Монолог

Дар кишвари мо 90 фоизи сигориҳо фикр мекунанд, ки сигоркашияшонро волидонашон намедонанд ва ин ба қавле сирр аст.

Ҷаноби Тоҳирӣ, бале, ман қабул мекунам, ки агарчи навакак факултети эҷодиро хатм кардаву дипломи эҷодӣ гирифтам ва ба болои ин, ҳоло унвонҷӯйи даргоҳи эҷодиям, аз эҷод хеле дурам. Бо фикре мезиям, ки бе навиштану гуфтани ман ҳам мардуми мо ҳама чизро худашон мебинанд, мешунаванд ва медонанд. Дар дилхоҳ мавзуъ чизе эҷод кардани ман ба монанди саҳаргоҳон соати 7 мардумро бедор кардани чӯҷаи якмоҳа аст, дар ҳоле, ки аллакай онҳо соати 4-5 бо “будилник”-ҳои худ аз хоб хестаанд.

Ҷаноби Тоҳирӣ, ҳар вақте ки бо рафиқони эҷодкорам вомехӯрам ва доир ба маҳсули эҷоди навашон гуфтугузор мекунам, сабаби чӣ тавр ин қадар олӣ эҷод шудани навиштаашонро пурсон мешавам, ҳатман ки яке аз сабабҳои хуб баромадани матлабашонро дар он мебинанд, ки онро бо дуди сигор навиштаанд. Ҳатто мегӯянд, ки чанд сархат пас сигори нав дар додаанд ва дар кадом сархаташ кадом намуди сигорро (албатта аз рӯйи нарх) истифода бурдаанд. Ба ман менамояд, ки онҳо ҳар сархатеро, ки бо сигорҳои гаронтар эҷод кардаанд, калимаҳояш зебо бо ҳам пайвастаанд. Аъзои ҷумла ҳамроҳи сараъзо бисёр хуб часпидаанд. Синониму омоним ва антонимҳоро тавре истифода бурдаанд, ки дар ҷое механдӣ, ҷое мегирйӣ, ҷое бо муҳаббат ба қаҳрамонҳо менигарӣ ва ҷое ба персонажҳои манфии маҳсули эҷоди онҳо нафрат мехонӣ. Яъне бисёр зӯр ва олӣ меофаранд. Дар ин лаҳазот ман ба навиштаҳои хому хаталаи худ, ки шумораашон мумкин ба 2-3 расад, нигариста, худамро дилбардорӣ мекунам, зеро ман сигорӣ нестам ва бесигор ҳамин қадар навиштан мумкин аст.

Дар ҳамин ҳол, ҳар гоҳе ки бо қисме аз устодонам ҳам бобати эҷод сухане пайдо шавад, ҳатман нимшӯхиву нимҷиддӣ мегӯянд: “Аз ту эҷодкор намебарояд, зеро сигорӣ нестӣ”.

Ҷаноби Тоҳирӣ, ин ҳамаро фикр карда, дар зеҳнам пазондам ва чанде пеш ният кардам, ки сигорӣ шавам. Сигорӣ ба хотире, ки дар иҳотаи нафарони сигориям. Сигорӣ ба хотире, ки бӯйи дуди он ба ман писанд аст. Сигорӣ ба хотире, ки мегӯянд дар анбуҳи дуди сигор домони анбуҳи андешаҳои чигилу хиҷилро раҳо кардан бисёр осон ва сода аст. Сигорӣ ба хотире, ки ҷавонам ва мехоҳам ҷавонӣ кунам. Сигорӣ ба хотире, ки дар баробари даводавҳои рӯзона ҳадди ақал вақти сигоркашӣ бо дуди ғамбарор дами беғам занам. Сигорӣ ба хотире, ки ҳар нафари ба кобинетам даромада гӯяд: “Ин нафар аз марг наметарсидааст”. Ва сигорӣ ба хотире, ки чӣ гуна будани сигорӣ буданро муайян кунам: хуб аст ё бад?

Вале барои сигорӣ шудан як норушанӣ, як масъалаи нозук, як нодонӣ, як савол ҳеҷ гоҳ маро ором нагузошт. Бигӯям он чист?

Ҷаноби Тоҳирӣ, бовар кун, ба ман касе гӯшзад накард, ки никотини таркиби тамоку ба узвҳои ҳозима, нафаскашӣ, рагҳои хунгард таъсири манфӣ расонида, боиси сар задани бемориҳои илтиҳоби меъда (гастрит), захми меъда, бронхит, зиққи нафас (астма), саратони шуш ва сактаи дил мегардад. Ва ба болои ин ҳама, ин вируси сабил аз одамони қаторӣ дида, сигориҳоро бештар таҳдид мекунад. Ва боз касе нагуфт, ки аз рӯйи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ҳар сол дар натиҷаи тамоку кашидан 4 миллиону 800 ҳазор нафар сокинони сайёра мефавтанд. Агар чораҳои пешгирикунанда андешида нашавад, то соли 2030 шумораи аз ин одати зарарнок мефавтидагон солона ба 10 миллион нафар хоҳад расид. 10 миллион! Балки он савол пас аз шинос шудан ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» пайдо шуд.

Нигар, дар банди якуми моддаи 6-и қонуни мазкур чунин омадааст: «Истифодаи маҳсулоти тамоку, аз ҷумла чилим, нос ва сигори электронӣ дар дохили биною иншоот, инчунин дар ҷойҳои зерин қатъиян манъ аст:

– дохили бино ва ҳудуди муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, сайёҳӣ, динӣ ва илмию таълимӣ;

– дохили биноҳои маъмурӣ, утоқҳои кории ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ;

– дохили иншооти муассисаҳои хӯроки умумӣ (тарабхона, ошхона, чойхона, қаҳвахона, буфет ва ғайра);

– дохили бинои осоишгоҳҳо ва иншооте, ки дар онҳо чорабиниҳои ҷамъиятӣ ва фарҳангию фароғатӣ гузаронида мешаванд;

– дохили бинои меҳмонхонаҳо ва хобгоҳ;

– дохили ҳама намуди нақлиёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла таксӣ, истгоҳҳои барои нақлиёти ҷамъиятӣ таҷҳизонидашуда, биноҳо ва дар ҳудуди фурудгоҳҳо, истгоҳҳои роҳи оҳан ва нақлиёти автомобилӣ;

– майдончаҳои кӯдакон;

– нақлиёти истифодаи шахсӣ, ки дар он кӯдакони то 16-сола ҳузур доранд;

– даромадгоҳҳои биноҳои истиқоматӣ, лифт, гузаргоҳҳои зеризаминӣ ва биною иншооти дигаре, ки барои одамон дастрас мебошад».

Ва ин ҳама агар заррае вайрон шаванд, яъне сигориҳои мо дар чунин ҷойҳо сигоре дар диҳанд, тибқи моддаи 8-и қонуни мазкур ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Ва савол: фарз кардем, ки ман сигорӣ шудам, онро бояд дар куҷо кашам?

Сино ТОҲИРӢ

P.S. Ҳар сол дар аксар мамолики ҷаҳон 31-уми май Рӯзи ҷаҳонии бидуни тамоку қайд карда мешавад. Ҷанобону хонумони сигорӣ, биёед, ҳадди ақал ҳамин рӯзро бидуни сигор сипарӣ кунед!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь