Бархе дар миёни ҳиҷоҳои калимаи “тамбал” “пробел” монда, онро ба фаҳмиши русии “там бал”, яъне бал ё хол дар он ҷост, маънидод мекунанд ва ин дар ҳолест, ки ҳоло аксарият корҳои иҷрошуда, хусусан амалҳои маънавӣ бо бал ченак мешаванд. Яъне баъзан вақт тамбалҳо аз тамбалӣ ва ноуҳдабароии худ фахр ҳам мекунанд.
Дар поёни тарафи рости монитори ноутбуки Баҳруллоҳ сонияҳо аз паси ҳам мегузаштанд. Вай ҷӯраи мо аз назди ноутбукаш, ки мудом барномаи PotPlayer фаъол буд, дур шудан намехост. Баробари дидани филму консерт, “вайн”-у “пранк” ва барномаву гуфторҳои интернетӣ дар смартфонаш интернети 99-сомонӣ пайваст шуда, ба контентҳои гузоштаи дӯстони маҷозияш дар шабакаҳои иҷтимоӣ “лайк” мемонду “коммент” менавишт. Хӯрокашро болои ҷойи хобаш мехӯрду чою қаҳваашро хунук карда менӯшид. Ӯ ба ҳаракати на танҳо сонияҳо, балки ба дақиқаҳову соатҳо ҳам аҳамият намедод. Танҳо агар офтоб аз он сӯйи тиреза зӯр зада медаромад, мефаҳмид, ки рӯз аст ва агар хомӯшакҳо пойҳояшро мегазиданду мардум каме ором мегирифтанд, ҳис мекард, ки шаб шудааст.
Ба ҷуз ин, ҳар кореро, ки бар дӯши ӯ вогузор мекарданд, ғамгин гашта, онро бисёр беҳавсала ва ноуҳдабароёна иҷро мекард, зеро худро маҷбур мекард, ки кори фармударо тамом кунад. Ба болои ин ҳама вай субҳ аз хоб дер мехест. Корҳои анҷомдодааш ғайриихтиёр ва маҷбурӣ буданд. Ҳама амалро бо фикри истироҳат кардан ё бекор будан анҷом медод. Зиндагиашро бо як ҷумла ҷамъбаст кардан мумкин аст: аз гузаштани дақиқаҳо, соатҳо, рӯзу шабҳо ва ҳатто умри ҷавон мижааш пар намезад ва доимо, ба қавле, вақт кӯр мекард.
Бадбахтона, дар ҷомеаи мо Баҳруллоҳ баринҳо хеле зиёданд ва боиси таассуф аст, ки сафи чунин одамон, бахусус ҷавонон зиёд шуда истодааст. Ҳеҷ намешавад, ки ин тоифа одамон ҳадди ақал як маротиба фикри ба ҳиссиёти тамбалӣ ғолиб баромаданро кунанд. Ҳеҷ намешавад, ки ин қабил одамон ҳадди ақал як маротиба ба хулосае биёянд, ки агар одам ба тамбалӣ ғолиб наояд, чӣ қадар бад аст. Ҳеҷ намешавад, ки чунин ашхос ҳадди ақал боре кӯшиши иваз кардани амалҳои анҷом медодаашонро кунанд.
Як дақиқа 60 сония, як соат 3600 сония, як рӯз 86000 сония ва ҳамин тавр, ҳар тамбал 86000 маротиба чашмакзании сонияҳои соатро дида, нофаҳмида мемонад, ки як рӯз аз умраш кам шуд ва як қадам сӯйи маргу итмоми зиндагияш ниҳод.
Афроди тамбал ҳеҷ гоҳ фикр намекунанд, ки аз хоб кардану бекор нишастан умрашонро бой медиҳанд, вале бо хестану амал кардан худро месозанд. Худсозӣ, оиласозӣ, деҳасозӣ, ноҳиясозӣ ва билохира меҳансозӣ пеш аз ҳама ғолиб баромадан болои ҳиссиёти тамбалӣ аст.
Инсонҳо бисёр чиз мехоҳанд ва вобаста ба хостаҳову орзуҳояшон нақша мекашанд, аммо аксариятро душмани рақами яки одамизод – тамбалӣ шикаст дода, намегузорад, ки виҷдон кори худро анҷом диҳад ва мутаассифона, дар охир тақдирро гунаҳкор мекунанд.
Бал ё холи тамбалҳоро ба ҷуз ҳамтоёни худашон касе қаноатбахш намегузорад.