Ҷавонони Тоҷикистонро “облава” карда, кӣ артишро як лагери даҳшатнок нишон медиҳад ва чӣ манфиат мебинад? Саҳнаи “облава” -и ҳамкасбамон Шоҳрухи Исмоил аз телевизиони “Душанбе HD” сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар мактаб – интернат ба воя расидааст, хеле шармандарез буд. Аслан на танҳо дар ин маврид, умуман фарзанди инсонро ба тариқи боздошт бурдан, аллакай ҷиноят аст ва бояд рабояндагон муҷозот шаванд.

Тибқи хабарҳои расида, ба Шоҳрух даъватномаи хизматро пешакӣ наовардаанд. Бешак, ҳинни боздошт ва кашон – кашон ба такси тиққонданашон хизмати аскариро даҳшатнок нишон медиҳад. Ин саҳна ба кӣ даркор аст?

Соли пор ёд доред, муроҷиатномаи гурӯҳи таъсиргузори фейсбукии “Ахбор барои афкор”, ки зери раҳбарии журналист ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ Раҷаб Мирзо фаъолият дорад, Фирдавс Ҳаётзода муовини якуми роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент ба вазири мудофиа Шералӣ Мирзо, вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ва Юсуф Раҳмон, прокурори генералии Тоҷикистон дастур дод буд, ки шикояти мардумро аз “облава” ё худ сарбозшикори ғайриқонунӣ баррасӣ намоянд ва ба Дастгоҳи иҷроияву муаллифони ин мактуб ба таври хаттӣ посух диҳанд. Дар муроҷиатнома ба Президенти Тоҷикистон навиштаи гурӯҳи “Ахбор барои афкор”, ки танҳо дар се соати аввали нашр шуданаш ба он 500 нафар имзо гузошт, навишта буданд, “ҳолатеро, ки ҳоло ҳаст ва мутаассифона авҷ мегирад, ҳуқуқшиносон ба банди вобаста ба “одамрабоӣ” –и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон баробар медонанд” ва илова намудаанд, ки “бо ин шевае, ки ҳоло ҷавононро “ҷалб” мекунанд, на танҳо қонунмандӣ зери суол мераваду ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро поймол мекунанд, балки давлат беобрӯ мегардад, ноумедӣ авҷ мегирад, психологияи мардум вайрон мешавад, имиҷи давлату артиши он коҳиш меёбад”. Дар ҳамин ҳол, муроҷиаткунандагон гуфтаанд, ки роҳҳои қонунӣ, мантиқиву касбии даъвати ҷавонон вуҷуд дорад ва омодаанд дар ин кор саҳм гузоранд. Онҳо дар ҳоли ҳозир аз роҳбарияти олии ҷумҳурӣ хостаанд, бо як дастури худ ба мақомот ҳушдор диҳанд, то пеши роҳи шармандагӣ ва қонуншиканӣ ҳарчӣ зудтар гирифта шавад.

Воқеан ҳам, ҳамасола ду маротиба – вақти даъвати баҳорӣ ва тирамоҳии даъвати ҷавонон ба хизмати аскарӣ ин масъала рӯ мезанад. Ҳар дафъа одамон шикоят мекунанд, аммо ба додашон касе намерасад. Коршиносон ба ҳисоб гирифтаанд, ки соли 2013, вақте Пешвои миллат мавзӯи аз байн бурдани “облава” -ро ба миён гузошту аз мақомот талаб намуд, ки ин амали ғайриқонунӣ барҳам дода шавад, то соли 2017 вазъ беҳбуд ёфт. Аммо пас аз ин боз ҳар баҳору тирамоҳ “гурезогурез” авҷ мегирад.

Савол пайдо мешавад, ки чаро ҷавонон ба хизмат рафтан намехоҳанд?

Калонсолон нақл мекунанд, ки дар замони шӯравӣ хизмат ба Ватан боиси ифтихори ҳар ҷавон ба ҳисоб мерафт. Падару модарон пеш аз аскарӣ рафтани писарашон ва баъди бозгашти ӯ гов мекуштанду тӯй медоданд, ки писарашон ҷавонмард шудаву тайёр аст ба хизмат биравад. Пас, чаро он замон ба хизмат мерафтанду ҳоло не? Дуруст, шоҳидон нақл мекунанд, ки дар охирҳои барҳамхӯрии СССР масъалаи гурез аз хизмат пеш омад. Махсусан соли 1991, ки Иттиҳоди шӯравӣ барҳам мехӯрд, аскарони тоҷик, ки дар ҷумҳуриҳои дигар хизмат мекарданд, зери азобу шиканҷаи сахт қарор гирифтанд. Ҳатто бархеро аз хизмат мурда оварданд. Дар Тоҷикистони пасазшӯравӣ “облава” аз давраи пас аз ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуд. Мегӯянд, он замон командирҳои қисмҳои низомӣ, ки одамони тасодуфӣ буданд, бачаҳои ҷавонро аз кӯчаву бозор қапида, маҷбурӣ ба “хизмат” мебурданд. Аммо “хизмат” – и онҳо иборат аз кор кардан дар хонаи ин командир ё дар саҳрои замини онҳо буд.

