Чӣ омил аст, ки боиси тааҷҷуби мардум аз одитарин рафтори як нафар мансабдори баландпоя мегардад?
Боиси ифтихор ва шарафмандист, ки мо дар даврони истиқлолият, дар сарзамини орому осоишта, давлати ҳуқуқбунёд ва демократӣ умр ба сар мебарем. Ҳар як шахс ҳуқуқ ва озодиҳои худро дорад, ки ин дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст. Яъне дар доираи қонунҳои амалкунанда кор ва фаъолият намудан, ҳуқуқ ба таҳсил, касбомӯзӣ, озодии сухан, интихоби вазифа ва ғайра. Таҳсил намудан, касбомӯзӣ, интихоби вазифаи мувофиқ барои ҳар як шахси комилҳуқуқ кафолат дода шудааст, вале дар марҳилаи ба мақсади хеш расидан, соҳиби вазифаи баланд гардидан набояд хоксорӣ, меҳрубонӣ ва дигар амалҳои шоистаи инсониро фаромӯш сохт.
Шоҳид будам, ки шахси мансабдори баландпояе канори роҳи пиёдагард аз фурӯшанда ҷуворимакка харидорӣ мекард. Ин ҳангом тааҷҷуб ва саволу ҷавоби байни мардум мушоҳида гардид. Бо дидани ин манзара зиёд мардуме, ки аз роҳ мегузаштанд, бо ишора ҷониби мансабдор байни худ баҳс мекарданд. Барои худи ман ҳам хело аҷиб менамуд. Чун дар роҳи пиёдагард, байни омма ҷуворимакка харидорӣ намудани шахси соҳибмақомро бори аввал медидам. (Одатан, барои шахсони воломақоми ҷомеа ронанада ва ё ашхоси дигари ёрдамчияшон лавозимоти лозимаро харидорӣ менамоянд). Аз авзои шахсоне, ки гузар мекарданд, аён буд, ки онҳо ҳам бори аввал шоҳиди чунин як амали басо аҷиб ва ҷолиби диққат гаштаанд.
Аз дидани ин манзараи тааҷҷубовар ба ваҷд омада, дарҳол аз чанд нафар пурсон шудам: “Оё ин шахсро мешиносед? Чаро ин қадар бо тааҷҷуб назар мекунед? Магар бори аввал аст, ки чунин як шахси мансабдорро дар роҳ мебинед? Чаро механдед?”. Ҷавобҳо гуногун буданд: «Албатта, мешиносем, ин кас бисёр як шахси меҳрубонанд, дар ҳуҷраи кориашон баъд аз навбатдории зиёд дида будам”, “Магар шахсони мансабдор ҳам аз кӯча харидорӣ мекунанд?”, “Ин ҳолатро бори аввал мебинам”, “Ҳайронам, ки чӣ ин касро маҷбур кардааст, то аз инҷо харидорӣ намояд”, “Ин кас бисёр як шахси хоксор ва меҳрубон аст, барои ҳамин аз инҷо харидорӣ карда истодааст”.
Шунидани чунин ҷавобҳои гуногун маро ба андеша кардан водор сохт. Дар пай андешаҳои мухталифи одамон ба ёд омад. Андешаҳое аз ин қабил ки ҳамкорӣ байни ҷомеа ва соҳибмансабон қавӣ набуда, бо мардуми оддӣ дар иртибот нестанд ва баҳри вохӯрӣ бо мансабдорон интизории зиёд кашидан лозим, чун ҳамеша машғули корҳои басо муҳим мебошанд. Агарчи овезаи рӯзи қабули шаҳрвандон дар пушти дар насб шудааст, вале маҷлисҳои муҳими ҳалталаб онҳоро маҳз дар ҳамин руз интизор аст. Ҳамаи ин боиси он мегардад, ки аз дидани нафаре аз онҳо мардуми бечора дар ҳайрат афтода, баҳс барпо мешавад.
Албатта, ин суханҳо ба ҳама тааллуқ надорад, чун ҳастанд мансабдороне, ки новобаста аз вазифаҳову мақоми баланд доштанашон шахсони бисёр меҳрубон, хоксор, ҳамсуҳбати хуб, машваратдиҳандаи ботаҷриба ва ҷонфидои вазифаи интихобкардаи хешанд. Мушкилиҳои шаҳрвандонро нодида намегиранд ва барои ҳалли онҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Вале ангуштшумор.
Моро зарур аст, ки ба вазифаҳои бар дӯш доштаамон содиқ бошем ва бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва мардумпазирӣ фаъолият намоем.
Шаҳло СОДИҚЗОДА