Салому сад салом Абдувоҳид!
Гумон доштам, ки ин ҳафта, чун ду ҳафтаи пеш, аввал Шумо ба ман нома менависед. Чун мехостам нашрияро тезтар супорам, ҳангоме дидаму аз номаи навбатӣ ёдовар шудам, ким-чӣ хел, хастаҳолона гуфтед:
-Яке илҳомам биёяд, менависам. Ҳоло майли сари миз нишастан надорам. Баъди он ки дар шабакаи иҷтимоии “Фесбук” як дардномаи навинатонро хондам, ҳис кардам, ки чаро нанавиштаед. Ин навиштаатонро “Сафсатта” ном гузоштаед ки аслан чор тасвиру чор андешаро дарбар мегираду дар охир ин навиштаи берабтро “сафсатта” меномеду барои ин аз Худо бахшиш мепурсед. Шумо навиштаед:
Худо рассоми мониқалам аст,
Тасвири зимистонаш
Маро ба ёди хунукиҳо мебарад...
Чаро хунукӣ? Чаро ба ёди фасли тамузи тобистон не? Чун “одамизод на тоқати гармо дораду на тоқати сармо”. Медонам, ки касе инро ба Шумо намегӯяд дӯсти шоирам, вале ана ман огоҳ карда мондам, ки тасвир муқобилмаъно бошад беҳтар!! Ва Шумо дар идома мегӯед:
Ва бод аз табори Борбад аст,
Мақоми уффар менавозад,
Мешунавӣ?!
Уфар номи як зарб дар дувоздаҳмақом аст ва асосан бо садои дойра иҷро мешавад. Шумои азиз, бо ёди хунукиҳо якбора раҳи наҷотро дар рақсидан пайдо кардаед. Интихоби хуб, шах намешавед. Ва боз дар идома чор фасли сол будани табиатро ёдовар шудаю бозии кӯдаконаи калонсолонро аз инҷиқиҳои онҳо меҷӯед:
Табиат шоҳмоти хубест,
Мӯҳраҳояш чорто.
Одамҳо кӯдакони инҷиқ,
Ҷаҳон бозичаи дасти кист?
Эҳҳҳ… ман мехостам то бо Шумо аз мушкилиҳои ҳаррӯза гӯяму нависам. Аз Трампи нав ба мансаб расидаю аз чашмпӯшии ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба фоҷиаи Фаластин, аз мусибати Украинаю аз мушкили рӯз ба рӯз афзояндаи муҳоҷири тоҷик гӯям. Аммо, вале, лекин… ба қавли худатон шумо ин маротиба як сафсатта не, балки “андешаҳои парешони бе сару нӯг” гуфтаед дӯстам:
Ман сафсатта мегӯям,
Худо маро бубахшад.
Ҳа, шояд Худо бубахшад, вале агар ба ман гузоред номи ин дардномаатонро “сафсатта” нею “ ҳазён” ном гузошта, намебахшидам….
Ё шояд бояд бахшид чун Инсон сарчашмаи саҳву хато аст? Валлоҳ, намедонам!
Бо орзуи хушбахтии Шумо Хуршед
Ҳазённома
Дурудҳо ба Хуршеди гиромӣ!
Маълуми табъи латифатон бод, ки ман ҳамеша ва фармоишӣ навишта наметавонам. Гоҳ-гоҳ менависам, аммо вақте ки менависам аз рӯйи зарурат менависам. Яъне ҳар он чизеро, ки ҳамон лаҳза навиштанашро ҷоиз медонам, менависам.
Шумо аз бекорӣ хостаед, нони мунаққидҳоро нимта кунед! Инро ба Шумо ҳиҷ вақт намебахшанд. Шумои азиз шеърро таҷовузкорона таҳлил кардаед. Барои таҳлили шеър дониши амиқи назмшиносӣ бояд дошт, ки мутаассифона Шумо надоред. Барои ҳамин ҳам ман аз Шумо намеранҷам. Ҳар кас ба қадри ҳиммати худаш шеърро дарку бардошт мекунад. Шумо “Сафсатта”-и маро “Ҳазён” қабул карда бошед, ман чӣ кунам?
Ман дар номаи охир пешниҳод карда будам, ки дар бораи “обунаи маҷбурӣ” суҳбат кунем, вале Шумои арҷманд аз ин мавзуъ сарпечӣ мекунед. Оре, сарпечӣ мекунед, ки сабабаш ба ман равшан аст. Аммо ман ҳамеша яке аз тарафдорони сарсахти “обунаи маҷбурӣ” будам ва инак ҳозир низ дар ақидаам устувор ҳастам.
Хуршедшоҳ! Мехоҳед маро ба арсаи сиёсати Тромпу Нетанёҳу бикашед? Намешавад! Феъли мулоими ман ба сиёсат созгор нест! Ман вазифаи худамро хеле хуб медонам, ин ҳам бошад хидмат дар соҳаи нашрияҳои кӯдакона. Марҳамат, бифармоед! Ҳар суолу пурсише, ки дар ҳамин росто доред бо камоли майл ҷавоб медиҳам ва тайёр ҳастам, ки соатҳо суҳбат намоям. Фақат дар бораи сиёсат диди шахсии худамро дорам, ки бештар ба иҷтимоиёт рабт мегирад. Ва ҳар чӣ дар посухи номаҳоятон менависам аз ҳамин зовия аст.
Дар ҳамин номаи охиратон як масъалае ҳаст, ки маро ба андеша водор мекунад. Муҳоҷирати меҳнатӣ. Муҳоҷирати сар то по азоб, муҳоҷирати машаққат. Ба бахти бади муҳоҷирон, ки нав роҳи наверо ба сӯйи Амрико кашф карда буданд, баста мегардад. Яке аз пунктҳои барномаи пешазинтихоботии Тромп “ба низом даровардани муҳоҷирати ғайриқонунӣ” будааст. Аммо боке нест! Сад дари бастаю як дари кушода! Дунё танҳо аз Амрикою Руссия иборат нест-ку?!
Сухан бисёру биёед бо ҳамин андак иктифо кунему ман дигар “ҳазён” нагӯяму Шумои азиз аз паси омода намудани шумораи навбатии газетатон шавед.
Бо самимият Абдувоҳид