Дуруд Абдувоҳид!

Мехоҳам ин маротиба бо Шумо аз нақши такси дар рӯзгори шаҳрнишинон ҳарф занам. Медонед, ҳамин дирӯз буд, ки бо як нафар таксист суҳбат доштам. Аз ҳолу аҳволаш пурсидам. Аниқтараш, чун мо зиёд дар бораи нодорию камбағалӣ мегӯем, фикр доштам, ки мардум ҳам кам мешавад то такси кироя кунанд. Аммо, ин суҳбат андешаи маро тағйир дод. Ҷавон ба ин андешаи ман ки таксиҳо рӯзи дароз навбат мепоянд то мусофиреро ба манзил расонанд, баланд ханда зад ва ман дар хиҷолат мондам. Вай гуфт:

– Ака, ман гоҳе ба шабакаҳои иҷтимоӣ медарояму ба зайифнолии мардум ҳайрон мешавам. Бовар мекунед, ҳоло боре нашудааст мусофире шиква карда бошад, ки маблағаш барои кирояи такси намерасад. Шаҳрро бингаред, дар як муддати кутоҳе ҷома иваз кард. Ҳар дуюмин машина такси аст. Шикоят мекунанд, ки пул надоранд, вале ҳатто бору паёми хешро тавассути такси мефиристанд. Ҳавсала надоранд то худашон раванд. Шумо намедонед, ки зери пӯсти шаҳр чӣ мегузарад. Ба фикрам шабу рӯз дар утоқи корӣ мешинед. Ба зиндагии мардум аз пушти тиреза менигаред…

Дар посух лол мондам. Намедонистам чӣ гӯям. Ин ҷавон ба андозае бо ҷаҳонбинии васеъ, диди воқеиаш ба зиндагӣ маро мот кард, ки намедонистам чӣ гӯям. Ҷавон пурсид, ки шитоб дорам ё не. Чун “не” гуфтам, табассум карду ҳаракати машинаро сусттар карда, идома дод:

Масалан, Шумо… ёд доред, ки бори охирин кай барои ташхис назди табиб рафта будед? Бори охирин кай ба оббозӣ рафтед? Кай ба назди маҳсгар рафтед? Кай санатория рафтед? Бори охирин барои саломатии хеш шуда, субҳи барвақт давидед? Умуман, барои худ боре шудааст, ки зиндагӣ карда бошед? Не, барои ин корҳо вақт надоред. Ғами ину онро мехӯред, зану фарзанд мегӯед, ғами шиками онҳоро мехӯред. Аммо бовар доред, ки фардо, дами пирӣ онҳо асои дасти Шумо мешаванд?

Ака, мардуми мо аз рӯзи таваллуд то дами марг фақат хона месозанду мехаранд. Барои дигарон зиндагӣ мекунанд. Боре ба зиндагии хориҷиҳо бингаред. Ба зиндагии онҳо ҳаваси кас меояд.

Абдувоҳид!

Медонам, ки ҳарфҳои ин ҷавон Шуморо ҳам ба сари андеша меорад. Чунки Шумо мисли ман на барои хеш, балки барои дигарон зиндагӣ мекунед. Аслан, ҳамаи мо аз рӯзи таваллуд то дами марг барои андешаи ҳамсоя, барои волидайн, зану фарзанду хешу пайвандон мезием. Зиндагии бемаъние дорем, ки то охир намефаҳмем барои чӣ зистему барои кӣ зистем. Фақат рӯзи марг ёдамон мекунанду шояд бигӯянд, ки “бечора, барои хеш зиндагӣ накард”.  Дигар ҳеч!

Мехоҳам назари Шуморо роҷеъ ба ин мавзӯъ ва андешаҳои ин ҷавон фаҳмам. Интизори номаи Шумо ҳастам.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь