Бархе масъулин баъзан корҳое мекунанд, ки одам намедонад ӯ киро масхара дорад: худро ё…?
Дар чанд рӯзи охир корбарони шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» шоҳиди ду изҳороти ба ҳам зидди овозхони шинохта Хосият Ортиқова шуданд. Вақте дар интернет аввалин сарусадо ва норозигӣ барои аз кор озод кардани ӯву бонувони дигари рубобнавоз паҳн шуд, ӯ дар шарҳи матлабе дар ин бора навишт: «Салому дуруд ба ҳамаи шумо дӯстон ва мухлисони азизу қадрдонам. Сари таъзим назди ҳар яки шумо меорам барои суханхои неку дастгириатон нисбати ман ва ҳунари ман. Ман ҳамаи шуморо дӯст медорам ва нисбати шумо, халқи азизам, эҳтироми зиёд дорам. Агар байни ману шумо – мухлисони азиз чунин алоқамандии зич ва меҳру муҳаббат намебуд, ман ба ин мартаба намерасидам. Хизматҳои маро ба назар гирифта, соли 1991 ба ман унвони “Ҳунарпешаи шоиста” доданд, соли 1999 ордени “Шараф” ва соли 2006 аз дасти Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон унвони ” Ҳунарпешаи халқӣ”-и Тоҷикистонро соҳиб шудам. Шукри зиёд мекунам барои ин қадрдониҳо. Ман шукр мекунам, ба монанди дигарон қасрҳои калон насохтам. Аммо қасре аз ёфту будам бо ҳунарам сохтам, ки ин суруду оҳангҳои аз дил эҷодкардаи ман аст, ки садсолаҳо боқӣ мемонад. Қариб 40 сол дар филармония кору фаъолият кардам. Беш аз 200 суруду оҳанг эҷод кардаам. Фаъолияти кориро бо роҳхати Вазорати фарҳанг пас аз хатми Донишгоҳи санъат аз ҳамин ансамбли бонувони рубобнавоз соли 1982 сар кардам. Дар ансамбли “Зарафшон” бо сарварии устодам Ҷӯрабек Муродов чанд сол кор кардам. Соли 1986 ансамбли “Ҷавонӣ” ташкил ёфт, ки роҳбарияшро ба ман доданд, ки 28 сол роҳбарӣ кардам. Чандин роҳбарони филармонияро дидам, бо онҳо кор карда, то имрӯз омадам. Ҷанги шаҳрвандӣ ба фаъолияти филармония ҳам зарари худро расонд. Ба ин нигоҳ накарда, ҳамеша мо бо сафарҳои ҳунарӣ дар назди мардум будем. Шукри Худо, ки бо талошу заҳмати Сарвари давлат боз тинҷию амонӣ, фаъолияти кориамон беҳтар шуд. Лек ба назарам то ҳол филармония соҳиби худро пайдо накардааст. Устодони бузурги мо ба монанди Зафар Нозим, Ҷӯрабек Мурод, Муслима Боқиева, Муродбек Насриддинов ва дигарон шоҳсутунҳои санъати тоҷик ва девори мустаҳками филармония буданд. Баъди устодон файзу баракат ҳам намондааст».
Бо гузашти як рӯз пости нав дар саҳифаи худи Хосият Ортиқова пайдо шуд: «Салом дӯстону бародарон ва хоҳарони гиромиқадр. Ба диққати ҳамаи шумо мерасонам, ки ҳеҷ кас маро аз кор нарондааст ё ягон санҷиш нагузаронидаанд нисбати ман ва ҳеҷ кас ҳуқуқи аз санҷиш гузаронидани маро надорад. Фақат ин ки, вақти нафақа омад, ҳама ҳунармандоне, ки ба синни нафақа расидаанд, мувофиқи қонун аз кор мегиранд. Гарчанде Сарвари давлатамон гуфтанд, касе, ки қувваи корӣ дорад, кор кунад. Ҳамин тавр фаҳмонданд, ман гуфтам қабул. Ман худам рафтам… Дӯстони азиз, Ҷамшедҷон – муовини директори филармония нав таъин шудаанд, инсони хуб, ҳунарманди шинохта, донандаи шашмақом, сарояндаи хуб, дар кори роҳбарӣ муваффақият мехоҳем. Ин ҷо нисбати аз кор рафтани ман ин кас ягон айб надоранд, баръакс, якумин шуда намехостанд ман аз кор равам. Ба ҳамаи шумоён мухлисони азизам ташаккур ва сари таъзим бори дигар барои дастгирӣ ва суханҳоятон. Ман бо халқи азизам ҳастам ҳамеша”.
Албатта барои хонандаи оддии ин ду изҳороти Хосияти Зарафшонӣ то ҷое ҷолиб аст, ки ба кадоме аз онҳо бояд таваҷҷуҳ бештар намояд? Ва ин тағйирёбии мавқеъҳо нисбати роҳбарияти филармония ба чӣ вобаста аст? Чун мебинем дар аввал ишора доштанд, ки пас аз устодони маъруф ин муассиса роҳбари муваффақе пайдо накард ва дар изҳороти дуюм аз роҳбарияти нав, аммо барои мардум ношинохтаи филармония тавсиф менамоянд…
Асли масъала чист?
Сухан сари ин аст, ки Хосияти Зарафшониро роҳбарияти нави филармония аз роҳбарии ансамбли “Чаман” барканор намуд ва якҷоя бо ӯ чандин бонувони рубобнавозро. Муовини аввали роҳбари филармония Ҷамшед Эргашев баъдан ба мо гуфт, ки занони рубобнавоз “бо далели ҷавобгӯ набудани сатҳи касбияташон ба талабот” аз кор ронда шудаанд: «Гап дар бораи касбият меравад. Сатҳи касбияташон ба ҳамон ансамбл ҷавобгӯй нест».
Маҳз ин гуна бардошти Эргашев ном масъули барои мардум ношинос хашми корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба бор овард. Дар ҳақиқат одамон дуруст мегуфтанд, ки Эргашев куҷову Хосият Ортиқова куҷо? Ё он бонувоне, ки тайи 30 сол дар ин ансамбл кор кардаанд, магар баробари ин роҳбар кори худро намедонанд?
Маълум аст, ки Ҷамшед Эргашев ва одамоне мисли ӯ ба чунин саволҳо посухи сазовор надоранд. “Ба мо касбияти баланд лозим” гуфтани онҳо чӣ маъно дорад, ҷуз худашон касе намедонад. Ҳолдонҳо бошанд, мегӯянд, ки ба ин гуна одамон касбият не, “чизи дигар” лозим. “Чизи дигар”-ро мардум ҳар гуна шарҳ медиҳанд. Сар карда, аз элементҳои коррупсионӣ, то маҳалбозиву бархе масъалаҳои ахлоқӣ. Ин “меъёрҳо” на танҳо вақти таъин ба вазифаҳо, балки ҳангоми додани унвону ҷоиза, сафарҳои хориҷӣ ва дигар имтиёзҳо “асосӣ” хоҳанд буд. Аммо дар бораи “касбияти баланд”, агар нафари арзандае суҳбат мекард, ки мардум аз ӯ шинохти бештар дошт, шояд чунин вокуниш ҳам ба миён намеомад.
Хосияти Зарафшонӣ шояд ба хотири кам кардани овозаву вокунишҳо муроҷитномаи дуюми худро навишт, ё шояд ба ӯ касе “кумак” кард. Ҳоло ин муҳим нест. Муҳим ин аст, ки одамон мебинанд, ки як нафари арзанда қадр намешавад ва як одами навпайдо ҳар тавре хост, масъаларо ҳамон тавр “тоб” медиҳад.
Пас гуфтан мумкин аст, ки сарусадо дар бораи Хосияту бонувони рубобнавоз хотима ёфт ва мардум ба “суханони дипломатона”-и ӯ бовар карданд?
Ман бовар надорам.
Шумо чӣ?
Ҷамила МИРБОЗХОНОВА