳкум шудаем ва бояд азоб кашида, азоб кашида бимирем?

Магар аз ин, ҳамон шуҳрати пас аз марг беҳтар нест?

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь