Дуруд Абдувоҳид!

Номаро гирифтам. Сипос, ки пешниҳоди маро пазируфтед ва дигар ману Шумо ба хотири Устод Ҳошим Гадо, – аз камтарин хонандаи нашрия менависем. Медонед, устод дар ҳамон сӯҳбате, ки сухан аз Шумо рафт , як андешаи файласуфона гуфт, ки баёнгари ҳоли рӯҳии мо аст. Устод гуфт:

“ Агар рост гӯям, дар бало мемонам, агар дурӯғ гӯям, метарсам, ки мефаҳманд”.

Воқеан чунин аст! Баъзе аҳвол ба хотири наранҷидани дили касе дурӯғ мегӯем, гоҳи дигар аз тарс дурӯғ мегӯему дар ҳамин ҳол диламон дар ларза аст, ки мабодо дурӯғамонро нафаҳманд… Чаро? Чунки торафт ба як кабӯтари дубома бадал мешавем, мавқеи устувор сари одитарин мавзӯъ надорем, зиндагиамон дигар олудаи тарс шудааст, дигар масали “каҷ шину рост гӯ” – ро дар афсонаҳои бибиамон меҷӯем. Вале биёед аввал як чиро аз худамон пурсем:

Мо аз чӣ метарсем? Масалан Шумо аз чӣ метарсед? Агар Шумо посухе надошта бошед ё бозам сояи тарс нагузорад, ки рост гӯед, ман метавонам кӯмак кунам. Яъне ман медонам, ки ману Шумо аз чӣ метарсем!

Аввалан, тарси ману шумо аз он аст ки метарсем, ки касеро меранҷонем! Ҳа, касеро дар мансаби болотар аз худамон! Ҳам ба мансабу ҳам дар ҷомеа ва ҳам дар роҳи интихобкардаамон! Чунки ба дасти хеш зиндагию буду нобудамонро ба он шахси намуайяне, ки дар “боло” нишастааст, вобаста кардаем! Аммо боре ба хаёли ману шумо намеояд, ки мансаби он болонишин ҳам абадӣ нест, худи он нафар кайҳо бевиҷдонию масали “гӯр сӯзаду дег ҷӯшад” – ро шиор карда бошад ҳам, аммо ҳади аққал инсони фоние беш нест! Ӯ ҳам мемирад! Фақат ба мо ирода лозим аст, ки ин кирми тарсро дар ботини хеш кушем! Аммо намехоҳему наметавонему иродаи рақобату иродаи муқобилият кардан надорем! Шумо эҳсос мекунед, ки ману шумо баринҳо ки дигар гӯшакӣ дарди дил мекунему ҳунари дигаре надорем, кайҳо ба як шахси нолозим дар ҷомеаи имрӯз бадал шудаем? На шеъри шумо ба касе лозим асту на детективҳои ман! Аз мо фақат ҳамин номаҳои ману шумо мемонаду бас! Шояд хонандаи он замон дарк кунад, ки мо аслан рӯзи хуше надидаем, кайҳо худро ба дасти марги тадриҷӣ супоридаему интизори тезтар рафтан ҳастем! Ба қавли шодравон Акбари Саттор “фақат дар андешаи ҷонамонро халос кардан ҳастем”.

Аммо, оё инро медонед, ки “барои марги зебо дар зиндагӣ зебо бояд буд!”. Ману Шумо оё боре барои зебо зистану зебо гуфтану сазовори марги зебо будан, ақалан кӯшиш кардаем?

Не! Умри хешро барои авлоду оилаю кӯшиши номи нек сарф кардаем! Ин ки мегӯед, “як дона сигору як ҷуръа майи нобу як ҷом қаҳва” далели зиндагии хуш аст? Не Абдувоҳид, ин далели пазируфтани марги тадриҷӣ аст! Далели он аст, ки умре тарсида – тарсида зистаем! Чаро мо Достоевский нашудем, чаро Антон Чехов нашудем, чаро Гарднеру Чейз нашудем, чаро аҷалан Диего Марадона нашудем? Чаро? Зеро барвақт марги тадриҷиро пазируфтему дигар ҳатто ҷуръату ҷасорату иродаи аз интизорӣ раҳидан надорем! Интизории талх, интизории марги тадриҷӣ, интизории он ки мабодо дар раҳ намирем, мабодо ҳаром намурем, мабодо дар майхона намирем, мабодо ҳоҷӣ нашуда мирем, мабодо зори нони ҳамсоя намирем…

Сергапӣ кардам, узр! Дар бораи “ҳуши маснуӣ”… Маълум шуд, ки ин барномае аст ва ҳар саволе додед, посух медиҳад. Дар бораи Шумо, дар бораи ман, дар бораи дунёи ману шумо, аз ҳама бештар медонаду мегӯяд. Яъне, ин барнома будани ману шуморо дар ин дунё лозим намешуморад! Ба ҷойи ману шумо менависаду болотар аз як ситора менависаду мегӯяд! Як бор барномаи мазкурро дар бораи худатон, дар бораи ман пурсед! Як ҷузъиёти зиндагиатонро мегӯяд, ки лол мемонед!

То номаи дигар Абдувоҳид, хеле диламро сабук кардам, акнун ба қавли шумо навбати “як дона сигору як қаҳваю як ҷоми май”

Хуршед АТОВУЛЛО

МАРГИ ТАДРИҶӢ

Дуруд ба Хуршеди гиромӣ!

“ Агар рост гӯям, дар бало мемонам, агар дурӯғ гӯям, метарсам, ки мефаҳманд” – ин ҳам як фалсафаест, ки як ҷаҳон маъно дар он нуҳуфтааст.

Аммо намехоҳам ин ҷо фалсафафурӯшӣ кунам, мехоҳам дар бораи “мо аз чӣ метарсем” ва воқеияти он ибрози андеша намоям. Ростӣ, то номаатонро нахондам, боре ҳам аз хотирам чунин савол хутур накарда буд. Агар ёдатон бошад сари масъалаи тарс борҳо сӯҳбати рӯёрӯ карда будем. Аммо сӯҳбати мо, аслан дар бораи “тарс аз танҳоӣ” буд. Ва “тарс аз марг”-ро низ “даб-дала” карда будем)).

Аммо ин ки мо аз чӣ метарсем, ки наметавонем сухани сари забонамонро гуфта бошем, сабабҳои зиёди гуфтанию ногуфтанӣ дорад.  Дар баъзе ҳолатҳо дурӯғ гуфтан низ дар ҳамин қатор ҷо дорад.

Наранҷондани хотири касе яке аз рукнҳои адабу фарҳанги кулли мардумамон аст. Хоставу нохоста ману Шумо низ онро риоя мекунем.  “Рӯйи хотири касе кардан” ва “хотирбинӣ” низ дар сӯҳбатҳои сарироҳии мардум серистеъмол аст. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки “хотирбинӣ” низ мисли заҳрпечаки “тарс”  дар вуҷуди ҷомеа печидааст. Фикр мекунам, “хотирбинӣ” ҷанбаи дутарафа дорад, як тарафаш мусбату дигар тарафаш манфӣ. Аммо дар аксар ҳолат ҷанбаи манфӣ боло мегирад ва барои пешрафту гулгулшукуфоии ҷомеа муфид набудааст.  Ҳамин аст, ки мешавад “хотирбинӣ”-ро бо “тарс” дар як радиф бигзорию барои аз байн бурданашон кӯшиш ба харҷ диҳӣ.

Марги тадриҷӣ! Оҳ ин марги тадриҷӣ! Ана ин суханатон ҳам ба ман дахл дораду ҳам ба Шумою ҳам ба ину он! Аз сарчашмаҳои таърихӣ маълум аст, ки кулли эҷодкорони гузашта дар ҳолати марги тадриҷӣ зистаанд. Аммо имрӯз мемирам, пагоҳ мемирам, фардо мемирам, пасфардо мемирам – гуфта нанишастаанд! Даст ба кор будаанд! Асарҳои мондагор таълиф кардаанд, Амрикоро кашф кардаанд, республика сохтаанд, ҷанг кардаанд, ғалаба кардаанд, мағлуб шудаанд, шаҳрҳо бунёд кардаанд, ба деҳаҳо об овардаанд.. хуллас хапу дам нанишастаанд. Аммо дар охир ба ҳамун мақсади аслӣ восил гардидаанд, яъне мурдаанд. Аз ин рӯ, даст ба кор бояд буд, зиндагӣ бояд кард Хуршедҷон! Аммо “барои марги зебо зебо бояд зист”!

Бигзарем аз фалсафаю шару шӯраш.

Ман бори дигар бобо шудам дӯстам! Ҳушанг баъд аз интизориҳои зиёд падар шуд. Ин ҳам як баҳонаи дигар барои зебо зистан ва шоистаи таҷлилу боистаи шустан аст!))

Бо эҳтиром АБДУВОҲИД

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь