Дуруд Хуршедшоҳ!

Як саломи гарм дар ин рӯзи боронӣ!

Саҳар зери чатр ҳам бошам, каме нам кашидам. Ҷои кор омадаму хостам як қаҳваи гарм омода намоям. Қаҳваам тамом шуда буд. Қуттии қанд чор дона қанд дошт. Чойи сабз доштам, аммо дилам накашид. Чашмам ба шишаи холии “Hennessy” афтид. Дилам гум зад. Аммо бо як ҷуръа оби ҷӯшомада, қаноъат кардам.

Дар компутар як порча аз ҳикояи “Вераҷон”-и Чехуфро, ки фиристодаед, хондаму ёдам омад, ки китоби бисёр хондании “50 ҳикоя”-и ин нависандаи дӯстдоштании рус дар тарҷумаи зебою хонданию мондании Обидҷон Шакурзодаро бояд дастрас мекардам ва ба деҳа, барои хоҳарам мефиристодам.

Воқеан, хоҳари ман дар Панҷрӯд ҳамроҳи шавҳару ду писараш зиндагӣ мекунад ва ҳар вақт аз ман китоб мехоҳад, ки фиристамаш. Ӯ як зани хонашини деҳотӣ аст, ки бе китоб зиста наметавонад. Аммо.. Аммо писаронаш Орашу Бежан (яке синфи 11 мехонаду дигаре синфи 10) дар умри сарашон як китоб нахондаанд!

Ҳоло падарашон дар муҳоҷират асту инҳо – се нафар дар хонаи ман меҳмон ҳастанд. Дишаб аз ҳардуяшон як имтиҳони кӯчак кардам. Кош намекардам! Ҳар саволе, ки барояшон медодам, модарашон бекамукост ҷавоб дошт, аммо бачаҳо гӯлу гаранг буданд. Инҳо камубеш Рӯдакию Айнию Бобоҷон Ғафуровро мешиносанду халос! Дигар аз адабиёти оламшумул ва сиёсати дохилию хориҷӣ ҳеҷ хабар надоранд!

Хуршедшоҳ!

Мағзи ҳамин ҷавонон дар арафаи ташаккулёбист, аммо холист. Пагоҳ-фардо ҳине, ки мактабро хатм мекунанд, хуб аст, агар бахт ба рӯяшон хандаду ба ягон донишгоҳу донишкада қабул шаванд. Агар не, мисли падарашон ба муҳоҷират мераванд. Ана дар муҳоҷират, дур аз Ватану ёру диёр, бо ҳар гуна ашхос сарокалла мераванд. Худо накунаду бо ягон ифротие ҳамкор шаванд! Инҳоро аз роҳ задан ду карат ду аст! Гуфтааму боз мегӯям: агар кӯдаконамонро аз хурдӣ мактабхону дарсхону газетхону маҷаллахону шеърхону афсонахону чистондону китобхон накунем, миллат дар ҷаҳолат хоҳад монд!

Оҳ Хуршед! Ин ҷавонон ояндагони ману Шумоянд! Сатил-сатил бояд хун бигирям! Даҳ сол инҳо куҷо буданд? Даҳ сол дар кудом мактаб таҳсил карданд? Даҳ сол ба инҳо кӣ дарс гузашт? Даҳ соли умри худро беҳуда сарф карданд? Кам не ДАҲ сол!

Антон ЧЕХУФ: Порча аз ҳикояи “ҲАСРАТ “дар тарҷумаи Обидҷон Шакурзода

«Дар шаҳре ки рӯзу шабаш бенур ва пур аз ғавғову шарру шӯр аст, як издиҳоми шишаи нанг дар санг зада бо ҳирсу ҳасаду фисқу фасод на биме аз оқибати ин нобакорӣ ва на парвое аз дарду танҳоии фақирмардони нодору бепаноҳ дорад. Дар ин шаҳр Ионаи аробакаш ҳатто муҳтоҷи як лаҳза навозишу дилбардорӣ аст, аммо ёре нест, ки дарди дил кунад, ғамгусоре нест, ки ғубори ғам аз вуҷуд бияфшонад. Дар суроғи марг аст, ки чиро ба сараш намеояд».

Бо эҳтиром: Абдувоҳид

ХИРС ВА МУЛЛО

Субҳ ба хайр Абдувоҳид!

Ҳа, фасли борон ҳам сар шуд. Ёд дорам, замони кӯдакӣ чӣ гуна мехостам то тар шавам зери ин неъмати Худованд. Ба назарам чунин менамуд, ки борон ҳама ифлосию дилсиёҳиро шуста мебарад. Аммо, ҳоло рӯзҳои боронӣ ба назарам мисли сол мегузаранд. Рӯзҳое ки андӯҳи гузаштаро бедор мекунанд, хотираҳои руъёгунаро бедор месозанд. Рӯзҳое ки дар давоми он ҳама чӣ ба дилат мезанад: Ҳам хоб рафтан, ҳам тамошои филм, ҳам хӯрдану ҳам торикию тирагӣ. Тавба, боз мо ҳамеша орзуи танҳоӣ мекунем, дар ҳоле рӯзе зистан дар ин гуна ҳаво, дилатро аз ҳама чӣ хунук мекунад…

Мисоли шумо, ман ҳам як аммаи китобхон дорам. Агар хато накунам, беш аз се-чор ҳазор китоб хондааст. Аммаам ягона нишон аз авлоди падарам аст. Аммае, ки се бародару як ҷигарбандашро ба хок супорида. Ман ҳам ҳамеша асарҳои навини адибони тоҷик ва умуман ҳар чизи наверо ки нашр мешавад, барои аммаам мефиристам. Баробари аммаам шавҳари вай – омӯзгори фанни ҷуғрофияи мо поччои Мирзоҳомид ҳам аз субҳ то шом китоб мехонанд. Гуиё бо аммаам дар китобхонӣ мусобиқа, ва баъзе ҳолат вақте асареро ҳарду бояд хонанд, байни якдигар сурху сафед ҳам мешаванд. Поччо мисоли падарам асарҳои детективиро дӯст медоранд. Аз ин рӯ ба он кас асарҳои детективии русиро мефиристам. Ҳар бори ба деҳа рафтан поччо ё аммаам баробари дидани ман, бо нигоҳ аз ман асарҳои тозаро мепурсанд ва ман агар китоби тозае набурда бошам, дар хиҷолат мемонам. Фарзандонашон-чӣ духтару чӣ писар, соҳиби маълумоти олӣ ҳастанд ва соҳиби обрӯю мартаба дар ҷомеа.

Дар мавриди бесаводии насли нав:

Боре сари субҳона бо ду нафар аз дӯстони қаламкаш, сари мушкилиҳои умдаи соҳаи рӯзноманигорӣ сӯҳбат доштем. Дар баробари масъалаи одобу ахлоқи рӯзноманигорони мо, масъалаи ба ҳади ифрот расонидани маводи тарғиботӣ дар расонаҳои чӣ чопию чӣ телевизионӣ, масъалаи обуна ҳам бардошта шуд. Яке аз онҳо гила кард, ки кадом шиносаш як дона нашрияро аз дасти роҳбараш панҷ сомонӣ харидаасту ин зиёд аст. Пурсидам, ки як нафар табиб ё омӯзгор, дар як ҳафта чанд сомонӣ барои тамошои “инстаграм”-у “ютуб”, истифодаи “ватсап”-у “телеграмм” сарф мекунад? Хато накунам, ҳади ақал сӣ сомонӣ.

Агар аз ин панҷ сомониро барои огоҳ шудан аз вазъи ҳаёти иҷтимоию сиёсии ҷомеа сарф кунад, ҳеҷ мушкиле дар зиндагиаш пеш намеорад. Ин ки дар баъзе нашрияҳо навиштаи хонданӣ нест, ин мушкили дигар аст, ки ба сифати таълиму тадрис ва робитаи хонанда бо нашрия, набудани рӯзноманигорони касбӣ рабт мегирад. Беҳуда намегӯянд:

Беадабро ҳар куҷо ёбӣ бикӯб,

Хирс мулло мешавад аз зарби чӯб.

Ба андешаи ман дар масъалаи китобу китобхонӣ ва дур кардани кӯдакону наврасон аз телефонҳои мобилӣ, то як андоза ҷиддӣ бояд буд, зеро дигар ин насл, насли муштпарвар шудааст! Ва ба ин пеш аз ҳама волидон гунаҳгоранд, ки барои телефони фарзанд ҳазорон сомонӣ сарф мекунанд, вале барои харидани як китобу як рӯзнома дасташон меларзад!

Боре сари қаҳр аз он ки писари кучакам Оламафрӯз маънои як вожаи тоҷикиро нафаҳмид, “манқурт” – аш номидам. Пурсид, ки “ манқурт” – аш кист? Посух додам. Гуфт:

-Ин ки маро аввал бо боғчаи русӣ додед, ба мактаби русӣ додед ва ҳоло дар литсейи англисӣ таҳсил мекунам, кӣ гунаҳгор аст? Ман кай вақт меёбам, ки забони модариамро омӯзам?

Дар посухи ин пурсиш лол мондам. Қабули ҳарфи ҳақ ҳамеша душвор аст.

Магар мо, – волидон барои ин гуна аз таъриху забон дур мондани насли нав гунаҳгор нестем Абдувоҳид?

 Бо эҳтиром: Хуршед

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь