Монолог
Шубҳа чист? Амали шубҳанок чӣ? Нафари шубҳанок кист? Ба ду суоли аввал метавон ҷавобҳои муфассалу мухтасари зиёд пайдо намуд. Аммо ба саволи сеюм посух ёфтан мушкилу тоқатфарсост.
Ба андешаи ман, шубҳа шабаҳ аст, ҷаноби Хоҷаев. Шабаҳ, ки хира-хира, на пеши чашм, балки дар тасаввуроти шахс пайдо мешавад. Яъне, он танҳо суроб аст. Суроб ҳанӯз симои зоҳирии хос ва кушода надорад. Барои мушаххас кардани суроби шубҳанок заҳмату ҷустуҷӯ лозим меояд. Чаро? Чӣ зарурат дорад? Хеле муҳим аст! Зеро, наметавон бардошт кард он чиро, ки аз ҷониби ту содир нашуда, аммо гумонҳои ноҷои ину он нафар бар шонаат меафтанд. Масалан, боре нафаре аз наздикон ба ман луқма партофт, ки «ҳааа, мегӯянд фалониро пинҳонӣ ба занӣ гирифтаӣ?…». Чун нидояш саволӣ буд, он қадар ба ғазаб наомадам. Вале, ба ростӣ, алам кард. Аввал андешидам, ки «бечора, заҳмат кашидаву чунин фикрро дар майнааш ҷой додааст, биё гапашро тасдиқ намоям, то дилаш ором гирад». Аммо, намедонам, озурда шуд ё на, бо лаҳни шадидтар посух додам: «Аввал ин ки, нагирифтаам. Дуюм, агар гирам ҳам, аз ту намепурсам!». Чун медонистам, ки барои исботи ин шубҳа умуман далел нест. Мисли ҳамон гуфтаи Достоевский, ки «аз сад харгӯш ҳеҷ гоҳ асп сохта намешавад, аз сад шубҳа ҳаргиз исбот ба вуҷуд нахоҳад омад».
Воқеан, на ҳамеша шубҳаҳои мо тасдиқу исбот мешаванд, дӯстам Хоҷаев. Ин андеша, ки мегӯянд «агар дуздро мушаххас карданӣ бошӣ, ӯро бо дигар гумонбарон аз шаб то саҳар паси панҷара нигоҳ дор», баҳонае беманфиат дар лобалои ноилоҷист. Яъне, нафаре ҳам, ки виҷдонаш мардона аст во бо дурӯғу фиребу риё ошно нест, вақти муттаҳам шудан ба гуноҳе ва паси панҷара афтодан, то саҳар намехуспаду азоби виҷдон мекашад, ранги рӯяш мекоҳад, чашмонаш луобиву хурмоӣ мешаванд. Тағйири сурат маъноеро надорад, ки ӯ ҷинояткору нобакор аст, то вақте эҳтимолияти бегуноҳӣ дар нисбаташ аз байн наравад.
Бо зикри ин нукта гуфтанӣ нестам, ки шубҳа набояд вуҷуд дошта бошад. То вақте ки инсон зинда аст ва бо муҳит пайвандӣ дорад, аз шубҳа роҳи гурез надорад. Хоҳу нохоҳ ақаллан боре ба касе шубҳа мебарад ва ба ӯ низ дигарон шубҳа мебаранд. Аммо, вақте ки гумони мо исботталаб аст, сабру таҳаммул лозим меояд. Пеш аз ҳама, зарур аст, ки қазия зина ба зина, аз аввали рухдод бо дарназардошти хати ҳаракат ва занҷирапайвандҳои муаммо омӯхтаву таҳқиқ карда шавад. Танҳо дар ин сурат шавҳар метавонад шубҳаи худро нисбати зан, зан нисбати шавҳар, падар нисбати писар, модар нисбати духтар, муфаттиш нисбати гумонбар ва ҳатто гумонбар нисбати онҳое, ки гумонҳои ноҷо дар бораи ӯ асабонияшон мекунанд, мушаххасу собит намояд.
Ҳоло намунае меорам. Он моли ман нест. Дар ким-куҷое хонда будам, ки алҳол сарчашмаашро фаромӯш кардаам. Ин мол аслан қиссамонанд аст ва ба ту писанд хоҳад омад, рафиқ Хоҷаев:
Нафаре табарашро гум кард. Ӯ ба хулоса омад, ки табарро писари ҳамсоя дуздидааст ва дидаи ҷосусӣ ба ҳаракатҳои ҷавон гумошт: тавре роҳ меравад, ки гӯё дар ҳақиқат чизеро дуздида бошад! Ҳам нутқ, ҳам рафтору нигоҳаш табардуздро мемонад…
Аммо бо гузашти чанд муддат, он нафар вақте замини назди ҳавлияшро нарм мекард, табари худро аз зери хок ёфт. Рӯзи дигар ба рӯи писари ҳамсоя нигарист, вале акнун он ҷавон на бо нутқ ва на бо рафтору нигоҳаш ба табардузд монанд набуд…
Пас аз хондани ин қисса пеши назарат чӣ ҳувайдо мешавад, ҷаноби Хоҷаев? Ба шубҳа намеравӣ, ки шубҳа дар аввали пайдоишаш заиф аст, баъд пурзӯр мешавад ва ниҳоят нопайдо мегардад? Мисле, ки ба муш будани муш шубҳа мекунему онро фил мепиндорем ва чун таҳаффус кардаву аз фарқиятҳои фил огоҳ мешавем, мефаҳмем, ки муш муш будааст, на фил!
Беҳуда нагуфтаанд, ки «молатро накӯ нигаҳ дору ҳамсояатро дузд нагир!». Зеро, чун шубҳа пайдо шуд ва дар фурсати андак аз байн нарафт, он хоҳу нохоҳ ба тӯҳмат мепечад, ки оқибаташ забонбуру дандоншикан хоҳад буд!
Фазлиддин АСОЗОДА