Таҳлилгарон чанд масъаларо пеш меоранд. Аз ҷумла, набудани шароити хуб дар қисмҳои низомӣ ва “дедовшина”. Ин солҳои пеш буд, ки дар қисмҳои ҳарбӣ шароити хуби хурду хӯрок набуд. Ҳоло, ҷавонон нақл мекунанд, ки аз ин ҷиҳат умуман мушкилӣ нест. Аммо “дедовшина” дар ҳақиқат ҷо дорад ва ҳар сол чандин ҷавонон маъюбу маслуқ ба хона бармегарданд. Ҳатто аскарҳои фавтида низ дар вақти хизмат вомехӯранд. Як қазияи Шаҳбол Мирзоев, ки пас аз чандин соли маъюбӣ даргузашт, сару садои зиёд ба думбол дошт. Ин масъаларо масъулин ва генералҳои курсинишин бояд ҷиддӣ баррасӣ намоянд ва гунаҳкоронро ҷазои сахттарин диҳанд, то волидон фарзандони худро бе ташвиш ба хизмати Ватан фиристанд.

Ин садҳо бор беҳтар аз он аст, ки ҳар рӯз навору аксҳои ба таври ваҳшиёна боздошт шудани ҷавонон дар шабакаи интернетиву расонаҳои хабарӣ чарх занад ва нафрати мардумро афзояд.

Баъзеҳо мегӯянд, ки бо даъвати расмӣ ба артиш бурдани наваскарон маҳбасҳоро аз ҷавонони саркаш пур месозад. Ба фикри мо, агар ҳар сол якчанд нафар аз рӯи талаботи ин қонун ҷазо гирад, вазъ дигар мешавад. Масъалаи дигаре, ки мавриди баҳсҳост, ин риоя нашудани адолати иҷтимоӣ ҳангоми даъват ба хизмат аст. Одамон бар ин боваранд, ки фарзандони одамони мансабдору сарватманд ба артиш намераванд ва аскарӣ ҷои “одамони камбағал” шудааст. Дар ҳар мавсим албатта мехонему мебинем, ки якчанд мансабдор фарзанди худро ба хизмат равон кардааст, аммо он характери оммавӣ нагирифтааст. Ин мавсим “рекламаи” фарзандони мансабдорон нопайдоанд. Бар илова, чанде пеш тағйиру иловаҳо ба қонун ворид шуд, ки аз рӯи он ҳар касе имкон дорад маблағ супорад, метавонад аз хизмат озод бошад. Баъзеҳо гуфтаанд, ки ҳаҷми ин маблағ ҳоло 28 000 сомонист. Масъулин бошанд, гуфтанд, ки ҳаҷмро Ҳукумат муқаррар хоҳад карду ҳоло маълум нест. Коршиносон мегӯянд, ки дар сурати ҷорӣ гардидани ин тартиб имкон дорад вазъ беҳтар шавад. Албатта, агар бо роҳандозӣ шудани ин услуби даъват шароити иҷтимоии аскарон боз беҳтар ва ба онҳо пули хуб барои хизмат диҳанд. Дар ҳоле, ки дар Тоҷикистон ҷои кор маҳдуд аст, ду сол ҷавонон агар бо пули хуб ба хизмат фаро гирифта шаванд, фикр мекунам падару модарон ҳам мухолифат не, балки мусоидат мекунанд. Дар маҷмӯъ роҳҳои ҷалби ҷавонон хеле зиёд аст. Аммо чаро масъулин усули “облава” -ро авлотар медонанду мардумро тарсзо ва мақомотро шарманда мекунанд. Баъзеҳо мегӯянд, ки ин ҷо сирф манфиатҳои моливу пулӣ ҷо дорад. Зеро намояндагони бархе аз мақомот дар мавсими “облава” пули калон кор мекунанд. Саволу масъалаҳо бисёр. Аммо масъулин, хосса Вазорати мудофиа хомӯширо хуштар мешуморанд. Дар комиссариатҳои ҳарбӣ мегӯянд, ки ба “облава” на кормандони онҳо, балки кормандони ВКД машғуланд. Аҷиб як масъалаи дигар аст. Чаро тамоми мақомоти давлатӣ ҳар сол ду бор барои хабарнигорон нишасти матбуотӣ баргузор мекунанду Вазорати мудофиа, ки зери роҳбарии генерал – полковник Шералӣ Мирзо фаъолият мекунад, не? Сари ин масъала ҳам фикр бояд кард, вагарна бо хомӯшиву рад кардани ҳодисаҳое, ки мардум бо чашми сар мебинанду дар интернет паҳн мекунанд, чизе тағйир намеёбад. Баръакс, ҳамон тавре дар муроҷиатномаи мардум омадааст, обрӯи давлат ва артиши он коҳиш меёбад. Вале мо намехоҳем обрӯи кишвари азизамон мо паст гардад!

Ҷамила Мирбозхонова

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь